Зеҳн
АСОСҲОИ МЕТОДИИ ТАШАККУЛИ МАЛАКАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ МУСТАҚИЛОНАИ ОМӮЗИШИ ЗАБОНИ МОДАРӢ ВА ИНКИШОФИ ЗЕҲНИИ ТАЛАБАГОНИ СИНФҲОИ ИБТИДОӢ

Мубрамии мавзуи таҳқиқот. Дар ҷаҳони муосири зудтағйирёбанда ва пур аз тазодҳо шаҳрвандон бояд дорои сифатҳои ташаббускорӣ, навоварӣ, татбиқсозӣ, тағйирпазирӣ, уҳдабароӣ, масъулиятшиносӣ ва созандагию эҷодӣ бошанд.

Ахбор · 23 октябри 2024 · 32 саҳифа

Маориф
Аз аввал хондан

С.Айнӣ пас аз инқилоби соли 1905 фаъолияти маорифпарварии худро ривоҷ дода, дар кушодани мактаби нав, навиштани китоби дарсӣ, ба таълим ҷалб намудани фарзандони камбағалон фаъолона иштирок менамояд. Дар соли 1908 вай ҳамроҳи Мирзо Абдулвоҳиди Мунзим дар Бухоро мактаби нав кушода, барои ин мактаб бо номи “Таҳзиб- ус сибён” (Тарбияи кӯдакон) китоби дарсӣ менависад ва он соли 1909 аз чоп мебарояд.

“Таҳзиб-ус-сибён”, асосан, китоби хониш буд. Азбаски китоби мазкур таҷрибаи нахустини муаллиф буд, бешубҳа, аз камбудиҳо орӣ набуд. Бо вуҷуди камбудию норасоиҳои мавҷуда, С.Айнӣ роҳу усулҳои таълимро дар мактаб бо роҳандозии усулҳои нав ба рӯйи хонандагон боз намуд. Таълиму тарбия бо усулҳои нисбатан ҷадид тарҳрезию корбандӣ мегардад. Пеш аз ҳама, ҳамин чиз ҷолиби диққат аст, ки ӯ дар назди мактаби нав чунин вазифае мегузорад, ки ба воситаи илму техникаи нав муҳтоҷонро аз эҳтиёҷ бароварда, халқро осудаҳол кардан лозим аст:

Чанд нишинӣ ба эҳтиёҷу зарурат,

Гавҳари ноёб ёб аз дари мактаб...

Бар илми кимиёву фанни саноат,

Хок шавад мушки ноб аз дари мактаб.

Аксарияти маводе, ки дар ин китоб барои дарсҳои хониш гирд оварда шудаанд, кӯдаконро дар рӯҳи илмдӯстӣ, бофарҳангӣ, баодобӣ, ҳаётдӯстӣ, зиндадилӣ ва, аз ҳама муҳим, дар рӯҳи ватандӯстӣ тарбия менамоянд. С.Айнӣ ба воситаи мактаб тарбия кардани ватандӯстиро аз забони модаре, ки ба фарзандаш мактуб менависад, баён мекунад. Дар «Таҳзиб-ус-сибён» тасвир шудааст: «Муҳаммадфарид ном ҷавон дар шаҳр мехонд ва модараш аз қишлоқ ба ӯ мактуб навишта, чунин мегӯяд:

«Нури дидаи ман! Аз ту танҳо як хоҳиш дорам, ки ин аст: дар роҳи хондан сай кун, ғайрат кун! Одам шав! Баъд аз он ба қадре ки метавонӣ, ба ватан ва аҳли ватани худ хизмат намо! Ба ман ҳамон шараф бас аст, ки дар дунё як ходими ватан, донишманд ёдгор гузорам.»

Забони тоҷикӣ аз ҷиҳати сохти грамматикӣ ва лексика дар гурӯҳи забонҳои эронӣ яке аз забонҳои бой ба шумор меравад. Забони адабии тоҷикӣ сохти грамматикии ба худ хос дошта, ҳанӯз дар асри Х бо назокат ва фасоҳати худ шуҳрат пайдо карда буд. Классискони адабиёти форсу тоҷик, устодон Абуабдуллоҳ Ҷаъфар Муҳаммади Рӯдакӣ,

Абулқосим Фирдавсӣ, Абуалӣ ибни Сино, Носири Хусрав, Низомии Ганҷавӣ, Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ҳусайн Воизи Кошифӣ, Камолиддин Биноӣ ва дигарон оид ба равобити рушди зеҳнӣ ва фаъолияти мустақилонаи инсон иброз намудаанд, ки хирад ва дониш ба ҳамдигар тавъам мебошанд ва барои беҳтар намудани ҳаёти инсон, дар фарозу шеби зиндагӣ мунаввар намудани роҳи он хизмат мекунад. Аз ин рӯ, ҳар касе, ки соҳиби ақлу хирад аст, барои ба даст овардани илму дониш, ки ганҷинаи бебаҳост, мустақилона саъю кӯшиш ва ғайрат менамояд. Илму донишро рӯшноии дил, чароғи ақлу хирад донистаанд. Ба ақидаи мутафаккирони тоҷику форс аз давраи пайдоиши ҷамъияти инсонӣ одамон ба илму дониш эҳтиёҷ доштанд ва ҳеҷ фард аз илмомӯзӣ, доништалабӣ то кунун пушаймон нашудааст. “Инсоният, - мегӯяд

Рӯдакӣ, - дар давоми таърихи худ ҳар куҷо ва дар ҳар гуна шароит ҷиҳду ҷаҳд намудааст, ки бо ҳар забоне, ки бошад, дониш омӯхта, дар зиндагии рӯзмарраи худ пирӯз гардад:

Ҳар кӣ н-омухт аз гузашти рўзгор,

Низ н-омўзад зи ҳеч омўзгор...

То ҷаҳон буд аз сари одам фароз,

Кас набуд аз роҳи дониш бениёз.

Мардумони бихрад андар ҳар замон,

Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.

Гирд карданду гиромӣ доштанд,

То ба санг - андар ҳаме бингоштанд.

Дониш андар дил чароғи равшан аст,

В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.

Абулқосим Фирдавсӣ илму донишро гиромӣ дошта, илми беамалро намеписандад. Ӯ инсонро даъват намудааст, ки илму донишро дар зиндагии ҳаррӯза истифода бурда, кӯшиш намояд, ки илму дониши худро такмил диҳад. Ба ақидаи Фирдавсӣ, касе, ки дар зиндагӣ илму дониши мукаммал гирифтааст, кори ӯ пешрав ва рафтору гуфтори ӯ шоистатар хоҳад буд:

Касе к-ӯ ба дониш тавонгар бувад,

Зи гуфтору кирдор беҳтар бувад

Абуалӣ ибни Сино ба заковат, қувваи ақлӣ ва қобилияти инсон боварии комил дошт. Ба ақидаи Ибни Сино, муроди инсон аз омӯхтани илм фақат ғизои рӯҳӣ набуда, балки дар ҳаёт аз он истифода бурдан аст.

Илова бар ин, ӯ омӯхтани илмро барои инкишофи тафаккур муҳим мешуморид. Одами бомаърифат далер, нотарс ва шуҷоатнок аст. Барои ҳамин омӯхтани илмро барои ҳар як фарди ҷомеа зарур мешуморид.

Носири Хусрав донишро гавҳари дил ва мушкилкушои инсонҳо мешуморад. Ба ақидаи ӯ, касе, ки бо илму дониш мусаллаҳ аст, дар зиндагӣ ҳамеша пирӯзӣ ёраш аст:

Тан ба ҷон зинда аст, ҷон зинда ба илм,

Дониш андар кони ҷонат гавҳар аст.

Носири Хусрав ақлу хирадро беҳтарин фазилати инсону донишро ганҷинаи ақлу хирад дониста, тамоми бойгарӣ ва муваффақияти корҳои инсониро дар он мебинад:

Хирад беҳтар бувад аз зар, ки дорӣ,

Ки дар зар кас начинад ҳушёрӣ

Низомии Ганҷавӣ мисли мутафаккирони гузашта ба нақши илму дониш, ақлу хирад баҳои сазовор дода, ба қувваю қудрати онҳо дар тарбияи инсон боварии комил дошт. Ба ақидаи ӯ, омӯхтани илму дониш аз ҷавонон меҳру муҳаббатро талаб мекунад:

Дониш талабу бузургӣ омӯз,

То беҳ нигаранд рӯзат аз рӯз.

Саъдии Шерозӣ омӯхтани илму донишро дар алоқамандӣ ба амалия ва ҳаёт тавсия менамуд. Ба ақидаи ӯ, қимати илм дар амал ва самараи дониш дар кӯшиши ҳар як инсон аст, зеро ки манзур аз хондан амал кардан аст:

Илм, чандон ки беҳтар хонӣ,

Чун амал дар ту нест, нодонӣ.

Ҳофизи Шерозӣ устодро чароғи ҳидоят хонда, гуфтааст, ки ӯ инсонро таълим дода, ба сарчашмаи ҳаёт мерасонад. Ҳофиз омӯзгорро дар ашъори худ бо истилоҳоти “Хизр”, “Аҳли дин”, “Мурғи Сулаймон”,

“Далели роҳ” ном бурда гуфтааст:

Саъй нокарда дар ин роҳ ба ҷое нарасӣ,

Музд агар металабӣ, тоати устод бибар.

Абдураҳмони Ҷомӣ омӯхтани илмро барои инкишофи фикр муҳим мешуморад. Ба ақидаи ӯ, одами бомаърифат ба камолоти олии фикрӣ мерасад, оқилу ҳунарманд ва пурзӯру тавоно мегардад:

Шунав панду дониш, ба он ёр кун,

Чу донистӣ, он гаҳ ба он кор кун.

Камолиддин Биноӣ шахси беилму донишро ҷисми беҷон ва нақши девор меномад. Ӯ барои баланд бардоштани мартабаи илму дониш дар ҳаёти инсон одамони бехираду бедонишро мисли як қолаби ҷаҳл ва як шахси бесубот шуморидааст:

Марди беилм чист? Ҳайвоне.

Ҷисми беҷон чун нақши айвоне.

Ба ақидаи Биноӣ илму дониш дар натиҷаи машаққату ранҷ ба даст меояд. Ранҷе, ки одам барои ба даст овардани илму дониш мекашад, асосан, ранҷ не, балки ганҷи безавол аст. Илму дониш сарвати бебаҳост, ки дар роҳи ба камол расидани шахс мадад расонида, қувваи рӯҳию дониши ӯро такмил медиҳад.

Баъд аз Инқилоби Октябр вазъият дигар шуд. Намояндагони низоми нав -А.В.Луначарский ва Н.К.Крупская педагогҳою методис- тонро, ки дилашон барои фарзандони меҳнаткашон месӯхт, ба комис- сариати маорифи халқ даъват намуда, масъалаи беҳтар намудани сифати китобҳои дарсӣ ва дарсҳои ҳамаи фанҳо, аз ҷумла, хонишро ба миён гузоштанд. Як зумра маорифпарварон барои навишштани китобҳои дарсӣ камар бастанд. Аз ҷумла, соли 1924 китоби дарсии устод

Садриддин Айнӣ «Духтарбача ё ки Холида» аз чоп баромад. Устод дар хусуси навиштани китоб таҷриба дошт. Китоби дарсии нахустини устод «Таҳсиб-ус-сибиён» соли 1908 чоп шуда буд.

Соли 1922 Н. К. Крупская дар мақолаи барномавии худ «Вазифаҳои мактаби дараҷаи якум» навишта буд: «Мактаб бояд, пеш аз ҳама, дар кӯдак кунҷкобӣ, ҳозирҷавобӣ ва нисбат ба муҳити атроф фаъолиятнокиро бедор намояд.

Вазифаи дуюми тарбиявӣ дар мактабҳои дараҷаи аввал ин аст, ки муҳаббати кӯдаконро нисбат ба китоб, илму фан, ҷустуҷӯ ва дарёфтани ҷавоб ба ҳар савол бедор намояд.

Вазифаи сеюм, ки он ҳам аз аҳаммият холӣ нест, дар кӯдакон тарбия намудани коллективона хондан, зиндагӣ ва кор карда тавонистан аст.

Ғайр аз ин вазифаи тарбиявӣ дар назди мактаб, вазифаи ба кӯдакон додани маҷмуи муайяни дониш ва маҳорат меистад».

Дар Тоҷикистони Шуравӣ шумораи муассисаҳои таълимии ибтидоӣ, миёна ва олӣ сол то сол афзудан гирифт, дар зеҳни одамон масъалаи мустақилона омӯхтани хатту савод рӯз аз рӯз афзоиш ёфт.

Айни замон гуфтан мумкин аст, ки дар мамлакат одаме нест, ки китобу рӯзнома хонда натавонад.

Заминаи устувори фикрӣ, ҳам ояндаи донишомӯзӣ ва ҳам ояндаи ҳаёти шахсияти насли созандаро муайян хоҳад кард. Аз ин ҷо бармеояд, ки “агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва ба ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.”

Аз ин лиҳоз, кори мустақилона яке аз воситаҳои ба худомӯзӣ майл кардани ҷавонон гардид. Саводбарорӣ, яъне аз худ кардани ҳарфҳо, биниши аломатҳои шартии овозҳо, ки калимаҳои забон аз онҳо иборатанд, дар дили ҳар як навомӯз шуълаи умедро фурӯзон намуд.

Мустақилона омӯхтани савод кори хеле муҳим ва ҷиддӣ ҳисобида шуд. Худи омӯхтани савод – хондану навиштанро ба хонандагон ёд додан асос шуморида шуд. Дарси саводомӯзӣ танҳо аз хондан ва навиштан иборат набуда, балки ба кори рушди тафаккур, нутқ, луғатомӯзӣ ва зиёд намудани малакаҳои ибтидоии имло вобаста аст, онро тадриҷан ва ба таври мунтазам гузаронидан лозим аст.

Дар раванди машғулиятҳои саводомӯзӣ кори мустақилона хеле муҳим ва ҳалкунанда буда, вазифаи омӯзгор дар ин самт ба мустақилият ҳидоят намудани хонандагон мебошад. Тараққиёт ва муваффақияти минбаъдаи хонандагон дар роҳи мустақилона аз худ намудани дониш, аз ҷумла, омӯхтани забони модарӣ ва дигар фанҳо ба саводнокии хонандагон вобаста мебошад. Дар ҳар кадом давраи саводомӯзӣ омӯзгор бояд ҳаминро дар назар дошта бошад, ки тавассути кори мустақилона ӯ асосҳои фанни забони тоҷикӣ, малакаҳои хат ва нутқро дар шуури бачагон тарбия ва ҷойгир намояд. Бинобар ин, вай бояд ба он кӯшад, ки хонандагон маводи супоридашударо ба осонӣ ва мустақилона кор карда тавонанд. Хонандагон дар давраи саводомӯзӣ бояд малака ва донишҳои зеринро ба даст оранд:

- мустақилона сохти нутқро аз худ намуда, ҷумла, ҳиҷо, овоз, ҳарф, хусусиятҳои ҳар як овози нутқ ва дар хат ифода шудани онҳоро амалан омӯзанд;

- тарзи сохта шудани ҳиҷо ва калимаҳои гуногунро ёд гирифта, маънои калимаҳои кор фармудаашонро ҳартарафа муайян намуда, захираи луғавии худро зиёд кунанд;

- бо меъёри забони адабии тоҷик, тарзи нутқ кардан ва ҷумлабандӣ дар амал ошно шуда, аз он дуруст истифода баранд.

Дар китоби муқаддаси ориёиҳо «Авасто» омадааст, ки мардуми ориёӣ умре дар талоши накукорӣ, озодандешӣ, ободии кишвар, донишандӯзӣ, созандагӣ, зебоипарастӣ зиндагӣ кардаанд. Муҳаққиқони соҳаи илму маориф, аз қабили Забеҳуллои Сафо, Муҳаммад Рашод, Ю.

Абдуллоев, М.Шукуров, М.Орифов, Қ.Рустамов, А.Эшонҷонов, Р.И.Ҳоҷимуҳаммадова, М.Қозиҷонов, М.Лутфуллоев, Ф.Шарифзода, Қ.Қодиров, Б. Раҳимов, Х.Афзалов ва дигарон дар асарҳои худ собит намудаанд, ки “тоҷикон яке аз қадимтарин халқҳои ҷаҳон буда, аслу насабашон ба ориёиҳо мепайвандад. Онҳо ҳанӯз дар аҳди тамаддуни ориёӣ мактабҳо доштанд ва фарзандони онҳо ба мактаб мерафтанд.”

Дар адабиёти методии солҳои мухталиф муҳаққиқони соҳаи илм ба фаъолияти мустақилонаи омузишӣ назари гуногун доштанд. Масалан, дар барномаи солҳои нахустини мактабҳои Шуравӣ инкишофи нутқро “машқи даҳанакӣ ва хаттӣ” меномиданд.

Дар китоби Икром Хоҷаев «Методикаи мухтасари забони тоҷикӣ» (1945), ки яке аз корҳои методии аввалин дар адабиёти методии замони шуравии тоҷик ба шумор меравад, «Маданияти нутқ» номида шудааст.

Муаллиф дар ин асари худ таъкид мекунад, ки «…дар дарси забони модарӣ маданияти нутқ ҷой ва мавқеи махсусро мегирад». Бинобар ин, ӯ омӯзгоронро даъват менамояд, ки «ба бачагон бурро ва сареҳ, боадабона гап заданро омӯзонанд».

Соли 1947 асари методии дигар бо номи «Китоби муаллим» аз чоп мебарояд. Китоб аз тарафи ходимони Институти давлатии тадқиқотӣ- илмии мактабҳо ба нашр тайёр гардида, асосан, ба ёрии омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ навишта шудааст. Дар он бисёр масъалаҳои таълиму тарбияи хонандагони синфҳои ибтидоӣ шарҳ дода шудааст. Масалан, дар боби V дар бораи «Ташкил кардан ва гузаронидани дарс дар мактаби ибтидоӣ” чунин навишта шудааст: Саволҳо бояд мазмуни ҷавобро пешакӣ хабар надиҳанд. Чунин савол додан дуруст нест.

Масалан:

«Омӯзгор: – Канӣ бачаҳо, гӯетон чӣ: бо поезд тез рафтан мумкин аст, ё бо асп?

Бачагон: (ҳама якҷоя): – Бо поезд.

Омӯзгор: – Бо мошин кор кардан назар ба кори дастӣ осонтар аст, ё мушкилтар?

Бачагон: – Бо мошин осонтар аст».

Ин гуна саволҳои додашуда саволҳои аз мазмуни ҷавоб пешакӣ хабардиҳанда мебошанд. Ҷавобҳое, ки хонандагон ба ин саволҳо додаанд, дониши онҳоро зиёд намекунад. Чунин саволҳо ба фикр кардани бачагон имконият намедиҳад.

Саволро тавре гузоштан лозим аст, ки барои бачагон як қадар душворӣ пеш орад ва бачаҳо вазифадор шаванд, ки барои ҳал кардани он фикр кунанд. Барои ба чунин савол ҷавоб додан дониши худро ба кор бурдан зарур шуморида мешавад.

Боби IV китоб ба қалами педагог ва методисти тоҷик Ш.Ниёзӣ тааллуқ дошта, ба масъалаи таълими забони тоҷикӣ бахшида шудааст.

Муаллиф дар ҳамин боб доир ба ҳалли масъалаҳои таълими грамматика изҳори ақида намуда, андешаҳои худро дар бораи «Давраи тайёрӣ ба таълими савод» изҳор намудааст.

Ин китоб, яъне «Китоби муаллим» соли 1969 аз нав аз чоп мебарояд. Дар ин китоб дар қатори дигар масъалаҳои таълим ва тарбия, дар хусуси кори мустақилонаи хонандагони синфҳои ибтидоӣ чунин гуфта шудааст: «Дар синф дуруст ташкил кардани кори мустақилона ба хонандаҳо имконият медиҳад, ки асосҳои донишро чуқуртар омӯзанд, ба қувваи худ бовар кунанд, дар иҷрои ҳар як супориш ё машқ қодир бошанд, нақшаи иҷрои ин ё он вазифаро мустақил тартиб диҳанд, роҳҳои ҳалли онро пешакӣ муайян карда, дар дарс эҷодкорона рафтор кунанд.»

Соли 1951 асари М. Шукуров ва А. Эшонҷонов «Методикаи забони тоҷикӣ» (барои омӯзишгоҳҳои педагогӣ) аз чоп мебарояд. Бартарии ин асар аз ҳамин иборат аст, ки дар он маводи методӣ ба тартиби муайян дароварда шуда, бо забони сода ва равон навишта шудааст.

Ҳамин китоб бо номи «Методикаи таълими забони тоҷикӣ дар мактабҳои ибтидоӣ» бори дуюм соли 1956 ва бори сеюм соли 1964 аз чоп мебарояд. Дар ду нашри охир ба муаллифони пештара М.Раҳмонов ҳамроҳ шуда, дар нашрҳои минбаъда дар бораи таълими грамматика дар мактабҳои камнуфус низ маълумот пешниҳод мекунад. Аз ҷумла, омадааст: «Муаллим дар як вақт бо ду, се синф машғулият мегузаронанд.

Кори ин гуна омӯзгорон душвор буда, хусусиятҳои худро дорад. Яке аз хусусиятҳои фарқкунандаи таълим дар синфҳои камнуфус ташкили кори мустақилона мебошад. Кори мустақилона дар ин гуна синфҳо на танҳо ҳамчун тарзи мустаҳкам намудани дониш, ҳосил кардани маҳорату малакаҳо, инчунин методи таълим ба шумор меравад. Хонандагони чунин синфҳо маълумоти заруриро маҳз дар натиҷаи дуруст ба роҳ мондани кори мустақилона мегиранд.»

Дар соли 1958 китобчаи методист А.Эшонҷонов «Баъзе масъалаҳои таълими забони модарӣ дар мактабҳои ибтидоӣ» аз чоп мебарояд.

Китобча аз ду ҷузъи чопӣ иборат буда, бисёр масъалаҳои муҳимми таълими забони тоҷикӣ, аз ҷумла, таълими грамматика ва имлоро дар бар мегирад.

Асоси таълими забони модариро дар синфҳои ибтидоӣ инкишофи нутқи хонандагон ташкил менамояд, ки ба таври амалӣ аз худ кардани меъёрҳои забони адабӣ, ташаккули малакаи хондану навиштан ва такмили маданияти нутқ аз муҳимтарин вазифаҳои он аст.

Солҳои баъд дар соҳаи таълими ибтидоӣ тағйироти ҷиддӣ ба амал омад. Мазмун ва мундариҷаи таълими ибтидоии забони модарӣ, аз ҷумла, қисми грамматика ва имло хеле дигар шуда, ба пешрафти имрӯзаи забоншиносӣ, психология ва дидактика мувофиқ кунонида мешавад. Ин дигаргунӣ ба методикаи таълими грамматика ва имло бетаъсир намонд. Агар пештар бо ёрии методҳои таълим хонандагон танҳо дониш гирифта, маҳорату малака пайдо карда бошанд, акнун дар назди методика илова бар он вазифаи дигаре меистод, ки ин рушди ҳаматарафаи насли наврас, инкишофи қобилият ва вусъати шавқи маърифатҷӯии ҳар як фард мебошад.

Маълум аст, ки усули таълим як хел намеистад, тарзҳои нави методӣ доим дар инкишофанду усулҳои нав ба нави таълим ба вучуд омадан мегирад. Методикаи забони тоҷикӣ ҳам дар асоси мушоҳида, омӯхтани таҷриба ва усулҳои нави методӣ боз ҳам инкишоф ёфта, беҳтарин таҷрибаҳоро аз худ инъикос карда меистад.

Дар давоми солҳои 60-80-уми асри XX дар таълими забони модарии синфҳои ибтидоӣ дар ҷумҳурӣ баъзе корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва дастурҳои методӣ ба анҷом расонда шуданд. Аз ҷумла, “Баъзе масъалаҳои таълими алифбо” соли 1966 ба табъ расид. Дар ин китоб нақшаи дарсҳои хониши таълими савод, равиши пурраи дарсҳои алоҳида (хондану навиштан) ва баъзе дигар маслиҳатҳо дода шудаанд. Соли 1 нақшаи Р.И. Бибарсова оид ба таълими савод чоп шуд. Соли 1 нашриёти “Маориф” ду дастури М.Маҳмудоваро дастраси омӯзгорон гардонид, ки яке “Таълими савод дар синф 1”, дигаре “Нақшаҳо оид ба ҳарфҳои бурида ва ҳиҷо” мебошад. Дастурҳои М.Маҳмудова оид ба

“Сармашқ” ё “Дафтари машқ” низ аҳаммияти калони амалӣ доштанд.

Дастури тавсиявии устод М. Лутфуллоев «Баъзе масъалаҳои таълими «Алифбо» соли 1969 аз чоп мебарояд. Дар ин дастур масъалаҳои таълими алифбо мувофиқи методи аналитикӣ-синтетикии овозӣ баён карда шудааст. Доир ба омӯзиши ҳарфҳо, нақшаи дарс, инчунин, барои омӯхтани алифбо дастурҳои методӣ тавсия шудаанд. Дар дастур омадааст: «Омӯхтани савод хондан ва навиштанро ба хонандагон ёд додан аст. Вале вазифаи саводомӯзӣ фақат аз хондан ва навиштан иборат набуда, баробари ин ба кори тараққӣ додани тафаккур ва нутқи бачаҳо, бой намудани захираи луғавӣ ва пайдо кардани малакаҳои ибтидоии дурустнависӣ вобаста аст.».

Ғайр аз ин, масъалаи таълими савод дар китобҳои “Таълими савод дар синфи 1”, “Методикаи таълими забони модарӣ дар синфҳои ибтидоӣ” (М.Лутфуллоев, соли 1986) низ баррасӣ шудаанд.

пешина
аз 32
навбатӣ