Зеҳн
АСОСҲОИ МЕТОДИИ ТАШАККУЛИ МАЛАКАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ МУСТАҚИЛОНАИ ОМӮЗИШИ ЗАБОНИ МОДАРӢ ВА ИНКИШОФИ ЗЕҲНИИ ТАЛАБАГОНИ СИНФҲОИ ИБТИДОӢ

Мубрамии мавзуи таҳқиқот. Дар ҷаҳони муосири зудтағйирёбанда ва пур аз тазодҳо шаҳрвандон бояд дорои сифатҳои ташаббускорӣ, навоварӣ, татбиқсозӣ, тағйирпазирӣ, уҳдабароӣ, масъулиятшиносӣ ва созандагию эҷодӣ бошанд.

Ахбор · 23 октябри 2024 · 32 саҳифа

Маориф
Аз аввал хондан

Хонандагон бояд ба он одат кунонида шаванд, ки онҳо дар хусуси иҷрои вазифа дар назди падару модар ва ё дигар шахсони масъули оила ахборот дода истанд.

Методикаи ибтикории ташкили фаъолияти омӯзишии мустақилонаи хонагӣ, ки донишҳои дар синф гирифтаро ба кор меандозад ва ба рушди зеҳнию забонии хонандагони хурдсол мусоидат мекунад, ба сатҳи дониш ва маърифати санҷишгар (омӯзгор) вобастагии мустаҳқам дорад. Агар омӯзгор аз усулҳои ташаккулдиҳандаи дониши хонандагон бархурдор бошад, дар ҳар лаҳзаи гузаронидани санҷиши вазифаи хонагӣ аз усулҳои ҳавасмандгардонии маънавии кӯдакон барои иҷрои супоришҳои мустақилонаи омӯзишӣ самаранок истифода мебарад.

Иҷрои ҳар як вазифаро, ки омӯзгор ба хона месупорад, албатта, месанҷад. Мунтазам тафтиш кардани вазифаи хонагӣ талаби умумӣ ва қатъӣ дар назди омӯзгор аст, ҳамчунин вазифаи волидайн низ мебошад.

Агар ин талаб риоя карда нашуда, баъзан вайрон карда шавад, он гоҳ ба хоҳиш табдил мегардад. Хонанда аз дил мегузаронад: «Хоҳ-нохоҳ омӯзгор вазифаро ҳар рӯз намесанҷад, бинобар ин, доимо тайёр кардани он он қадар шарт нест». Дар таълим аз ин хел фикр хавфноктар чизе нест. Тадриҷан бача бепарво шудан мегирад ва ҳатто шахсони калонсоли оила мудохила карда наистанд, вазифаашро тайёр намекунад.

Вазифаи хонагиро ҳар хел санҷидан мумкин аст, вале онро ба қавли К.Д.Ушинский, набояд ба имтиҳон табдил дод. Мактаббачаи хурдсолро аз рӯзҳои аввал ба он одат кунонидан лозим аст, ки дар назди аҳли синф на танҳо аз хусуси иҷрои вазифа, инчунин, дар бораи тарзи иҷрои он маълумот диҳад. Масалан, бачае ин тавр ахбор медиҳад: «Ман китобро кушода вазифаро ёфтам. Аввал супориши машқ ва баъд худи онро як бор хонда баромадам. Пас аз ин, ҳар як ҷумларо рӯбардор намуда, якбора супориши машқро (ба ҷойи нуқтаҳо ҳарф, калимаи зарурӣ гузоред) иҷро кардам. Дар охир чизи навиштаамро ба асли матни китоб муқоиса намудам. Каме дам гирифтаму қоидаро хонда аз ёд кардам.

Иҷрои вазифаро ба модарам нишон додам».

Ин кор талаботи имрӯзаи ҳаёт аст: хонанда бояд на танҳо маҷмуи муайяни дониш гирад, инчунин, тарз ва усули дониш гирифтанро низ ёд гирад.

Вазифаи хонагиро кай санҷидан мумкин аст? Вазифаи хонагиро дар аввали дарс, яъне пеш аз баёни мавзуи нав, дар мобайни дарс, баъди фаҳмондани мавзуи нав санҷидан мумкин аст.

Тафтиши вазифаи хонагӣ дар аввали дарс ҳамон вақт гузаронида мешавад, ки агар мавзуи нав давоми он набуда, мустақил бошад. Дар ин маврид омӯзгор аввал вазифаро санҷида, аз он хулосаи зарурӣ бароварда, сипас, ба баёни мавзуи нав мегузарад. Ин бештар дар ҳолати аз як мавзуи нисбатан бутун ба дигар мавзуъ гузаштан рӯй медиҳад.

Агар мавзуи нав давоми дарси гузашта бошад, он гоҳ вазифаи хонагӣ баъди фаҳмондани ва мустаҳкам кардани мавзуи нав санҷида мешавад. Ин усул бештар бо роҳи ташкили кори мустақилона, ки ба вазифаи хонагӣ монанд аст, гузаронида мешавад. Аҳаммияти дидактикии ин усул аз он иборат аст, ки алоқамандии фикр ва кори амалии бачаҳо аз равиши умумии дарси гузашта канда намешавад.

Дарси гузашта, агар аз таҳлили ҷумлаҳою қоида сар шуда, ба машқҳои гуногун тамом шуда бошад, мавзуи навро аз машқ сар карда, ба қоида меравем. Воситаи алоқаи вазифаи хонагию дарси нав дар ин маврид машқ аст. Масалан, мавзуи «Сифат»-ро дар синфи 3 баррасӣ мекунем.

Омӯзгор дарси якум ба хонандагон дар хусуси қоидаи сифат, саволҳо ва аҳаммияти он дар нутқ маълумот дода буд. Дарси дуюм аз иҷрои машқи 238 шуруъ мешавад, ки он давоми дарси аввал мебошад.Талаби машқ.Исму сифатҳои зеринро ба воситаи бандаки изофии «и» алоқаманд карда нависед.

Хона . . равшан,духтар . . . боинтизом, заминҳо . . .васеъ, муаллим . . . донишманд, хонандагон . . . пешқадам, бодом . . . шириндона, ҳаво . . .салқин, булбул . . .хушхон, модар . . . ғамхор

Ҳангоми ҷавоби шифоҳӣ ба пуррагии қоидаҳои грамматикӣ, имлоӣ, инчунин, ифоданок баён кардани онҳо диққат дода, кӯшиш кардан лозим, ки бачаҳо қоидаҳоро бо мисолҳо мустаҳкам намоянд. Баъзан бачаҳо барои як калима шуда ҷумла мегӯянд ва фикрашонро ба охир нарасонида, мунтазири саволи омӯзгор мешаванд. Масалан:

Омӯзгор: – Канӣ, оид ба феъл мисол гӯй.

Хонанда: – Ман аз мағоза қалам харидам. Харидам – феъл.

Хонанда бояд аз рӯзҳои аввали таълими забони модарӣ ашёи гуногуни атроф, аломат ва ҳаракати онҳоро бинад, мушоҳида кунад, донад. Дар мавриди «Оид ба феъл мисол биёр» гуфтан шарт нест, ки ӯ ҷумла гуфта, аз он як калимаашро ҷудо кунад. Хонанда ҳаракату амалиёти гуногуни ашёро номбар карда қайд менамояд, ки ин калимаҳо ба саволи чӣ кор кард? ҷавоб шуда, феъл мебошанд ва баъд бо супориши омӯзгор бо яке аз ин калимаҳо ҷумла тартиб дода, таҳлил менамояд. Аз ин лиҳоз, омӯзгор вазифаҳои хаттиро ҷамъ карда мегирад ва дар хона аз ҳар ҷиҳат санҷида мебарояд: а) аз ҷиҳати пуррагии матни машқ; б) аз ҷиҳати иҷрои супориши машқ (вазифа); в) аз ҷиҳати хатоҳо; г) аз ҷиҳати тозагӣ ва риояи қоидаи навишт (сархат, фосилаи байни ҳарфҳо, калимаҳо, то хатти сурх расидан, вале аз он нагузаштан).

Аз ин ҷиҳат санҷидани вазифаи хонагии хаттӣ танҳо як тарафи кор аст, тарафи дигари хеле муҳим он аст, ки хонанда бояд ҳар як таъкид ва ишораи омӯзгорро бифаҳмад ва ислоҳ кунад. Моҳият ва таъсири санҷиши дафтарҳои бачаҳо ҳам дар ҳамин аст.

«Дар шароити дарси ҳамгироии забони модарӣ донишҳои ҳосилкардаи шогирдон ҳамарӯза дар амалияи забони онҳо, чи дар дарс ва чи дар ҳаёти онҳо (дар хона), татбиқ мегардад, муаллақ намемонад, ба захираи ғайрифаъол табдил намеёбад. Дар натиҷа хонандагон дар ҳар дарс ва хона фаъолона иштирок мекунанд, бошуурона ва бомақсад амал менамоянд, ки ин самаранокии дарс ва раванди педагогиро муайян хоҳад кард».

Хулоса, вазифаи хонагӣ давоми кори синфӣ буда, яке аз шаклҳои ташкили омӯхтани забони модарӣ дар мактаб ва хона мебошад. Он фаъолияти омӯзишии бачаҳоро баланд мебардорад, дар онҳо хислатҳои бо китоб ва дигар ашё мустақилона кор карда тавонистан, вазифашиносию масъулиятнокӣ, меҳнатдӯстию интизомро мепарварад.

ХУЛОСАИ БОБИ СЕЮМ

Таъмини технологии робитаи мутақобилаи фаъолияти мустақилонаи омӯзиши забони модарӣ ва инкишофи зеҳнии хонандагони синфҳои ибтидоӣ, пеш аз ҳама, ба технологикунонии раванди таълим вобаста мебошад. Татбиқи технологияро ҳамчун санъати тадрису таълим маънидод кардан бамаврид аст.

Истифода аз технологияҳои таълим раванди инкишофест, ки барои баланд бардоштани самарабахшии ҷараёни таълим бо кафолати ба натиҷаҳои чашмдошт расидани хонандагон равона шудааст.

Аз баррасии боби сеюм метавон чунин хулоса кард:

1. Дар методикаи анъанавии таълим омӯзгор бештар нақши актёр (ҳунарманд)-ро мебозад. Вай расонандаи ахбор аз китоб ба шогирд буд.

Дар технологияи таълим омӯзгор, асосан, бо режиссёрӣ (коргардонӣ) машғул аст. Вай намеомӯзонад, балки роҳнамоӣ мекунад, ҳавасманд мегардонад, фаъолияти омӯзишии хонандагонро ба танзим медарорад.

2. Методикаи ибтикории ташаккули малакаи фаъолияти мустақилонаи омӯзишӣ, ки ба рушди зеҳнию нутқии хонандагон дар дарсҳои забони модарӣ нигаронида шудааст, омӯзиш ва истифодаи методикаи тасвирӣ-эзоҳӣ, методикаи шахсмарказ, методикаи рушддиҳандаи хонандаро дар бар мегирад.

3. Робитаи таълими ҳамгиро бо таълими тафриқа, нақшаҳо, қоидаҳо, намунаҳо, нақшаҳои дар китоби дарсӣ пешниҳодшуда, методикаи ибтикории ташаккули малакаи фаъолияти мустақилонаи омӯзишӣ, ки ба рушди зеҳнию нутқии хонандагон дар дарсҳои забони модарӣ нигаронида шудаанд, аҳаммияти калон доранд.

4. Таъмини технологии робитаи мутақобилаи фаъолияти мустақилонаи омӯзишӣ бо рушди зеҳнию нутқии хонандагони синфҳои ибтидоӣ дар дарсҳои забони модарӣ, пеш аз ҳама, ба фаъолияти мустақилонаи хонандагон ҳангоми кор бо варақаҳои такявӣ, намунавӣ ва баррасии дастаҷамъонаи натиҷаи фаъолият дар синф вобаста мебошад.

5. Ташаккули малакаи фаъолияти мустақилонаи омӯзишӣ, ки ба рушди зеҳнию нутқии хонандагон дар дарсҳои забони модарӣ мусоидат мекунад, ба методикаи иртиботӣ-муқоисавӣ, муоширати эвристикӣ, мубоҳиса, пешниҳоди сарчашмаҳо барои фаъолияти мустақилона ва сайру сафарҳои хаёлӣ вобастагӣ дорад.

6. Ташкили шаклҳои таълими беруназсинфӣ ва фаъолияти мустақилонаи омӯзишӣ аз забони модарӣ, ки боиси рушди нутқи хонандагони синфҳои ибтидоӣ мегардад, тавассути сайёҳат ба маҳалҳо ва суҳбатҳо бо соҳибони забон, ки лаҳҷаашон аз забони модарӣ фарқ мекунад, гузаронида шуда, натиҷаи қонеъкунандаро ба даст меорад.

7. Ҳангоми ташкили фаъолияти мустақилонаи омӯзишии беруназсинфӣ дар раванди саёҳатҳо ба табиат ва истифода аз гуфтори мардуми маҳалли саёҳат, ба хотир гирифтани номи гиёҳҳо, наҳру дарёҳо, мавзеъҳои ҷуғрофӣ, муқоиса ва ёфтани муродифи онҳо аз луғату фарҳангҳо дар хонандагон бедории фикр, завқ ва кунҷковиро ба вуҷуд меорад. Баргузории сафару саёҳатҳо ба маҳалҳои гуногун завқи маърифатӣ ва зебоипарастии хонандагонро бештар намуд.

8. Истифодаи методикаи ибтикории ташкили фаъолияти омӯзишии мустақилонаи хонагӣ ба рушди зеҳнию забонии хонандагони хурдсол мусоидат карда, махсусияти супоришҳои хонагӣ имконоти зеҳнию ақлии хонандагонро рушд бахшида, фаъолияти тарафайни омӯзгорону волидайнро ба эътибор гирифта, дар ташкили фаъолияти омӯзишии мустақилонаи кӯдак нақши волидайнро барои иҷрои супоришҳои мустақилонаи омӯзишӣ вусъат бахшид.

пешина
аз 32
навбатӣ