АСОСҲОИ МЕТОДИИ ТАШАККУЛИ МАЛАКАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ МУСТАҚИЛОНАИ ОМӮЗИШИ ЗАБОНИ МОДАРӢ ВА ИНКИШОФИ ЗЕҲНИИ ТАЛАБАГОНИ СИНФҲОИ ИБТИДОӢ

Мубрамии мавзуи таҳқиқот. Дар ҷаҳони муосири зудтағйирёбанда ва пур аз тазодҳо шаҳрвандон бояд дорои сифатҳои ташаббускорӣ, навоварӣ, татбиқсозӣ, тағйирпазирӣ, уҳдабароӣ, масъулиятшиносӣ ва созандагию эҷодӣ бошанд.
Ахбор · 23 октябри 2024 · 32 саҳифа
БОБИ IV. САТҲИ ТАШАККУЛИ МАЛАКАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ МУСТАҚИЛОНАИ ТАЪЛИМӢ ДАР РОБИТА БА РУШДИ ЗЕҲНИЮ НУТҚИИ ТАЛАБАГОН ДАР ДАРСҲОИ ЗАБОНИ МОДАРӢ
4.1. Асосмандии методии интихоби шаклҳо, мазмун ва намудҳои фаъолияти таълимии мустақилона дар раванди омӯзиши забони модарии синфҳои ибтидоӣ
Яке аз масъалаҳои воқеие, ки дар назди педагогикаи муосир гузошта шудааст, муайян кардани роҳу усулҳои ташаккулу инкишофи сифатҳои маърифатии хонандагони хурдсол дар ҷараёни таълим мебошад. Вале ин роҳу усулҳои ташаккули ҷараёнҳои таълимӣ куллан гуногунранг мебошанд. Барои ҳамин вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як омӯзгори синфҳои ибтидоӣ на танҳо дар он аст, ки ба хонандагон маводро дастрас кунад, далелҳои нав пешниҳод кунад, балки ӯ бояд ба хонандагон мустақилона аз худ кардани дониш, инкишофи маҳорату истеъдодҳояшонро ёд диҳад.
Ба хонандагон шавқу рағбати маърифатҷӯйиро омӯхтан лозим аст, ки дар воқеиёту ҳодисоти дида навигариро эҳсос карда тавонанд. Чунин тарзи таълим имкон медиҳад, ки хонандагони хурдсол ба воқеот ва ҳодисоти ҳаёт бодиққат, амиқ ва бо чашми таҳқиқ нигаранд, ба қадри донишҳои дар муассисаи таълимӣ гирифтаашон бирасанд, яъне ба қавли устод Рӯдакӣ:
Бо чашми дилат дид бояд ҷаҳон,
Ки чашми сари ту набинад ниҳон.
Дар натиҷа, кӯдак ба хулосае мерасад, ки дар воқеоти ҳаррӯзаи олами атроф маънӣ ва паҳлуҳои ҳайратовар хеле зиёданд, ки онҳоро дар дарс ва берун аз дарс, аз китобҳо метавон дарёфт.
Дар зергурӯҳҳои қаблӣ масъалаи ташаккули фаъолияти мустақилонаи омӯзиши забони модарӣ ва инкишофи зеҳнии хонандагон дида шуда буданд, лекин онҳо ҳалли пурраи масъала буда наметавонанд, агар ҳамаи ҷанбаҳои ташхисшуда ба тартиб оварда нашаванд ва татбиқи онҳо дар ҷараёни таълим корбандӣ нагардад.
Борои расидан ба ин ҳадаф, мо якчанд синфҳои 3 ва 4-и муассисаҳои таълимии №1,9,53-и ш.Кӯлоб, № 1,2, Гимназияи давлатии “Ҳиммат”-и н.Муъминобод ва № 1,2,3-и н. Шамсиддин Шоҳинро интихоб кардем, ки дар онҳо чораҳои аз лиҳози дидактикӣ коркардшудаи мо истифода шуданд, ки ба фаъолияти мустақилонаи омӯзиши забони модарӣ ва инкишофи зеҳнии хонандагони синфҳои ибтидоӣ равона шуда буданд. Дар баробари синфҳои номбурда дигар синфҳо ҳам интихоб шудаанд, ки бо барномаи одӣ ва бе истифодаи ягон намуди усулҳои махсуси дидактикӣ фаъолият мекарданд. Ҳамин тариқ, барои гузаронидани таҳқиқоти назоратию озмоишӣ ду намуди синфҳо баробар (синфҳои 3-4) интихоб шуданд.
Маҳорат барои азхудкунӣ дар ҳар як кӯдак аз рӯзҳои аввали ҳастӣ ба вуҷуд меояд ва вазифаи омӯзгор дар он аст, ки ин маҳоратҳоро ошкор кунад ва инкишоф диҳад, ҷараёни таълимро чунон ба роҳ монад, ки ягон хонанда худро бемаҳорат ҳис накунад.
То ибтидои фаъолияти таҷрибавию озмойишӣ корҳои ибтидоӣ барои муайян кардани дараҷаи фаъолияти мустақилонаи омӯзиши забони модарӣ ва инкишофи зеҳнии хонандагон дар муассисаҳои таълимии болозикр гузаронида шуданд. Дар ибтидои ҳар як соли хониш дараҷаи муайянкунӣ дар он синфҳое гузаронида шудаанд, ки фарогири корҳои таҷрибавию озмойишӣ буданд. Барои муайян кардани фаъолияти мустақилонаи омӯзиши забони модарӣ ва инкишофи зеҳнии хонандагон мо саволҳои мушаххасеро мувофиқи барномаҳои таълим пешниҳод кардем ва хоҳиш намудем, ки хаттӣ ба онҳо ҷавоб нависанд.
Натиҷаҳои бадастомадаро таҳлил карда, метавонем ба хулосае биёем, ки дар соли хониши 2019-2020 баҳогузории ҷавобҳо ба саволҳои гузоштаи мо дар синфҳои озмоишӣ чунин натиҷаҳо дод: бо «5» ҷавобҳо набуданд, баҳои «4» аз 22,4% (синфи 3) то 20,1% (синфи 4); баҳои «3» аз 36,7% (синфи 3) то 37,8% (синфи 4); баҳои «2» аз 40,9% (синфи 3) то 41,9% (синфи 4)-ро ташкил дод.
Натиҷаҳо дар синфҳои назоратӣ чунинанд: дар соли хониши номубрда ба баҳои «5» ҷавобҳо набуданд, баҳои «4» аз 20,1% (синфи 3) то 21,5% (синфи 4), баҳои «3» аз 34,4% (синфи 3) то 34,8% (синфи 4), баҳои «2» аз 43,5% (синфи 3) то 43,7% (синфи 4)-ро ташкил дод.
Тафовути куллӣ байни синфҳои озмоишию назоратӣ мушоҳида намешуданд. Натиҷаҳои ҷадвалро таҳлил кард, метавонем хулоса барорем, ки фаъолияти мустақилонаи забони модарӣ ба инкишофи зеҳнии хонандагони синфҳои ибтидоӣ ҳоло ба таври кофӣ ташаккул наёфтааст.
Ҳангоми муайян кардани роҳу усулҳои самаранок ташкил кардани фаъолияти мустақилонаи омӯзишӣ дар хонандагони хурдсол дар ҷараёни омӯзиши забони модарӣ (тоҷикӣ) мо чунин вазифаҳоро дар назар доштем:
1. Ташхиси фаъолияти кори омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ оид ба ташаккули заминаҳои назариявӣ, амалӣ, фаҳмиш ва инкишофи ақлии ҳар як хонанда.
2. Ёрӣ расонидан ба омӯзгорон оид ба қонеъ гардонидани шавқу ҳаваси хонандагон ба таълим, инкишофи сифатҳои маърифатии онҳо.
3. Муайян намудани дараҷаи дарку фаҳмиши хонандагони синфҳои
3-4-ум марбут ба фаъолияти мустақилона ва инкишофи зеҳнии хонандагони синфҳои ибтидоӣ.
Дар асоси дастурамалҳои назариявӣ, ки дар зербобҳои гузашта таҳлил ёфтаанд, дар давраи таҳқиқот дар синфҳои озмойишӣ кори махсуси таълимӣ гузаронида шуд. Дар охири соли таҳсил дар синфҳои назоратию озмойишӣ ба воситаи пурсишномаҳо самаранокии фаъолияти мустақилонаи омӯзишӣ муайян шуданд.
Нишондиҳандаҳои ҷадвалҳои 16-ум ва 17-умро ба таври муқоиса таҳлил намуда, самаранокии фаъолияти мустақилонаи омӯзиширо дар хонандагони хурдсол (дар синфҳои назоратию озмоишӣ) пешниҳод мекунем.
Нишондодҳои диаграммаҳо собит сохтанд, ки хонандагони гурӯҳи озмоишӣ, ки солҳои 2019-2020 таҳсил мекарданд, ҳангоми омӯзиши забони модарӣ ба гирифтани баҳои «4» нисбат ба хонандагоне, ки солҳои 2021-2022 таҳсил карданд, камтар ноил гардидаанд.
Инчунин, хонандагон дар самти ташаккули малакаи фаъолияти мустақилонаи омӯзишӣ ва инкишофи зеҳнӣ ба пешравиҳо муваффақ гардидаанд.
Ғайри қаноатбахш Қаноатбахш Синфи 3 (О), Синфи 3 (Н) Синфи 4 (О), Синфи 4 (Н) Диаграммаҳои пешниҳодшуда афзоиши фаъолияти мустақилонаи забони модарӣ ва инкишофи зеҳнии хонандагони хурдсолро пеш ва пас аз таҷриба бо солҳо инъикос мекунанд.
Мушоҳидаҳо ва ташхисҳо нишон доданд, ки сабабҳои ба фаъолияти мустақилона рӯ овардани хонандагон чунинанд:
- аввалан, ба воситаи такмили ҷараёни таълиму тарбия. Дар солҳои охир тавачҷуҳ ба моделҳои таълимӣ, навовариҳои педагогӣ, техно- логияҳо ва методҳо, ки бештар самаранок мебошанд, барои дарёфт кардани ҳадафҳои мо зиёд шуда истодаанд;
- дуюм, фаҳмишу дарккунии мафҳуми таълим дар инкишофи ҷомеа аз тарафи худи хонандагони хурдсол.
Натиҷаҳои пурсиш дар синфҳои озмоишӣ нишон доданд, ки хонандагони хурдсол нисбат ба фаъолияти мустақилонаи омӯзишӣ ва мустақилона гузаронидани фаъолиятҳо талабот доранд, ки ин ба азхудкунии донишҳо бурда мерасонад. Онҳо дарк мекунанд, ки бе дониш ҳаётро хуб ташкил додан номумкин аст. Инчунин, дуруст ба роҳ мондани фаъолияти истеҳсолиро асос мешуморанд. Бар замми ин, истифодаи усулҳои фаъол, интерактивӣ ва дигар навовариҳои дидактикӣ дар таълими забони модарӣ таҷриба ва заминаҳои ҳалли бисёр масъалаҳои воқеии педагогиро пайдо мекунад.
Раванди инкишофи таълими муосир талаб мекунад, ки аз усулҳои гуногуни таълимӣ – фаъол ва инкишофёфта истифода бурда, дар асоси онҳо фаъолияти таҷрибавию озмойишӣ дуруст ба роҳ монда шавад.
Барои самаранок омӯхтани забони модарӣ бояд шароитҳои мустақили ташхиси ҳодисаҳои иҷтимоӣ аз нуқтаи назари илмӣ асоснок карда шаванд. Истифодаи роҳу усулҳои гуногуни ташкили фаъолияти мустақилонаи омӯзишӣ ба хотири рушди зеҳн ва нутқ ба мазмуни мавзуи таълимии фанни забони модарӣ ва донишҳои заминавии хонандагон вобастагии хоса дорад. Барои он ки мазмуни таълим пурра таъсири инкишофдиҳандагии худро расонад, вай бояд аз худ карда шавад. Хонандаи хурдсол дар баробари омӯхтани дигар фанҳои дарсӣ бештар ба омӯзиши забони модарӣ тавассути фаъолияти мустақилонаи омӯзишӣ ба хотири рушди зеҳн ва нутқ ҳавасмандӣ пайдо мекунад.
Ҳангоми фаъолияти мустақилонаи омӯзишӣ ба хотири рушди зеҳн ва нутқ,ки ба ташаккулёбию инкишофи ҳаматарафаи таълабагон таъсир расонда, мавқеи омӯзгорро дар ҷараёни таълим пурра тағйир намедиҳад, танҳо талаботи нав нисбат ба фаъолияти педагог пайдо мешавад.
Истифодаи методҳои гуногуни таълим асоси ба фаъолияти мустақилонаи омӯзишӣ ҷалб гардидани хонандагон мегардад.
Масалан, истифодаи фаъолияти гурӯҳӣ он маъноро надорад, ки ба намудҳои фаъолияти таълимӣ боз як номгӯзорӣ илова карда мешавад, ин чунин маъно дорад, ки ҷараёни таълим пурра иваз карда мешавад. Бо мақсади назорати фаъолияти ақлонии хонандагон омӯзгор бо назардошти қарори педагогӣ бояд хатоҳои ин ё он гурӯҳро муайян кунад, нишон диҳад, ки кадом қисмати ин вазифаро онҳо дар вақти муайяншуда иҷро карданд. Бартарӣ дар ин фаъолият ба он алоқаманд аст, ки хонандагон донишҳоро коллективона аз худ мекунанд, маҳорату истеъдодҳоро, ки тавассути фаъолияти мустақилонаи омӯзишӣ муяссар мегардад, ташаккул медиҳанд.
Дар баъзе ҳолатҳо фаъолияти гурӯҳӣ ҳангоми ташаккули гурӯҳҳо метавонад бо назардошти инкишофи хусусиятҳои гуногуни хонандагон таъсири муайян расонад. Якҷоя ва мустақилона фаъолият карда, хонандагон метавонанд донишу маҳорату истеъдодҳои худро пурра истифода баранд.
Фаъолияти мустақилонаи коллективи хонандагон дар гурӯҳҳо ба татбиқи ҷараёни таълим мусоидат карда, фаъолнокии онҳоро баланд мебардорад. Дар хонандагон мустақилона фаъолият карданро тарбия мекунад, онҳо якҷоя фаъолият карда, донишҳоро якҷоя меомӯзанд, байни якдигар муошират мекунанд, сари вақт ба ёрии якдигар меоянд, кори якдигарро назорат мекунанд ва ғайра.
Таҳқиқоти гузаронидаи мо дар муассисаҳои озмоишии синфҳои 3-4-уми муассисаҳои таълимии №1,9,53-и ш.Кӯлоб, № 1,2, Гимназияи давлатии “Ҳиммат”-и, н. Муъминобод ва №1,2,3-и н. Шамсиддин Шоҳин дар солҳои 2019-2022 нишон дод, ки истифода аз намуди фаъолияти гурӯҳӣ заминаҳои инкишофро бештар фароҳам месозад.
Диаграммаи №6. Заминаҳои истифодаи намудҳои гуногуни фаъолияти таълимӣ дар муассисаҳои таълимии озмоишӣ.
Дар ин ҳолат ҳамкорию ёрии ҳамдигарӣ фазои хуби эҳсосотиро ба вуҷуд оварда, ба инкишофи шавқу рағбат таъсири муайян мерасонад ва ҳавасмандиҳоро барои андӯхтани донишҳо афзун менамояд, ки он ҳама ба фаъолияти мустақилонаи омӯзишӣ ба хотири рушди зеҳн ва нутқ дар дарсҳои забони модарии синфҳои ибтидоӣ мусоидат мекунад.
Дигар самти таҳқикот вазифаи омӯзгори синфҳои ибтидоиро на ҳамчун субъекти ҷараёни таълим, балки ҳамчун сарчашмаи мустақилона омӯхтани донишҳо таҷассум намуда, омӯзгор ҳамчун ёрдамчӣ ё ин ки роҳбар барои дарёфт кардани ин донишҳо, бо назардошти методҳои муайян баромад мекунад. Педагог якбора ҳамчун ташкилотчӣ ё ҳамкор (дар ҷараёни ҳар як зинаи омӯзиш) ва ҳамчун роҳбари ҷараёни таълим (агар таълимро ҳамчун як чизи бутун ҳисоб кунем) баромад мекунад. Вай ҷараёни умумии таълимро ташкил мекунад ва дар зарурат ба он барои дастгирии хонандагон дар лаҳзаҳои мувофиқ пайваст мешавад. Бар замми ин, ба паҳлуҳои дигари вазифаи педагог истифодаи методҳои таъмини иҷрои вазифа дар коллектив, гурӯҳи хонандагон ё фард, агар ин дахолат талаботи объективӣ дошта бошад, дохил мешавад.
Дар муқоиса бо консепсияи анъанавии таълим дар методҳои фаъоли таълим, бо сабабҳои гуногуни объективӣ имконияти омӯзиши ҳаҷми ками маводи таълим вуҷуд дорад ва ин ивазшавии муайяни таркиби маводи таълимиро бо мақсади ба он додани хусусияти чустуҷӯйию таҳқиқотӣ талаб мекунад. Бо назардошти таркиби соҳаи маориф ва миқдори ками ҳаҷми коркардҳои таҷрибавӣ, ин вазифаро
(масъаларо) бояд ҳозир худи педагогон ҳал намоянд, роҳҳои гуногунро дар ҷараёни таълим истифода баранд ва онҳоро мутобиқ гардонанд. Мо метавонем чунин вазифаҳои асосии ташаккули фаъолияти мустақилонаи омӯзишии забони модарӣ ва инкишофи зеҳнии хонандагони синфҳои ибтидоиро амалӣ намоем:
- таъмини иттилоотӣ;
- самти таҳқиқот;
- ивазшавии мазмуну таркиби маводи таълим;
- ҳавасмандкунии фаъолнокии омӯзишии хонандагон, ки дар натиҷаи он иҷрои фаъолияти мустақилонаи омӯзишӣ ба хотири рушди зеҳн ва нутқ ташаккул меёбад.
Зери мафҳуми таъмини иттилоотӣ мо аз тарафи омӯзгор пешкаш кардани донишҳои тайёрро намефаҳмем, балки иттилооти камеро, ки барои пайдо шудани зиддиятҳо зарур аст (ё ин ки ҳамчун вобаста ба ташкили ҳолати проблемавӣ-иттилоотии ғайримафҳумӣ, ки методҳои мувофиқи ҳалли вазифаи пролемавиро ҳал кардан ҷоиз аст) истифода мебарем. Дуюм, сухан дар бораи иттилооте меравад, ки барои азхудкунии ҳадафманди донишҳо бо роҳи фаъолияти мустақилона, ки дар ин давра аз ҳудудҳои инкишофи наздиктарини хонанда мебарояд, талаб карда мешавад. Ҷустуҷӯйи ҳамаи иттилооти боқимонда аз тарафи хонандагон мустақилона ва бо ёрии педагог гузаронида мешавад, лекин дар ҳудудҳои ҷустҷӯйии таҳқиқот, на азхудкунию омӯзиш.
Алоқаи зичи принсипи фаъолнокии субъекти таълим бо принсипи азхудкунии донишҳои онҳо, бартарии кори мустақилонаи хонандагон ҳангоми истифодаи методҳои фаъол аз тарафи омӯзгор дар муқоиса бо роҳҳои анъанавӣ аз худ кардани донишҳо, маҳоратҳо ва истеъдодҳоро рушд бахшида, ба инкишофи фаъолияти мустақилонаи хонандагон мусоидат мекунад.
Мо тарафдори дохил кардани методҳои фаъол ба ҷараёни таълим мебошем, ки он ба фаъолияти мустақилонаи омӯзишӣ асос ёфта, пешбаранда ва инкишофдиҳандаи маҳоратҳо мебошад.
Хонандагони хурдсол дар ҷараёни омӯзиши забони модарӣ пай дар пай дараҷаи сатҳи азхудкунии донишҳоро (барои синфҳои 1-4) баланд бардошта, ба иҷрои фаъолияти мустақилонаи омӯзишиву меҳнатӣ омода мегарданд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё