Аз санг сахт, аз гул нозук

Юнуси Имомназарро алоқамандони каломи бадеъ ва хонандагони «Овози тоҷик» бо гузоришот ва ҳикояҳову қиссаҳои намакинаш мешиносанд.
Ахбор · 9 октябри 2024 · 44 саҳифа · 1 писанд
«МУТРИБЕ, К-АЗ ВАЙ ҶАҲОН ШУД ПУРТАРАБ»
То нагардӣ ошно з-ин парда рамзе нашнавӣ,
Гӯши номаҳрам набошад ҷойи пайғоми суруш. (Ҳофиз)
Табиатан ҳар як миллат созу овози хоси худро дорад. Савту садо чун забони дил ва мутарҷими эҳсос аз ҳастии ҷон дарак медиҳад. Ғанои ҳар миллат мутаносиб бо табиату ҳиссиёту ангезаҳояш рӯйи кор меояд.
Ҳамин замина аст, ки ҳар як оҳангсоз ё овозхон, ё ҳунарманди дигаре бо мурур пешаи худро такмил ва ба хотири ҳарчи мақбултар сохтани он шароит ва имконоти мусоидро ҷустуҷӯ мекунад. Бе шак, маҳз бо ҳамин ҳадаф тамоми маҳорат ва дониши худро ба харҷ медиҳад.
Ҳунарпешаи шоистаи ҷумҳурӣ, зодаи деҳаи Варзики вилояти Намангон Матлуба Дадабоева ба хурду бузурги Ӯзбекистон шинос аст. Ӯ тайи фаъолияти беш аз бистсолаи хеш барои равнақу густариш ва тарғибу ташвиқи сурудҳои классикиву мардумӣ ва шод заҳмати зиёд кашидааст. Ин овозхони маҳбуби халқ ҳаёташро ба соҳаи ҳунар бахшида, доираи алоқамандонашро аз ҳудуди кишвар то манотиқи берун аз он густариш додааст. Матлубабону бар замми овози дилнишину фараҳбахш суханрони моҳире низ мебошад, ки суханшиносии ӯ аз забондониаш маншаъ мегирад. Ӯ на фақат мазмуну муҳтавои шеъри тоҷик, ҳамчунин назми ӯзбекро комилан мефаҳмад. Ба ин ду забон баробар оҳанг мебандад ва тарона мехонад.
Матлуба Дадабоева саъй мекунад фаъолияти халлоқонаи худро ба хотири тарғибу тарвиҷи осори ниёкон сафарбар намояд. Беш аз пеш ба фарогирии оҳангҳои «Шашмақом» ҳаракат мекунад ва мактаби мақомҳои миллиро ҳамаҷониба меомӯзад. Ӯ дар оғози кор дарк намуда, ки барои омӯхтани «Шашмақом», барои дурусту бекамукост иҷро кардани оҳангҳои мардумӣ як умри инсон камӣ мекунад.
«Дарунмояи «Шашмақом» чун баҳри бекарон аст ва сурудани таронаҳои суннатӣ низ омодагиҳои ҷиддиро талаб мекунад, – мегӯяд Матлубабонуи ҳунарманд. – Камина бисёр мехоҳам, ки услуби таълиму тадриси ин ганҷинаҳои мардумӣ бо таваҷҷуҳ ба талаби замон ва дархости мухлисон сурат бигирад. Агар ҳангоми офаридани оҳангу таронаҳои нав оҳангсозони мо аз унсурҳои осори халқӣ, фолкор ва этнографияи мардумӣ истифода баранд, асари онҳо табиӣ ва ҷаззоб мебарояд. Мо дар ин самт устодони зиёд дорем. Ҳамзамон эҷодиёти даҳанакии халқ, ба хусус, роҳу равиши сарояндагони Самарқанд, Бухоро, Фарғона чун дурдонаҳои дурахшони олами ҳунар метобанд, ки онҳоро бояд ҳифз кунем ва ба наслҳои оянда гузаронем».
Суруду оҳангҳои баргузидаи Матлубабону ифодагари розҳои дили мардуманд. Дар эҷодиёташ таронаҳое ҳастанд, ки аксари онҳо касро ба хаёлҳои дуродур мебаранд. Ҳангоми сурудхонии эшон кас ба андеша меравад, ҷавҳари сурудаҳояшро дарёфтанӣ мешавад. Он чӣ, ки самимӣ аст, ба дилҳо сурур бахшад. Интихоби ҳунармандонаи матни суруд, ҳамзамон бастани оҳанги мутобиқ ба он сарояндаро ба мақсад мерасонад. Таронаҳои «Ушшоқи Самарқанд», «Ироқи Бухоро», «Куҷо рафтӣ?», «Муҳаббат», «Интизор ҳастам», «Қашқарчаи савти ушшоқ», «Тарони ду дил», «Насри баёт», «Таронаи субҳидам», «Насри ушшоқ», «Фирӯз», «Қалби ман», «Модарам», «Ба гулзор омада», «Ӯзбекистони ман», «Наёмадӣ», «Ёрам будӣ» ва ғайраро ҳаводорони санъати ӯ бо мароқ шунида, лаззати маънавӣ мебаранд. Барои худи ӯ низ ҳар як асараш азизу мукаррам аст. Охир, танҳо ҳунарманди асил медонад барои офаридани як асар чӣ қадр заҳмат бояд кашид. Мебояд ашъори шуароро мутолиа кард, оҳангҳои мухталифро дар ҳоли муқоиса омӯхт, созу асбоби мусиқиро фаҳмид ва бешак, бо сабру тоқат шабҳои бехобиро сипарӣ кард.
Матлубабону маҳз ба туфайли ин гуна кӯшишҳо ба марраи мурод расид, ба дили мардум роҳ ёфт. Ӯ бо садои маҳину дилрабои худ қалби муштоқони бешумори шеъру сурудро тасхир кард. Ба гуфтаи шоир Абдулло Субҳон, «вақте ки Матлуба месарояд, модарони тоҷику ӯзбек аз аллагӯйӣ бозмеистанд, зеро овози ширадору дилнавози ӯ худ суруди Алла аст... вақте ки Матлуба месарояд, ошиқони беқарор бо дастони ҳамоил ба гардани ҳамдигар рози таскинбахши қалбҳои пурҳарорати худро ҳис мекунанд».
Оре, ин устодкории Матлуба аст, ки марзи ҳунарнамоии ӯ то гӯшаҳои дурдаст густариш ёфтааст. Чандин бор ба кишварҳои хориҷа, мисли Ҳиндустон, Алҷазоир, Арабистони Саудӣ, Индонезия, Фаронса, Белжик, Испониё, Шветсия, Швейтсария сафарҳои ҳунарӣ анҷом дод. Билхосса, ҷонибдории мардуми Урупо аз сарояндагони чирадасти Машриқзамин, ба монанди Матлубабону, шигифтангез аст. Он мардуми мусиқипарвару таронадӯст ба маротиб аз чашмаи ҳунари ҳунарпешаи мумтоз об хӯрдаву ташнагии илҳом ва фароғат шикастаанд.
Дар Теҳрон – пойтахти Ҷумҳурии Исломии Эрон намоиш додани барномаи ҳунарӣ барои Матлуба Дадабоева муваффақияти беназир буд. Ӯ ҳамроҳ бо ҳунарпешагони маъруфи кишвар – Исмоилҷону Исроилҷон Ваҳҳобовҳо, Абдунабӣ Зиёев, Маҳбуба Ҳасанова дар ҷашнвораи байналмилалии мусиқии таронаҳои суннатӣ ширкат варзид. Дар ин ҷашнвора ҳунармандони чандин кишвари Машриқзамин, чунончи аз Озарбойҷон, Гурҷистон, Арабистони Саудӣ, Ҳиндустон, Покистон, Афғонистон, Тоҷикистон маҳорати худро нишон дода, аз забону ҳунарҳои мардумии худ муаррифӣ карданд. Матлуба Дадабоева аз ин сафари ҳунарии худ чунин ёдовар мешавад: «Маро сафари Теҳрони бузург таассуроти хубу гуворо боқӣ гузошт. Мардуми фарҳангию ҳунардӯсти Эрон бо одобу муоширати нек, меҳмондориҳои самимона ва ташкили корҳои ҷашнвора моро ба ҳайрат оварданд. Аз Ӯзбекистон ҳафт нафар будем, тавонистем бо руҳияи шод ва илҳом ҳунари худро намоиш диҳем. Вақте ки медидем, дар поёни баромади мо аҳли толор аз ҷо хеста кафкӯбиҳои бардавом мекунанд, аз хурсандӣ ба чашмонам об омад. Ҳамроҳ бо ширкаткунандагони ҷашнвора иҷро кардани таронаи муштарак аз ниҳояти дӯстӣ ва ҳамгароии халқҳо гувоҳӣ медод. Фикр мекунам, дар канори дигарон ҳунарнамоии мо низ ба таҳкими дӯстӣ ва наздикшавии халқҳову кишварамон мусоидат хоҳад кард».
Ҳақ ба ҷониби Матлубабону аст. Ҳунар васлгари халқҳо, омили муҳим дар густариши робитаҳои байни кишварҳост. Офарандагони ҳунар ҳунарпешагони боистеъдоде ҳастанд, ки онҳоро халқ эътироф мекунад ва онҳо дар ин самт мавқеи калидӣ доранд.
Матлуба Дадабоева овозхони дастаи ҳунарии мақомхонони ба номи Юнус Раҷабии Ширкати радио ва телевизиони Ӯзбекистон аст. Ӯ сарояндаи мумтозе аст, ки бо садои роҳатбахши худ ба сомеон шодиву сурур ато мекунад, ба гуфтаи Мавлоно:
Мутрибе, к-аз вай ҷаҳон шуд пуртараб, Раста з-овозаш хаёлоти аҷаб.
Аз навояш мурғи дил паррон шудӣ,
В-аз садояш ҳуши ҷон ҳайрон шудӣ.
Бошад ки, ӯ дар ин ҷода сарбаланду накуном боқӣ бимонад!
Ҷойи зикр аст, ки имрӯз Матлуба Дадабоева ҳунарпешаи мардумии ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон аст. Дар бахши мақомхонӣ устоди кор аст. Гузашта аз сарояндагӣ дар Донишкадаи маданияти Тошканд аз асрори мусиқӣ ва шашмақомсароӣ ба донишҷӯён дарс медиҳад. Мавсуф соли 2009 дар ҷашнвораи байналмилалии «Таронаҳои шарқ», ки ҳар ду сол як бор дар шаҳри бостонӣ ва фарҳангии Самарқанд доир мегардад, мақоми аввалро соҳиб шуда буд.
Рӯзномаи «Овози тоҷик», 21-уми марти соли 1998

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё