Аз санг сахт, аз гул нозук

Юнуси Имомназарро алоқамандони каломи бадеъ ва хонандагони «Овози тоҷик» бо гузоришот ва ҳикояҳову қиссаҳои намакинаш мешиносанд.
Ахбор · 9 октябри 2024 · 44 саҳифа · 1 писанд
ТАҒОЙМУРОДИ РАССОМ
Тағоймурод дар курсӣ нишастааст. Ҷилави ӯ, болои миз қутичаву картонпораҳои бешумор бо рангҳои гуногун ва мӯқаламҳои хурду бузург дар як сӯ беназм хобидаанд.
Тағоймурод ангушти ишораро ба пешонӣ рост карда, хаёлангез ба нуқтае номаълум чашм дӯхта менишинад. Ӯ чиро фикр мекунад? Мурғи тахайюлаш дар чӣ гуна осмоне парвоз дорад? Барои бинанда маълум нест, фақат худаш медонаду Худо. Шояд манзараи тозаеро дар лавҳи хотир акс месозад ё моҷароеро тасвир карданист, ё...
Баъд аз чанд муддат оҳиста хам мешавад, мӯқалами хурдтаринро ба даст гирифта, ба ду-се ранг омезиш медиҳад ва чашмонашро хира карда, бо таваҷҷуҳи зиёд онро рӯйи коғази ғафси сапед медавонад. Аз пайи ҳаракоти ангуштони Тағоймурод рангҳо паёпай бо ҳам ҷанг мекунанд, болои ҳам хатҳои нозуку ғафс ҳамдигарро ҷо иваз мекунанд ва... кам-кам симои нуронӣ падид меояд. Бале, акнун аён шуд, хаёлоту оромии мутлақи рассом бар рӯйи коғаз мунъакис мешавад. Ӯ сурати момои Олиҳаро, ки бо чашмони фурӯрафтаи боумед менигарад, дар сар шоли сапеди шилшиладор партофтааст ва дастони хароби ожангдори худро бар сари дил нигаҳ медорад, ба сафҳаи коғаз фуровард. Аҷабо, гӯё момои Олиҳа зинда аст! Мисли ин ки мехоҳад бо симои ба табассум моил ба набераи ҳунарманди худ сипос гӯяд.
Рассоми нуратоӣ – Тағоймуроди эҷӣ асарҳои зиёд офаридааст. Онҳо бар рӯйи коғазу картонҳо, тахтачаҳо ва девору сақфи хонаҳо ба назар мерасанд. Ҳар як асари рассом баёнгари воқеае ё лаҳзаҳое аз рӯзгори одамон аст. Ҳар чизе, ки Тағоймуродро ба эҳсос оварда, таваҷҷуҳи ӯро ҷалб намуда, бо таъсиргарӣ дилашро тасхир мекунад, тавассути мӯқалам дар сафҳаҳо акси худро меёбад. Осорхонаи рассомии ӯ пур аз манозири табиат, чеҳраҳои гуногун, симои зебои ҷонварону парандагон аст. Ҳар як тасвир хусусияти ба худ хосе дорад ва аз ҷиҳате диққатро сахт ҷалб мекунад.
Ана, манзарае аз поини боғ рӯйи тахтача акс ёфта. Он ҷо ҳама чиз муқаррарӣ ба назар мерасад: рӯди мавҷноки равон, шаршараи зери дарахти тут, чанд маҷнунбеди ҷилвагар дар канораҳои рӯд, ҳавзи начандон калон, ки шохае аз рӯд оби худро ба он мерезад, дар дури дур қатори кӯҳҳо ва болотар осмони нилгун. Аммо диққатро дар мусаввара, қабл аз ҳама, ду лаклак ба худ ҷалб месозанд ва маҳз нуқтаи марказии таваҷҷуҳ ҳам онҳоанд. Лаклакҳои тасвир назар ба сӯйи рӯду дарахтон ва ҳавз меафкананд ва мехоҳанд бо болҳои нимабоз ба он ҷониб парвоз кунанд. Мусаввир орзуи лаклакҳоро бо симои дилнишину ҷаззобе офаридааст...
Ҳангоми мусоҳиба Тағоймурод Тоҷиев воқеаи аҷиберо нақл кард. Ӯ боре дар хонаи як рафиқаш машғули кор будааст. Баногоҳ аз хонаи дигар садои баҳсу талош ва доду ғирев баланд мешавад. Тағоймурод як қад парида, бедиранг мӯқаламро рӯйи миз партофта, давида ба даҳлез мебарояд. Аз тирезаи хонаи шафатӣ чашмаш ба рафиқаш меуфтад, ки бо ҳамсараш даъво мекард. Ӯ дастонашро бо виқор ба қафо гирифта, дод мезад: «Нафасатро каш!» Зан бошад, дастафшон ба шавҳар дарафтиданӣ мешуд ва ҳар сухани беҷо, ки медонист, ба сари ӯ фурӯ мерехт. Дар ҳамин лаҳза дар пешгаҳи хона кӯдаки лоуболи дохили гаҳвора дастакзанон гиря мекард...
Тағоймурод каме ба сукут меравад, аз манзараи дидааш мутаассир шуда хаёломез ба хонаи кораш бармегардад. Ҳама кори рассомиро канор гузошта, ба тасвири он чӣ дида буд мепардозад. Ғайри чашмдошт, ин мусаввараи ӯ хеле ҷолиб дармеояд. Дар он нуктаи асосӣ дастакзанон гиря кардани кӯдак буд. Ҳар як бинанда ин тасвирро дида, равшан беэътибории волидайн ва маъсумияту ба ғамхорӣ ниёз доштани кӯдакро ҳис мекунад.
Тағоймурод дар охири нақли худ баён дошт, ки он рафиқаш бо ҳамсари худ баъд аз дидани тасвири офаридаи ӯ хеле афсӯс мехӯранд ва бо тавба аҳд мекунанд, ки дигар хархаша накунанд, то дар уболи кӯдаки бегуноҳ намонанд.
Тағоймурод маҳз бо табиӣ баровардани тасвирҳои худ диққати дигаронро ҷалб мекунад. Ӯ ҳар як манзараву воқеа ва ашёи дидаву ҳискардаашро зиндаву дилкаш ва ҳассосона ба килки рассомӣ мекашад. Дар расмҳои офаридаи Тағоймурод гӯё одамон бо ҳам дар иртиботанд: сари як пиёла чой, ҳангоми муколама, вақти китобхонӣ, дар аснои изҳори муҳаббат... Мӯқалами ӯ тараннумгари зебоии табиат, таҷассумгари эҳсоси мухталифи одамону ҷонварон аст. Гӯё ҳастии олам бо ҳастии эъҷозофари Тағоймурод тавъам часпидааст.
Имрӯз Тағоймурод бо ҳунари худ ба эҳтироми самимии ҳамдиёрон сазовор гаштааст. Ӯро мудом ба сӯйи худ мекашанд, то мусавварае зебо барояшон эҷод кунад, сурати модару падар, момою бобо ё наздиконашонро офарад, хонаашонро хушрӯву диданӣ созад, то аз харидани қолиҳои девории гаронбаҳо раҳоӣ ёбанд...
Ва ин аст, ки ҳама мегӯянд: «Дастонаш гул аст, Тағоймуроди рассомро!»
Рӯзномаи «Овози тоҷик», 7-уми декабри соли 1996
МАРДИ ХЕШТАНШИНОС
Бештар дар замони сарварии Шароф Рашидов заминҳои нави вилояти Дизах азхуд шуда, дар ин минтақа корҳои гуногуни хоҷагии халқ тавсиа ёфт. Ба хусус, густариши кори кишоварзӣ қариб тамоми ноҳияҳои навташкилро фаро гирифт. Баробари пайдо шудани ҷойҳои тозаи корӣ даста-даста одамон аз шаҳру масканҳои дигар ва аксаран аз деҳаҳои кӯҳистон ба ин ҷо омада сукунат ихтиёр карданд. Ҳамзамон аҳолии маскуншуда аз хадамоти маданию маишатӣ ба таври муназзам бархурдор гардиданд.
Байни ҷамъияте, ки дар хоҷагиҳои навбунёд зиндагӣ доранд ва кор мекунанд, нуфуси тоҷикон низ зиёд аст. Бояд гуфт, ки онҳо ҳарчанд ба мисли мардуми дигар бо васоили рӯзгор таъмин ҳастанд, аммо бисёриашон аз муҳимтарин воситаҳои равшангароӣ маҳруманд. Пӯшида нест, ки дар ин минтақа густариши забони модарӣ эҳсос намешавад, ҳифзи сарватҳои маънавии тоҷикон дар сатҳи паст қарор дорад. Нахуст, парокандагии аҳолӣ ва дувум, бетаваҷҷуҳии падару модарон боиси он шудааст, ки фарзандонашон дар мактабҳои ӯзбекию русӣ таҳсил бигиранд. Илова бар ин, аксари тоҷикони минтақаи мазкур ба ягона рӯзномаи ҷумҳурӣ – «Овози тоҷик» обуна намешаванд, гуфторҳои тоҷикии радиои ҷумҳуриро гӯш намекунанд, барномаҳои «Рангинкамон»-ро аз тариқи телевизион намебинанд. Аз ҳама даҳшатбор ин аст, ки ба такаллуми тоҷикӣ ва омӯзиши таърихи халқи худ бефарқ нигоҳ мекунанд.
Дар ин гуна муҳит зиста, синфҳои тоҷикӣ кушодан, расонаҳои фарҳангию иттилоотиро тарғиб кардан аз ҷумлаи аъмоли нек дар роҳи худшиносии миллӣ ва доштани меҳру муҳаббати фарзандони баору номус ба миллату забони хеш ба шумор меравад. Алалхусус, фаъол будани мактабҳои тоҷикӣ имконият медиҳад, ки кӯдакон аз хурдӣ нишебу фарозҳои забони модариро тай карда, дурдонаҳои каломи аҷдоди худро сайқал диҳанд ва барои ояндаи пурифтихор таҳкурсии бомуътамад поягузорӣ кунанд.
15-уми июли соли 1989. Ин сана барои тоҷикони хоҷагии ҷамоавии ба номи Бобо Файзиеви ноҳияи Арнасой рӯзи фаромӯшнопазир аст. Он рӯз амвоҷи шодию хурсандии аҳли хештаншинос ба фалак мепечид. Марди худогоҳ Тӯра Фахриев қарори тасдиқкардаи шуъбаи маорифи халқи вилоятро дар бораи кушодани синфҳои тоҷикӣ дар мактаби миёнаи рақами 14-и ба номи Садриддин Айнӣ эълон кард. Ҳар як падару модар табли шодӣ мезад аз он, ки хоҳишу дархосташон ҷомаи амал пӯшидааст.
Имрӯзҳо дар мактаби ёдшуда таҳсили омехта ба забонҳои тоҷикию ӯзбекӣ ҷорӣ аст. Тадриси тоҷикӣ аллакай ҳашт синфро фаро мегирад ва нахустин самари боғи дониш бардошта шудааст. Таълиму тарбияи донишомӯзони тоҷик ва кори омӯзгорон таҳти раҳбарии мудири бахши илмии мактаб – Туроб Ҷӯраев қарор дорад. Шоистаи зикр аст, ки ин марди ҳушманду болаёқат ҳастии хеш, тамоми фаъолияти худро ба хотири рушду нумуи мактаб бахшидааст. Бо ҳамкории Салим Турдиев, Ҳанифа Восилова (ҳамсараш), Раъно Милтиқова ва дигарон омӯзиши фарзандони тоҷикро мутобиқи талаби замон, эътимодбахш ба роҳ мондааст.
Дар бораи чунин инсонҳои ҷонсупор ҳарф задан бас массарратбахш аст. Ин қабил одамони худшинос ба монанди гулҳое ҳастанд, ки ба гулистони илму маърифат бӯю атри диловези хешро мепарокананд.
Туроб Ҷӯраев 8-уми феврали соли 1966 дар деҳаи Ӯхми ноҳияи Фориш зода шуда, мактаби миёнаи зодгоҳи худро соли 1983 хатм кардааст. Ҳамон вақт, ҳангоми таҳсил дар мактаби миёна таҳти роҳнамоии устодон Ҳоҷимурод Элмуродов, Нусратуллоҳ Ҳикматов, Толиб Қазоқов нисбат ба илмандӯзӣ шавқи беандоза пайдо мекунад. Ба вижа, барои омӯхтани фанни забону адабиёти тоҷик меҳру алоқаи хосса зоҳир менамояд. Бо ин бастагӣ ба забони модарӣ ва каломи бадеъ, ҳамон сол донишҷӯйи бахши тоҷикии Донишгоҳи давлатии Самарқанд мегардад. Солҳои 1984 – 1986 дар шаҳри Астрахан давраи сарбозиро мегузарад. Сипас соли 1990 донишгоҳро хатм мекунад. Бо дарёфти диплом Туроби ҷавон дарк мекунад, ки дигар ӯ ба ҳаводиси рӯзгор бетафовут нест. Рӯ ба рӯяш даричае боз шудааст, ки аз он шуълаи гулхани фарҳангу таърихи ниёкон ва анвори гарми Хуршеди каломи модарӣ медурахшад. Ӯ равшан дармеёбад, ки бояд дар яке аз гӯшаҳои дурмонда ба фарзандони миллати худ аз чашмаи донишу фаросат об диҳад...
Иттифоқан, Туроб Ҷӯраев меҳмони шуъбаи тоҷикии радиои ҷумҳурӣ гардид. Доир ба фаъолияти омӯзгорӣ, шароиту имконоти омӯзишу парвариш дар мактаб ва роҷеъ ба тарзи зисти ҳамкорону ҳамдеҳагони эшон суҳбат ороста шуд. Аз ӯ пурсидем:
– Вақте ки бо ҳамзабонон ҳамсуҳбат мешавем, иддао мекунанд, ки ба забони модарӣ таҳсил гирифтани фарзандонашон бефоида аст. Бачаҳо пас аз хатми мактаб намедонанд таҳсили худро дар куҷо идома диҳанд. Бахшҳои тоҷикӣ дар донишкадаҳои кишвари мо ба қадри кофӣ нест. Аввалҳо ба Тоҷикистон мерафтанд, имрӯз бошад, аҳволи он ҷо низ вазнин ва рафтуомад мушкилиҳо дорад. Шумо дар ин бора чӣ назар доред?
– Ошкоро мегӯям, ин андеша ғалат аст, – бо таъкид посух дод Туроби муаллим. – Аввал ин ки, ба гуфтаи шоир:
Ҳар кас ба забони худ сухандон гардад,
Донистани сад забон-ш осон гардад.
Ман медонам, ки аксари бачаҳои мо то хатми мактаби миёна забони
ӯзбекиро ёд мегиранд. Зеро барои донистани он имкониятҳо фаровон аст: аз як сӯ, забони давлатӣ дар тамоми мактабҳои тоҷикӣ омӯзонида мешавад ва аз ҷониби дигар, муҳити мо, васоити ахбори оммавӣ барои омӯхтани забони ӯзбекӣ шароити мусоид фароҳам овардааст. Дувум, набояд аз воқеаҳои рӯзгор руҳафтода шуд. Вазъияти кунунии Тоҷикистон даргузар аст. Иншоаллоҳ, аз пайи сулҳу салоҳ он кишвар бо роҳи мустақили худ меравад ва ба хотири пешрафти забону фарҳанг низ иқдомоти нек ба амал меояд. Ба ғайр аз ин, дар худи ҷумҳурии мо ҳам саъю ҳаракатҳо барои кушодани факултаҳои тоҷикӣ мушоҳида мешавад. Чунончи, дар айни ҳол литсею коллеҷҳо ва донишгоҳҳои Самарқанд ба ин кор миён бастаанд.
– Шумо китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ ва дигар маводи омӯзиширо чӣ гуна дастрас менамоед?
– Бояд гӯям, ки пеш аз ҳама, мо бо мактабҳои ҳамсоя, масалан, бо мактаби миёнаи хоҷагии ҷамоавии 13-и ноҳияи Дӯстлик, ки сарвари синфҳои тоҷикии он устод Саъдуллоҳ Расулов мебошад, ва ҳамчунин мактабҳои тоҷикии кӯҳпояи Нурато ҳамкориҳои зич дорем. Дар мубодилаи китобу дастурҳо ва дигар маводи лозим ба ҳамдигар ёрӣ мерасонем. Ҳамчунин моро аҳолии тоҷикзабони хоҷагиамон ва шуъбаи маорифи халқи ноҳия, ки раҳбараш Ботур Азизов аст, ҳамеша дастгирӣ мекунанд. Маҳз бо кумакҳои моддии онҳо дар соли гузашта ба миқдори кофӣ китобу дастурҳои лозимро аз шаҳрҳои Самарқанду Тошканд дастрас кардем.
– Оё шудааст, ки ба коратон халал расонанд ё ба муаммо рӯ ба рӯ омада бошед?
– Албатта, дар зиндагӣ ин гуна ҳолатҳо рух медиҳад. Ҳангоми кушодани синфҳо, тақдир намудани хонандагон, гузарондани ҷашнҳо, обунашавӣ мушкилот пеш меояд. Азбаски мо бо падару модарон ва шуъбаҳои таълим робитаи муҳкам дорем, ҳар гуна муаммо роҳи ҳалли худро меёбад, дар пешорӯйи ин иттиҳодамон касе ҷуръат намекунад ба мо пешпо занад...
Мушоҳида гардид, ки ҳар як гуфта ва иродаи қавии Туроб Ҷӯраев далел бар худогоҳии ӯст. Ҳамчун фарзанди баорияти халқ талош мекунад забон ва расму оини миллӣ пойдор бимонад. Ӯ бо садоқат ва кордӯстӣ ва хештаншиносии худ дар қалби мардум ҷо гирифтааст.
Рӯзномаи «Овози тоҷик», 8-уми феврали соли 1997
ПАЁМНИГОРИ АСЛҶӮ ВА ВОҚЕЪБИН
Дар байни мо касони бисёре ҳастанд, ки бо яъсу ноумедӣ наметавонанд ояндаи неки худро тасаввур кунанд. Онҳо, ҳатто, барои раҳоӣ ҷустан аз бунбастҳо ва рӯшансозии руҳияи тори хеш саъю талош намеварзанд. Ба пиндорашон, гӯё аллакай дар гирдбоди сарнавишти талх гирифтор шудаанд. Хеле аламовар аст, ки ба коми ин гирдбод наслҳои хешро низ чун «хасак»- ҳои наҳифу нимҷон меафкананд. Ин ноумеду руҳафтодагон хаёл доранд, ки дигар ниҳолакони боғи умрашон наметавонанд аз чашмаи лисони аҷдодӣ об бихӯранд, дигар аз пайи ҷустани ҷӯяку чашмаҳои нав рафтан суде надорад ва агар обе ҳам ёфтанд, шӯр асту талх...
Шоири ҳассос Гулрухсор мегӯяд:
Бенасибе аз насиби ризқи худ, Мисли ман дар олами савдо маҷӯ. Аз фиреби воизонам шиква нест, Худфиребе мисли ман асло маҷӯ. Шеваи шевои алфози дарӣ,
Аз забони сактадори ман маҷӯ. Хешро бо панҷаи худ куштаам, Аз мани дӣ куштае фардо маҷӯ.
Бар хилофи гуфтаҳои боло, зиндагии равон касонеро низ фаро гирифта, ки ноумед нестанд, ниҳолакони боғи худро аз хӯрдани обҳои шӯру талх нигаҳ доштаанд ва ба онҳо аз чашмаҳои асилу тамиз оби ҷонбахш хӯрондаанд. Маҳз ҳамин ниҳолакони ҷавоназадаи сербор имрӯз бояд ба ҳама ниҳолони сиёҳбаргу рӯ ба хазонӣ оварда намунаи ибрат бошанд.
Юсуфи Мирзозод дар овони кӯдакию наврасӣ аз ин мактаб ба он мактаб, аз ин муаллим ба он муаллим мегашт ва гоҳ ба ин забону гоҳе ба забони дигар таълим мегирифт. Мисли ин ки гоҳе оби шӯр мехӯрду баъзан оби талх. Ниҳоят, бо роҳнамоии падари некбину дурандеш ва дӯстон ӯ соли 1957 дар мактаби тоҷикии рақами 10-и ба номи Фирдавсии шаҳри Ангрен дар синфи нуҳ ба таҳсили худ идома медиҳад. Бо худомӯзӣ ва саъю ҳаракатҳои беандоза забони модариашро (қаблан ба забонҳои дигар таҳсил мегирифт) ҳамаҷониба меомӯзад. Бо ин ҳадаф шабу рӯз луғоти гуногунро варақ мезад, асарҳои бадеӣ мехонд, чунончи, китобҳои устод Айниро аз даст канор намегузошт. Дар ин роҳ дастгирии мудири мактаб Расулзода хеле судманд буд.
Дертар рӯ овардани Юсуфи ҷавон ба дурдонаҳои мероси ниёкон, ҳарчи бештар омӯхтани адабиёти Машриқзамин дар дилаш шуълаи муҳаббатро нисбат ба забону адабиёт ва фарҳанги форсизабонҳо меафрӯзад. Ӯ аҳд мекунад, ки таҳсилро дар Донишгоҳи шарқшиносӣ идома диҳад, дар сурате ки он замон донишҷӯйи ин донишгоҳ шудан кори осон набуд. Ҳарчанд Юсуфалӣ остонаи донишгоҳро ду соли тамом, ба қавле, охурча мекунад, ниҳоят соли сеюм ба муроди хеш мерасад. Декани бахши Филологияи эрони донишгоҳ Шоислом Шомуҳаммадов тайи се соли имтиҳонсупорӣ бо Юсуфалӣ ошно шуда буд, ки дар поён ба иродаи қавии ӯ қоил омада изҳор медорад: «Ба мо чунин бачаҳои боматонат лозиманд. Маҳз чунин донишҷӯён таҳсилро то охир мебаранд».
Дар ҳақиқат, Юсуфалӣ Мирзоев донишҷӯйи пешқадам гашт. Ӯ дар байни ҳамсолони худ ва устодон аз чеҳраҳои намоён буд. Ба хусус, сатҳи баланди забондониашро ҳама эътироф мекарданд. Донишҷӯён дар омӯхтани хат ва матни классикӣ азоб мекашиданд, ӯ бошад, ҳар гуна сахтию мушкилиро нодида мегирифт. Бо ёрии устодаш Муҳаммадҷонов на танҳо асрори хатти ниёкон ҳамчунин нозукиҳои назму насри форсиро омӯхт. Дар ин бора худаш мегӯяд: «Дар ин замина донистани забони модариам ба ман кумак мекард. Ҳамкурсони ӯзбекам ба иллати надонистани забони форсӣ дар фаҳмиши матнҳо душворӣ мекашиданд, саъй мекардам ҳар гоҳи даст додани фурсат ба имдодашон бирасам. Азбаски дар донишгоҳ форсиро амиқтар омӯхтам, ба ин васила маҳдудият ва сактагиҳои кӯдакиамро дар лафзи модарӣ барҳам додам».
Пас аз соли чоруми донишгоҳ Юсуфалӣ ба унвони донишҷӯйи аълохон ва пешқадам ба сифати мутарҷим ба Афғонистон фиристода мешавад. Ӯ дар ҳайати Департаменти заминшиносии он кишвар кор мекунад. Он рӯзҳоро чунин ба хотир меоварад: «Ҳангоми кор аз деҳа ба деҳа, аз кӯҳ ба кӯҳ мегаштем. Шуғли ҳамкорони ман бештар бо кашфи сангҳои қиматбаҳо ва ҷинсҳои нодири кӯҳӣ, канданиҳои фоиданоки қисми шимолии Афғонистон алоқаманд буд. Анвои мухталифи сангҳои нодиру холис, ки кӯҳсори афғон моломоли онҳост, чун лаълу ёқут, марҷону алмос, турмалину берил, бариту топаз то ҳол дар назарам ҷилва мекунанд. Дар замони иҷрои кор ба хонаҳои афғониён медаромадем, аксаран худашон ба меҳмонӣ даъват мекарданд. Мардуми содаю одӣ ва аҷаб шеърдӯсту адабпарвар буданд онҳо! Мусоҳибаҳои шавқангезу шеъргӯйиҳои ману бародарони афғон ба ҳамкорони русзабонам хуш меомад, аз гуфтугузори мо завқ мебурданд. То ҳол ба назарам чунин менамояд, ки дар он ҷо чашми ман ба дунёи дигаре, ба рӯзгори дигаре бо ранги нав, боз шуда буд».
Юсуфи Мирзозод мебоист соли 1963 ҳамчун донишҷӯйи забондон ва корозмуда дар Кобул идомаи таҳсил намояд. Ба амри тақдир он сол хонадор мешавад ва бо маслиҳати падар хондани амалиро мавқуф мегузорад. Таҳсилашро дар Донишгоҳи ховаршиносии Тошканд идома дода, соли 1964 онро хатм мекунад. Сипас ҳамчун корманди хурди илмӣ дар Донишкадаи ҳуқуқу фалсафаи ба номи Абурайҳон Берунӣ ба кор медарояд.
Он солҳо шаҳри Душанбе дар назари Юсуфалии ҷавон ба мисли як гӯшаи биҳиштӣ зоҳир мешуд. Хеле мехост ба он ҷо раваду муқим шавад ва сарнавишти ояндаашро ба он шаҳр бипайвандад. Аммо бо сабаби бемории падар аз раъяш мегардад ва қиблагоҳаш низ дур шудани ӯро аз наздаш намехоҳад. «То ба ҳол суханони дар он лаҳза гуфтаи падарам пушти гӯшҳоям садо медиҳад, – ба ёд меоварад Юсуфалӣ, – ӯ таъкид карда буд, ки дарахт бояд дар як ҷо бисабзад. Мо акнун тошкандӣ ҳастем, ту дар ҳамин ҷо таваллуд шуда таҳсил гирифтӣ. Акнун ки аз дастат кор меояд, бояд дар ҳамин ҷо, ба мардуми ҳамин сарзамин хидмат кунӣ. Ман имкон надоштам ба забони модариамон хонаму эҷод кунам, вале ин имконият дар дасти ту ҳаст. Ба дониши ту ҳазор-ҳазор ҳамдиёрони тоҷикамон ниёзманданд. Ман насиҳати падарамро қабул кардам, зеро аз ҳар ҷиҳат ба ӯ бовар доштам ва бидуни қиблагоҳ гӯё чун колбади беҷоне будам».
Ҷойи зикр аст, ки падари Юсуфалӣ – Мавлон Мирзоев дар синни ҳаштсолагӣ ба Тошканд омада буд. Гузаштагони ӯ аз понғозиёни Ашт мебошанд. Дар таърих муҳоҷирати понғозиён як саҳифаи махсус аст ва муқимшавии онҳо дар шаҳри Тошканд дусаду панҷоҳ-сесад солро фаро мегирад. Ба хусус, дар ибтидои асри бист гурӯҳ-гурӯҳ омадани аҳли Понғоз ба Тошканд мушоҳида мешавад. Онҳо дар ин ҷо ҳатто маҳаллаҳои алоҳида таъсис додаанд. Чунончи, яке аз маҳаллаҳояшон Ҳамдамобод ном дорад.
Мавлон Мирзоев ба сифати корманди масъули давлатӣ фаъолияти босамар дошт. Ӯ бештар дар Комиссариати халқии воҳидҳои умури дохила кор карда, бо тақозои шуғли худ борҳо ба шаҳрҳои гуногун сафарҳои хидматӣ анҷом медод. Дар ниҳоди ӯ сифатҳои сабру тоқат, мардонагӣ, қатъияти ирода беш аз пеш мустаҳкам шудаанд. Ҳамин хислатҳои воло ба писараш низ интиқол меёбад. Баъдтар воқиф мешавем, ки Юсуфалӣ бо алоқа ба касби падар, дар ҷараёни фаъолияти худ ба умури муассисаҳои ҳифозати ҳуқуқ, шаҳрбонҳо (милитсия), кумитаи амният таваҷҷуҳ зоҳир кардааст.
Падари Юсуфалӣ Мирзоев бо унвони ҳарбии подполковник бознишаста мешавад ва дар синни 75 солагӣ олами равшанро падруд мегӯяд.
Модари Юсуфалиро Холбибӣ ном буд. Ӯ тамоми меҳрабониҳои модаронаи худро ба ҷигарбандаш эъто намуда, писарро дар руҳияи одамдӯстӣ, олиҳимматӣ ва меҳанпарастӣ тарбият додааст. Вақте ки Юсуфалӣ 57 сол дошт, модари 87 солааш аз олам чашм мепӯшад.
\\\*
Имрӯз дар ҷумҳурии мо Юсуфи Мирзозодро ҳамчун паёмнигори
чирадасти рӯзномаи «Овози тоҷик» мешиносанд. Ӯ 28-уми феврали соли 1967 фаъолияти худро ҳамчун корманди хурди адабӣ оғоз кардааст. Вақте ки ба ин даргоҳи маърифатӣ қадам ниҳода буд, тайи имтиҳони кӯтоҳу ҷиддӣ аз сӯйи устод Ҳамидҷон Қиличзода, сатҳи донишу кордониаш ба таври шоиста арзёбӣ шуд. Юсуфалӣ бо донистани дарёи вожаҳо ва бархурдор будан аз салосати забони форсӣ мавриди писанди кормандони рӯзнома қарор гирифт.
Агар саҳафоти кории ӯро дар идораи рӯзнома варақ занем, ба тобишҳои гуногуни фаъолияташ рӯ ба рӯ мешавем. Дар ҳама навъи риштаи паёмнигорӣ – мақола, очерк, репортаж, сафарноманигорӣ, шарҳу тафсир, тарҷума, лавҳа, мусоҳиба... қувва озмудааст.
Мирзоев ҳамчун таблиғгари навгониҳои Вазорати умури дохила ва фаъолияти шаҳрбонҳо шуҳрат дорад. Ӯ зери рукнҳои «Милитсияи ман – посбони ман», «Ғавғои кӯчаҳо», «02 хабар медиҳад», «Хабарҳои умури дохила», «Амалиёти доруи сиёҳ», «Заҳри гиёҳ» ва ғайра даҳҳо мақолаю хабар ва гузоришу мусоҳибаи худро ба табъ расондааст. Дар ин замина чандин бор бо подошу грамотаҳои фахрии Вазорати умури дохила сарфароз шудааст.
Ба туфайли саъю кӯшишҳои Юсуфалии ҷӯяндаю кордӯст шуъбаи таблиғотию ташвиқотии рӯзнома ҷоннок мешавад. Ӯ ҳамчун мухбири калон ва мудири шуъбаи мазкур рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон»-ро дар назари хонандаи тоҷик ба сифати мунъакисгари айнии воқеаю рӯйдодҳо нишон медиҳад. Аз меҳнати босамар ва маслиҳату машваратҳои ӯ шогирдони зиёд баҳра бурдаанд, чунончи, рӯзноманигор ва шоир Ӯғулой Ҷӯрабоева, рӯзноманигор Эҳсон Турдиқулов аз ӯ миннатдоранд. Ба гуфтаи эшон, хабарнигорон ба мисли Юсуфи Мирзозод ангуштшуморанд.
Барҳақ, Юсуфалии журналист аз зумраи эҷодгаронест, ки бо ҷаҳонбинии фарох, иродаи устувор ва дониши пухта матолиби хонданӣ менависад. Чунончи, таърихи сафарноманигории ӯ саҳифаи ҷолиби диққатест, ки хонандаро ба роҳи бепоёне мебарад ва бо маҳалҳои мухталифи ватанию хориҷ аз он ошно мекунад. Азбаски ба аксари шаҳру навоҳии мамлакат, кишварҳои дигар, чун Афғонистон, Эрон, Тоиланд, Фаронса, Белжик, Маҷористон, Румониё, ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ сафарҳо кардааст, аз наздик шоҳиди зиндагии мардуми гуногунзабону гуногунфарҳанг мегардад ва дидаю шунидаҳои хешро дар чандин саҳифа ба қалам медиҳад. Ӯ бо шавқу завқи беинтиҳо доир ба ҳаёт, тарзи муошират, рушди илму фан, расму оини мардумӣ, ранги хоси сиёсатҳо, шароити таълиму тарбия ва ғайра нақлҳои ҷолиб мекунад.
Ба вижа, хотироти Юсуфалии зебоипараст перомуни одоби эрониён, алоқаи онҳо ба шеъру адабиёт, ҳифзи суннатҳои мардумӣ рангину ҷаззоб аст. Ӯ аз покдомании бонувони эронӣ, виҷдони софи халқи форс ва боварашон ба якдигар ба ваҷд омадааст. Хабарнигор дар Урупо гашта, бо чашми кунҷковона ба ҳар чиз, ба одоби урупоиён диққат медиҳад. Дар хусуси рушди илму фарҳанги ҳӯландиҳо бо эҳсос сухан мегӯяд. Аз дучархасавории онҳо, мошинҳои ҳисоббарори электронӣ бо завқ ёдовар мешавад. Нигоштаҳои ӯ доир ба ҳаёти халқи афғон, алалхусус заршӯйии онҳо, муошират ва тарзи хоксоронаи зиндагиашон таваҷҷуҳи хонандаро ҷалб мекунад.
Дар кул, хотироти аз сафарҳояш бардоштаи Юсуфи Мирзозод бепоён аст ва шояд таҳқиқи сафарноманигории ӯ як кори илмӣ ва шарҳу тафсириро тақозо кунад.
Очеркҳои адиб низ ҷолиби диққатанд. Онҳо дар муҳтавои худ рӯзгору фаъолияти одамони ҷудогона, аҳли ҷамоаҳо ва мавзуъҳои мухталифи ҳаётиро мунъакис мекунанд. Ҳар гоҳ муаллиф роҷеъ ба ҳаёту кор ва доираи шуғли касе очерк менависад, саъй мекунад, ки ҷонибҳои таъсирангез ва тарбияомези мавсуфро ошкор созад. Барои такмилу таъйиди сухан аз мақолу зарбулмасалҳо, суханони одамони шинос, аз тасвири манзараҳои дахлдор истифода мекунад. Ин гуфтаҳоро охирин очерки Мирзоалӣ, ки дар бораи инсони равшанзамир Тӯхтамурод Набиев иншо кардааст, собит месозад. Боре аз худи устод Тӯхтамурод пурсидем, ки оё аз навиштаҳои эшон хушаш омадааст? Ӯ гуфт: «Ман, рости гап, дар ҳайрат мондам, ки чӣ қадар рӯзгори мана равшан нишон додаанд. Навиштаҳояшона мехонаму ҳаётама гӯё дар навори филм мебинам...»
Юсуфи Мирзозод аз кӯдакӣ ба ҳунари аккосӣ алоқаи махсус дошт. Ӯ ба ёд меоварад: «Дар овони бачагӣ асбоби суратгираки падарамро тамошо карда ба завқ меомадам. Ҳар гоҳ ба даст мегирифтам, онро беист паҳлугардон мекардам. Аз чириқ-чириқ суратгириҳои он лаззат мебурдам. Ҳатто орзу доштам, агар калон шавам, суратгир мешавам». Бо тақозои сарнавишт касби хабарнигорӣ ба Юсуфи Мирзозод насиб гардид. Дар натиҷа, паҳлуи коғазу қалам ва дастгоҳи сабти овоз, дурбини аккосӣ низ ба яке аз асбобҳои дӯстдоштаи ӯ мубаддал шуд. Имрӯз дар бойгонии паёмнигор садҳо сурат ҷамъ омадаанд, ки лаҳзаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа – вохӯриҳо, замони амалиёт, ҳунармандӣ, ҷараёни тадрис, кори корхонаҳо, зебоиҳои табиат, сурати одамон ва ҳоказоро «бозгӯйӣ» мекунанд.
Юсуфи Мирзозод аввалин мухбири «Овози тоҷик» дар вилояти Тошканд аст. Ин корро босамар пеш мебарад. Азбаски марди дилёбу хушсуҳбат аст, дар ҳама ҷо аз ӯ бо мамнуният истиқбол мекунанд.
Ҷойи зикр аст, ки Юсуфалии журналист бо овози ширадору дилнишини худ низ ба дили сомеон роҳ ёфтааст. Ӯ чанд муддат дар шуъбаи тоҷикии радиои ҷумҳурӣ гӯяндагӣ карда буд. Бо ҳамкории Хӯҷамурод Қӯлдошев, Султонбой Ҷиянбоев гуфторҳои радиоиро таҳия ва пахш кардааст. Дар давоми ин фаъолияти худ чандин радиоочерк, радиорепортаж, гуфтори адабӣ ва мусоҳибаҳои ҷолибро эҷод ва ташкил додааст.
Юсуфи Мирзозод соҳиби шаш фарзанд – се писару се духтар аст. Ӯ бо ҳамсараш Ҳалима Ғанизода чархи рӯзгорро гардонда, фарзандони хешро барои дарёфти беҳтарин хислатҳои инсонӣ раҳнамун месозанд. Адиб, ба хусус, бо писари калониаш Алишер мефахрад. Ҷидду ҷаҳд, ҷӯяндагӣ, омӯзиши муттасил ва сари ҳар қадам барои кори хубе талош кардани фарзанд мавриди писанди ӯст. Алишер дар айни ҳол ёвари раиси Намояндагии ширкати «Ӯзбекистон ҳаво йӯллари» дар Шоҳигарии Нидерлонд аст.
Рӯзномаи «Овози тоҷик», 18-уми июни соли 1997 (бо ҳаммуаллифии устоди рӯзноманигорӣ Тоҳир Олимбоев)

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё