Ҳамааш мегузарад...

Дар ин китоб воқеаҳои рухдодаю ҳолатҳои ногувору шавқоваре аз зиндагонии одамон қисса карда шудааст. Дар баъзе мавридҳо, ба хотири наранҷонидани касе, номҳои қаҳрамонони ҳикояҳо иваз карда шудаанд. Боқӣ ҳама ҳақиқат аст...
Ахбор · 8 октябри 2024 · 17 саҳифа
Аз рӯи гуфти одамон, барои сӯиқасди ҷони худ ӯ боре маҳлули сиркоро низ нӯшида буд. Вале шояд кам нӯшида бошад ва ё нанӯшида бошад, ки ба ӯ фалокате рух надод. Баъди шунидани ин хабар, мо – хешон бо Ҷамшед сӯҳбатҳои ҷиддӣ кардем. Вале насиҳатҳои мо ба девор таъсир мерасониданду ба Ҷамшед не.
Баъди ягон моҳи он воқеа, дигар асабҳои Шарифа ба зулмҳои шавҳараш тоб наоварду ӯ чор кӯдакашро гирифта, ба хонаи падараш ба ноҳияи Фархор қаҳр карда рафт. Ҷамшеди аз ин кор бехабар, баъди нисфирӯзӣ аз кор омада, дари хонаашро қулф дида ҳайрон мешавад. Дар аввал ӯ фикр мекунад, ки завҷааш ба хонаи ягон ҳамсоя рафтааст. Вале, баъди интизориҳо дар паси дари пӯшида ва тақ-тақзаниҳои зиёд ҳамсояаш аз дар каллашро бароварда, ба Ҷамшед мегӯяд, ки занаш бо кӯдаконаш ба қишлоқ рафтаанд. Ҷамшед калиди хонаро бо худ надошту маҷбур аз тиреза бо як азобе дарро кушода ба хонааш медарояд. Хайрият хонааш дар якум ошёна буд, вагарна “зӯр” дар берун мемонд.
Ман он руз бегоҳӣ дертар аз кор омадаму аз ин воқеа хабардор шудам. Худи Ҷамшед низ он шаб ба хонаам омада, ҳар хел суханҳои қабеҳ нисбати занаш гуфта буд.
-Падарлаънат биёя мекушумша... Тамом! – таҳдид менамуд ӯ.
-И хел шароитҳора ма барои у муҳайё кардагиюм, у ношукр қаър карда рафт. Ооо... ношукре... – андешаҳояшро асоснок менамуд Ҷамшед.
Бо шунидани ин суханҳо мақоли русии: “Ҳар як қурбоққа ботлоқи худашро таъриф мекунад” – ба ёдам меомад. Гап дар бораи кадом шароитҳои беҳтарин мерафт, маълумамон набуд.
Мо ҳама ӯро ором менамудему лекин ӯ ҳеҷ “гардан” намедод. Аз байн се ҳафта гузашту таҳдидҳои Ҷамшед якбора зиёд мегардиданд.
Насиҳатҳои мо бенатиҷа буданду мо аллакай фикр мекардем, ки аниқ Ҷамшеди бадқаҳр занашро зада мекушад.
-Бечораи бетақдир, беоча калон шуду бо дар ин хел шавҳар афтод. Ҳайфи умри ҷавонаш... – мегуфтанд занони ҳамсоя дар бораи Шарифа.
Як шабе, қарибиҳои соатҳои даҳ аз кор ба хонаам омадам. Дар хона завҷаам хавотиромез бо чашмони ало ба ман гуфт: -Шарифаи зани Ҷамшеда акааш гирифта ба хонаша овардай. Дигар намедонем, ки чӣ гап шидеса бошад...
Духтаронам – дугоникҳо Фотимаю Зӯҳрои 11 сола низ аз таҳдидҳои Ҷамшед бохабар буданду аз баргаштани Шарифа ба хонааш хавотир менамуданд.
Мани хайрхоҳи савобгир зуд телефонро гирифта, ба Ҷамшед занг задам.
-Алло, Ҷамшедҷон тезӣ накунӣ, дар зиндагӣ гоҳе ин хел қаҳркуниҳо мешавад. Ором шав...
10 -Ммм... даа..., ммм... даа... – аз он сӯ овози Ҷамшед меомад.
-Илтимос хдта ба даст бигир, бо ягон фалокат нашава... – бо исрор хоҳиш менамудам ман.
-Ммм... даа..., ммм... даа..., ммм... даа... – боз ҷавоб мегардонид Ҷамшед.
-Ҷамшедҷон, хонаи ободта вайрон накунӣ...
Гуноҳҳои занта бубахш, у сағера калон шудагиай... – боз ҳам бо овози ларзон хоҳиш менамудаму тасаввур мекардам, ки Ҷамшед корди тезе дар даст қасди каллабурӣ дорад.
Чунки аз овози каме пасти гушӣ маълум буд, ки телефон дар дасти Ҷамшед нею дар куҷои дигаре дар реҷаи баландгӯяк гузошта шудааст.
Аз он сӯи телефон боз ҳам ҳамон садои шинос ба гӯш мерасид: Ммм... даа..., ммм... даа...
Баъди тақрибан даҳ дақиқаи илтимоснамоиҳою насиҳаткуниҳо бо Ҷамшед хайрухуш кардам. Ӯ дар хайрухушкунӣ мисли аспи маст чунин шиҳа зад: -Мммъъъ... дааааа...
Ман намефаҳмидам, ки ин “ммм... даа...”-аш чӣ маъно дораду дар он сӯи телефон Ҷамшед ба кадом кор машғул бошад. Лекин бо ҳиссиёти шашумам дарк кардам, ки вазъият ором аст.
Зану кӯдаконамро ором намудаму гуфтам, ки ба фикрам Ҷамшед занашро имшаб намекушад.
Ба ҳар ҳол, ҳама бо изтироб хоб кардем. Шаб хайрият ягон хоби бад ҳам надидам.
Саҳарии барвақт ҳангоми ба корравӣ бинам, ки Ҷамшеду Шарифа ҳамон халтаи доимиашон дар даст, хандида-хандида сӯи бозор рафта истодаанд. Ман аз хушҳолии онҳо дар ҳайрат мондаму пурсидам: -Нағзен дига...? Куҷое рафтесен? -Бозор, картошкаю пиёзхарӣ мерем – ҷавоб дод Ҷамшед.
Насиҳатҳои шабкардаам ба ёдам омаду ба соддагиам бори дигар бовар кардаму зери лаб гуфтам: -Ммм... даа...
САХТ САВДО Яке аз рӯзҳои моҳи июли соли 2003 соатҳои дувоздаҳи рӯз ба хонаам барои хӯроки нисфирӯзӣ меомадам. Дар ин чиллаи тобистон офтоб чунон ҳаворо метафсонд, ки гуфти халқ “сари кал месӯхт”. Хайрият, мошинҳо кондитсионерҳои пурқувват доранду мо дар дохили онҳо худро роҳат ҳис менамоем. Дар кӯчаҳои наздикии хонаамон расидаму бинам, ки Сайфуллои ҳамдеҳаам куҷое рафта истодааст.
Фуромада бо ӯ саломуалейк намуда, аҳволпурсӣ кардам. Сайфулло аз ман як сол хурд аст. Ӯ ҷавони қадпасти хароби сафедпӯсти каммӯй буд.
Не, дар солҳои пеш мӯи сараш бисёру дароз буду бо мурури замон қисми пеши сараш кал шудааст.
Сайфулло ба ин калшавӣ ҳеҷ тан намедиҳаду ҳамеша мӯйҳои сарашро аз дигар қисми каллааш тоб дода ба пеш меоварад. Новобаста аз ин боз ҳам каммӯйии сараш намоён мемонд. Сайфуллои бечораро дар ин гармӣ аз сару рӯяш арақ шорида куртааш низ тар шуда буд.
-Ай куҷо меоӣ дар ин гармиҳо? – пурсидам ман.
-Ай хонаи Ҷамшед! Як кондитсионери навъи куҳнаи чоркунҷа доштум Ҷамшедда фурухтум – ҷавоб дод Сайфулло.
Ба ман маълум буд, ки дар масъалаи харидории ягон чизе Ҷамшед “сахтсавдо” аст.
Касе ба ӯ чизеро фурӯшад, дар бало мемонад.
Сайфулло ин хислатҳои Ҷамшедро намедонисту акнун кондитсионери кӯҳнаи аз куҷое гирифтаашро ба ӯ фурӯхта хушҳолона ба хонааш рафта истодааст. Пул кор кардаасту на парвои гармии тобистон дорад ва на парвои мӯйи сари парешон.
-Ээ... Сайфуллоээ, кори нодуруст кардӣ – гуфтам ман ба ӯ.
-Чӣ хел? -Охир и кондитсионери куҳнаро ба Ҷамшед фурухтай, ӯ туро дигар азоб медиҳад. Ҳар боре, ки кондитсионер вайрон шавад, ту омада соз мекунӣ – фаҳмонидам ман.
-Ээ... неэ, савдо шид, дигар тамом... – хандида ҷавоб дод Сайфулло.
Баъди каме сӯҳбати сарироҳӣ Сайфулло даъвати маро ба меҳмонӣ напазируфта, ба хонааш рафт.
Аз байн як сол гузашту боз айёми тобистон ҳамон Сайфуллоро дар ҳамон кӯчаҳо дидаму аҳволпурсӣ кардам. Ӯ оҳи сабуке кашиду гуфт: -Ээ... раисе, одамшинос будаӣ! -Чӣ хел одамшинос? – пурсидам аз ӯ.
-Охир, ма ай хонаи Ҷамшед омадесам. Ҳаму кондитсионери зормонда вайрон шидай – Ҷамшед занг зада, ҳар гапҳои дағалу сахт гуфту омада соз кардум – гуфт Сайфулло ва боз идома дод: -Як сими қафош канда шида будай, часпондм хайрият кор кард.
-Ээ... додар, ма як сол пеш гуфта будум-ку – ҳамдардӣ кардам ман.
-О, и бори дуюмай... Як бори дигар кондитсионер овози баланд дора гуфта ҷанҷол карда буд. Омада кам-кам кондитсионера ҷумбонда дар атрофш пахта мондум, овозш паст шид – нолид Сайфулло ва мӯйи сарашро бо дасташ рост намуд.
-Пахтара ай куҷо гирифтӣ? – пурсидам ман.
-Сахтмон гирифт, рафта ай хонам овардум – ҷавоб дод Сайфулло ва хайрухуш карда рафт.
Бегоҳӣ Ҷамшед ба хонаам омаду ба ӯ гуфтам: -Айба намедонӣ? Ҳаму Сайфуллои хешта барои кондитсионер безор кардай? Ҳардут абераи момаи Сокина ҳастен-ку...
-Ма ба раҳматии момаи Сокина кор надоруму лекин Сайфулло пули мара гирифтагияй, дига то рузи мурданша кондитсионера соз мекна...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё