Зеҳн
Ҳамааш мегузарад...

Дар ин китоб воқеаҳои рухдодаю ҳолатҳои ногувору шавқоваре аз зиндагонии одамон қисса карда шудааст. Дар баъзе мавридҳо, ба хотири наранҷонидани касе, номҳои қаҳрамонони ҳикояҳо иваз карда шудаанд. Боқӣ ҳама ҳақиқат аст...

Ахбор · 8 октябри 2024 · 17 саҳифа

Ҳикоя

ТАЪСИРИ НАСИҲАТ

Солҳои 2000 хонаи Ҷамшед дар қарибиҳои хонаи мо буд. Ӯ бо зану кӯдаконаш дар як хонаи сеҳуҷрагӣ дар ошёнаи якуми бинои панҷошёна мезист. Ҷамшед марди миёнақади гандумранги каме фарбеҳ мебошад. Дар аввал ӯ фарбеҳ набуду шояд аз сабаби иштиҳои “қозгир” ва зиёдшавии синну солаш, бо гузашти солҳо вазн гирифт. Қисми пеши мӯйҳои сараш низ оҳиста- оҳиста рехтанду ҳамин хел ӯ низ ба одами “кал” табдил ёфт. Ӯ аслан марди хушчақ-чақу шӯх мебошаду ҳар гуна шӯхиҳои дигаронро низ мебардорад. Хислату рафторҳои Ҷамшед ба ман бештар маълуманд, чунки бо ҳам дар як ҷо калон шудаем. Ӯ хеле пулдӯстдор асту аз ҳама зиёд дар як шабонарӯз калимаи “пул”-ро ба забон меоварад. Агар дар ҷаҳон ҳамин гуна мусобиқае гузаронанд, Ҷамшед ҷои аввалро бемушкилӣ соҳиб мегардад. Дар ҳама мавзуъ шӯхӣ ҳам кунад, дар масъалаи пул ва манфиати иқтисодӣ ҳеҷ гоҳ шӯхие намекунад. Илова бар хушсуханиҳояш Ҷамшед баъзе шеърҳоро низ мувофиқи таъби худ тағйир дода месарояд.

Масалан, дар шеъре чунин омадааст: Нон бувад чун ҷони одам, Қуввату дармони одам.

Ӯ калимаи “нон”-ро ба “пул” иваз менамояду мегӯяд: Пул бувад чун ҷони одам, Қуввату дармони одам.

Бинед, ки қофияву вазни шеър тағйир намеёбаду лекин маънояш мувофиқи таъби Ҷамшед иваз мешавад. Ё ки дар шеъри дигаре низ тағйирот карда чунин мегӯяд: Беҳтарин гавҳари ганҷинаи ҳастӣ доллар аст, Пул агар ҷон набувад мурда чаро бепул аст?! Ҳол он ки шоир чунин фармудааст: Беҳтарин гавҳари ганҷинаи ҳастӣ сухан аст, Гар сухан ҷон набувад мурда чаро хомӯш аст?! Ҷамшед ин шеърҳоро шӯхиомез чунин месарояду лекин тавре маълум аст: “Дар ҳар шӯхӣ як ҳисааш шӯхӣ асту боқимондааш ҳақиқат”.

Ҷамшед дар масъалаҳои манфиати пулию молиявӣ ба ягон кас гузашт намекунаду касеро намебахшад. Шуғли ҳамешагии дӯстдоштааш – ин пулҳои миллии ҷамънамудаашро ба доллар иваз намудан мебошад. Баъд, он долларро дар куҷоҳое пинҳон менамояд, ки шояд то рӯзи қиёмат онро дигар намеёбанд. Долларҳои пинҳонкардаи Ҷамшедро Бонки асъори ҷаҳонӣ ҳамчун пулҳои дар об ғарқшуда ва ё дар оташе сӯхта шояд ҳисобад. Охир онҳо аз куҷо медонанд, ки агар ҳама аз гуруснагӣ миранд ҳам, Ҷамшед он долларҳоро бароварда хароҷот наменамояд.

Ба эродҳои дигарон дар бораи “беморӣ”-и пулҷамъкуниаш Ҷамшед бо шӯхиҳои гуногун ҷавоб мегардонад.

Аз номи шоир Бобо Тоҳири Урён боз ҳам ба ӯ гоҳе мефаҳмонем: Азизо, лаззати дунё касе бурд, Ки ҳам пӯшиду ҳам бахшиду ҳам хӯрд.

Касе, ки тӯша карду гӯша андохт, Худаш мурду занаш бо дигарон хӯрд.

Вале ӯ дар ҳолате аст, ки дигар на шеър таъсираш мерасонаду на сухан. Ҷамшед айни замон дар хонааш як модели иқтисодиеро роҳандозӣ намудааст, ки тибқи он ҳар як одам бояд манфиати иқтисодӣ биёрад. Тамоми хароҷотҳо миёни аъзои оила тақсим шудааст. Яке бояд орд, дигаре равған, саввумӣ картошкаю пиёз ва ғайраро харида таъмин намояд. Худи ӯ чун роҳбари оила чизе намехараду пулҳои коркардаашро сӣ сол боз доллар карда қисмашро пинҳон менамояду боз вақтҳои охир, қисми дигарашро ба бонкҳо барои судхӯрӣ месупорад. Ин усулро шояд аз Қорӣ-Исмати қаҳрамони асари “Марги судхӯр”-и устод Садриддин Айнӣ ёд гирифтааст.

Даҳ сол пештар, Ҷамшед ба бемории сактаи дил – инфаркт гирифтор шуда буд. Ҳангоми дар беморхона хоб буданаш завҷааш аз ӯ рамзи рақамҳои кушодашавии сейфашро пурсидааст.

Ҷамшед аз таги сӯзандору сарашро бардошта дар ҷавоб гуфтааст: -Чӣ...??? Ҳози ма мурданӣ нестум. Ма 96-сол умр мебинум, ҳози 48-солаюм, боз 48-соли дигар дар пешай...

Хайрият ӯ шифо ёфта баромаду рамзи шумораи кушодашавии сейфаш то ҳол ба касе маълум нест. Ҳоло Ҷамшед ба синни 57 даромад.

Тавре болотар зикр гардид, тибқи ҳисобҳояш ӯ бояд 96 сол умр бинад, яъне боз 39 соли дигар.

Аслан бузургон мегӯянд, ки ду намуди одамон умри дароз мебинанд: аввалан онҳое, ки накӯияшон ба дигарон хеле зиёд мерасад ва дуввум одамоне, ки бадиашон ба дигарон хеле зиёд мерасад. Ҷамшед ба кадоме аз ин гуруҳҳо дохил мешуда бошад, ба мо маълум нест.

Дар хонаи Ҷамшед зиндагонӣ аз рӯи қонуни сахти иқтисодиёти ҳарбии замони ҷангӣ ҷараён дорад. Ҳама чиз сарфа мешавад. Харидани либосу лавозимоти хона танҳо дар мавриди истисноии хеле шадид зарур шуморида мешавад.

Ёд дорем, ки Ҷамшед дастаи дар, қандили оддитарин, гилем, парда ва дигар анҷоми рӯзгорро бо пофишории зиёди наздикон харида буд. Аз маводи хӯрока низ танҳо маҳсулотҳои асосии ҳаётан муҳим, ҳамон ҳам ба миқдори хеле кам харида мешавад. Барои бозорравӣ Ҷамшед доимо як халтаи латтагии дастиро истифода менамояд, ки дар он 7-8 кило маҳсулот меғунҷаду тамом. Ҳангоми хеле зиёд харидани маҳсулот онҳо ҳамин халтаро бо худ мегиранд.

Ҷамшед гӯштро маводи зараровар эълон намуда, намехараду лекин бо як ҷӯрааш дар ошхонаҳои шаҳр бомазза гӯштхурӣ карда мегардад. Маълум мешавад, ки на хурдани гӯшт, балки хариданаш ба одам зарар меовардааст. Бар болои ин “шароитҳои беҳтарин”-и муҳайёнамудааш дар хона аз даҳони Ҷамшед танҳо суханҳои қабеҳу дашном садо медиҳад.

Албатта, дар чунин шароити тоқатфарсо зиндагонӣ кардан на ба ҳар кас муяссар мегардад. Завҷаи ӯ Шарифа новобаста аз босабрию пуртоқатиаш чандин бор аз таъсири ин фишоровариҳо аз зиндагӣ дилхунук шуда буд.

аз 17
навбатӣ