Зеҳн

ФАЗОИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ЗЕ
Зеҳн13 сентябри 2026 · 7 дақиқа хондан

Дар тамоми давру замон ба иттилооти саҳеҳ, пурра ва эътимоднок ҳамеша аҳамият дода мешуд ва он ҳамчун моли қиматбаҳо ба ҳисоб мерафт. Дар шароити имрўза, ки ҳаҷми иттилоот рўз аз рўз боло рафта истодааст, қурби он боз ҳам зиёдтар афзудааст.

Инқилоби илмию техникӣ иттилоотро ба захираи ҷамъиятӣ, манбаи ташаккулёбии боигарии ҷомеа табдил медиҳад. Аз рўи ақидаи мутахассисон, агар дар аввали асри ХХ «ҳаҷми дониш» дар ҳар 50 сол дучанд афзояд, дар шароити имрўза ин ҷараён дар як сол сурат мегирад ва аз рўйи пешгўиҳои мавҷуда дар ояндаи наздик ҳаҷми иттилоот дар ҳар як моҳ дучанд меафзояд.

Дар инфрасохтори муосири ҷаҳон иттилоотгардонии фазои иқтисодӣ мавқеи махсусро ишғол намуда истодааст. Замоне расидааст, ки «касе ки соҳиби иттилоот аст, ў соҳиби ҷаҳон гаштааст», «касе ки иттилоотро ба даст овардааст, ў ҷаҳонро ба даст овардааст».

Бинобар ин барои дастёб намудани ин гуна боигарӣ давлатҳои ҷаҳон ва ширкатҳои алоҳида заҳмату талоши зиёд ба харҷ медиҳанд. Боиси қайд аст, ки амнияти иттилоотӣ имрўз ба яке аз самтҳои муҳимми таъмини бехатарии иқтисодӣ мубаддал гашта истодааст. Имрўз давлатҳои ҷаҳон тамоми сарчашмаҳои молиявӣ ва сармоягузориҳоро танҳо ба амнияти иттилоотӣ равона намуда истодаанд, ки ин падидаи иттилоотонии ҷомеаи муосир мебошад.

Имрўз намудҳои зиёди иттилоот дар ҷомеа мавҷуданд, ки ҳар кадоми онҳо соҳаи истифодаи худро доро мебошанд, ки ин:

- иттилооти оморӣ;

- иттилооти иқтисодӣ;

- иттилооти оммавӣ;

- иттилооти ҳуқуқӣ;

- иттилоот оид ба фаъолият;

- иттилоот оид ба робитаҳои берунӣ;

- иттилооти субъективӣ;

- иттилооти объективӣ;

- иттилооти бойгонӣ;

- иттилооти хизматӣ;

- иттилооти тиҷоратӣ ва ғайра мебошанд.

Манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи иттилоот аз чор унсури асосӣ иборат аст:

Унсури якум - риояи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд дар соҳаи гирифтани иттилоот ва истифодаи он, таъмини тозагии маънавии ҷумҳурӣ, нигоҳ доштан ва мустаҳкам намудани арзишҳои ахлоқии ҷамъият, анъанаҳои ватандўстӣ ва инсонпарварӣ, иқтидори маданӣ ва илмии мамлакат мебошад. Барои ноил шудан ба ин мақсадҳо зарур аст, ки:

-истифодабарии инфрасохтори иттилоотӣ ба манфиати инкишофи ҷамъиятӣ, муттаҳидшавии ҷамъият, эҳёи маънавии халқи Тоҷикистон самаранок равона карда шавад;

-захираҳои иттилоотӣ, ки асоси иқтидори илмию техникӣ ва маънавии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил менамоянд, ташаккул ва такмил ёфта, оқилона истифода шаванд;

-ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд доир ба сирри шахсӣ ва оилавӣ, сирри мукотибот, гуфтугўҳои телефонӣ, хабарҳои почтавӣ, телеграфӣ ва дигар хабарҳо ҳимоя ва таъмин шавад;

-механизмҳои танзими ҳуқуқии муносибатҳо дар соҳаи ҳифзи моликияти зеҳнӣ, ташкили шароитҳо барои риоя намудани маҳдудиятҳои бо қонунгузорӣ муқарраршуда барои дастрасӣ ба иттилооти махфӣ устувор карда шаванд;

-озодии иттилооти умум, манъи сензура кафолат дода шавад;

-ба тартибу ташвиқоте, ки барои барангехтани адовати иҷтимоӣ, нажотпарастӣ, миллатгароӣ ё мазҳабӣ мусоидат менамояд, роҳ дода нашавад;

-иттилоотро дар бораи ҳаёти шахсии инсон бе розигии ў ҷамъ намудан, нигоҳ доштан, истифода ва паҳн кардан манъ карда шавад.

Унсури дуюм - таъмини иттилоотии сиёсати давлатӣ, вобаста ба расонидани иттилооти саҳеҳ ба халқи Тоҷикистон ва ҷомеаи байналмилалӣ дар бораи сиёсати давлат, мавқеи расмии он оид ба рўйдодҳои аз ҷиҳати сиёсиву иҷтимоӣ аҳамиятноки ҷумҳурӣ ва ҳаёти байналмилалӣ, бо таъмини дастрасии шаҳрвандон бо захираҳои иттилоотии кушодаи давлатиро дар бар мегирад. Барои ноил шудан ба ин гуна манфиатҳо зарур аст, ки:

-воситаҳои иттилоотии умуми давлатӣ, васеъ намудани имкониятҳои сари вақт ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва хориҷӣ расонидани иттилооти саҳеҳ пурқувват карда шаванд;

-захираҳои иттилоотии кушодаи давлатӣ босуръат ташаккул дода шаванд.

Унсури сеюм – истифодаи технологияҳои ҳозиразамони иттилоотӣ, ташкили саноати ватании иттилоот, аз ҷумла саноатикунонии воситаҳои иттилоокунонии телекоммуникатсионӣ ва алоқа, таъмини талаботи бозори дохилӣ бо маҳсулоти он, инчунин таъмини ҷамъшавӣ, бе осеб нигоҳ доштан ва истифодаи самараноки захираҳои иттилоотии ватаниро дар бар мегирад. Ба ин хотир чунин чораҳо бармеоянд:

-инкишоф ва такмил додани фазои ягонаи инфрасохтори иттилоотии ҷумҳурӣ;

-ташкили саноати ватании хизматрасонии иттилоотӣ, воситаҳои дастгоҳӣ ва барномавии ҳифзи иттилоот;

-таъмини дастгирии давлатии тадқиқот дар соҳаҳои иттилооткунонӣ, телекоммуникатсиякунонӣ ва алоқа.

Унсури чорум – ҳимояи захираҳои иттилоотӣ аз дастрасии беиҷозат, таъмини амнияти системаҳои иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба кор андохташуда ва ҳам сохташавандаро дар бар мегирад. Ба ин хотир зарур аст, ки:

-амнияти системаҳои иттилоотӣ (шабакаҳои алоқа, шабакаҳои ибтидоии системаҳои иттилоотии мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ, соҳаҳои молиявӣ-қарздиҳӣ ва бонкӣ, фаъолияти хоҷагидорӣ, инчунин воситаҳои иттилоотикунонии Қувваҳои Мусаллаҳ ва техникаи ҳарбӣ, системаи идоракунии қўшунҳо ва аслиҳаҳо таъмин карда шаванд;

-таъмини ҳифзи маълумоте, ки сирри давлатиро ташкил менамоянд;

-васеъ намудани ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи инкишоф ва бехавф истифода бурдани захираҳои иттилоотӣ.

Дар таҳти мафҳуми амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолати ҳимояшавии манфиатҳои миллии он дар соҳаи иттилоот, ки ба маҷмўи манфиатҳои мутавозини шахсият, ҷамъият ва давлат муайян мегарданд, фаҳмида мешавад. Дар ин ҷо бояд хотирнишон сохт, ки манфиатҳои шахсият дар соҳаи иттилоот дар дастрасӣ ба иттилоот, истифодаи он дар фаъолияти аз тарафи қонун манънашуда ба хотири рушди ҷисмонӣ, маънавӣ ва зеҳнӣ, инчунин муҳофизати иттилооте, ки амнияти шахсии шаҳрвандонро таъмин менамояд, ифода меёбад.

Мафҳуми манбаъҳои таҳдиди амнияти иттилоотӣ, намудҳои гуногуни хатарро дар бар мегирад, аз ҷумла: кўшиши душманонро барои халалнок сохтани манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои иттилоотии ҷаҳон, маҳдуд намудани он дар бозори дохиливу хориҷӣ, тезутунд намудани рақобати байналхалқӣ дар соҳаи дастрас намудани захираҳои иттилоотиву техникӣ ва ғайра.

«Солҳои охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмўи чораҳо оид ба такмили амнияти иттилоотии он ба амал бароварда шуданд. Ба ташкили заминаи таъмини ҳуқукии амнияти иттилоотӣ оғоз карда шуда, он такмил ёфта истодааст. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ», «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои иттилооти омма», «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ», «Дар бораи табъу нашр», «Дар бораи алоқа», «Дар бораи ҳуқуқҳои муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он», «Дар бораи иттилоотонӣ», «Дар бораи хазинаи бойгонии миллӣ ва муассисаҳои бойгонӣ», «Дар бораи иттилоот» ва «Дар бораи ҳифзи иттилоот» қабул шудаанд. Консепсияи амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 7 ноябри соли 2003, No 1176) тасдиқ шудааст, марҳилаи нави ташаккули сиёсати давлатӣ дар соҳаи амнияти иттилоотӣ мебошад».

Маҷмўи ақидаҳои расмӣ оид ба мақсад, вазифаҳо, принсипҳо ва самтҳои асосии таъмини амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Консепсия ифода шудааст, барои ташкили сиёсати давлатӣ дар соҳаи таъминоти амнияти иттилоотии миллии ҷумҳурӣ ва таҳияи барномаҳои мақсадноки кишвар дар ин соҳа ҳамчун асос хизмат менамояд.

Чорабиниҳои таъмини амнияти иттилоотӣ манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин месозад. Ин аз он ҷиҳат зарур аст, ки соҳаи иттилоотӣ омили ташкилкунандаи низоми ҳаёти ҷамъиятӣ гаштааст.

Афзудани нақши соҳаи иттилоотӣ, ки ба ҷамъоварӣ, ташаккул, пахш ва истифодаи иттилоот, инчунин низоми танзими муносибатҳои ҷамъиятии дар ин ҳол бавуҷудомадаро амалӣ менамояд, вобаста буда, вай ба вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ, мудофиа ва ғайра, ки амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил менамояд, фаъолона таъсир мерасонад.

Манфиатҳои шахсият дар соҳаи иттилоот аз татбиқи ҳуқуқҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд дастрасӣ ба иттилоот, барои истифодаи иттилоот ба манфиати амалӣ шудани фаъолияти бо қонун манънашуда, инкишофи ҷисмонӣ, маънавӣ ва зеҳнӣ, инчунин ҳимояи иттилооте, ки амнияти шахсиро таъмин менамояд, иборат аст.

Манфиатҳои ҷамъият дар соҳаи иттилоот аз таъмини манфиати шахсият дар ин соҳа, пойдории демократия, бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона, комёбӣ ва пуштибонии ризоияти ҷамъиятӣ, тозагии маънавии Тоҷикистон иборатанд.

Манфиатҳои давлат дар соҳаи иттилоот аз ташкили шароитҳо барои инкишофи мутаносиби инфраструктураҳои иттилоотӣ, барои татбиқи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд дар соҳаи гирифтан ва истифодаи иттилоот бо мақсади таъмини мустаҳкамии сохтори конститутсионӣ, соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, устувории сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, таъмини қатъии қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, инкишофи ҳамкориҳои баробарҳуқуқ ва муфиди байналмилалӣ иборат мебошад.

Дар асоси манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи иттилоот, вазифаҳои стратегӣ ва ҷории сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат оид ба таъмини амнияти иттилоотӣ ташаккул дода мешаванд.

Сарчашмаҳои таҳдид ба амнияти иттилоотӣ гуногун буда, аз ҷумла кўшиши ҳарифони эҳтимолӣ ба маҳдуд намудани манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои иттилоотии ҷаҳонӣ, танг карда баровардани вай аз бозори хориҷӣ ва дохилӣ, тезутундшавии рақобати ҷаҳонӣ барои ба даст овардани захираҳои иттилоотию техникиро дар бар мегирад.

Қобили зикр аст, ки мафҳуми амнияти иттилоотӣ қисми ҷудонашавандаи сиёсати дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Бахши иҷтимоӣ- иқтисодии мамлакат дар таъмини бехатарии иттилоотӣ манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин менамояд. Чунки бехатарии иттилоотӣ омили ташкилкунандаи ҳаёти босуботонаи шаҳрвандон ва фазои рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат мебошад.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2