МУКАММАЛСОЗИИ МЕХАНИЗМИ ИДОРАКУНИИ ЗАХИРАҲОИ ДОХИЛИИ МОЛИЯВИИ КОРХОНА
Фаъолияти пурсамари корхона бе идоракунии боақлонаи захираҳои дохилии молиявӣ номумкин аст. Мақсадҳое, ки барои бадастории идоракунии ратсионалии захираҳои дохилии молиявӣ заруранд, инҳо мебошанд:
- қобили фаъолият мондани корхона дар шароити муборизаи рақобатпазирӣ;
- роҳ надодан ба муфлисшавӣ ва нобаробариҳои калони молиявӣ;\
- пешбарандагӣ дар мубориза бо рақибон;\
- максимизатсияи арзиши бозории корхона;
- суръати мақбули афзоиши иқтисодии корхона;
- афзоиши ҳақи истеҳсолот ва фурўш;\
- максимизатсияи даромад;\
- камкунии хароҷот;
- таъмини фаъолияти даромаднокӣ ва ғайра.
Бартарияти ин ё он мақсад аз ҷониби корхона вобаста аз соҳа, вазъият дар сегменти мазкури бозор ва аз бисёр дигар омилҳо интихоб карда мешавад. Лекин ҳаракати ба сўи мақсади интихобгардида дар бисёр маврид аз мукаммалии идоракунии захираҳои дохилии молиявии корхона вобаста аст.
Сохтори ташкили системаи идораи маблағҳои субъекти хоҷагидорӣ, инчунин ҳайати кадрии он бо воситаҳои гуногун вобаста аз ҳаҷми корхона ба шакли фаъолияти он ба роҳ монда шавад. Барои ширкати калон мустақилияти хадамоти махсус характернок аст, ки аз ҷониби сардори ташкилот оид ба маблағҳои молиявӣ роҳбарӣ мешавад. Ва чун қоида, аз муҳосибат ва шуъбаи молиявӣ иборат аст. Дар корхонаҳои начандон калон нақши менеҷери молиявиро одатан сармуҳосиб иҷро менамояд.
Идоракунии захираҳои дохилии молиявии корхонаро бо назардошти бисёрвариантии инъикоси он, дар амалия бе ташаккули касбии ин корҳо амалӣ кардан имконпазир аст.
Аз ҳама асосӣ дар фаъолияти муҳосиб ин қобилияти бодиққат сарфаҳм рафтан ба ҳуҷҷатҳои ибтидоӣ ва дар мувофиқа ба дастурҳо ва сиркулиярҳо онҳоро дар регистрҳои муҳосибот инъикос намудан аст.
Тамоман дигар чиз аз менеҷери молиявӣ талаб карда мешавад. Кори ин касб бо қабули қарорҳо дар шароитҳои номуайянӣ алоқаманд аст, ки аз бисёрвариантии иҷрои як трансаксияи молиявӣ чандирии ақлро талаб менамояд, ин одам бояд шахси эҷодкор бошад, ба таваккалият қодир бошад ва дараҷаи таваккалиятро баҳогузорӣ намояд, навовариҳоро дар муҳити тезивазшавандаи беруна қабул карда тавонад.
Имрўз корхона ҳангоми ташкили вақти комилан мувофиқи кори молиявӣ бо мушкилоти калон рў ба рў мешавад. Таҷрибаи корхонаҳои бомуваффақият амалкунанда нишон дод, ки роҳи кўтоҳтарини ҳалли ин масъалаҳо дар дасти роҳбари корхона мебошад. Имрўз ду муносибат оид ба азнавташкилкунии хадамоти молиявии корхона эътироф гардидаанд:
- агар роҳбар молиячии касбӣ бошад, ў шахсан азнавташкилкунии хадамоти молиявии корхонаро мутобиқ мегардонад;
- роҳбаре, ки вазифа ва функсияҳои хадамоти муосири молиявии корхонаро мефаҳмонад, лекин ў молиячии касбӣ набуда, нозукиҳои ин касбро намедонад. Ташкилоти берунаро барои гузариш ва дар амал татбиқ намудани модели зарурии ташкили кори молиявӣ ҷалб менамояд.
Менеҷери молиявӣ фаъолияти фаврии молиявиро амалӣ месозад. Дар ҳолати умумӣ фаъолияти менеҷери молиявӣ бо тарзи зерин тарҳрезӣ карда мешавад:
- таҳлили умумии молиявӣ ва банақшагирӣ;
- таъмини корхона бо захираҳои дохилии молиявӣ (идоракунии манбаъҳои маблағҳо);
- тақсимоти захираҳои дохилии молиявӣ (сиёсати инвеститсионӣ ва идоракунии активҳо).
Самтҳои ҷудогардидаи фаъолият дар як вақт вазифаҳои асосиро муайян месозанд, ки дар назди менеҷер истодааст. Рўйхати ин вазифаҳо бо тарзи зерин муфассал кор карда баромада шудаанд:
Дар чорчўбаи самти якум баҳогузории умумии ин чизҳо амалӣ мешаванд:\
- активҳои корхона ва манбаъҳои маблағгузорӣ;\
- бузургӣ ва рўйхати захираҳое, ки барои дастгирии иқтидори иқтисодии корхона ва васеъсозии фаъолияти он заруранд;\
- системаи назорат аз рўи вазъият ва самаранокии истифодаи захираҳои дохилии молиявӣ;\
- манбаъҳои маблағгузории иловагӣ.
Самти дуюм баҳогузории муфассалро дар назар дорад:
-ҳаҷми захираҳои дохилии молиявии талабгардида;\ - шакли пешниҳоди онҳо (қарзи кўтоҳмуддат ё дарозмуддат, пули нақд);\
- дараҷаи дастрасӣ ва вақти пешниҳод (дастрасии захираҳои дохилии молиявӣ бо шартҳои шартнома муайян мегардад);\
- арзиши ҳисоб бурдан бо навъи мазкури захираҳо (нархҳои фоизӣ, дигар шартҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ, пешниҳоди манбаи маблағҳои мазкур);\
- таваккалият, ки бо манбаи мазкури маблағҳо фикран монанд карда шудаанд (яъне, сармояи мулкдорон ҳамчун манбаи маблағҳо, таваккалияти хурдтар дорад, назар ба қарзи фаврии бонк).
Қабули қарорҳои молиявӣ бо истифодаи баҳогузориҳои пешниҳодгардида дар натиҷаи таҳлили қарорҳои имконпазир иҷро мешавад, ки созишро байни талаботи бозоргирӣ, устувории молиявӣ ва даромаднокӣ ба ҳисоб мегиранд.
Усулҳои идоракунии молиявӣ бисёршакланд. Асосии онҳо инҳоянд: пешгўӣ, банақшагирӣ, андозбандӣ, суғурта, маблағгузорӣ, қарздиҳӣ, системаи ҳисоббаробаркунӣ, системаи ёрии молиявӣ, системаи санксияҳои молиявӣ, системаи ҳиссаҷудокуниҳои амартизатсионӣ, системаи ҳавасмандгардонӣ, принсипҳои офариниши нархҳо, амалиёти трастӣ, амалиёти гаравӣ, амалиёти трансфертӣ, факторинг, иҷора, лизинг, ҷузъи таркибии усулҳои овардашуда, ставкаҳои махсус, дивидендҳо, нархгузории курси асъор, аксиз, дисконт ва ғайра мебошад.
Асоси таъминоти ахборотии системаи идоракунии молиявиро ҳар як маълумоти характери молиявидошта тартиб медиҳад:
- ҳисоботи муҳосибот;\
- маълумоти органҳои молиявӣ;\
- маълумоти муассисаҳои системаи бонкӣ;\
- маълумоти биржаҳои молӣ, фондӣ, асъорӣ;\
- дигар маълумотҳо.
Таъминоти техникии системаи идоракунии молиявӣ ҷузъи мустақил ва хеле муҳимми он мебошад. Амаликунонии ҳамаи системаҳои идоракунии молиявӣ дар чорчўбаи таъминоти амалкунандаи ҳуқуқӣ ва меъёрӣ амалӣ мешавад. Ба ин дохил мешавад: қонунҳо, нишондодҳои Президент, қарорҳои Ҳукумат, фармон ва супоришҳои вазоратҳо, идораҳо, литсензияҳо, ҳуҷҷатҳои уставӣ, дастурҳо, нишондодҳои методӣ ва ғайра.
Дар марҳалаи ояндаи таҳлили захираҳои баландбардории истеҳсоли маҳсулот ва фондбоздеҳӣ ҳисоб карда мешаванд. Захираҳои баландбардории истеҳсоли маҳсулот ва фондбоздеҳӣ инҳо буда метавонанд:
- бакордарории таҷҳизоти нав;\
- баланд кардани коэффитсиенти бастнокӣ;\
- кам кардани бекорхобиҳои бутунбастӣ ва дохилибастии таҷҳизот;
- камкунии миқдори таҷҳизоти гузоштанашуда;\
- ивазкунӣ ва ҷадидкунии таҷҳизот;\
- баландбардории коэффитсиенти боркунии интегралии таҷҳизот аз ҳисоби камкунии талафоти вақти корӣ;\
- дар истеҳсолот татбиқкунии комёбиҳои илмиву техникӣ;\
- баландбардории ҳиссаи қисми фаъоли фондҳои асосӣ ва ғайра.
Самаранокии истифодаи захираҳои молиявӣ бо гардиши активҳо ва нишондиҳандаҳои даромаднокӣ таснифот мешаванд. Яъне, самаранокии идоракуниро бо роҳи кам кардани муҳлати гардиш ва баландбардории даромаднокӣ аз ҳисоби пасткунии хароҷот ва баландбардории даромад баланд бардоштан мумкин аст.
Тезонидани гардиши маблағҳои гардон хароҷоти сармоявиро талаб менамояд ва ба афзоиши ҳаҷми истеҳсолот ва фурўши маҳсулот меорад. Лекин беқурбшавӣ хеле тез маблағҳои гардонро камарзиш менамояд, корхонаҳо барои харидории мол қисми зиёди маблағҳоро сафарбар менамоянд, қобили пардохт набудани харидорон қисми зиёди маблағҳоро аз гардиш боз медорад.
Ба сифати сармояи гардон дар корхона активҳои ҷорӣ истифода мешаванд. Фондҳое, ки ба сифати сармояи гардишӣ истифода мешаванд, сикли муайнро мегузоранд. Активҳои ликвидӣ барои харидорӣ намудани мол ва ашёҳо истифода мешаванд:
- молҳо ва ашёҳо бо қарз фурўхта мешаванд, ки суратҳисобҳои дебиториро ба миён меорад;
- суратҳисобҳои дебиторӣ пардохт ва инкасатсия мешаванд.
Ҳар гуна фондҳое, ки барои эҳтиёҷоти сармояи гардон истифода намешаванд, ба пардохти пассивҳо равона карда мешаванд. Ғайр аз ин, онҳоро метавон барои бадастории сармояи асосӣ истифода бурд.
Яке аз усулҳои сарфакунии сармояи гардон ва баландбардории гардиши он дар мукаммалсозии идоракунии захираҳои молиявӣ мебошад. Азбаски корхона маблағҳоро барои офариниши захираҳои молиявӣ таъйин менамояд, он гоҳ хароҷоти нигоҳдорӣ на танҳо бо хароҷоти анборӣ, инчунин бо таваккалияти вайроншавӣ ва куҳнашавии молҳо, нархи вақтинаи сармоя, яъне меъёри даромад алоқаманд аст, ки метавонад дар натиҷаи дигар имкониятҳои маблағгузорӣ бо дараҷаи эквивалент таваккалият ба даст ояд.
Натиҷаҳои иқтисодӣ ва амалиёти аз нигоҳдории навъи муайяни активҳои ҷорӣ дар ин ё он ҳаҷм характери махсусгардонидашуда доранд барои намуди мазкури активҳо. Захираи калони молҳо дар анбор имконияти ташкили камчинии молро ҳангоми талаботи баланди ғайричашмдошт ихтисор менамояд.
Баландбардории гардиши маблағҳои гардон ва ошкорсозии натиҷаҳо ва хароҷот, ки бо нигоҳдории захираҳои молиявӣ алоқаманд аст ба ҷамъбасти тавозуни боақлонаи захираҳои молиявӣ ва хароҷот меорад. Барои тезонидани гардиши маблағҳои гардон дар корхона қобили мақсад аст, ки чунин корҳо бурда мешавад:
-банақшагирии харидории молҳои зурурӣ;
-истифодаи анборҳои муосир;
-мукаммалсозии пешгўии талабот;
-дастрас намудани молҳо ба харидорони яклухт ва харидорони чакана.
Роҳи дуюми тезонидани гардиши сармояи гардон дар камкунии суратҳисобҳои дебиторҳо мебошад.
Сатҳи қарзи дебиторӣ бо омилҳои гуногун муайян мегардад: навъи молҳо, ғунҷоиши бозор, дараҷаи пуррагии бозор бо молҳои мазкур, системаи ҳисоббаробаркуниҳое, ки дар корхона қабул гардидааст ва ғайра. Идораи қарзи дебиторӣ, пеш аз ҳама, назоратро аз рўи гардиши маблағҳо дар ҳисоббаробаркуниҳо пешбинӣ менамояд. Тезонидани гардиш дар динамика ҳамчун тамоюли мусбӣ дида баромада мешавад. Интихоби харидорони потенсиалӣ ва муайянсозии шартҳои пардохти молҳо, ки дар шартнома пешбинӣ шудаанд, аҳамияти калон дорад.
Интихоб бо ёрии маҳакҳои расмӣ амалӣ мешавад: риояи тартиботии пардохтӣ дар гузашта имкониятҳои пешгўии молиявии харидор оид ба пардохти ҳаҷми молӣ аз ҷониби ў талабкардашуда, сатҳи қобилияти пардохтии ҷорӣ, сатҳи устувории молиявӣ, шароитҳои иқтисодӣ ва молиявии корхонаи фурўшанда (сермолии корхона, дараҷаи эҳтиёҷмандӣ дар пули нақд ва ғайра).
Пардохти молҳо ба мизоҷони доимӣ одатан бо қарз гузаронида мешавад, инчунин шартҳои кредит аз бисёр омилҳо вобастагӣ доранд. Дар мамлакатҳои мутараққӣ хеле васеъ паҳн гардидааст, ки ин маъниҳоро дорад:
- харидор гузашти дуфоизиро дар ҳолати пардохти мол дар давоми 10 рўз аз оғози давраи қарздиҳӣ мегирад;
- харидор арзиши пурраи молро пардохт менамояд, агар пардохт аз рўзи 11 то рўзи 30-юми давраи қарздиҳӣ ба амал меояд;
- дар ҳолати напардохтан дар давоми як моҳ харидор маҷбур аст, ки иловагӣ ҷарима супорад, бузургии ҷарима аз лаҳзаи пардохт вобастагӣ дорад.
Роҳи сеюми ихтисори бозгаштҳои сармояи гардон аз истифодаи беҳтари пулҳои нақд вобастагӣ дорад. Аз нуқтаи назари назарияи маблағгузорӣ маблағҳои пулӣ инъикосгари яке аз ҳолатҳои хусусии маблағгузорӣ ба арзишҳои молӣ-моддӣ мебошанд. Аз ин рў, нисбати онҳо талаботи умумӣ қобили қабуланд. Якум, захираи базавии воситаҳои пулӣ барои иҷрои ҳисоббаробаркуниҳои ҷорӣ зарур аст.
Дуюм, маблағҳои пули муайян барои рўйпўш намудани хароҷоти ғайричашмдошт заруранд.
Сеюм, мувофиқи мақсад аст, ки андозҳои муайяни воситаҳои пулии озод барои таъмини васеъсозии фаъолияти имконпазир ва ё пешгўишаванда мавҷуд бошад.
Истифодаи захираҳои молиявӣ аз ҷониби корхона дар бисёр самтҳо амалӣ мегардад, ки аз ҳама асосӣ инҳоянд:
- пардохтҳо ба органҳои системаи молиявӣ – бонкӣ, ки бо иҷрои уҳдадориҳои молиявӣ шартнок гардидаанд. Ба ин ҷо дохил мешавад: пардохтҳои андозӣ ба буҷет, пардохти фоизҳо ва бонкҳо барои истифодаи кредитҳо, пардохти қарзҳои пешгирифташуда, пардохтҳои суғуртавӣ ва ғайра;
- маблағгузории маблағҳои худӣ ба хароҷоти асосӣ (реинвеститсиякунонӣ), ки бо васеъшавии истеҳсолот ва азнавкунии техникии он, гузариш ба технологияҳои нави прогрессивӣ (алоқаманд аст);
- маблағгузории захираҳои молиявӣ бо коғазҳои қиматнок, ки дар бозор харидорӣ шавад: аксия ва облигатсияҳои дигар корхонаҳо, ки одатан бо кооперативи корхонаи мазкур зич алоқаманданд, ба займҳои давлатӣ ва ғайра;
- равонасозии захираҳои молиявӣ бо мақсадҳои хайриявӣ-сарпарастӣ ва ғайра.
Самаранокии истифодаи захираҳои молиявӣ бо гардиши активҳо ва нишондиҳандаи даромаднокӣ таснифот мешавад. Аз ин рў, онро бо кам кардани муҳлати гардиш ва баландбардории даромаднокӣ аз ҳисоби пасткунии хароҷот ва зиёд намудани даромад баланд кардан мумкин аст.
Боз як воситаи муҳимми баландбардории самаранокии истифодаи захираҳои молиявӣ ин идоракунии воситаҳои асосии истеҳсолии корхона ва активҳои ғайримоддӣ мебошад. Масъалаи асосӣ дар идоракунии онҳо ин интихоби усули ҳисоб карда баровардани ҳиссаҷудокуниҳои амартизатсионӣ мебошад.
Ҳамин тариқ, қайд намудан мумкин аст, ки самаранокии идоракунии захираҳои молиявӣ бевосита аз сохтори сармояи корхона вобаста ҳастанд. Сохтори сармоя метавонад бо кўшишҳои ширкат оид ба зиёдкунии активҳои ў мусоидат, ё ки монеа шавад. Чунин ҳисоб мешавад, ки сохтори сармоя бояд ба намуди фаъолият ва талаботи ширкат мувофиқат намояд. Самаранокии истифодаи захираҳои молиявӣ ба устувории молиявии корхона, ликвиднокии он, қобили пардохт будан, фаъолиятнокии корӣ ва даромаднокӣ таъсир расонида метавонад.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё