Зеҳн

МОҲИЯТ ВА ЗУРУРАТИ ИНТЕРНЕТ-БОНК ДАР ШАРОИТИ БЕҲТАРГАРДОНИИ ВАЗЪ ДАР НИЗОМИ БОНКИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ЗЕ
Зеҳн13 сентябри 2026 · 5 дақиқа хондан

Дар айни замон, барои беҳтаргардонии вазъи низоми бонкӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебояд аз хизматрасониҳои муосир, ки барои сатҳу сифати фаъолияти бонкӣ заминагузоранд, рўи кор гирифт. Бо ин мақсад зарурат пеш омад, то хизматрасонии маъмул ва нави замони имрўзаро, ки Интернет-бонк ном бурда мешавад ва дар кишварҳои Ғарб тўли чандин солҳо мавриди истифода қарор дорад, дар мамлакати мо ҷиҳати беҳтаргардонии вазъи низоми бонкии кишвар инкишоф дода шавад. Тибқи таҷрибаи кишварҳои тараққикардаи ҷаҳон аён гардид, ки барои беҳтаргардонии шароити кории ташкилотҳои қарзӣ ва инчунин қулай гардонидани талаботи мизоҷон тавассути ин навъи хизматрасонӣ айни муддаост.

Системаи якум, ки имконияти назорати ҳисобҳои бонкии дур ва инчунин идоракунии онҳоро ба танзим медарорад, дар ИМА миёнаи солҳои 80-уми асри ХХ ба вуҷуд омадааст. Он дар худ номи HomeBanking («Домашний банк»)ва майли барои маҳдудияти қонунӣ дар бонкҳо, филиалҳо ва дигар штатҳо мавҷуд буданро дошт. Баъдтар, бо рушди технологияҳои Интернет, системаҳои онлайнии бонкӣ фаъолтар гашт ва дар соли 1997 дар ИМА аввалин бонки умумиҷаҳонӣ - Security First Network Bank ташкил ёфт, ки ин ба тақвияти умумии маҷмўи мизоҷони эҳтимолӣ ва ба системаи пурраи электронӣ оварда расонид.

Интернет-бонк, ё ки онро дар Ғарб E-banking низ меноманд, як намуди технологияи хизматрасониҳои дурдасти бонкӣ мебошад, ки ба амонатгузорони бонк имкон медиҳад маълумотро дар бораи суратҳисобҳои худ дастрас гардонанд ва ба воситаи Интернет истифода баранд.

Имрўз ва дар ояндаи наздик бозори Интернет-бонки Ҷумҳурии Тоҷикистонро тағйирёбии ҷиддӣ, ҳам миқдорӣ ва ҳам сифатӣ интизор аст.

Дар солҳои оянда давом кардани рушди экстенсивии бозори корпоративии интернет-бонк дар назар аст. Албатта, рушди бемайлони ин намуди хизматрасонӣ имкон медиҳад, ки бонкҳо ба хизматрасонии банкоматҳои мизоҷони худ фаъолона мусоидат намоянд. Мушкилии асосии бозор ин иттилоотнокии сусти мизоҷон аз имкониятҳои дури хизматрасониҳои интернет-бонк мебошад.

Дар ояндаи наздик тағйироти ҷиддӣ низ бояд дар бахши банкҳои хусусӣ сурат гирад. Рушди босуръати бозор аз ҷониби таҳиягарони пешрафтаи системаи интернет-бонк, ки ин нишондиҳанда махсусан ба шахсони воқеӣ равона шудааст, дида хоҳад шуд.

Омили муҳимми афзоиши шумораи истифодабарандагони хизматрасонии мазкур Интернет мебошад, ки ҳиссаи онҳо дар кишварҳои пешрафтаи ғарбӣ акнун тақрибан 45-50%-ро ташкил медиҳад. Дар айни замон, баъзе кишварҳои Аврупои Ғарбӣ аз пешрафтҳои Амрикои Шимолӣ бо дарназардошти суръати паҳншавии Интернет: Шветсия - 57% аҳолӣ, Финляндия - 53%, Норвегия - 52%, Британияи Кабир - 45 %, Дания - 45%, Канада - 41% ва ИМА - 35% маҳсуб меёбанд.

Интернет-бонкинг системаи гирифтани хизматрасониҳои бонкӣ тавассути Интернет мебошад. Барои кор дар система лозим меояд, то ки ин хизматрасониро дар идораи бонк барои дастрасӣ ба Интернет тавассути браузери мувофиқ ба роҳ монд. Идоракунии ҳисобҳо аз ҳар ҷое, ки дар тамоми ҷаҳон аз ҳар як компютер ба Интернет пайваст аст, имконпазир аст. Имкониятҳои интернет-бонк имкон медиҳад:

- ба бонк ҳама гуна ҳуҷҷатҳои молиявӣ фиристода шавад;

- гирифтани ҳисобот ва ҳуҷҷатҳо дар бораи ҳамаи суратҳисобҳои бонкӣ дар ҳама гуна вақт ба роҳ монда шавад;

- ҳамаи марҳилаҳои ҳуҷҷатҳои коркарди пардохт дар бонк дар вақти воқеӣ сурат гирад;

- зуд гирифтани паёмак аз хатоҳо;

- дар як интерфейс бо суратҳисобҳои дар бонкҳои гуногун мавҷудбуда кор мекунанд;

- барои дидан ва чоп кардани даромад ва баромади ҳуҷҷатҳои пардохтӣ;\

  • фарқияти байни Интернет-бонк аз системаи классикии "Client-Bank";\
  • якбора пардохтани хизматрасониҳои коммуналӣ, хидматҳои мобилӣ, дастрасии интернет ва бештар аз он;\
  • маълумот дар бораи қарзҳои мавҷуда, инчунин маълумот оид ба фоизҳои ҳисобшудаи қарз;\
  • маълумот дар бораи дигар хадамоти бонкӣ (амонатҳо, фондҳои муштарак ва ғайра);\
  • пардохти қарз;\
  • пардохт бо қурби нисбатан фоиданок нисбат ба филиалҳои бонкҳо ва банкоматҳо;\
  • интиқоли пули сомонӣ ва ё асъор (ҳамчун интиқоли дохилӣ ба суратҳисобҳои бонкӣ ва интиқол ба суратҳисобҳои байнибонкӣ);\
  • барои кушодани амонатҳо, гирифтани қарзҳо, кортҳои бонкӣ ва ғайра;\
  • бастани шартнома (мустақилона кушодани ҳисоб дар система, пайваст

кардани ҳисоб ба хизматрасонии SMS-хабар ё почтаи электронӣ ба муштарӣ оид ба ҳаракати пул дар суратҳисоб, оид ба ёдоварии пардохти қарз ва ғайра).

Интернет-бонк дар худ системаи технологиеро дорад, ки ба мизоҷ дар бораи ҳисоби он, инчунин маълумоти умумӣ дар бораи хадамоти бонкӣ бо истифода аз компютери шахсӣ ё дигар дастгоҳ, ки бо Интернет пайваст мебошад таъмин мекунад. Интернет-бонк танҳо як маҳсулоти бонкӣ нест, балки роҳи роҳандозии амалиёти бонкиро муайян мекунад.

Бартарияти истифодаи беназорати Интернет тавассути мизоҷон маълум аст, аммо бо назардошти он, ки бонк ташкилоти ҷамъиятиро дар асоси мақсадҳои фоидаовар ба даст меорад, савол ба миён меояд: чӣ манфиатовар аст, ки сиёсати тарофавии бонк ва оё хизматрасониҳои дурдаст ба шумо имкон медиҳад, то аз низоми анъанавии даромад даст кашед?

Имконияти кушодани суратҳисоб дар ҳамаи бонкҳо.
2. Тарзи зуд ва самараноки идоракунии суратҳисоби бонкӣ.

3. Рақобатпазирии хизматрасониҳое, ки тавассути системаи Интернет-бонк таъмин карда шудаанд.
4. Дастрасӣ ба ҳисоб аз ҳама гуна компютер, аз ҳамаи нуқтаи рўи замине, ки ба Интернет дастрасӣ дорад.

5. Имконияти дар як вақт идоракунии ҳисобҳои мухталиф дар бонкҳои гуногун.

6. Амалиёти пайгирӣ бо кортҳои пластикӣ (ҳама гуна хароҷоти маблағ аз ҳисоби кортҳо фавран дар ҳисоботи бонкӣ), инчунин интиқол додани пул ва истифодаи хизматрасонии интернет- мағоза.

1. Фарогирии васеи пойгоҳи муштарӣ.
2. Хизматрасонии системаи Интернет-бонк арзонтар аст нисбат ба шабакаҳои васеи филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии бонкӣ.
3. Барои бонк аз байн рафтани камбудиҳо оид ба дастрасии пули нақд ва камшавии он. 4. Хизматрасониҳои рақобатпазирро дар нархҳои ҷолиб пешниҳод менамояд.
5. Тўли 24 соат иҷро кардани хизматрасониҳо барои мизоҷон.
6. Тафтиши автоматизатсияи хатарҳо, ки аз амалиёт бо мизоҷон бармеояд.

Таҳлили хароҷоти умумии хизматрасонии мизоҷон барои системаи Интернет-бонк ва хизматрасонии анъанавӣ, аз ҷумла сармоягузориҳои ибтидоӣ ва хароҷоти дарпешбуда.

Муайян кардани арзиши як амалиёт ҳангоми хизматрасонии мизоҷ тавассути Интернет-бонк ва хизматрасонии анъанавии хазина.

Ҳисоб кардани нишондиҳандаҳои самараноки иқтисодии системаи Интернет-бонк.

Арзёбии баҳодиҳии нишондиҳандаҳои сифатии самаранокии Интернет- бонк.

Дар охир, метавон гуфт, ки системаи Интернет-бонк яке аз намунаҳои зебои истифодаи технологияҳои муосир мебошад, ки имкон медиҳад хизматрасониҳои бонкиро ба сатҳи сифатан нав баланд бардорад. Новобаста аз мушкилиҳои нисбатан ҷойдоштаи баъзе аз бонкҳои тиҷоратӣ, беҳтаргардии хизматрасониҳои бонкӣ махсусан дар бонкҳои низомсоз баръало эҳсос мегардад ва ин аз нишонаи рушди хизматрасониҳои бонкии ҷаҳони имрўза дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дарак медиҳад.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2