Зеҳн

ХИЗМАТРАСОНИҲОИ ГУМРУКӢ ВА РОҲҲОИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲУ СИФАТИ ОН

ЗЕ
Зеҳн13 сентябри 2026 · 5 дақиқа хондан

Дар шароити рушди муносибатҳои бозорӣ хизматрасониҳои гумрукӣ яке аз омилҳои ташаккулёбии низоми фаъолияти гумрукӣ ба ҳисоб мераванд.

Фаъолияти мақомоти гумрук тавассути усул, расмиёт ва технологияҳои махсуси гумрукӣ дар чорчўбаи зерсохтори гумрукӣ таъмин карда мешавад ва ба беҳдошти некуаҳволии кишвар нигаронида шудааст.

Таҳлилҳо нишон доданд, ки хизматрасонии гумрукӣ неъмати барои ҷамъият фоиданокест, ки дар шакли фаъолияти гумрукӣ, танзим ва назорати гумрукӣ таҷасссум ёфтааст. Ҳамчунин ин самти хизматрасонӣ як намуди махсуси логистикӣ маҳсуб меёбад, ки ба ҳимояи амнияти иқтисодии давлат ва манфиатҳои иқтисоди миллӣ робита доранд ва ба рушди муносибатҳои иқтисодии хориҷии кишвар равона гардидаанд.

Хизматрасонии гумрукӣ барои иштирокчиёни фаъолияти иқтисоди хориҷӣ, ба коҳиши вақти барасмиятдарорӣ ва назорати гумрукии молу воситаҳои нақлиёти аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқолшаванда нигаронида шудааст. Барои расонидани хизмати дахлдор расмиёту амалиёти муайяни гумрукиро анҷом бояд дод.

Аз ин лиҳоз, мо фикр мекунем, ки моҳияти хизматрасонӣ дар ҷараёни амалӣ намудани фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, дар раванди иҷрои расмиёту амалиёти гумрукӣ ва татбиқи технологияи барасмиятдарории гумрукӣ ва назорати гумрукӣ зоҳир мегардад. Дар ин сурат хизматрасониро ҳамчун натиҷаи чунин таъсиргузорӣ ҳам фаҳмидан мумкин аст.

Аз ин лиҳоз, хизматрасонии гумрукиро ҳамчун натиҷаи фаъолияти мақомоти гумрук бояд фаҳмид, ки мақсади он, дар навбати аввал, иҷрои вазифаҳои давлатӣ, инчунин қонеъгардонии талаботи иштирокчиёни фаъолияти иқтисоди хориҷӣ бе вайронкунии мамнўияту маҳдудиятҳо мебошад.

Чӣ тавре ки маълум аст, хизматрасониҳои гумрукӣ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ ин тартиби дурусти барасмиятдарории гумрукии молу воситаҳои нақлиёти аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқолшаванда мебошад, ки тибқи тартиб ва шартҳои муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ анҷом дода мешаванд.

Бояд қайд кард, ки дар шароити рушди муносибатҳои иқтисодии хориҷӣ хизматрасониҳои гумрукӣ навъи махсусе мебошанд, ки барои ҳимояи амнияти иқтисодии давлат, таъмини манфиатҳои иқтисоди миллӣ равона гардидаанд. Ба маънои маҳдуд бошад, хизматрасонии гумрукӣ ин амал ё пайдарпайии амалҳоест, ки бо воситаҳои махсуси гумрукӣ бо мақсади афзоиши фоидаи истеҳсолию истеъмолии соҳаи фаъолияти иқтисодии хориҷӣ барои давлат ва иштирокчиёни фаъолияти иқтисоди хориҷӣ амалӣ карда мешавад.

Мақомоти гумрук мақомоте мебошад, ки аз болои молҳои аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон содир ва воридшаванда назорат мебарад ва нисбати мол ва шахсони интиқолдиҳандаи мол хизматрасониҳои гумрукиро тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад. Илова бар ин, дар назди мақомоти гумрук муассисаҳои ёрирасоне ҳастанд, ки аз ҷониби онҳо хизматрасониҳои гумрукӣ анҷом дода мешаванд ва онҳо иҷрои вазифаи танзими гумрукӣ ва ҳифзи иқтисодиёти мамлакат, саломатии аҳолӣ ва муҳити зистро ба уҳда доранд.

Барои дуруст ва дар сатҳи баланд анҷом додани хизматрасониҳои гумрукӣ мақомоти гумрук ва гумруку дидбонгоҳҳои гумрукиро зарур аст, ки хизматрасонии гумрукиро тибқи тартиби муқарраргардида анҷом дода, барои такмил додани дониш ва баланд бардоштани малакаю маҳорати касбии худ пайваста кўшиш намоянд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки барои баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои гумрукӣ, ба сатҳи донишу малакаи кадрҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир бояд кард. Дар доираи ин бояд назорати такмили ихтисос, пайгирӣ намудани болоравии сатҳи тахассуси кормандони мақомоти гумрук ва сифати таълимгирии онҳо, таҳияи стратегияи комплексии таъминоти кадрии мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шавад.

Ҳамчунин, бояд қайд намоем, ки назорати интизом, фазои ахлоқию психологии коллективи воҳидҳои сохтории мақомоти гумрук дар баланд бардоштани сифати хизматрасонии гумрукӣ аҳамияти калон дорад. Корманди гумрук вазифадор аст, ки меъёрҳои волои рафтори шахсиро риоя кунад. Ў бояд дар ёд дорад, ки рафтору амалаш берун аз мақомоти гумрук, ҳатто вобаста ба масъалаҳое, ки ба вазифаҳои хизматиаш иртибот надоранд, набояд манфиату қоидаҳои ахлоқии ҷомеаро, ки ў дар он кору зиндагӣ мекунад, халалдор созанд.

Ба хотири дуруст ба роҳ мондан ва иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ, ҳолати интизоми меҳнатӣ бояд зери назорати доимӣ гирифта шавад.

Шахсе, ки роҳбариро ба уҳда гирифтааст, бояд бетаъхир дар бораи ҷиноятҳо, ҳуқуқвайронкуниҳо ва вайронкунии интизоми меҳнатӣ аз ҷониби зердастон ба роҳбарони болоӣ ахборот диҳад, ба зердастон талабҳои беасос пешниҳод накунад ё супоришҳои аз доираи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон берунбударо надиҳад, масъулияти ба таври лозимӣ иҷро накардани вазифаҳои хизматӣ ва қарорҳои қабулкардаи худро ба зиммаи зердастон нагузорад, танқиди асосноки зердастро боиси вокуниши моҷароҷўёна қарор надиҳад ва ўро барои ин кораш таъқиб насозад.

Яке аз роҳҳои асосии баландбардории сифати хизматрасониҳои гумрукӣ ин коҳиш додани давомнокии назорати гумрукии мол ва воситаҳои нақлиётест, ки аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол дода мешаванд. Зеро, вақте ки барои барасмиятдарории гумрукӣ ва назорати гумрукии молу воситаҳои нақлиёт аз лаҳзаи расидани мол то замони иҷозати он барои муомилоти озод сарф мешаванд, нишондиҳандае, ки ҷомеаи тиҷоратии ҷаҳон самараи фаъолияти мақомоти гумрукро бештар аз рўи он баҳо медиҳад. Дар байни ҷомеаи тиҷорати байналмилалӣ вақти аз ҳад зиёди назорати гумрукӣ чун монеаи ғайритарифӣ шинохта мешавад ва ин боиси афзоиши хароҷоти иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ барои таҳвили молҳо ва боло рафтани арзиши онҳо мегардад.

Дар мисоли интихобшуда навъи махсуси хизматрасонӣ, яъне ихтисори вақти барасмиятдарорӣ ва назорати гумрукӣ нишон дода шудааст. Чунин хизматрасониро чун хизмати пайваста баррасӣ кардан мумкин аст, чунки расонидани он тамоми маҷмўи амалиёти мушаххаси гумрукӣ ва технологияи барасмиятдарории гумрукиро нисбати моли мушаххас муттаҳид мекунад. Дар ин ҳолат натиҷаи ҳар амалиёти технологиро ҳамчун хизматрасонии одӣ ва натиҷаҳои тамоми раванди татбиқи технологияи гумрукиро ҳамчун маҷмўи хизматрасониҳо баррасӣ намудан мумкин аст.

Вобаста ба ин, ҳангоми баррасӣ кардани проблемаи мазкур, назариёт оид ба таҳлили сифати хизматрасониҳои гумрукӣ, талаботи имрўзаи аз ҷониби иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ пешниҳодшавандаро нисбат ба сифати чунин хизматрасониҳо (барасмиятдарории гумрукӣ, интиқоли мол ва воситаҳои нақлиёт аз сарҳади гумрукӣ, ҷойгиркунии мол дар анбори нигоҳдории муваққатӣ ва ғайраҳо) аҳамияти ҷиддӣ додан зарур аст.

Ҳамин тариқ, хизматрасониҳои самараноку босифати гумрукӣ ба афзоиши суръати раванду расмиёти гумрукӣ мусоидат намуда, хароҷоти соҳибкор ва истеъмолгари ниҳоии молро кам мекунанд. Ба ҳамин восита манфиатҳои соҳаи фаъолияти иқтисоди хориҷӣ ва нақши танзими гумрукӣ дар ҳалли масъалаҳои амнияти миллӣ баланд мегардад.

Самаранок ба роҳ мондани соҳаи хизматрасонӣ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ барои рушди муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ мусоидат намуда, дар таҳкими рушди босуботи фаъолияти мақомоти гумрук пояи устувор мегузорад.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2