САМТҲОИ ИДОРАКУНИИ ҚАРЗИ ДАВЛАТӢ
Идоракунии сифатнок ва самарабахши қарзи давлатӣ - низоми комили принсипҳои идоракунии қарз ва таъсиси низоми шаффофи идоракунӣ бо истифодаи расмиёт ва механизмҳои дақиқи идоракунии қарз ва инчунин вуҷуд надоштани уҳдадориҳои аз муҳлат гузаштаи қарз мебошад.
Идоракунии қарзи давлатӣ барои ноилҳои иқтисодӣ, мақсадҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ, ки аз тарафи тамоюлҳои пешрафти иҷтимоӣ ба вазъи кунунии иқтисодӣ муайян карда мешавад, равона гардидааст. Дар байни ҳадафҳои асосии иқтисодӣ таъмини эътидоли иқтисодӣ, рушди истеҳсолот ва нигоҳ доштани рақобатпазирии он дар бозори ҷаҳонӣ; ҳадафҳои иҷтимоӣ тавсия мекунанд, таъмин намудани суботи иҷтимоӣ ва пешрафти иҷтимоӣ, ҳадафҳои сиёсӣ дар асоси ақидаи нигоҳ доштани устувории низоми сиёсӣ ва амнияти миллӣ афзал медонанд. Ноил шудан ба ин мақсадҳо ба идоракунии қарзи давлатӣ, бахусус қарзи беруна, чуноне таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, дар бисёр мавридҳо на танҳо истиқлолияти иқтисодии кишвар возеҳ мекунад, балки ҳифзи истиқлолияти давлатӣ дар як андозаи муайян вобаста аст.
Қарзи давлатии берунӣ, яъне қарзи ҷамъшудаи субъектҳои хоҷагидорӣ ва мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар назди ғайрирезидентҳо омили ҳалкунандаи рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикстон дар асри ХХI ба шумор меравад. Чунин вазъият ба тамоюлҳои муосир мувофиқ буда, нишон медиҳад, ки иқтисодиёти ҷаҳонӣ дорои каср ё нишонаҳои қарздорӣ мебошад. Барои бисёр давлатҳо дар ҷараёни амалӣ намудани пардохтҳои дохилӣ, пўшонидани касри буҷети давлатӣ, гузаронидани сиёсати иҷтимоию иқтисодӣ, иҷрои вазифаҳои худ ва пардохт намудани уҳдадориҳои қарзи берунии худ захираҳои молиявии худӣ кифоя намекунад. Дар мамлакатҳои гуногун, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таносуби маблағҳои қарзгирифташуда ва қарздодашуда як хел нестанд, ки ин ҳолат нишонаи қарздории берунии давлат ба шумор меравад.
Иқтисодиёти қарзӣ дар натиҷаи вайроншавии сохторҳои муносибатҳои иқтисодӣ ба вуҷуд меояд. Ин вайроншавӣ аз сабабҳои зерин пайдо мешавад.
1. Фишурдани ҳалокатоварии буҷети давлат.
2. Болоравии иқтисодиёти ниҳонӣ.
3. Пастшавии ҳаҷми хароҷотҳои давлат дар иқтисодиёт.
4. Болоравии ҳаҷми маблағҳои напардохташуда дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт.
5. Долларизатсияи иқтисодиёт.
6. Демонтаризатсия ва бартаризатсияи иқтисодиёт.
Пайдоиши қарзи давлатӣ сабабҳои ҷанг, буҳронҳои молиявию иқтисодӣ, пастшавии истеҳсолот ва ғайра мегарданд. Дар чунин мамлакатҳо, вақте даромади миллӣ маҳдуд мегардад ва ё наметавонад афзун шавад, пардохтҳои андозӣ кам шуда, боиси пайдоиши касри буҷет мегарданд. Чӣ қадаре ҳаҷми қарзи давлатии берунӣ зиёд бошад, барои пардохти он ҳамон қадар бештар маблағҳои иқтисодиёти миллӣ ва соҳаҳои молиявии он истифода мешаванд.
Роҳи ягона оид ба ҳалли мушкилоти қарзи давлатӣ, ки барои ҳамаи мамлакатҳо қобили қабул бошад, муайян нашудааст. Аз тарафи дигар, дар амал ҳамаи мамлакатҳо қарздор мебошанд. Тамоюли ба пуррагӣ адо кардани қарзи давлатӣ, ҳатто аз ҷониби мамлакатҳои муваффақ мушоҳида намешавад. Қарзи давлатӣ ҳеҷ вақт ҳамчун падидаи манфӣ шуморида намешавад. Дар ҳалли як қатор мушкилоти иқтисодиёти миллӣ сиёсати қарзӣ нақши муҳимро мебозад. Ба ҳамаи мамлакатҳо маълум аст, ки хусусияти манфии қарз ин алоқаи он бо ташаккули бори қарз барои наслҳои оянда мебошад. Ба оқибатҳои номатлуби қарзи давлатӣ инчунин инҳо дохил мешаванд:
- коҳишёбии самаранокии иқтисодиёт, зеро маблағҳо аз сектори истеҳсолии иқтисодиёт ба хизматрасонии қарз ва пардохти худи қарз равона мешаванд;
- такрортақсими даромад аз бахши хусусӣ ба давлатӣ;
- аниқтар шудани фарқияти даромадҳои табақаҳои гуногуни аҳолӣ;
- баландравии меъёри фоиз дар натиҷаи бозтамвили қарз, ки он дар давраи кўтоҳмуҳлат ба кам шудани сармоягузорӣ оварда мерасонад.
- Дар давраи дарозмуҳлат бошад, ин ба камшавии захираи сармоя ва иқтидори истеҳсолии мамлакат оварда расониданаш мумкин аст;
- зарурати пардохти фоиз аз рўйи қарз баланд бардоштани андозҳоро тақозо намуданаш мумкин аст, ки ин ба заифшавии таъсири омилҳои иқтисодӣ оварда мерасанад.
Барои кам кардани таъсири манфии қарзгириҳои давлатӣ ба иқтисодиёти мамлакат, зиёд намудани таъсири мусбати он ба афзоиши иқтисодӣ бояд қарзи давлатиро самаранок идора намуд.
Зери мафҳуми идоракунии қарзи давлатӣ маҷмўи чораҳои ба ҳам алоқаманд барои муайян намудани ҳаҷм, муҳлат, шакл ва шароити ташаккул, адо ва хизматрасонии уҳдадориҳои қарзӣ дар алоқамандӣ бо идоракунии дороиҳои беруна фаҳмида мешавад.
Идоракунии қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба уҳдаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё мақомоти ваколатдори он - Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон гузошта шудааст.
Маҷмўи тадбирҳое, ки бо идоракунии қарзи давлатии дохилӣ ва беруна алоқаманданд, инҳоро дар бар мегиранд:
- ҳалли масъала дар бораи таносуби қарзгириҳои дохилӣ ва беруна;
- омўхтани имкониятҳои қарзгирии воқеӣ дар шаклҳои гуногун ва ба муҳлатҳои гуногун аз қарздиҳандагони гуногун;
- ташаккули тасаввурот дар бораи «нарх»-и имконпазир дар ин ё он шакл;
- муайян намудани маблағи умумии қарзгирӣ, ҳудуди болоии қарзи дохилӣ ва беруна дар аввал ва охири қарзи буҷетӣ;
- муайян намудани воситаҳои мушаххаси қарзгирӣ.
Масъалаҳои асосие, ки дар ҷараёни идоракунии қарзи давлатӣ ҳал мешаванд, инҳоянд:
- муайян намудани андозаи мувофиқи қарзи дохилӣ ва беруна, ки бехатарии иқтисодии давлатиро таъмин менамояд;
- паст намудани арзиши қарз ба воситаи дароз намудани муҳлати қарзгириҳо, паст намудани даромаднокии коғазҳои қиматноки давлатӣ, ҷустуҷўи сармоягузорони аз ҳама «муфидтар»;
- аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ иҷрои уҳдадориҳои молиявии ба худ гирифта ва ба ин восита ҳам дар бозори дохилӣ ва ҳам дар бозори беруна нигоҳдории обрўи қарзгирандагони якуминдараҷа;
- истифодаи самаранок ва мақсадноки маблағҳои ба қарз гирифташуда; - таъмини устувории бозори уҳдадориҳои қарзи давлатӣ.
Самаранокии ҷараёни идоракунии қарзи давлатӣ истифодабарии усулҳои муайянро дар назар дорад. Усулҳои бевоситаи идоракунии қарзи давлатиро, ки дар таҷрибаи ҷаҳони истифода мешаванд, ба ду гурўҳ ҷудо намудан мумкин аст.
- усулҳои маъмурии идоракунии қарзи давлатӣ;
- усулҳои иқтисодии (бозории) идоракунии қарзи давлатӣ.
Ҳар як гурўҳи усулҳоро алоҳида баррасӣ мекунем.
Усулҳои маъмурӣ бо қабули қарор аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ки барои барориш ва паҳнкунии уҳдадориҳои қарзӣ дар назди қарздиҳандагон масъуланд, алоқаманд мебошанд. Ин усулҳо гуногунанд:
1. Нулкунонӣ (барҳамдиҳӣ). Нулкунонӣ бо ду сабаб гузошта мешавад: дар ҳолати даст кашидани давлат аз адои қарз бо сабабҳои гуногун, аз ҷумла дар ҳолати муфлисшавии давлат.
Оқибатҳои манфии нулкунонии қарз барои иқтисодиёти мамлакати қарздор:
- гум кардани боварӣ ба мамлакати қарздор;
- маҳдуд шудани имкониятҳои қарзгириҳои минбаъда дар бозорҳои байналмилалии молиявӣ барои маблағгузории иқтисодиёт дар ҳолати нарасидани захираҳои дохилӣ;
- эҳтимолияти коҳиш ёфтани савдои беруна;
- афзоиши ноустувории бозори дохилӣ, ихроҷи сармояи молиявӣ аз мамлакат.
2. Аз ҳисоб баровардани уҳдадориҳои қарзӣ. Барои қарздиҳанда манфиати аз ҳисоб баровардани қарз дар зиёдшавии эҳтимолияти адои қисми боқимондаи қарз мебошад. Манфиати усули аз ҳисоб баровардани уҳдадориҳои қарзӣ барои мамлакатҳои қарзгиранда маҳдудкунии аз даст додани даромад ва ё ихроҷи сармояи молиявӣ аз мамлакат.
3. Таҷдид (реструктуризатсия). Калимаи «реструктуризатсия» маънои тартиб додани ҷадвали нави барои қарздор мувофиқи пардохти қарз, нисбат ба онеро, ки аз қолабҳои намунавии созишномаи қарзӣ бармеояд, дорад. Дар ин ҳолат давраи имтиёзноки пардохти фоизҳо дароз карда мешавад, инчунин давраи пардохти қарзи асосӣ зиёд карда мешавад. Ин ба мамлакати қарздор сабукии кўтоҳмуҳлат медиҳад. Аммо қарзи умумии вай на танҳо кам намешавад, балки аз ҳисоби пардохтҳои иловагӣ фоизҳо зиёд мешавад.
4. Бозтамвил. Бозтамвили қарз маънои ҷалби қарзҳои нав бо мақсади бартараф намудани қарздориҳои пешинаро дорад. Дар ин ҷо бо ҳолате бисёртар вомехўрем, ки дар он бозтамвили қарз асосан аз ҳисоби худи қарздиҳандагоне, ки қарзҳои пеш додаи онҳо зери таҳдиди адо намудан буданд, амалӣ мешаванд. Агар дар бозтамвили қарз ба шартҳои қарздиҳӣ сабукиҳои назаррас дода нашавад, ин қарзгирандаро ба зиёдшавии бепоёни қарз ва пардохтҳои аз рўи он, бе ягон ояндаи ҳалли ниҳоии мушкилот рў ба рў мекунад.
5. Тамдиди қарз ба созишнома дар бораи таърихи иҷрои уҳдадориҳои қарзӣ, ки қарзи давлатиро ташкил медиҳад, асос ёфтааст.
6. Муттаҳидкунии қарз ин аз нав ба расмият даровардани қарз ба воситаи муттаҳид намудани уҳдадориҳои қарзии гуногун мебошад.
Ба усулҳои иқтисодии идоракунии қарз инҳо дохил мешаванд:
- фидия ё пеш аз муҳлат адо намудани қарз;
- конверсияи (табдилдиҳии) қарз ба воситаҳои ғайриқарзӣ (саҳмияҳо, лоиҳаҳои сармоягузорӣ);
- секюритикунонӣ (табдилдиҳии қарз ба воситаҳои нави қарзӣ).
Конвексияи (табдилдии) қарз. Конвексияи (табдилдиҳии) қарз ба моликият ин ҷараёнест, ки ба воситаи он дилхоҳ воситаи қарзӣ, ки аз номи қарзгирандаи мамлакати тараққикунанда бароварда шудааст ва ё бевосита худи қазгирандаи мамлакати тараққикунанда баровардааст, ба моликият ё сармоя табдил дода мешавад. Механизмҳои табдилдиҳӣ, чун қоида, гузаронидани уҳдадориҳои қарзиро ба уҳдадориҳои нав, ки бо асъори маҳаллӣ ифода шудаанд, таъмин менамояд.
Своп «қарз - саҳмияҳо». Дар доираи қолабҳои стандартии своп «қарз - саҳмияҳо» қарздиҳандагон аз ҳуқуқҳои шартномавии худ нисбати қарздоре, ки уҳдадориҳои худро иҷро карда наметавонад, ба ивази қисми муайяни саҳмияҳои ў даст мекашанд.
Своп «қарз - захираҳо ба мақсади рушд». Қобили ивази қарз ба захираҳо ба қолаби своп «қарз - саҳмияҳо» монандӣ дорад. Қарз аз ҷониби ташкилотҳои хайрияи байналмилалӣ ё аз ҷониби мамлакатҳои тараққикарда дар бозори дуюминдараҷа бо тахфиф харидорӣ карда мешавад ва баъди ба уҳдадорие, ки бо асъори маҳаллӣ аз рўйи номинал ё бо тахфифи камтар дар бозорҳои дуюминдараҷа истифодашаванда пардохт мешаванд, мубодила карда мешавад.
Своп «қарз - мол». Ин намуди конверсия (табдилдиҳӣ) дар назди қарздиҳандагони тиҷоратӣ бо он алоқаманд аст, ки мамлакати қарздор адои уҳдадориҳоро ба воситаи додани ҳуқуқи фурўхтани мол бо нархи муқарраргардидаро пешниҳод менамояд. Қисми муайяни маблағи фурўш ба мамлакати қарздор баргардонида мешавад, боқимондаи маблағ, ки пешакӣ мувофиқа карда шудааст, дар ҳисоби қарздиҳанда барои адои қарз захира карда мешавад.
Секюитикунонӣ. Секюитикунонӣ воситаи идоракунии қарз ба ҳисоб рафта, дар вақти истифодабарии он барориши уҳдадориҳои нави қарзӣ дар намуди вомбарг, ки ба қарзҳои куҳна иваз ё дар бозори озод мефурўшанд, гузаронида мешавад. Ин қобили таҷдиди қарзи беруна дар шароити созиш байни қарзгирандагон дар бораи эътироф намудани афзалиятҳои уҳдадориҳои нави қарзӣ нисбати қарзҳои пешина бамаврид аст.
Ба андешаи мо, дар ҷараёни идоракунии қарзи берунӣ дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати ҳалли вазифаҳои зерин ба миён омадааст:
1. Нигоҳ доштани сатҳи қарзи берунӣ дар ҳамон ҳаҷме, ки ба бехатарии иқтисодии мамлакат хавф надошта бошад.
2. Ҷорӣ намудани назорат ба ҷадвали баргардонидани қарзи берунӣ, то ки ягон марҳилаи вазнини ба вуҷуд наояд ва қисми бештари қарз дар ҳолати рушди иқтисодиёт баргардонида шавад.
3. То ҳадди пасттарин кам кардани арзиши қарзи беунӣ аз ҳисоби дароз намудани муҳлати баргардонидани қарз ва кам кардани даромаднокии он.
4. Дар муҳлати муқарраршуда ва пурра баргардонидани қарз, то ки аз ҷониби қарздиҳандагон ҷарима таъйин нашавад ва обрўву нуфузи мамлакат ҳамчун қарзгирандаи боэътимод таъмин карда шавад.
5. Фароҳам овардани шароит барои он ки қарзи ғайридавлатии берунӣ ба рушди бахши хусусӣ, бе расонидани таъсири сахт ба тавозуни пардохт ва устувории қурби асъор мусоидат намояд.
6. Таъмини истифодаи мақсаднок ва самараноки маблағҳои қарзгирифташуда.
7. Беҳтар намудани қобилияти қарзгирии мамлакат дар бозори молиявӣ, ки имкон медиҳад нуфузи он ҳамчун қарзгиранда баланд бардошта шавад.
8. Таъмини пешгўйикунӣ ва муътадилии бозори уҳдадориҳои қарзӣ.
Дар хулоса гуфтан мумкин аст, ки дар ҳолати афзудани ҳаҷми қарзи давлатии берунӣ дар раванди мустаҳкам намудани қурби асъори миллӣ, нигоҳ доштани боварӣ ба асъори миллӣ, мубориза бо таваррум, таъмини захираҳои зарурии асъори хориҷӣ мушкилоти зиёд пеш меояд. Дар ин самт яке аз оқибатҳои имконпазири манфӣ девалватсияи асъори миллӣ, яъне паст шудани қурби асъори миллӣ дар муносибат бо асъори хориҷӣ шуда метавонад. Ҳамин тариқ, коэффитсиенти баргардонидани қарз яке аз нишондиҳандаҳои асосии иҷро кардани уҳдадориҳои қарзии давлат дар назди қарздиҳандагони хориҷӣ ба шумор меравад. Ин нишондиҳанда имкон медиҳад қобилияти қарзпардозии давлат, аз нуқтаи назари аз ҷониби ҳукумат ва резидентҳо харидорӣ карда тавонистани асъори хориҷӣ барои баргардонидани қарзи давлатии берунӣ, муайян карда шавад.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё