Зеҳн

ТУРИЗМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ: ВАЗЪИЯТ, ИМКОНИЯТҲОИ РУШД ВА ДУРНАМОИ ОН

ЗЕ
Зеҳн13 сентябри 2026 · 10 дақиқа хондан

Дар аввалҳои асри ХХI туризм яке аз соҳаи афзалиятноки иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангию сиёсӣ дар аксари кишварҳои ҷаҳон ҳамчун фаъолияти ҷадид ва даромаднок ба роҳ монда шуд. Ин соҳа дар бисёр мамолики ҷаҳон ҳамчун соҳаи сердаромад ба иқтисоди миллии кишварҳо маҳсуб мешавад.

Мафҳуми туризм ё сайёҳӣ васеъ буда, онро чунин шарҳ додан дуруст аст: Туризм ё худ сайёҳӣ ин намуди фаъолияте мебошад, ки ба солимгардонӣ, шиносоӣ бо фарҳангу маданият, варзишӣ ва дигар ҳадафҳои воситаҳои саёҳат ва истиқомати муваққатии берун аз ҷойи истиқомати доимӣ равона шудааст. Ашхосе, ки ба саёҳат ва ё худ туризм машғул мебошанд, турист ё сайёҳ меноманд, ин мафҳумро чунин шарҳ додан мумкин аст: Сайёҳ ҳар шахсе, ки ба мақсадҳои гуногун ба ғайр аз фаъолияти корӣ, берун ва дохили мамлакат бо мақсади истироҳат, варзиш, шиносоӣ бо фарҳангу маданияти ягон минтақа сафар мекунад, ба ҳисоб меравад.

Дар соҳаи иқтисоду демография аслан се намуди асосии туризми байналхалқиро фарқ мекунанд: танаффусӣ, илмӣ ва тиҷоратӣ.

Туризми танаффусӣ - туризме, ки бо дамгирӣ дар маънои васеаш, яъне истироҳатӣ вобаста аст. Ба он сафарҳо бо мақсади табобат, иштирок дар мусобиқаҳои варзишӣ, вохўрӣ бо дўстон ва ғайраҳо метавонанд дохил шаванд.

Туризми илмӣ - ин иштироки ашхос дар симпозиумҳои илмӣ, маҷлисҳо, анҷуманҳо, олипиадаҳои илмӣ ва ғайра мебошад.

Туризми тиҷоратӣ - ин вохўриҳои тиҷоратӣ, ташрифот ба ширкатҳо, намоишгоҳҳои молҳои гуногун бо мақсади шиносшавӣ ва имкониятҳои бастани шартномаҳои минбаъда мебошад.

Аз рўйи аломат ва ё навъи фаъолият ду намуди туризмро аз ҳам ҷудо мекунанд, яъне дохилӣ ва байналмилалӣ.

Туризми дохилӣ - ин намуди туризми ватанӣ дар дохили мамлакати худ амалӣ мегардад, масалан: саёҳат дар доираи қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки доимо дар он зиндагӣ мекунанд.

Туризми байналмилалӣ - ин саёҳат ба дигар мамлакат, яъне аз як мамлакат ба мамлакати дигар сафар намуданро дар назар дорад. Дар навбати худ, ин навъи туризм ба ду қисмати дигар, хориҷӣ ва воридотӣ ҷудо мешавад:

Туризми хориҷӣ - ин саёҳати шахсони доимо дар як ҷумҳурӣ сукунатдошта ба дигар мамлакатҳо мебошад.

Туризми воридотӣ бошад, сайёҳонеро дар назар аст, ки доимо дар як ҷумҳурӣ сукунат надоранд.

Шаклҳои туризм аз рўйи баъзе аломатҳояшон ба шаклҳои зерин ҷудо мешаванд: мақсади асосии саёҳат, хислати ташкили саёҳат, интенсивнокии (шиддатнокӣ) ҳаракати туристӣ, давомнокии ҳаракати туристӣ, давомнокии саёҳат, синну сол, ҷинс, нақлиёти истифодашуда ва шаклҳои ҳамкорӣ.

Вобаста ба мақсади асосии саёҳат чунин шаклҳои аз ҳам фарқкунандаи туризмро ҷудо мекунанд: рекреатсионӣ, маърифатӣ, илмӣ, корӣ ва этникӣ.

Туризме, ки бо мақсади истироҳат, беҳдошти тандурустӣ ва табобат равона шудааст, туризми рекреатсионӣ ном бурда мешавад Бояд тазаккур дошт, ки омадани ашхос ба санаторияҳои махсус (ҳам дар ҳолати ҷой доштани варақаи корношоямӣ ва ҳам набудани он) ба туризм мансуб нест, чунки дар ин ҳолат санатория ин яке аз шакли табобатхона ба ҳисоб меравад.

Туризми маърифатӣ ё ин ки фарҳангӣ гуфта, намуди саёҳат ба мақсади шинос шудан бо ҷойҳои таърихию фарҳангӣ ва манзараҳои нотакрори табиӣ равона шудааст.

Туризми илмӣ - дар туризми илмӣ иштирок кардан дар конгрессҳо, симпозиумҳо, олимпиадаҳои илмӣ ва амсоли инҳо бартарӣ дорад, инчунин сафарҳои экскурсионӣ низ ба ин намуд туризм дохил мешавад.

Туризми корӣ - (сафари соҳибкорон ба мақсадҳои корӣ) намуди хеле инкишофёфтаистода ва даромадноки туризм мебошад.

Туризми этникӣ ин сафарҳо барои вохўрӣ кардан бо хешовандон, рафиқон ва ғайра вобаста мебошад.

Ба соҳаи туризм фарҳанг, соҳаи нақлиёт, бехатарӣ, вазъи меҳмондорию меҳмонхонаҳо ва ғайра зич вобастагӣ доранд. Ба ҳисоби туризми дохилӣ солона қариб нисфи аҳолии кураи Замин ба саёҳат мебароянд. Туризм дар муносибатҳои байналмилалӣ ҷойи намоёнро ишғол менамояд: аз 7,3 млрд аҳолии кураи Замин ҳар сол зиёда аз 1 млрд аҳолии он мамлакатҳои хориҷаро бо мақсадҳои саёҳат намудан сайр менамоянд. Вобаста ба ин якчанд ташкилотҳое дар ҷаҳон таъсис дода шудаанд, ки ба соҳаи туризми байналмилалӣ вобаста шудаанд. Мисоли онҳо ВТО, IATA, ICAO, PATA, WTTC ва ғайраҳо мебошанд. Инчунин дар СММ ташкилоте бо номи ВТО (ТУТ) (Всемирная туристическая организация) фаъолият менамояд. Ташкилоти мазкур барои ҳалли масоили ба соҳаи туризми байналмилалӣ вобастабуда таъсис дода шудааст.

Туризми байналмилалӣ на танҳо шакли маъмули истироҳат, инчунин такондиҳандаи соҳаи иқтисодиёти ҷаҳонӣ мебошад. Вобаста ба ин метавон гуфт, ки дар се даҳсолаи охир шумораи саёҳон дар ҷаҳон чор маротиба ва даромад аз ин ҳисоб бисту панҷ маротиба афзудааст.

Имрўз дар содироти ҷаҳонии молу хадамот туризм баъд аз маҳсулоти нафт ва истеҳсолу фурўши автомобил дар ҷои саввум қарор дорад. Мувофиқи баъзе маълумотҳои оморӣ дар соҳаи мазкур беш аз 297 млн. нафар кору фаъолият доранд. Мувофиқи маълумотҳои ташкилоти туризми байналмилалӣ суръати афзоиши туризми байналмилалӣ дар 1 сол зиёда аз 4%-ро ташкил медиҳад. Саҳми туризми байналмилалӣ дар соҳаи савдою хадамот дар ҷаҳон зиёда аз 30% мебошад. Вобаста ба ин, афзоиши суръати урбанизатсия ба васеъшавии соҳаҳои хизматрасонии сайёҳӣ оварда мерасонад. Дар шароити имрӯза барои инкишофи соҳаҳои хизматрасонии туристӣ дар кишварҳои ҷаҳон масъалаҳои зиёде мушоҳида мешаванд. Соҳаи сайёҳӣ яке аз масъалаҳои муҳимми ҷаҳони муосир ба ҳисоб меравад ва гуфтан мумкин аст, ки соҳаи туризм дар иқтисодии мамлакат нақши асосиро ишғол менамояд. Далели ин гуфтаҳо дар мисоли Испания оварда мешавад, мувофиқи маълумотҳои шабакаҳои интернетӣ дар соли 2017 82 млн. туристи хориҷӣ ин кишварро сайр намудаанд, ки ин аз соли 2016-ум 9% зиёдтар аст. Дар навбати худ даромад аз ин ҳисоб 12% афзуд, яъне ба 87 млн евро расид. Мувофиқи пешгӯии ихтисосмандони ин соҳа оид ба ташрифи туристон ба минтақаҳои гуногуни олам дар соли 2020-ум 1602 млн. нафарро ташкил медиҳад.

Вобаста ба минтақаҳо туризм самту равишҳои сершумор дорад ва ҳар кадом мушкилот, хусусиятҳо ва фарқияту талаботи худро доранд, ки ба соҳаҳои зерин ҷудо мешаванд:

- Туризми табобатӣ, санаторию истироҳатӣ;

- Кўҳнавардӣ, туризми варзиши кўҳӣ ва экологӣ;

- Туризми таърихию омўзишӣ ва этнографӣ;

- Туризми касбӣ (геологӣ, ҷуғрофӣ, биологӣ);

- Қаиқронӣ дар дарёҳои кўҳӣ (ратинг);

- Варзиши лижатозии кўҳӣ;

- Туризми шикор, моҳигирӣ, ташкили экспедитсияҳо, саёҳат ба мавзеъҳои дастнорас ва ғайраҳо.

Сайёҳӣ ё худ туризм дар сиёсати имрўзаи Ҳукумати Тоҷикистон бо назардошти захираҳои бузурги табиию рекреатсионӣ ва мероси бойи таърихию фарҳангии кишварамон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷаҳонӣ мубаддал мегардад. Аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани соли 2018 ҳамчун «Соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ» беасос нест, чунки ин соҳа яке аз соҳаҳои афзалиятнок ва сердаромад ба ҳисоб рафта, бисёре аз мамолики ҷаҳон ин соҳаро ҳамчун соҳаи сердаромад дар рушди иқтисоди миллӣ мешуморанд.

Ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 185 субъекти хоҷагидорӣ, чӣ ашхоси ҳуқуқӣ бо шуъбаҳо ва намояндагиҳояшон, чи ашхоси воқеӣ, ки ба фаъолияти соҳаи сайёҳӣ алоқаманд аст, ба қайд гирифта шудааст. Дар байни онҳо зиёда аз 51 меҳмонхона, 125 муассисаи истироҳатию сайёҳӣ, 9 муассисаи санаторию истироҳатӣ, ҳамчунин муассисаҳои варзишию солимгардонӣ, корхонаҳои махсусгардонидашудаи савдо, боғҳою мамнўъгоҳҳои табиӣ, корхонаҳои нақлиётӣ, тарабхонаҳо, агентию намояндагиҳои таблиғотӣ ва ғайра мавҷуданд.

Барои исботи ин гуфтаҳо мо метавонем якчанд ташкилот ва ё субъектҳои хоҷагидорие, ки ба соҳаи туризм рабт доранд, ном барем:

- Помир Осиёи Марказӣ;

- Помир Пикс;

- Артуч;

- Боми ҷаҳон тур;

- Сайру саёҳати кӯҳӣ;

- Гиди Помир;

- ҶДММ «Ҷавоҳир»;

- Атлас Травел;

- Сарез Травел;

- Зурмич ва ғайра.

Туризм ба фароҳам сохтани ҷойҳои нави корӣ, беҳбуди вазъи заминаҳои нақлиёту коммуникатсия, афзоиши ҳаҷми сохтмон ва савдо мусоидат мекунад. Дар баъзе кишварҳо ҳаҷми даромад аз сайёҳӣ беш аз 50%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад. Ҳукумати Тоҷикистон Консепсияи рушди туризм барои солҳои 2009-2019-ро қабул кардааст, ки дар он самтҳои афзалиятноки рушди ин соҳа муайян карда шудаанд. Мувофиқи ин Консепсия, то соли 2020 ташрифи беш аз 1 млн. нафар сайёҳ ба Тоҷикистон пешбинӣ шудааст. Қобили зикр аст, ки соли 2014 аз рӯи раддабандии (рейтинги) нашрияи электронии Globe Spots, Тоҷикистон аз ҷиҳати ҷаззобият барои сайёҳӣ дар ҷаҳон баъди кишвари Малта ҷои дуюмро гирифт. Ин нишондод боз ҳам ҷалби сайёҳони дохилию хориҷиро нисбат ба Тоҷикистони зебоманзар зиёд хоҳад намуд. Дар пурсише, ки аз ҷониби нашриёти The Independent дар соли 2015 оид ба кишвари бехатар барои гаштугузори шабона бо иштироки 142 ҳазор нафар аз 141 давлати дунё баргузор карда шуд, кишвари мо дар даҳгонаи беҳтарин ҷойи ҳаштумро баъд аз Сингапур, Гонконг, Норвегия, Испания, Руанда, Индонезия, Словения ишғол намуд. Яъне, дар сатҳи ИДМ Тоҷикистон давлати аз нигоҳи таъмини бехатарии сайёҳ дар ҷойи аввал меистад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бунёдгузори асосии рушди соҳаи сайёҳӣ, муаррифгари Тоҷикистони муосир ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷалби бешумори сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат ба ҳисоб мераванд, борҳо дар суханронии хеш вобаста ба ин соҳаи даромадноки кишвар суханронӣ намуда, оид ба омода намудани мутахассисони ихтисосманди соҳаи мазкур таъкид намуда, иброз намуданд, ки дар марҳилаи зерини тараққиёти иҷтимоии кишвар яке аз самтҳои асосии сиёсати иқтисодӣ ин тараққиёти туризми байналмилалӣ мебошад.

Дар айни ҳол дар кишвар зиёда аз 35 санади меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи соҳаи сайёҳӣ қабул гардидааст, ки онҳо ба рушди соҳа шароити мусоид фароҳам овардаанд.

Ҳамин тавр, туризм ва ё туризми байналмилалӣ соҳаи васеъ ва зудтараққикардаистодаи хоҷагии ҷаҳони муосир ба шумор меравад ва омўзиши масъалаҳои гуногуни ин соҳа барои иқтисодиёти Тоҷикистон ва корхонахои дар ин соха амалкунанда аҳамияти бузург дорад, чунки ҷумҳурии мо қариб ҳамаи заминаҳоро барои рушду инкишоф додани соҳаи хизматрасонии туристиро доро мебошад. Соҳаи мазкур ба афзоиши шуғли аҳолии мамлакат мусоидат намуда, ба рушдёбии давлатҳои алоҳида ва ба иқтисодиёти ҷаҳон таъсир мерасонад.

Бо имкониятҳои васеъшавии савдои байналмилалӣ ва намуди дигари муносибатҳои байналмилалии иқтисодӣ, баланд бардоштани сатҳи маданият ва маориф, туризми байналмилалӣ ҳам инкишоф меёбад. Туризм, ки имрўз соҳаи дар ҷараёни инкишофбудаи фаъолияти иқтисодии хориҷиро дар бар мегирад, дар аксарияти мамлакатҳои ҷаҳон ба соҳаи бо суръати баланд ташаккулёфтаистодаи тиҷорати калон мубаддал гаштааст. Мувофиқи нишондодҳои шабакаҳои интернетии ба соҳаи иқтисодиёт ва туризм рабтдошта ҳиссаи тиҷорати туристӣ наздик 10,5%-и маҷмўи маҳсулоти миллии ҷаҳонӣ, зиёда аз 7%-и маблағгузории асосии умумӣ, 11- %-и хароҷоти истеъмолии ҷаҳонӣ ва зиёда аз 5%- и ҳамаи даромадҳои андозиро ташкил медиҳад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ чӣ хеле, ки қайд гардид, афзалиятҳои зиёде оид ба рушди соҳаи туризм дода шуда, барномаву консепсияҳо қабул шудаанд, мисоли он метавонад «Барномаи рушди туризм дар солҳои 2015- 2017» бошад. Мувофиқи ин барнома саёҳон аз афзалиятҳои зиёде бархўрдор хоҳанд буд ва ин раванд боз ҳам ташрифи туристонро ба кишвари азизамон зиёд хоҳад намуд.

Барои дохил шудан ба туризми байналмилалӣ моро мебояд як қатор вазифаҳои муҳимро ҳал намоем:

- Омода намудани инфрасохтори сайёҳӣ;

- Баланд бардоштани маданияти меҳмондории шаҳрвандон;

- Қабул ва гусели меҳмонон;

- Дуруст муаррифӣ намудани имкониятҳои туристии Тоҷикистон;

- Пурра намудани сатҳи хизматрасонӣ дар меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо, ошхонаҳо, осорхонаҳо, қаҳвахонаҳо ва ғайра.

Хулоса, бояд қайд намоем, ки Тоҷикистон гавҳари кашфношудаи соҳаи сайёҳӣ буда, метавонад дили ҳазорҳо сайёҳи байналмилалиро тасхир намояд. Агар мо ба ин восита сайёҳонро ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон, аз қабили «Сарихосор», «Ромит», «Қайроққум», «Даштиҷум», «Қаратоғ», «Чилдухтарон», «Ҳафткўл», «Чилучаҳорчашма», «Арчамайдон» ва дигар мавзеъҳои сайёҳӣ ҷалб карда тавонем, ба беҳбудии сатҳи зиндагии мардум, албатта, мусоидат хоҳад кард. Чунки соҳаи сайёҳӣ яке аз самтҳои афзалиятноки иқтисодиёти кишвар ба ҳисоб рафта, дар ғанӣ гардонидани буҷаи мамлакат таъсири мусбат мерасонад, инчунин дар рушднамоии бахши хусусӣ асос мегардад.

Пешниҳодҳо барои рушди соҳаи сайёҳӣ:

- баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, аз қабили назорати сарҳадӣ ва хизмати гумрукӣ, инчунин хизматрасонӣ дар ҷойҳои фарҳангӣ-фароғатӣ (меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо, ошхонаҳо, қаҳвахонаҳо, осорхонаҳо, боғҳои фарҳангӣ, фурўшгоҳҳо ва хизматрасониҳои нақлиётӣ).

- омода намудани инфрасохтори сайёҳӣ.

- омода ва чоп намудани буклетҳо, маълумотномаҳо, лавҳаҳо ва дигар ҷузъҳои тарғиботии соҳа, ҳамчунин таъсиси сомонаҳо барои муаррифии мавзеъҳои сайёҳӣ.

- бо роҳи вусъат додани корҳои фаҳмондадиҳӣ баланд бардоштани маданияти меҳмоннавозии шаҳрвандон.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2