Зеҳн

ИННОВАТСИЯ – ОМИЛИ АСОСИИ РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ

ЗЕ
Зеҳн13 сентябри 2026 · 10 дақиқа хондан

Пешрафти инноватсия дар илму техника доимо барои пайдошавии соҳаҳою корхонаҳои нав боис мегардад. Дар айни ҳол, дар шароити нав инноватсия дар иқтисодиёт хусусиятҳои хоссаро пайдо намудааст. Рушди самараноки иқтисоди миллӣ аз инноватсия вобастагӣ дорад. Аз рўи талаботи бозорӣ корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ бунёд мешаванд, ки фаъолияти онҳо бидуни технологияҳои нав аз имкон берун аст.

Ҷорӣ намудани инноватсия ба иқтисоди миллӣ яке аз омилҳои асосии таъмини бехатарии иқтисодӣ маҳсуб меёбад. Чунончи, дар мамлакатҳои тараққикардаи бозорӣ омили рушди иқтисодӣ инноватсия дар иқтисодиёт мебошад. Бо ин роҳ кишварҳои пешрафта ба бунёди иқтисодии миллии худ асос мегузоранд.

Муносибатҳои нави иқтисодӣ дар замони муосир Ҷумҳурии Тоҷикистонро фаро гирифтаанд. Аз ҷумла, мушкилоти хусусияти иқтисодидошта низ имрўз бо мурури замон тағйир ёфта истодааст. Ва ин тағйирот дар сиёсати иқтисодию иҷтимоии кишвар, сатҳи иқтисодии давлат, қудрати давлатдорӣ, мавқеи географӣ ва самти асосии иқтисодиёти давлатӣ вобастагӣ дорад.

Ҳангоми ба вуҷуд омадани ҳолати буҳрони молиявӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи нави рушди иқтисодиро ба даст овард ва дар роҳи рушди устувор ба ҳадафҳои мушаххас ноил гашт.

Илми иқтисодиёти муосир пайваста ба равандҳои инноватсионӣ такя мекунад. Дар ин баробар, метавонем мафҳуми инноватсияро шарҳ диҳем. Инноватсия дар иқтисодиёт ба маънои такмил додан, ҷорӣ намудани намуди нави истеҳсол, ташкил ва идоракунии нави хизматрасонӣ, ақидаҳои нав, донишҳои нави интеллектуалӣ, (иқтисодиёти зеҳнӣ) мебошад. Инчунин метавон зикр кард, ки ба яке аз қисмҳои ҷудонашавандаи рушди иқтисоди миллӣ ва нишондодҳои макроиқтисодӣ инноватсия бо шаклҳои гуногуни худ дохил мешавад. Бояд гуфт, ки инноватсия паҳлуҳои зиёд дорад. Аммо мо дар ин ҷо танҳо самти иқтисодиёти инноватсиониро мавриди тадқиқот қарор медиҳем.

Иқтисодиёти инноватсионӣ (иқтисодиёти технологӣ-иттилоотӣ ва зеҳнӣ) як намуди иқтисодиётест, ки дар он такмили мунтазами инноватсионӣ дар ҷараёни технологӣ ва истеҳсолӣ дида мешавад.

Дар шароити иқтисодии муосир амалигардонии равандҳои инноватсионӣ ва ҷорӣ намудани навовариҳо дар иқтисодиёт тақозои замон аст. Яъне, «шарти зарурӣ дар иқтисодиёт истифодабарии комёбиҳои илм ва техника, фаъолияти навҷорисозии субъектҳои хоҷагидор мебошад».

Дар марҳилаи кунунӣ инноватсия чун қувваи ҳаракатдиҳандаи тараққиёти иҷтимоӣ-иқтисодӣ баҳри расидан ба мақсади асосӣ буда, соҳибкоронро водор месозад, ки аз усулҳои инноватсионӣ оқилона истифода баранд. Ба ақидаи С.Ҷ. Комилов: «Соҳибкор дар шароити бозор мақоми муҳимеро соҳиб аст, ки аз самаранокии фаъолияти вай раванди ташаккулёбии бозор, дараҷаи қонеъгардонии талаботи он, дар истеҳсолот ҷорӣ намудани навигариҳои илмӣ- техникӣ, ташкилию технологӣ ва рушди устувори иқтисодӣ вобастагӣ дорад».

Ба ин муносибат, ба ҳолати сифатан нав гузаштани иқтисодиёт зарур аст, ки барои ҷоннок намудани фаъолияти инноватсионӣ ва ташаккул додани потенсиали инноватсионӣ дар ҷумҳурӣ аз барномаҳои «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» амалигардида истифода бурда шавад.

Дар ин баробар таваҷҷуҳи Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ барои ҳифзи манфиатҳои иқтисодии кишвар ва баланд бардоштани қобилияти рақобати истеҳсолоти ватанӣ зиёд аст. Аз ҷумла, дар Паёми навбатӣ қайд намуданд: «Мо бояд минбаъд низ доир ба ҳифзи манфиатҳои иқтисодии кишвар, истифодаи самараноку оқилонаи имконияту захираҳои мавҷуда ва дарёфти сарчашмаҳои нави рушди иқтисодӣ, баланд бардоштани қобилияти рақобати истеҳсолоти ватанӣ ва татбиқи технологияҳои инноватсионӣ кўшиш намоем».

Аз ин ба хулосае омадан мумкин аст, ки барои баланд бардоштани қобилияти рақобати истеҳсолӣ соҳибкорон аз технологияҳои инноватсионӣ истифода баранд. Чун барои соҳибкорон дар кишвар заминаҳои мусоид, шароити хуби истеҳсолӣ муҳайё гардидааст.

Тазаккур бояд дод, ки як қатор проблемаҳои рўзмарра дар соҳаи иқтисодиёт имрўз назаррасанд. Суръати кунунии иқтисодиёти кишварҳои тараққикарда бештар аз истифодабарии навъҳои инноватсия иборат аст. Бинобар ин дар шароити муосир танҳо инноватсия имконияти рақобатпазир буданро дорад. Масалан, “Дар аввали асри ХХ1 ИМА аз ҳисоби маҳсулоти навоварӣ 690 млрд. доллари ИМА даромад овард, Ҷопон - 680 млрд. доллари ИМА, Ҷумҳурии халқии Хитой - 138 млрд. доллари ИМА, Федератсияи Россия танҳо 3 маҳсулотро ба фурўш баровард, ки 9 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дод”.

Дар робита ба ин масъала, мушкилоти асосӣ дар иқтисодиёти миллӣ кам ба назар расидани механизмҳои илмию технологӣ ва инноватсионӣ мебошад. Масъалаҳои инноватсионӣ ва механизмҳои рушди иқтисодӣ дар иқтисодиёти миллӣ ҳалталабанд. Проблемаҳои инноватсионӣ дар марҳилаи инноватсионии корхонаҳо хеле муҳим буда, барои баланд бардоштани рақобатпазирии соҳибкорон равона карда шудааст.

Питер Друкер оид ба соҳибкорӣ ва инноватсия чунин андешаронӣ кардааст: “Инноватсия барои соҳибкор воситаи махсус ва ташкили захираҳои нав мебошад”. Аммо мафҳуми инноватсияро баъзе аз олимон ҷустуҷўи ҳалли моли нав дар истеҳсолот ва хизматрасонӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ба воситаҳои захираҳои табиӣ маънидод кардаанд. Ба андешаи мо: “Инноватсия ин шакли моли куҳнабударо ба шакли нав табдил додан ва ё дигаргунӣ дар истеҳсол номидан мумкин аст”.

Баробари ин иқтисодиёти инноватсионӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон медиҳад, ки захираҳои энергетикӣ ва маҳсулоти нави технологии олӣ, сифати беҳтарнамудаи маҳсулот, навъҳои нави маҳсулоти истеҳсолшударо ба бозори ҷаҳонӣ содир намояд. Аз ин рў, қадамҳои муҳим дар ин самти инноватсия иҷро намудани уҳдадориҳо мебошад, яъне таҷдиди истеҳсолоти минтақавӣ барои ташаккул додани ширкатҳо, таҷдиди лоиҳаҳои миллӣ дар соҳаҳои аграрӣ, тандурустӣ, маориф ва саноат.

Азнавсозии иҷтимоию иқтисодӣ дар мамлакат бидуни таъмини равандҳои инноватсионӣ аз имкон берун аст. Азнавсозии илмию технологӣ бошад, аҳамияти бузургро дар иқтисодиёт дорост. Дар айни ҳол проблемаи асосии ташкилотҳои саноатӣ ин ҷорӣ намудани фаъолияти инноватсионӣ мебошад. Зарурати қабули ин фаъолият барои ба даст овардани иқтидори истеҳсолии инвеститсионӣ равона шудааст.

Ҷумҳурии Тоҷикитсон кишвари аграрӣ буда, дар он хусусиятҳои кишоварзии ватанӣ вуҷуд дорад. Аз ин рў, инноватсия дар шумораи зиёди хоҷагидорӣ ба назар гирифта намешавад. Дар ин самт соҳибкорон дар соҳаи аграрӣ бо воситаҳои корхонаҳо якҷоя метавонанд равандҳои инноватсияро ҷорӣ намоянд.

Дар 27 соли дастёбии истиқлолияти миллӣ пешрафти илму техника ба мо маълум сохт, ки инноватсия ба рушди босуръати иқтисодӣ таъсир расонида, дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазириро ба вуҷуд овардааст. Тўли солҳои сипаришуда Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чандин равандҳои инноватсионӣ ноил гашт.

Дар ин росто дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нақш ва нуфузи технологияҳои муосир дар рушди иқтисоди миллӣ таъсири мусбат мерасонанд. Бояд қайд кард, ки дар низоми иқтисодӣ, ки муносибатҳои нави гуногуни бозориро фаро гирифтааст, истифодаи самараноки коркардҳои технологӣ сохторҳои инноватсионӣ маҳсуб меёбанд.
Дар ин баробар моро зарур аст, ки ба соҳаҳои мавҷуда ва соҳибкорони ватанӣ фикру ақидаҳоро оид ба ҷорӣ намудани инноватсия мавриди баррасӣ қарор дода, ислоҳот дар соҳаи иқтисодиёт дар шакли дастурамалҳо ва мақолаҳои илмӣ пешниҳод намоем. Чуноне қайд кардаанд: “Дар асоси ҳар як ислоҳоти иҷтимоию иқтисодӣ системаи истеҳсолӣ муносибатҳои нави истеҳсолиро муайян мекунад”.
Бояд гуфт, ки самтҳои инноватсионӣ дар иқтисодиёт бисёранд, аммо имрўз бештар дар иқтисодиёти инноватсионӣ танҳо истифодабарӣ аз технологияҳои муосир фаҳмида мешавад, ки ин андеша гўё пешрафти инноватсия дар иқтисодиёт бошад. Албатта, ин ақида дуруст аст, аммо инноватсия на танҳо истифодабарии технологияву таҷҳизоти нав, балки ақидаи нав, маҳсулоти нав, донишҳои нав низ ҳисоб мешавад.

Бояд гуфт, ки иқтисодиёти инноватсионӣ падидаест дар иқтисодиёти ҷаҳонӣ, ки дар асоси донишҳои нав (донишҳои илмӣ), навовариҳо, қабули идеяҳои нав, таҷҳизоти нав ва технологияҳои муосир дар соҳаҳои мухталифи инсонӣ ифода ёфтааст.

Имрўз диққати бештар ба технологияҳои замонавӣ дода мешавад, ки бидуни онҳо фаъолият кардан аз имкон берун аст. Инкишофёбии соҳаи иқтисоди ҷумҳурӣ низ аз фароҳам овардани фаъолияти корӣ бо технологияҳои муосир эҳё мегирад, яъне “Дар айни замон давраҳои ояндаи иқтисодиёт ба итмом мерасад ва рақобатпазирон дастовардҳои нав - микроэлектроника ва технологияҳои иттилоотиро муайян кардаанд”.

Табиист, ки ба муносибатҳои иқтисодӣ ҳар рўз навгониҳо ворид мешаванд, ки ин боиси пешравӣ ва ба имкониятҳои нав мушарраф шудан аст. Аз мушоҳидаҳо аён аст, ки тараққиёти инноватсионӣ дар мамлакати ҷавони мо дар марҳилаи душвор қарор дорад. Дар ин самт имкониятҳо бисёранд, вале истифодабарии онҳо барои иқтисодчиён аз мадди назар дур мондааст.

Устувории иқтисоди миллӣ дар шароити муосир такя мекунад ба дастовардҳои нав ва рақобатнокии соҳибкорон дар бозори ҷаҳонӣ ба воситаи ҷорӣ намудани инноватсия дар молу маҳсулот. Ҳамаи навовариҳо дар натиҷаи тадқиқот ва ихтироъкорон, инчунин эҷодиёту фикрҳои олимони соҳавӣ ба вуҷуд омадаанд. Ба ин маъно: “Ҳамаи ин навовариҳо натанҳо худашон пайдо шудаанд, балки онҳо дар натиҷаи кори эҷодии олимон, ихтироъкорон ва фикрҳои нафароне, ки пешкаш менамоянд, пайдо шудаанд”.

Рушди иқтисодӣ на танҳо бо татбиқи инноватсияҳо имконпазир аст, балки истиқлолияти иҷтимоию иқтисодӣ низ асос барои рушди инноватсия мебошад. Инноватсия бо мақсади ба даст овардани натиҷаи мусбӣ, навсозии иқтисодӣ ва истифодаи омилҳои иқтисодӣ равона шудааст. Механизмҳои рақобатпазир дар нимаи асри ХХ ба равандҳо ва азнавсозии иқтисодӣ, натиҷаи шиддатноки афзоиши иқтисодӣ таъсир расонид. Дар даҳсолаи охир рушди афзалиятҳои рақобатпазирӣ нишон медиҳад, ки иқтисоди ҷаҳонӣ дар раванди инноватсионӣ нақши муҳим мебозад.

Аз ин лиҳоз, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи рушди инвеститсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020 ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти инноватсионӣ низ қабул карда шудаааст, ки асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, шартҳои ташаккулёбӣ ва татбиқи сиёсати давлатии истеҳсолшуда, истифодабарии захираҳои табиии ватанӣ ва ғайраҳо инноватсиониро муайян ва муносибатҳои ҷамъиятиро дар ин соҳа танзим менамояд.

Барномаҳои инноватсионии давлатӣ ҳамчун асос барои ташаккули сиёсатгузории инноватсионӣ дар корхонаҳо ва барои таъмини субъектҳои соҳибкорӣ хизмат мекунанд. Аз ин лиҳоз, бояд низоми инноватсионии миллӣ қабул карда шавад. Ин низом барои танзими давлатии фаъолияти инноватсионӣ равона карда мешавад.

Дар ин росто, қайд кардан бамаврид аст, ки ҳар як ташкилот ва соҳибкор бояд фонди инноватсионӣ ташкил намояд. Чун ин фонд барои пешбурди фаъолияти инноватсионии соҳибкорӣ кумак мерасонад.

“Фонди инноватсионӣ – шахси ҳуқуқие, ки фаъолияти он мусоидат намудан ба рушди фаъолияти инноватсионӣ тавассути маблағгузории лоиҳаҳои инноватсионӣ ва инфрасохторӣ, инчунин дигар хизматрасониҳо дар соҳаи инноватсия мебошад”. Нафароне, ки ба соҳибкорӣ машғуланд, мехоҳанд, ки маҳсулоти навро истеҳсол намоянд, пеш аз ҳама, метавонанд лоиҳаи инноватсионии худро ба соҳибкорон пешниҳод намуда, соҳибкорон лоиҳаро мавриди баррасӣ қарор дода, аз фонди инноватсионии худ метавонанд ба лоиҳаи инноватсионии пешкашкардашуда маблағгузорӣ намоянд.

Вобаста ба ин тавассути таъсиси ин гуна фондҳо якчанд навоварӣ дар иқтисодиёти миллӣ ҷорӣ намудан мумкин аст:

  • технология дар истеҳсолот бо хусусиятҳои нав;

  • технология ҳангоми истифодабарии усулҳои пешрафтаи истеҳсолот;

  • ташкили идоракунӣ бо равандҳои нави истеҳсолӣ;

  • ташкили оқилонаи иттилоот дар соҳаи фаъолияти илмӣ-техникӣ ва инноватсионӣ, баланд бардоштани эътимоднокӣ ва самаранокӣ;

  • ҳадафҳои иҷтимоӣ: беҳбудии шароитҳои корӣ дар истеҳсолот;

  • ташкил намудани фондҳои инноватсионӣ ва муассисаҳои венчурӣ;

  • ба роҳ мондани маърифати иқтисодӣ ва истеҳсолӣ;

  • истифодабарии захираҳои табиии ватанӣ дар технологияҳои муосир.

Дар ин маврид метавон гуфт, ки намудҳои инноватсия хеле зиёд мебошанд, ки мо якчандтои онро нишон додем. Метавон гуфт, ки дар раванди инноватсионӣ таҳия ва татбиқи усулҳои нави технологӣ, усулҳои нави раванди истеҳсолот ё ҳамбастагии он, натиҷаҳои тадқиқот дар раванди истеҳсолот низ истифода бурда мешаванд.

Чунин навовариҳо барои баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот, таъминоти технологияҳои нав, фароҳам овардани усулҳои алтернативии истеҳсолӣ кумак мерасонанд.

Вобаста аз параметрҳои технологӣ, инноватсияҳо ба маҳсулот низ тақсим карда мешаванд:

  • навовариҳои истеҳсоли маҳсулотӣ;

  • истифодаи маводи нав дар истеҳсолот;

  • маҳсулот ва компонентҳои нави нимтайёр;

  • ба даст овардани маҳсулоти нав.

Раванди навовариҳо маънои усулҳои нави истеҳсолотро дар технологияҳои нав мефаҳмонад. Дар ин баробар бояд гуфт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази навоварон (инноватсия дар иқтисодиёт) ташкил ва ба роҳ монда шавад.

Масъалаи асосӣ ташаккули пойгоҳи истеҳсолӣ бо технологияҳои нав ва дар шароити тағйирёбии технологӣ кам намудани хароҷоти молиявӣ мебошад. Дар тиҷорати соҳибкорон низ мушкилот бештар дида мешавад, чун онҳо асосан таҷҳизоти пешинаро истифода мебаранд. Бояд онҳо аз таҷҳизоти универсалӣ, ки ба талаботи муосир ҷавобгў аст, истифода намоянд.

Таҷрибаҳои ҷаҳонӣ нишон медиҳанд, ки маориф, илм ва технологияҳои инноватсионӣ калиди ҳамаи комёбиҳои иқтисодии корхона ва самаранокии онҳо дар рақобатпазирӣ мебошад. Бояд эътироф кард, ки донишу илм асоси пешрафти иқтисодиёти инноватсионӣ дар ҷаҳони муосир аст.

Дар шароити муосири рушди олам ва иқтисодӣ оид ба афзоиши сифатии иқтисоди миллӣ, пеш аз ҳама, бояд истеҳсоли маҳсулоти ватаниро тавассути ҷорӣ намудани инноватсия ба роҳ монем. Й. Шумпетер чунин мешуморад, ки “навгониҳои технологии бунёдӣ маҳз дар марҳилаҳои таназзул пурра ба вуҷуд меоянд”.

Ҷалби ҳамаҷонибаи сифатии захираҳои табиӣ ба афзоиши иқтисодӣ ва иқтисоди инноватсионӣ имкониятҳои васеъ медиҳад. Аз ин рў, кишвари мо имкониятҳои ҷорӣ намудани навовариҳоро дар иқтисодиёт дорад ва ҳатто метавонад аз таназзули (депрессияи) иқтисодӣ барояд.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2