Зеҳн

НАҚШИ ТАРИФИ ГУМРУКӢ ДАР БАТАНЗИМДАРОРИИ ФАЪОЛИЯТИ ИҚТИСОДИ ХОРИҶӢ

ЗЕ
Зеҳн13 сентябри 2026 · 7 дақиқа хондан

Тарифи гумрукӣ маҷмўи ставкаҳои боҷҳои гумрукӣ буда, ҳамчун унсури асосии батанзимдарории давлатии савдои хориҷӣ ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин, фишанги сиёсати тиҷорати батанзимдароварандаи давлатии бозори дохилии кишвар бо ҳамбастагӣ бо бозори ҷаҳонӣ мебошад. Дар ин замина, тартиби мукаммали ситонидани боҷҳои гумрукиро аз молҳои воридотӣ ва содиротӣ дар назар дорад ва ставкаҳои он бо дарназардошти манфиатҳои иқтисодии ҳар кишвар муқаррар карда мешаванд.

Маҳз тарифи гумрукӣ ҳамчун воситаи ҳимояи манфиатҳои иқтисодӣ ва молистеҳсолкунандаи ватанӣ ба ҳисоб меравад. Бинобар ин фаъолияти Созмони умумиҷаҳонии савдо ба ин масъала алоқамандии зич дорад. Баъд аз анҷоми ҷанги дуюми ҷаҳон соли 1947 баҳри барқарорсозии иқтисоди ҷаҳонӣ Созишнома дар бораи тариф ва савдо баста шудааст. Мақсади асосии созишномаи мазкур паст намудани меъёрҳои боҷҳои гумрукӣ ва аз байн бурдани маҳдудиятҳои теъдоди квота, субсидия мебошад. Соли 1990 ваколатҳои Созишнома дар бораи тариф ва савдо ба Созмони умумиҷаҳонии савдо супурда шуд. Яке аз талаботи асосӣ барои аъзо шудан ба Созмони умумиҷаҳонии савдо паст ва мувофиқа намудани ставкаҳои боҷҳои гумрукии воридотии кишвари дархостгар ба ҳисоб меравад.

Боҷи гумрукӣ, андози ғайримустақим барои моли воридотӣ, содиротӣ, аз ҷониби мақомоти гумрук ҳангоми воридоти мол ба сарҳади гумрукии он ва содироти мол аз ин сарҳади гумрукӣ бо ставкаҳои дар тарифи гумрукӣ муқарраршуда ситонида мешавад. Чунин андоза қисми даромади буҷети давлатӣ ба шумор рафта, ҷузъи ҷудонашавандаи чунин содирот ва воридот ба ҳисоб меравад. Ҳарчанд кодексҳои андозу гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон мафҳуми боҷи гумрукӣ ва мақсадҳои тарифи гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян накардаанд, лекин дар баробари мақсад ва вазифаи фискалии тарифи гумрукӣ ҳадафи дигари он ҳимояи манфиатҳои молистеҳсолкунандагони ватанӣ ба шумор меравад.

Асосан муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи андозу гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амалия мақсадҳои тарифи гумрукиро таъмин менамоянд. Зеро ҳангоми воридоти мол ба сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари боҷи гумрукӣ, андоз аз арзиши иловашуда ва аксиз (андози аксизӣ барои молҳои зераксизӣ) ситонида мешавад. Мутобиқи моддаи 181 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муомилоти андозбандишаванда ва воридоти андозбандишаванда меъёри якхелаи андоз аз арзиши иловашуда 18% муайян шудааст. Мувофиқи моддаи 196 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсоли молҳои зераксизӣ ва воридоти чунин молҳо бо аксизҳои меъёри якхела андозбандӣ карда мешаванд. Аммо, боҷи гумрукии воридотӣ бошад, аз молҳои воридотӣ ситонида мешавад ва дар навбати худ, ба ҷуз ҳолатҳои барзиёд супоридан ва ё барқарор намудани низоми имтиёзнок барои моли қаблан воридшуда ҳисобӣ карда намешавад. Дуруст аст, ки боҷҳои гумрукии содиротӣ низ вуҷуд доранд, аммо боҷи гумрукии содиротӣ ҳамчунин мақсади батанзимдарории бозори дохилиро дошта, барои баъзе молҳои ватании содиротӣ муқаррар карда мешавад.

Дар навбати худ, сарчашмаҳои адабиёти махсуси соҳа ва қонунгузории амалкунанда, боҷҳои гумрукиро ба тариқи зайл таснифбандӣ менамоянд:

- боҷҳои гумрукии адвалорӣ - ба арзиши гумрукии моли мавриди андозбандӣ қароргирифта бо фоиз ҳисоб карда мешаванд;

- махсус - тибқи ҳаҷми муқарраршудаи воҳиди моли мавриди андозбандӣ қароргирифта ҳисоб карда мешавад;

- омехта – ҳар ду навъи зикршудаи ставкаҳои боҷҳои гумрукиро дар бар мегиранд.

Ҳангоми таҳти андозбандӣ қарор додани моли воридотӣ истифодабарии намудҳои гуногуни боҷҳои гумрукии мазкур имконияти аз байн бурдани ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукиро ба миён меорад. Дар сурати ба таври сунъӣ паст нишон додани арзиши гумрукии моли воридотӣ маблағи боҷи гумрукии адвалорӣ кам ҳисоб карда мешавад, аммо боҷҳои гумрукии махсус ва омехта имконият медиҳанд, ки новобаста аз паст будани арзиши гумрукӣ аз воҳиди мол пурра ҳисоб карда шавад. Барои мисол, 1 адад воситаи нақлиёти сабукрав, соли бароришаш 2005, бо нишон додани арзиши гумрукии он 7000 доллари ИМА ва бо доштани ҳаҷми муҳаррики 3000 см3 ворид мегардад. Дар сурати мавҷуд будани ставкаи боҷи гумрукии адвалорӣ 5% ва махсус бо ставкаи 0,15 евро барои 1см3, маблағи боҷи гумрукӣ бо тариқи зайл ҳисоб карда мешавад:

Мбг = Аг Мб Қд /100 , сомонӣ

Аз ин ҷо: Мбг – маблағи боҷи гумрукӣ, сомонӣ
Аг - арзиши гумрукӣ, сомонӣ
Мб- меъёри боҷи гумрукӣ, ки бо фоиз ба арзиши гумрукӣ муқаррар гардидааст
Қд – қурби доллар, ки Бонки миллии Тоҷикистон муайян кардааст (барои 1 доллари ИМА 8,81 дирам ва барои 1евро 10,97 дирам муайян шудааст). Он гоҳ, Мбг = 7000*8,81*5/100 = 3084 сомонӣ

Ҳисоб намудани боҷи гумрукӣ нисбати молҳое, ки боҷбандӣ бо меъёри ставкаи махсус боҷбандӣ мешаванд, ба тариқи зайл муайян карда мешаванд:

Мбг = Шм Ме Ке, сомонӣ

Аз ин ҷо: Мбг - маблағи боҷи гумрукӣ, сомонӣ
Шм - ҳаҷми муҳаррики воситаи нақлиёт, см3
Ме – ставкаи боҷи гумрукӣ бо Евро барои воҳиди мол
Қе – қурби Евро, ки Бонки миллии Тоҷикистон муайян кардааст (барои 1евро 10,97 дирам муайян шудааст).
Мбг = 3000см3*0,15 *10,97 = 4937 сомонӣ

Аломатҳои дар боло овардашуда, ба андешаи мо, возеҳ нишон медиҳанд, ки мизони ставкаҳои боҷҳои гумрукии мукаммал ва бо назардошти хусусият, навъ, таркиб ва дигар омилҳо барои молҳои воридотӣ муқарраршуда метавонад сатҳи канораҷўӣ аз пардохти андозҳоро паст намояд ва таъмингари манфиатҳои молистеҳсолкунандагони ватанӣ бошанд.

Ҳамчунин, барои танзими фаъолияти тиҷорати хориҷӣ чораҳои ғайритарифӣ бо мақсади ҳимояи манфиатҳои иқтисодӣ нисбати моли воридотӣ метавонанд муваққатан истифода шаванд (махсус, зиддидемпингӣ ва ҷубронӣ).

Боҷҳои махсус ба сифати тадбири муҳофизатӣ, агар мол ба қаламрави гумрукии ягон кишвар ба чунин миқдор ё шартҳое ворид шавад, ки он тавонад ба истеҳсолкунандагони ватании моли шабеҳ ва ё моли бевосита рақобаткунанда зарар расонад ё таҳдиди зарар расонидан намояд, истифода мегарданд.

Боҷҳои зиддидемпингӣ дар сурати ворид намудани мол ба қаламрави гумрукии ягон кишвар бо нархи нисбат ба нархи гумрукии миёнаи омории дар кишвари содиркунанда дар лаҳзаи воридот ниҳоят пасттар, агар чунин воридот ба истеҳсолкунандагони дохилии моли шабеҳ зарари моддӣ расонад, ё таҳдиди зарар расонидан намояд, ё ба ташкил ва ё ба бештар истеҳсол намудани чунин мол дар кишвари молворидшаванда мамониат кунад, истифода мегарданд.

Боҷҳои ҷубронӣ ҳангоми ба қаламрави гумрукии ягон кишвар ворид намудани моле, ки ҳангоми истеҳсол ё содир кардани он бевосита ё бавосита аз субсидия истифода шудааст. Агар чунин воридот ба истеҳсолкунандагони ватании моли шабеҳ зарари моддӣ расонад, ё таҳдиди зарар расонидан намояд, ё ба ташкил ва истеҳсоли бештари моли шабеҳ дар кишвари молворидшаванда мамониат кунад, истифода бурда мешаванд.

Намудҳои боҷҳои хоси гумрукӣ (махсус, зиддидемпингӣ ва ҷубронӣ) мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардида ва ситонида мешаванд.

Яке аз унсурҳои дигари танзими тарифию гумрукии муносибатҳои иқтисодии хориҷӣ ин номгўи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ мебошад.

Номгўи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ дар асоси Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи ҳамоҳангсозӣ ва рамзгузории молҳо аз 14 июни соли 1983 дар Брюссел тартиб дода шудааст ва Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон No1385 аз 28 августи соли 2004 ба он ҳамроҳ гаштааст. Номгўи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ барои андешидани тадбири танзими гумрукию тарифӣ ва ғайритарифӣ, инчунин намудҳои дигари фаъолияти иқтисодии хориҷӣ пешбурди омори гумрукии тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода бурда мешавад. Дар навбати худ, тарифи гумрукӣ дар асоси номгўи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ муназзам гардонида мешавад. Илова бар ин, дар тарифи гумрукии принсипҳои ташдиди тарифӣ афзоиши мизони боҷҳои гумрукӣ бо дарназардошти сатҳи коркарди мол ҷой дода мешавад. Истифодаи он имконият медиҳад, ки ставкаҳои боҷҳои гумрукии воридотӣ барои ашёи хом нисбат ба моли тайёри аз ҳамин ашёи хом истеҳсолшуда пасттар муайян карда шавад.

Дар тарифи гумрукӣ мизонҳои боҷҳои гумрукии сифрӣ, кам кардани ставкаҳои боҷҳои гумрукӣ ва озод кардан аз пардохти боҷҳои гумрукӣ истифода мегарданд, ки онҳо бо тартиби яктарафа, мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии миллӣ ва байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.

Тибқи моддаи 341 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ставкаҳои боҷҳои гумрукӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад ва боҷҳои гумрукӣ ҳангоми декларатсия кардани мол дар низомҳои гумрукие, ки шартҳои таҳти ин низом ҷойгиркунонӣ супоридани боҷҳои гумрукиро муайян мекунанд, пардохта мешаванд.

Мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон No450 аз 25 октябри соли 2003 «Дар бораи тарифи гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ставкаҳои боҷҳои гумрукиро барои молҳои ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда муайян кардааст. Тарифи гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси номгўи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ муназзам шуда, барои тамоми навъи молҳо, яъне 97 гурўҳ номгўи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ муқаррар шудааст. Тибқи қарори мазкур ставкаҳои боҷи гумрукӣ барои молҳои воридотӣ 2,5; 5; 7; 10 ва 15 фоиз буда, мизони миёнаи он 7,9 фоизро ташкил медиҳад.

Ҳамин тариқ, маълум аст, ки давлат ҳангоми муқаррар намудани ставкаи боҷи гумрукӣ бо назардошти манфиатҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии давлат, ҷамъият ва ҳар шахси алоҳидаи кишвар амал мекунад. Ставкаҳо ва умуман тарифи гумрукӣ василаи хеле зудтаъсиркунандае мебошад, ки истифодаи дурусташ ба таносуби баробари сохтори воридоту содирот, ҳимояи манфиат ва таъмини амнияти иқтисодии Тоҷикистон, ҳифзи молистеҳсолкунандагони ватанӣ аз рақобати хориҷиён ва ҳамгироии самараноки кишвар ба системаи равобити иқтисодии ҷаҳон мусоидат менамояд.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2