Зеҳн

УҲДАДОРИИ СОҲИБКОРИ ИНФИРОДӢ ДАР МУНОСИБАТҲОИ ҶАМЪИЯТӢ

ЗЕ
Зеҳн13 сентябри 2026 · 7 дақиқа хондан

Рушди устувори соҳибкорӣ кафолати инкишофи боэътимоди иқтисодиёт ва паст гардидани шиддати таъсири буҳрон буда, барои афзун шудани буҷети давлатӣ хуб мусоидат мекунад. Чӣ тавре аз маъхазҳои илмӣ бармеояд, соҳибкорӣ ҳамчун қувваи пешбаранда, неруи созанда ва муҳаррики иқтисодиёт эътироф шудааст. Соҳибкорӣ дар шароити бозор ба дараҷаи қонеъгардонии талаботи он, дар истеҳсолот ҷорӣ намудани навигариҳои илмӣ-техникӣ, ташкилию технологӣ ва рушди устувори иқтисодӣ вобастагӣ дорад.

Таҷрибаи имрўза нишон медиҳад, ки фаъолияти соҳибкорони инфиродии дар асоси патент фаъолияткунанда то андозае дар рушди иқтисодиёт ва зиёд гардонидани буҷети мамлакат саҳм гузошта истодааст.

Дар давраи пешбурди тадқиқот вобаста ба мавзўи матраҳшаванда муайян гардид, ки соҳибкорӣ дар худ беҳтарин хусусиятҳо ва бартариятҳои иқтисодиро дар муносибатҳои бозорӣ таҷассум намуда, яке аз омилҳои муҳимтарини зиёд шудани суръати рушди иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии мамлакат мебошад.

Агар мо имрўз ба рушди инкишофи давлатҳо назар намоем, дар он давлатҳо ташкили корхонаҳои хурду миёна ва дар ин раванд дастгирии соҳибкорони инфиродӣ зиёд ба назар мерасад. Албатта, ташкил ва фаъолияти соҳибкории инфиродӣ барои афзоиши маҷмўи маҳсулоти дохилӣ ва даромади миллӣ хеле зарур мебошад.

Пеш аз он ки ба уҳдадории соҳибкор назар афканем, сараввал ба мафҳуми соҳибкор аҳамият додан зарур аст, ки дар адабиёти илмӣ–ҳуқуқии кишвар олимони ватанӣ чӣ тавр мафҳуми онро баррасӣ намуда, хусусияти онро чӣ гуна тавсиф намудаанд.

Бояд қайд намуд, ки дар осори илмии миллӣ уҳдадории соҳибкор чунин дарҷ шудааст: «Соҳибкорӣ, сардори кор, хўҷаин, он ки кореро ба роҳ мемонад, уҳдадори иҷрои чизеро ё кореро ба зимма гирифтан омадааст». Аз мафҳуми додашуда бармеояд, ки соҳибкор ин шахсе мебошад, ки ба фаъолияти мустақили худ амал карда, бо тартиби муқарраркардаи қонун аз қайд мегузарад ва ҳуқуқу уҳдадориҳои дар назди худ гузоштаро иҷро мекунад ва аз фаъолияташ фоида ба даст меорад. Гуфтан ҷоиз аст, ки соҳибкор вазифадор аст аз фаъолияти бароҳмондааш тамоми уҳдадории дар назди худ доштаро бояд иҷро кунад. Соҳибкорӣ, феълан, ин фаъолияти интеллектуалии як фард ё гурўҳи одамони хеле ҷасур, чолок ва ташаббускор аст, ки ҳамаи маблағу захираҳои иқтисодии дар ихтиёрбударо танҳо бо мақсади дар амал ба роҳ мондани кори тиҷорат оқилона истифода мебаранд.

Соҳибкории инфиродӣ хусусияте дорад, ки ояндаи иқтисодии фарди алоҳида, корхона, соҳа ва ҳатто иқтисодиёти мамлакатро метавонад тағйир диҳад.

Мувофиқи муқаррароти моддаи 12 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон давлат фаъолияти озоди иқтисодӣ ва соҳибкориро барои ҳар як шахс дар ҳудуди Тоҷикистон кафолат медиҳад. Аз муқаррароти моддаи мазкур бармеояд, ки ҳар як шахс дар доираи қобилияту малакаи шахсӣ ва молиявӣ метавонад ба ягон намуди фаъолияти соҳибкорӣ, ки қонунгузории давлат иҷозат додааст, машғул шавад.

Чӣ тавре ки дар моддаи 17 зербанди 17-и Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст: «Соҳибкори инфиродӣ – шахси воқеие, ки фаъолияти соҳибкориро бе таъсис додани шахси ҳуқуқӣ тибқи патент ё шаҳодатнома амалӣ менамояд, мебошад». Яъне, аз ин бармеояд, ки соҳибкори инфиродӣ шахси воқеиро дар назар доранд, ки қобилияти пурраи амалкунӣ дорад ва аз қайди давлатӣ гузаштааст.

Афзалияти соҳибкори инфиродӣ дар он аст, ки вай дорои ҳамаи дастаи ҳуқуқ буда, мустақил масъалаҳои истеҳсолию хоҷагидориро ҳал мекунад.

Соҳибкорони инфиродӣ аз рўйи уҳдадориҳое, ки дар худ доранд, ба тамоми дороии худ бояд масъул ва ҷавобгар бошанд. Дар асоси ҳуқуқҳо соҳибкор, дар навбати худ, дорои уҳдадориҳои муайян низ бояд бошад:

- соҳибкор уҳдадор аст нисбати истеъмолкунандагони мол, кор ва хизмат (талабот нисбати сифати хуб ва беҳтари маҳсулоти истеъмолкардашуда);

- умуман, нисбати ҷомеа (масалан, давлат уҳдадории соҳибкориро оид ба ҳифзи муҳити зист, оид ба коргар ва воридоти маҳсулот муқаррар намояд);

- нисбати кормандони кироя (соҳибкор уҳдадор аст, ки шароити беҳтари меҳнатро муҳайё намуда, музди корро пардохт кунад ва дар ҳолати озод кардани кормандон барояшон кумакпулӣ диҳад).

Дар муносибатҳои ҳуқуқии соҳибкорӣ тарафҳои он ба ҳамдигар бо ҳуқуқу уҳдадориҳо алоқаманд мебошанд. Бояд гуфт, ки дар муносибатҳои уҳдадори кредиторон ва қарздорон иштирок мекунанд.

Нисбат ба уҳдадориҳои фаъолияти соҳибкорӣ муҳаққиқи тоҷик Ш.Қ.Ҳасанов чунин ибрози ақида намудааст: «Уҳдадориҳои фаъолияти соҳибкорӣ яке аз унсури муҳими муносибатҳои соҳибкорӣ пазируфта шудаанд». Дар зери уҳдадориҳои субъектҳои соҳибкорӣ фаъолияти ҳатмӣ ва зарурӣ фаҳмида мешавад. Субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ аз иҷрои уҳдадориҳои ба зимма гузошташудаашон ҳуқуқи даст кашиданро надоранд, зеро кафолати таъмини ҳуқуқҳои субъективи соҳибкорӣ ба дараҷа ва иҷрои уҳдадорӣ вобастагии калон дорад.

Уҳдадориҳои субъекти фаъолияти соҳибкорро дар муносибатҳои ҷамъиятӣ ба ду қисм ҷудо намудан мумкин аст:

Уҳдадории фаъол ва ғайрифаъол.

1. Уҳдадории фаъол таркибаш мураккаб аст, субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ дар ҳамон вақт фоида ба даст меоранд, ки агар мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ ба талаботи бозор мувофиқ бошад ва бо риояи қонуниятҳои он пешбурди хоҷагидорӣ намояд, ё андозро сари вақт пардохта, уҳдадории шартномавиро сари вақт ба ҷо орад.

2. Уҳдадории ғайрифаъол таркибаш одӣ аст, зеро рафтори субъект худдорӣ намудан аз амалҳои зиддиқонун мебошад.

Ин усулҳои номбаршуда иҷрои уҳдадориҳоро ба манфиати тарафҳое, ки дар муносибатҳои ҳуқуқи соҳибкорӣ бартарияти ҳуқуқӣ доранд, бештар мегардонад.

Уҳдадории субъекти фаъолияти соҳибкорӣ дар якчанд санадҳои меъёрӣ- ҳуқуқӣ дарҷ шудаанд: қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра.

Соҳибкориро ҳамчун рафтори иҷтимоӣ–иқтисодии фаъол ҳисобидан мумкин аст. Дар моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ шудааст, ки соҳибкор уҳдадор аст, ки:

- мутобиқи қонунгузории меҳнат бо шаҳрвандоне, ки онҳоро ба сифати коргари кироя ба кор мегирад, шартнома ва ҳамчунин бо талаботи коллективҳои меҳнатӣ шартномаи коллективӣ бандад;

- ба коргарони кироя на камтар аз андозаи ҳадди ақали муқаррарнамудаи санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон маош диҳад;

- пардохти саривақтии андозҳо ва дигар уҳдадориҳои молиявии худро дар назди давлат ба иҷро расонад;

- дар барои муфлисшавии худ ва имконнопазир будани адои уҳдадориҳо дар назди қарздиҳандагон арз намояд.

Дар ҷамъбасти мақола ба хулосаи зерин омадан имкон дорад, ки уҳдадории соҳибкории инфиродӣ бояд ба таври дахлдор, мутобиқи шартҳои уҳдадорӣ ва талаботи қонун, дигар асноди ҳуқуқӣ амалӣ карда шавад ва дар ҳолати набудани чунин шарт ва талабот мутобиқи анъанаҳои муомилоти корӣ ё талаботи муқаррарии пешниҳодгардида анҷом дода шавад.

Дар шароити имрўза, аз нигоҳи мо, мушкилоте мавҷуданд, ки ба рушди фаъолияти соҳибкории инфиродӣ таъсир мерасонанд: гарони андоз, сатҳи пасти тараққиёт ва номукаммалии механизмҳои молиявӣ-қарзӣ ва суғуртаи таваккалии соҳибкорони инфиродӣ, сатҳи пасти касбият ва таҷрибаи ками соҳибкорон дар ташкили фаъолияти соҳибкории инфиродӣ. Аз ин хотир, барои дастгирии рушди баланди соҳибкории инфиродӣ, барои рушди иқтисоди миллӣ, ба ақидаи мо, якчанд ҳадафҳоро дар назар гирифтан лозим аст: боз ҳам зиёдтар намудани дастгир ва ҳимояи давлатиии фаъолияти соҳибкории инфиродӣ оид ба имтиёзҳои андозӣ, гумрукӣ, қарздиҳӣ, суғурта. Таҳия ва амалӣ намудани барномаҳои махсус барои рушди соҳибкории инфиродӣ. Зиёд намудани сатҳи ҳуқуқию иқтисодии субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ, агар ин ҳадафҳо ба назар гирифта шаванд, соҳибкори инфиродӣ уҳдадории худро иҷро карда, рушд меёбад.

Инчунин, қабули Кодекси соҳибкорӣ ба мақсад мувофиқ мебошад. Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028 омўзиши зарурат ва асоснокии таҳияи Кодекси соҳибкории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар аст.

Дар анҷоми масъалаи мавриди назар илова кардан бамаврид аст, ки роҷеъ ба мавзўи матраҳгардида, яъне соҳибкории инфиродӣ дар рўзномаи “Минбари ҳуқуқшинос” таҳти унвони “Қабули кодекси соҳибкорӣ - тақозои замон” мақолаи устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон нашр гардидааст, ки дар воқеъ, омўзиш ва амалнамоӣ аз рўи он барои боз ҳам беҳтару муваффақтар ба роҳ мондан ва рушди ин соҳаи муҳим такони ҷиддӣ маҳсуб меёбад. Зеро аз рўйи меъёрҳои муайяншуда кор гирифтан тақозои давру замони имрўза мебошад ва ба ин васила метавонем дар тараққӣ ва вусъати ҳарчи бештари соҳаи иқтисодии кишвар саҳми босазо гузорем.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2