ПРОБЛЕМАҲОИ АХЛОҚИИ ИЛМ
Агар ба таърихи пайдоиш ва ташаккули илм назар кунем, он гоҳ мебинем, ки ахлоқ на дар ҳамаи давраҳои инкишофи илм мавқеи муайян ва ҳалкунанда дорад. Зеро он сабабҳои таърихӣ-иҷтимоӣ дошта, вобаста ба мавқеи илм дар ҷамъият муайян карда мешавад. Масалан, илми Дунёи Қадим, ки дар ибтидои ташаккулёбӣ буд, бештар характери гипотетикӣ-назариявӣ дошта, аз амалияи ҳаёти ҷамъиятӣ дур буд. Аз ҳамин сабаб, характери иҷтимоӣ пайдо накард ва қариб ки аз доираи муносибатҳои ҷамъиятӣ берун монд ва ё ба таври дигар, «илм барои худаш» вуҷуд дошт. Илм дар асрҳои миёна бошад, аз ҳаёти ҷамъиятӣ боз ҳам дуртар рафт, зеро дар зери таълимоти динӣ монда, хизматгори дин шуд. Чунин шакл гирифтани илм боиси он гашт, ки «ҳақиқати илоҳӣ» ба дараҷаи аввал баромада, ҳақиқати илмиро қариб аз байн бурд. Ин ҳолат имкон намедод, ки илм дар ҷамъият ягон нақшеро бозад. Дур будан аз системаи муносибатҳои ҷамъиятӣ ва мавқеи муайян надоштан дар он илмро аз доираи амалия берун баровард. Барои ҳамин, дар бораи масъалаҳои ахлоқии илми ин ду давра гап задан маънӣ надорад.
Заминаҳои инқилоби якуми илмии асри ХVII-ро давраи Эҳё тайёр кард, ки ин як ҷаҳиши сифатӣ дар таърихи илм буд. Зеро илм ба системаи муносибатҳои ҷамъиятӣ дохил шуда, ба як элементи қувваҳои истеҳсолкунанда табдил ёфт. Ин имконият дод, ки илм характери ҷамъиятӣ пайдо кунад ва дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ бевосита иштирок намояд. Протсесси иҷтимоишавии (социализация) илм онро то ба дараҷаи ниҳодшавӣ (институализация) оварда расонд. Чунин хусусият пайдо кардани илм проблемаҳои ахлоқиро пеш овард. Бахусус, проблемаи мазкур аз нимаи дуюми асри XIX сар карда, то ҳол характери актуалии худро гум накардааст ва, баръакс, рўз то рўз актуалитар шуда истодааст.
Асосҳои ахлоқии илм, ин на танҳо масъалаи масъулияти иҷтимоии олим аст, балки, инчунин, масъалаи мавҷудияти этоси иттиҳодияҳои илмӣ ва худи ҷамъият низ мебошад. Муносибатҳои пуртазоди асри ХХ инсонро ба он водор кард, ки оид ба нақш ва моҳияти этоси (ахлоқи) илмӣ чуқур ва ҳаматарафа фикр кунад. Муносибати ахлоқӣ бояд дар ҳамаи фаъолияти илмиву ҳаётии инсон амал кунад. Этоси илмӣ ба асосҳои ахлоқии фаъолияти илмӣ дахл карда, он маҷмўи принсипҳои арзишие мебошад, ки аз тарафи ҷамъияти илмӣ қабул карда шуда, дар худ ҷиҳатҳои иҷтимоӣ ва гуманистии илмро дар бар мегирад. Ҳол он ки, то солҳои наздик, олимон дар ақидаи он буданд, ки ахлоқи илмӣ ин аз риоя кардани меъёрҳои фаъолияти илмӣ, ба монанди дуруст гузаронидани таҷриба, ростқавлию поквиҷдонии илмӣ, муносибати манфӣ доштан ба асардуздӣ, дараҷаи баланди кордонӣ (профессионализм), ҷустуҷўи беғаразона, хусуматчигӣ, пуштибонӣ кардан аз ҳақиқати илмӣ ва ғайра мебошанд. Риоя кардани ин меъёрҳо ба олим имконият медиҳад, ки ба ҳақиқати илмӣ омада расад. Мисли он ки Арасту мегўяд: «Афлотун дўсти ман аст, вале ҳақиқат қиматтар аст».
Хатто, сарсупурдагони илм, монанди Ҷ. Бруно дар зери таҳдиди марг аз эътиқоди худ даст накашид, то ки ҳақиқатро то ба охир ҳимоя кунад. Меъёрҳои ахлоқи илмӣ, асосан, дар шакли кодексҳои ахлоқӣ (яъне, қоидаҳои рафтору кирдор) ифода ёфтаанд. Дар ин ҷода консепсияи этоси илмии сотсиологи амрикоӣ Р.Мертонро номбар кардан мумкин аст. Ў ба маҷмўи қоидаҳои характери эҳсосидошта (эмотсионалӣ), урфу одат, эътиқод ва арзишҳо, ки барои олим заруранд, диққати калон медиҳад. Олими рус В.И.Вернадский мегўяд, ки олимон аз оқибатҳои кори илмии худ ва пешрафти илмӣ набояд чашм пўшанд, балки худро барои натиҷаи кашфиёташон масъул донанд. Як қатор олимон ба монанди Р.Оппенгеймер мувофиқи ахлоқи худ аз иштирок дар сохтани бомбаи водородӣ даст кашиданд. Олими таҷзиякунандаи уран Отто Ган баъди таркиши бомбаи атомӣ дар Хиросима аз кашфиёти худ сахт пушаймон шуда, қасди худкушӣ кард. Ин мисолҳо нишон медиҳанд, ки то чӣ дараҷа нақши ахлоқ дар илм хеле калон аст.
Дар замони ҳозира масъалаи ахлоқ дар илм боз ҳам муҳимтар шудааст. Зеро технологияи муосир инсонро дар ҳолате гузоштааст, ки худ сарчашмаи таъсиррасонӣ ва омўзиш қарор гирифтааст. Ин ҳолатро аз ҳама пештар олимони физикаи атомӣ дарк карданд, ки то чӣ андоза инсоният дар хатар аст. Ҳоло бошад, масъалаи дигаре, ки чунин характер дорад, ин масъалаи биологияи молекулавӣ, генетика, тиб, психология ва ғайра мебошад. Этоси илмӣ на танҳо барои ҳимояи инсон аз таъсири ҷиҳатҳои манфии натиҷаҳои илмӣ равона карда шудааст, балки, инчунин, илмро аз илмҳои дурўғ ва фалсификатсияи илмӣ муҳофизат мекунад. Барои ҳамин ба ҷамъияти илмӣ ҳуқуқ дода шудааст, ки бо чунин зуҳурот муборизаи беамон барад, яъне бо роҳи ҷорӣ кардани санктсияҳо, кандани алоқаҳои илмӣ, қатъ кардани тадқиқоти якҷояи илмӣ ва ғайра.
Ҳатто, дар баъзе ҳолатҳо кор ба ҷое омада мерасад, ки олим натиҷаҳои илмии худро аз ҳама боло гузошта, фикри муқобилро гўш кардан намехоҳад ва ба ин восита нормаҳои ахлоқӣ ва этикаи илмиро вайрон мекунад. Умуман, этикаи илмӣ бисёрҷабҳа буда, он аз озодии ҷустуҷўҳои илмӣ сар карда, то масъулияти иҷтимоии олимро дар бар мегирад. Бахусус, масъалаи озодии тадқиқот бисёр масъалаи баҳснок мебошад. Зеро баъзе олимон дар тадқиқот озодии мутлақ ва беҳудудро мебинанд, вале қисми дигар бошад, онро танзимпазир медонанд. Агар олим дар ҷустуҷўи илми озод набошад, он гоҳ ў то ба охир ба ҳақиқати илмӣ омада намерасад. Ҳол он ки, озодии мутлақ метавонад натиҷаҳои илмиро то ба дараҷаи зидди инсон оварда расонад. Чунин ҳолат олимро (муҳаққиқро) дар байни интихоби ҷустуҷўи озоди илмӣ ва нормаҳои ахлоқӣ мегузорад. Масъалаи дигаре, ки бо проблемаи ахлоқ дар илм зич алоқаманд аст, ин масъалаи масъулияти иҷтимоии олим аст. Агар мақсади олим ин дарёфти ҳақиқати илмӣ бошад, пас натиҷаҳои амалисозии илм ба кӣ ва чӣ вобаста аст?
Баъзе муҳаққиқон (олимон) дар ақидаи он ҳастанд, ки бо назардошти фарқияти байни илми бунёдӣ (фундаментальная наука) ва амалӣ (прикладная наука) масъалаи масъулияти иҷтимоиро дақиқтар кардан лозим аст. Этикаи илмӣ аз олими соҳаи тадқиқоти бунёдӣ талаб мекунад, ки аз истифодаи номатлуби комёбиҳои илмӣ ҳамкасбон ва оммаи васеъро огоҳ кунад, ки ин масъулияти иҷтимоии ў мебошад. Натиҷаи илми бунёдӣ пешгўишаванда ва доираи амалисозии он хеле васеъ аст. Аз ин рў, ягон шахс ҳуқуқи маънавӣ надорад, ки олимро ба риояи масъулияти иҷтимоӣ маҷбур созад. Аммо он қисми донишҳое, ки бевосита инсон объекти омўзиши онҳо қарор гирифтааст, (яъне, чӣ дар доираи илми бунёдӣ ва чӣ амалӣ) бояд аз нигоҳи ахлоқӣ дида баромада шавад.
Зеро ба вуҷуд овардан ва амалӣ сохтани чунин шакли донишҳо, бе истифодаи ба низомдарории онҳо ғайриахлоқӣ мебошад. Илми амалӣ бошад, ин тадбиқи донишҳои бунёдӣ аст. Муайн кардани ҳудуди байни тадқиқоти бунёдӣ ва амалӣ, коркарди илмӣ ва фаъолияти муҳандисӣ мушкил аст, аммо он вуҷуд дорад. Барои он ки яке ба омўзиши қонунҳои объективии протсессҳо машғул аст ва дигаре ба офаридани техника ва технология. Муҳаққиқони соҳаи илми амалӣ на танҳо нормаҳои ахлоқи илмиро бояд риоя кунанд, балки, инчунин, масъулияти иҷтимоиро бар дўши худ гиранд. Зеро ягон хел кодекси ахлоқӣ ва ё қасамёдкунӣ пеши роҳи натиҷаҳои номатлуби илмро гирифта наметавонад. Ба қавли Г.Башляр, «бор кардани ҷинояти қотил ба гардани олоти ҷиноят» бемантиқ аст. Аз ин рў, «далеловарӣ» барои исботи бемасъулиятӣ ин нишонаи бевиҷдонӣ мебошад. Масъулияти иҷтимоии олим ин ягон чизи аз берун ба фаъолияти илмии ў (ба таври сунъӣ) дохил кардашуда намебошад. Балки он як қисми таркибии фаъолияти илмӣ буда, боиси гуманизатсияи натиҷаҳои илмӣ мегардад. Ҳамин ҷиҳатҳоро ба асос гирифта, илми муосирро ташаккул додан мумкин аст, зеро дар ибтидои асри ХХ1 илм дар назди инсоният масъалаҳои навро дар доираи ахлоқи илмӣ гузошт, ки онро дар доираи биоэтика, ки бештар хусусияти (инсонченкунӣ – человекоразмерный) инсонпазирӣ дорад, дидан мумкин аст. Бинобар ин биоэтика ба яке аз масъалаҳои муҳими илм табдил ёфтааст.
Проблемаҳои ахлоқӣ дар соҳаи биоэтика ҳамчун масъалаи бисёр ҳам зарурӣ шакл гирифт, ки ҳалли бетаъхири худро талаб мекунад, зеро ифлосшавии муҳити зист ба саломатии инсон зарар расонида, фонди генетикии онро бад карда истодааст. Проблемаҳои биоэтика дар сарҳади илми биология ва тиб пайдо шудааст. Онҳо бо таҷрибаи тиббӣ ва программаҳои давлатӣ зич алоқаманд ҳастанд. Як қатор проблемаҳо дар асоси муносибат ба бемор (пациент) ҳамчун объекти тадқиқот ва ё таҷрибаи тиббӣ пайдо шудаанд. Ба соҳаи проблеманок муносибати байни «духтур ва бемор» дохил мешавад. Дар ҳолати болоравии шаклии вазифаҳои духтур, бемор ҳамчун барандаи ягон шакли касалӣ баромад карда, тамоми сифатҳои индивидуалӣ ва иҷтимоии худро аз даст медиҳад. Дар ин ҳолат ҷои модели патерналистиро (соҳиб будан), модели автономии қиматҳои бемор мегирад ва духтур метавонад ба ҷои бемор мустақилона қарор қабул кунад ва ҳатто ўро аз вазъи саломатиаш ва табобатҳои дар пешистода хабардор накунад. Дар солҳои 70-уми асри ХХ биоэтикаи таҷрибавӣ дар ҳайвонот ба проблемаи алоҳида табдил ёфт. Холи ҳозир бошад, протсесси коркарди меъёрҳои асосӣ оид ба гузаронидани таҷрибаҳо дар инсон ва ҳайвон рафта истодааст.
Проблемаҳои ахлоқие, ки аз болоравии техникӣ кардани тиб ва пайдоиши технологияи сифатан нави тиббӣ ва дорувориҳое, ки имконияти таъсирро ба инсон зиёд мекунанд, мақоми хос доранд. Биологияи тиббии муосир (биомедицина) имкониятҳои технологии назорат ва дахолатро ба пайдоиш, равиш ва ба охиррасии ҳаёти инсон васеъ мекунад. Методҳои гуногуни сунъии репродуктивии инсон, ивази органҳои аз кор баромада, тағйири генҳо, таъсири фаъол расонидан ба протсессҳои пиршавӣ ва ғайра ба он оварда мерасонад, ки оқибатҳои прогресси илмӣ- техникиро пешгўӣ кардан душвор аст. Дар баробари ин хатари ҷиддие пеш меояд, ки метавонад асосҳои ибтидоии биогенетикии инсонро вайрон кунад ва ба ҷиҳатҳои табиии ў, ки дар протсесси дуру дарози эволютсионӣ шакл гирифтааст, хатари ҷиддӣ дошта бошад. Алоқаи байни илм ва бизнес проблемаҳои хосро пеш меорад, зеро он сарчашмаи коммерсиякунонии тамоми муносибатҳо мебошад, яъне дар доираи табиб ва бемор, трансплантатсияи (шинонидани) узувҳо, дорувориҳо ва технологияи нав.
Масъалаи экспертизаи ахлоқӣ дар тиб бояд актуалӣ шавад. Масъалаи инженерияи генҳо дар як муддати кўтоҳ ба дараҷаи аввали тадқиқоти илмӣ-таҷрибавӣ баромад, ки то ба охир натиҷаҳои он маълум нест. Масъалаи дигари замони ҳозира ин масъалаи технологияи клон аст, ки револютсия дар соҳаи генетика мебошад. Бо роҳи таҷрибаи клонӣ ба вуҷуд овардани организми зиндаи сунъӣ (гўсфанди Долли) асосҳои ахлоқро дар илм сифатан тағйир дод. Зеро ба ақидаи олими амрикоӣ П.Диксон, он чизе, ки дар ҳайвонот санҷида мешавад, имкони дар инсон низ санҷиданро дорад. Технологияи клон солҳои 60- уми асри ХХ сар шуд, аммо натиҷаҳои амалии он ба солҳои 90-уми ин аср рост омад. Дар ибтидо гумон мерафт, ки он дар доираи наботот ва ҳайвонот ҷараён мегирад, вале баъдтар маълум гашт, ки он инсонро низ дар бар мегирад. Дар натиҷа, мо метавонем нусхаи ашхоси гуногунро созем, ки онро аз нусхаи асл фарқ кардан хеле душвор аст, ки ин ворид шудан ба ҷаҳони воқеии гуногунранг аст. Чунин ҳолат на танҳо бисёр назариячиёни соҳаи мазкурро ба фикр кардан водор намуд, балки, инчунин, проблемаҳои нави ахлоқиро дар илм ба вуҷуд овард.
Ба танзим даровардани нормаҳои ахлоқӣ дар соҳаи илм ва пайдо шудани дараҷаи баланди маданияти ахлоқӣ дар шароити имрўза, чизи зарурӣ буда, сарчашмаи муҳими инкишофи илм мебошад. Ба қавли А. Эйнштейн «Дар илм на танҳо маҳсули эҷодии олим, дастоварди зеҳнии ў, балки сифатҳои ахлоқиаш ... низ муҳиманд».
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё