МАСЪАЛАҲОИ МЕТОДОЛОГИИ ИЛМИ МОЛИЯ ВА ИНКИШОФИ МУНОСИБАТҲОИ МОЛИЯВӢ ДАР ШАРОИТИ МУОСИР
Дар ҳама давру замонҳо ва дар сатҳи гуногуни иқтисодиёт, яъне аз хонавода то давлат мо бо проблемаи қонеъгардонии талаботи бемайлон афзоянда ва маҳдудияти захираҳо дучор мегардем. Дар ҳақиқат, талаботи ҷамъиятӣ тамоюли афзоиши беинтиҳо дорад, вале захираҳо маҳдуд мебошанд.
Ҳалли муаммои мазкур вазифаи асосии илми иқтисод ба ҳисоб рафта, ба хотири ин вазифа вай вуҷуд дорад. Бинобар ин дар ҳамаи тадқиқоти илмӣ, дар соҳаи иқтисодиёт, ҳадафи асосӣ кор карда баромадани роҳҳои таъмини истифодаи самаранокии захираҳои иқтисодӣ ва, дар ин замина, бештар қонеъгардонии талаботи бемайлон афзояндаи ҷомеа мебошад.
Проблема ва ё муаммо ин номувофиқатии хоҳиш ва воқеият аст. Ҳалли проблема ин дар асоси истифодаи оқилона ва самараноки захираҳои мавҷуда табдил додани хоҳиш ба воқеият аст, яъне талаботҳоро то ҳадди имкон пурратар қонеъ гардондан. Бояд таъкид кард, ки ҳар як проблема нисбат ба замони муосир ҳалли худро меёбад ва дар оянда бо тақозои ҳаёт аз нав пайдо мешаваду аз тарафи кадрҳои насли наврас аз нав дар сатҳи дигар мавриди омўзиш қарор мегирад.
Муаммоҳои молия ва муносибатҳои молиявӣ тақозо менамоянд, ки онҳоро 19 аз нуктаи назари таърихӣ бояд таҳлил кард.
Аввалин муносибатҳои молиявӣ ба шакли андозҳои пулӣ дар натиҷаи пайдо шудани давлат, дар як вақт ба миён омадаанд. Ин, албатта, табиӣ мебошад, чунки давлат бе захираҳои молиявӣ вуҷуд дошта наметавонад.
Даромадҳои давлатӣ (андозҳо, ҷамъовариҳо) новобаста ба низоми иқтисоди дақиқ ин маҷмўи воситаҳои пулӣ дар дасти давлат, ки ҳамчун заминаи молиявии иҷрои вазифаҳои он баромад мекунад, мебошад. Агар мо онро дигар хел карда гўем, фаъолияти давлат бо мавҷуд будани даромадҳои давлатӣ вобаста мебошад.
Даромадҳо ин яке аз мафҳумҳои асосии умумӣ оид ба молия буда, дар худ як гурўҳи муайяни ҳодисаҳои якхеларо муттаҳид менамояд, ки ташкили маблағҳои ба ихтиёри давлат воридшударо тасвир менамояд.
Илми молия, чун дигар илмҳо, дар асоси амалия ба вуҷуд омадааст, яъне амалияи молиявӣ пеш аз пайдоиши илми молия ҳазорсолаҳо вуҷуд дошт. Дар таърих теъдоди бешумори хоҷагиҳои молиявӣ бе донистани илми молия ба вуҷуд омаданд, инкишоф ёфтанд ва аз байн рафтанд.
Мувофиқи нуктаи назари бисёр олимон «молия» аз калимаи итолиёнии «finance» баромада, тарҷумаи он «пардохтҳои пулӣ» ва ё «даромади нақдӣ» мебошад. Дар асри ХII дар Италия мафҳуми «молия» барои ифода намудани муносибатҳои пулӣ, ки байни давлат ва аҳолӣ ба вуҷуд меомаданд, истифода мешуд.
Бояд қайд кард, ки аввалин тадқиқоти илмӣ дар соҳаи молия ба мутафаккирони Шарқ тааллуқ дорад. Дар асри ХIII олими бузурги тоҷик Н. Тўсӣ дар асари худ «Дар бораи молия» асоси сиёсати молиявии давлати феодалиро дида мебарояд. Дар ин асар маҷмўи конунҳо, қоидаҳо, меъёрҳое, ки фаъолияти молиявиро танзим менамоянд ва муносибатҳои молиявии давлатҳои феодалӣ (системаи пулӣ, системаи муассисаҳои молиявӣ), масъалаҳои сиёсати молиявӣ оварда шудааст.
Н. Тўсӣ сиёсати молиявии давлати феодалӣ, системаи андозбандӣ, табиати андозҳою даромадҳо, моликиятро таҳлил кардааст, ки ин масъалахо бо масъалаҳои муносибатҳои молиявӣ зич алоқаманд мебошанд. Олим дар баробари ин элементҳои алоҳидаи андозро ба монанди сабукиҳои андоз, намудҳои он ва объектҳои андозро дида баромадаанд. Дар асар аҳамияти муҳим ба сиёсати андози давлати феодалӣ дода шуда, дар он қариб зиёда аз 30 намуди андозҳо оварда шудааст.
Муносибатҳои молиявӣ ва илми молия аҳамияти нисбатан васеъ дар ҷамъияти капиталистӣ пайдо карданд. Бинобар ин пайдоиши илми молияро аксарияти тадқиқотчиён ба пайдоиши ҷамъияти капиталистӣ (асрҳои XV- XVI) нисбат медиҳанд.
Дар асри XVI капитализм бо марҳилаи аввали рақобати озод ворид мешавад, ки ба вай сатҳи баланди рушди муносибатҳои пулӣ ва муносибатҳои молиявӣ хос мебошад. Дар чунин шароит зарурати тадқиқи муносибатҳои молиявӣ ва кор карда баромадани тавсияҳои илмӣ ба миён меояд.
Ҳамин тавр, дар асри XVI дар Фаронса яке аз мафҳумҳои ҷолиби диққати олимон нисбати категорияи молия ба миён омад. Бинобар ин олими фаронсавӣ Жан Бэдэн соли 1577-ум китобе бо номи «Шаш китоб дар бораи ҷумҳурӣ» («Шесть книг о республике») рўи чоп оварда, дар он дар бораи молия ҳамчун «асбоби давлат» маълумот додааст.
Дар асрҳои XVII- XVIII муаммоҳои илми молия, махсусан андозҳои мустақим ва ғайримустақим, сарчашмаҳои даромади давлат дар асарҳои файласуф ва иқтисодчиёни англис Т. Гоббс, Д. Локк ва камералистони олмонӣ Л. Фон Секендорф, Ф. Юсти, И. Зонненфельс мавриди таҳлил қарор гирифтанд.
Дар пойдоршавии илми молия саҳми классикони назарияи иқтисодӣ У. Петти, А. Смит ва Д. Рикардоро бояд қайд кард. Дар натиҷаи тадқиқоти онҳо бисёр масъалаҳои молиявӣ аз ҷиҳати илмӣ асоснок карда шуданд.
Дар асри XIX илми молия аз иқтисоди сиёсӣ ҷудо шуда, ба илми мустақил табдил меёбад ва дар донишгоҳҳои Аврупо кафедраҳои молия таъсис дода шуда, китобҳои дарсӣ оид ба молия нашр мешавад. Олими немис К. Рау дар соли 1832 аввалин китоби дарсӣ бо номи «Асосҳои илми молия»-ро чоп намудааст. Дар китоби олими итолиёнӣ Л. Косса «Асосҳои илми молия», ки дар соли 1896 аз чоп баромадаст, бори аввал илми молияро ҳамчун илми мустақил, ки ба принсипҳои иқтисодии сиёсӣ, ҳуқуқ ва сиёсат асос ёфтааст, таъриф дода мешавад.
Илми молия дар асри XX вобаста ба инкишофи амалияи молия ва назарияи иқтисодӣ, махсусан дар зери консепсияҳои кейнсионӣ ва монетаристӣ, равандҳои ҷаҳонишавии иқтисодиёт рушд ёфта, ба воситаи муҳими пешрафти ҷомеа мубаддал гаштааст.
Аз ин лиҳоз, омўзиши масъалаҳои методологии илми молия, ки ҳамчун асоси идоракунии молиявӣ баромад мекунад, аҳамияти муҳими илмӣ-амалиро касб менамояд. Иқтисодчии олмонӣ К. Эсбург дар бораи аҳамияти омўзиши илми молия чунин навиштааст: «Илми молия ин соҳаи дониш аст, ки бо сабаби муҳиммияти назариявии таълимоти мазкур барои маърифати умумӣ ва истифодабарии васеи он дар амалия, вай ба омўзиши ҷиддӣ сазовор мебошад».
Методология илм дар бораи сохт, ташкили мантиқӣ ва усулу воситаҳои фаъолият ва идроки илмӣ мебошад. Ба таври дигар, методология ин маҷмўи тарзҳои муносибат (рафтор) ба объекти тадқиқот, принсип ва методҳои омўзиши он аст. Бо ибораи дигар, методология чароғи илм мебошад, ки роҳи онро равшан месозад.
Тарзҳои муносибат (рафтор) ба объекти таҳқиқот: диалектикӣ, ҳудудӣ, таърихӣ, иҷтимоӣ, муаммовӣ ва амалиявӣ.
Дар методология принсипи асосӣ ин материализми диалектикӣ мебошад, ки вай аз тадқиқотчӣ дар вақти омўзиши ҳодиса ва ҷараёнҳо риоя намудани қоидаҳои зеринро талаб менамояд:
-
онҳоро дар тағйирёбӣ ва инкишоф тассавур кардан;
-
дар ягонагӣ ва алоқамандии онҳо таҳлил намудан;
-
принсипи таърихиро ба назар гирифтан, яъне ҳодиса ва ҷараёнҳо тавлид, густариш ва таҳаввул ёфта, минбаъд аз байн мераванд.
Принсипи таърихӣ тақозо менамояд, ки тадқиқотчӣ бояд донад: объекти тадқиқот кай пайдо шудааст, дар инкишофи худ кадом марҳалаҳоро аз сар гузаронидааст ва имрўз дар кадом ҳолат мавҷуд аст.
Метод ин маҷмўи роҳу равиш ё тарзу усули идроки азхудкунии амалӣ ё назарии воқеият мебошад. Метод ҳамчун узв ва унсури муҳимтарини методология ба роҳ монда мешавад. Дар китобу васоилҳо ва дастурамалҳои мавҷуда, тахминан, чунин номгўи методҳо тавсиф карда мешавад:
1. Абстраксияиилмӣ
2. Таърихиюмантиқӣ
3. Таҳлилваҷамъбасткунӣ(синтез) 4. Индуксиявадедуксия
5. Усулҳоириёзиюоморӣ
6. Моделсозӣ
7. Эксперимент(санҷишиамалӣ)
Дар шароити ҳозира, ҳоҷат ба таҳлил ва тасвири методҳои номбаршуда нест, зеро онҳо дар китобҳои дарсӣ бо таври мукаммал шарҳ дода шудаанд.
Методологияи илми молия чун дигар илмҳои иқтисодӣ назарияи иқтисодӣ мебошад. Назарияи иқтисод ҳамчун таҳкурсии методологии илми молия, равияву самт, тарзу услуб роҳу равиши ҳалли масоили умдаи иқтисод, дарку тасвири воқеии онҳоро нишон медиҳад.
Масоили асосии методологияи илми молия, ба назари мо, инҳоянд:
1. Мақомимуносибатҳоимолиявӣдарнизомииқтисодӣ;
2. Таносубимуносибатҳоипулӣвамуносибатҳоимолиявӣ;
3. Хусусиятҳоимуносибатҳоимолиявӣ;
4. Таносубимуносибатҳоимолиявӣвамуносибатҳоиқарзӣ;
5. Қонуниятҳоиинкишофимуносибатҳоимолиявӣ.
Масоили асосии методологияи илми молияро шарҳ медиҳем.
Мақоми муносибатҳои молиявӣ дар низоми иқтисодӣ Низоми иқтисодӣ ин маҷмўи равишхо ва фаъолияти узвҳо ба тамоми иқтисодиёт маънидод карда мешавад. Иқтисодиёти ҳар як давлат ҳамчун низоми иқтисоди мушаххас баромад мекунад, яъне дар давлатҳои гуногун низоми иқтисодӣ як хел шуда наметавонад, вале онҳо хусусиятҳо ва қонуниятҳои умумӣ дошта метавонанд. Аз ин лиҳоз, дар адабиёти муосири иқтисодӣ чор навъи низоми иқтисодиро мадди назар меоварад:
- суннатӣ 2) фармониюмаъмурӣ 3) бозорӣ 4) омехта.
Онҳо аз ҳамдигар бо хусусиятҳои зерин фарқ доранд:
-
сатҳи тараққиёти қувваҳои истеҳсолкунанда;
-
шакли ҳукмрони моликият;
-
муносибатҳои тақсимот, аз он ҷумла муносибатҳои молиявию қарзӣ;
-
механизми ҳалли масъалаҳои асосии иқтисодиёт.
Бояд хотиррасон кард, ки дар навбати худ низоми иқтисоди бозорӣ вобаста ба таносуби танзими давлатӣ ва механизми танзими бозории иқтисодиёт тамсилаҳои зерин дорад: хоҷагии иҷтимоии бозорӣ (Олмон), иқтисодиёти омехта (ИМА) ва иқтисодиёти корпоративӣ (Ҷопон, Шветсия).
Яке аз равияҳои маънидоду ҷудокунии низоми иқтисодӣ ин мутобиқи сатҳи ошкорию кушодии вай мебошад. Аз ин нуктаи назар, низомҳои зеринро фарқ мекунанд:
- иқтисодиёти пўшида,
- иқтисодиёти кушода.
Одатан, иқтисодиёти пўшида худро дар сарҳадҳо, марому равиши дигаргуниҳову тағйирот ҳамаҷониба ҳифз мекунад.
Мавриди ҷой доштани иқтисоди кушода робитаҳо кушод ба роҳ монда шуда, барои ҳар гуна навовариҳою дигаргуниҳо, тағйирот имкон фароҳам оварда мешавад. Ин гуна низоми иқтисодиро ҳаракатноку бо зудӣ пешраванда меҳисобанд.
Функсияи низоми иқтисодӣ истеҳсоли молҳо ва хизматҳо барои ҳар чӣ бештар қонеъгардонии талаботи ҷомеа бо роҳи истифодаи самараноки захираҳои иқтисодӣ мебошад.
Унсурҳои асосии низоми иқтисодӣ қувваҳои истеҳсолкунанда ва муносибатҳои истеҳсолӣ мебошад.
Аз таркиботи низоми иқтисодӣ бармеояд, ки муносибатҳои молиявию қарзӣ унсури муҳими он мебошад. Муносибатҳои молиявию қарзӣ танҳо дар доираи низоми иқтисодӣ амал намуда, ба хусусият ва қонунҳои он бояд мувофиқ бошад. Мазмуни муносибатҳои молиявию қарзӣ бо дигаргун шудани низоми иқтисодӣ низ дигар мешаванд.
Таносуби муносибатҳои пулӣ ва муносибатҳои молиявӣ
Муайян намудани ҳудуд ва таносуби муносибатҳои пулӣ ва муносибатҳои молиявӣ яке аз масъалаҳои муҳими методологӣ ба ҳисоб рафта, ҳалли дурусти он барои асоснок намудани моҳият, доираи амал ва аломатҳои муносибатҳои молиявӣ зарур аст.
Ба ҳамагон маълум аст, ки муносибатҳои пулӣ бавуҷудорандаи муносибатҳои молиявӣ мебошанд. Вале на ҳамаи муносибатҳои пулиро молия ҳисобидан мумкин аст.
Муносибатҳои пулиро ба ду гурўҳ бояд тақсим кард:
1. Муносибатҳои пулӣ, ки дар раванди мубодилаи эквивалентӣ ба вуҷуд меоянд.
2. Муносибатҳои пулӣ, ки дар раванди муносибатҳои ғайриэквивалентӣ ба вуҷуд меоянд.
Он муносибатҳои пулӣ, ки дар раванди муносибатҳои ғайриэквивалентӣ ба вуҷуд меоянд, муносибатҳои молиявиро ташкил медиҳанд. Аз ин ҷо Шаклҳои ташкили истеҳсолот бармеояд, ки муносибатҳои молиявӣ ҳамон қисми муносибатҳои пулӣ мебошад, ки дар раванди муносибатҳои ғайриэквивалентӣ ба вуҷуд меоянд. Чӣ тавре мебинем, доираи муносибатҳои пулӣ нисбат ба муносибатҳои молиявӣ васеъ мебошад.
Хусусиятҳои муносибатҳои молиявӣ
Муносибатҳои молиявӣ ҳамчун узви мустақили низоми иқтисодӣ аз дигар муносибатҳои иқтисодӣ бо хусусиятҳои зерин фарқ мекунанд, ки онҳоро дар адабиёти илмӣ аломатҳои молия меҳисобанд:
1. Муносибатҳои молиявӣ танҳо дар шакли пул баромад мекунанд.
2. Муносибатҳои молиявӣ дар раванди ташаккул, тақсим ва истифодабарии фондҳои пулӣ, ки таъйиноти хоса доранд, ба вуҷуд меоянд.
3. Муносибатҳои молиявӣ характери тақсим ва азнавтақсимкунӣ доранд.
Таносуби муносибатҳои пулӣ ва қарзӣ
Қарзи бонкӣ дар асоси муносибатҳои пулӣ ба вуҷуд омада, дар шакли пул дода мешавад ва яке аз намудҳои муносибатҳои пулӣ мебошад. Вале бояд дар назар дошт, ки пул ва қарз мафҳумҳои гуногун буда, онҳо муносибатҳои иқтисодии гуногунро ифода мекунанд. Тафовути якуми муносибатҳои пулӣ ва қарзӣ ин фарқияти ҳайати иштирокдорон аст. Пул ба сифати эквиваленти умумӣ аз харидор ба фурўшандаи мол мегузарад, мол бошад, аз фурўшанда ба харидор мегузарад яъне дар натиҷаи мубодилаи эквивалентӣ субъектҳои моликият иваз мешаванд. Дар муомилоти қарзӣ, карздеҳ ва қарзгир иштирок мекунанд ва дар бобати ҳаракати пул муносибатҳои нави махсус ба вуҷуд меоянд. Вай харакати мутақобил намекунад, балки муваққатан аз қарздеҳ ба қарзгир мегузарад ва баъдан боз ба қарздеҳ бармегардад.
Тафовути дуюми қарз аз пул дар он аст, ки пул ба сифати муодили умумӣ метавонад ба маҳсулоти дилхоҳ чун арзиши истеъмолӣ табдил ёбад, аммо қарз танҳо талаботи муваққатии субъектҳои хоҷагидориро қонеъ мегардонад, зеро қарздеҳ ва қарзгир дар пешниҳоди арзиш фақат ба муҳлати муайян манфиатдоранд.
Новобаста ба тафовутҳои мавҷуда, пул ва қарз ба ҳам марбутанд, зеро ки онҳо дар паҳлуи якдигар қарор доранд.
Аз тафовутҳои пул ва қарз бармеояд, ки қарз он қисми муносибатҳои пулиро дар бар мегирад, ки онҳо бо ҳаракати пул ҳамчун моли махсус, ки субъектҳои моликиятро дигар намекунад, алоқаманд аст.
Таносуби муносибатҳои молиявӣ ва муносибатҳои қарзӣ
Пеш аз ҳама, бояд қайд кард, ки молия ва қарз ҳамчун категорияҳои иқтисодӣ бо ҳам наздик мебошанд, зеро онҳо як қатор умумиятҳо доранд:
1. Асоси бавуҷудоии онҳо муносибатҳои пулӣ мебошад, яъне онҳо дар доираи муносибатҳои пулӣ амал намуда, дар шакли пул баромад мекунанд.
2. Дар такрористеҳсол захираҳои молиявӣ ва захираҳои қарзӣ ба ҳам марбутанд, зеро ки онҳо дар паҳлуи якдигар қарор доранд ва истифода бурда мешаванд.
3. Қарз ҳамчун шакли ҳаракати сармояи қарзӣ, ки бо ёрии муносибатҳои молиявӣ ба вуҷуд меояд, баромад мекунад. Ба ибораи дигар, захираҳои қарзӣ дар натиҷаи иштироки бевоситаи муносибатҳои молиявӣ ташаккул меёбанд (фонди истеҳлок, даромаду пасандозҳои аҳолӣ, захираю даромадҳои пулии давлат, фондҳои махсуси корхонаҳо, воситаҳои гардони корхона).
4. Умумияти молия ва қарз дар он зоҳир мегардад, ки онҳо дар иқтисодиёт вазифаҳои якхеларо, яъне тақсимот ва назоратро аз болои ҳаракати фондҳои маблағҳои пулӣ ба амал мебароранд.
5. Механизми молиявӣ ва механизми қарзӣ дар бисёр ҳолатҳо дар омехтагии онҳо истифода бурда мешаванд. Масалан, ташкил намудани фондҳои қарзҳои имтиёзнок аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ, соқит намудани қарзҳои субъектҳои хоҷагидорӣ аз ҳисоби буҷет, додани субсидия барои пардохти фоизи қарз. Инчунин онҳо ба ҳалли вазифаи ягона – таъмини раванди такрористеҳсол бо воситаҳои пулӣ равона карда мешаванд. Бинобар ин дар амалия механизми молиявӣ ва механизми қарзӣ бояд якҷоя истифода шаванд. Вале дар назария бо хотири таҳлили объективӣ метавон онҳоро ҷудогона омўхт.
Умумиятҳои дар боло қайдшудаи молия ва қарз имконият медиҳад, ки низоми қарзиро ба бахши молия ворид ва онҳоро ҳамчун як тахассус қабул намоем.
Бо баробари ин молия ва қарз хусусиятҳои фарқкунанда низ доранд:
1. Қарз дар асоси принсипи баргардон, молия бошад, дар асоси принсипи бебозгашт амал мекунад.
2. Захираҳои қарзӣ аз рўи сарчашмаи ташаккулёбӣ ва самтҳои истифодабарӣ аз захираҳои молиявӣ фарқ мекунад.
3. Азнавтақсимкунии захираҳои қарзӣ бо ҷойивазкунии маблағҳои пулӣ дар байни субъектҳои равандӣ тақсимот алоқаманд бошад, азнавтақсимкунии захираҳои молиявӣ дар байни субъектҳои хоҷагидорӣ ва дар дохили онҳо аз рўи таъйиноти мақсаднокии онҳо амалӣ гардонида мешавад.
4. Қарз нисбат ба молия бештар робитаи мутақобила бо гардиши пул дорад ва бо ёрии он муомилоти пул ба танзим дароварда мешавад.
Қонуниятҳои инкишофи муносибатҳои молиявӣ
Аз вобастагӣ ва алоқамандии низоми молиявӣ бо низоми иқтисодӣ бармеояд, ки низоми молиявӣ дар асоси қонуниятҳои зерин бояд ташаккул ва амал намояд:
1. Мувофиқ будани низоми молиявӣ ба сохтор ва талаботи низоми иқтисодӣ. Ин маънои онро дорад, ки якум, ба ҳар як низоми иқтисодӣ танҳо ба вай мувофиқ низоми молиявӣ бояд ба вуҷуд оварда шавад ва дувум, дар ҳама вақту замон мувофиқ будани низоми молиявӣ амалкунанда ба низоми иқтисодӣ таъмин карда шавад, яъне вобаста ба инкишофи низоми иқтисодӣ бояд ба сохтори низоми молиявӣ тағйироту иловаҳо ворид карда шаванд. Ғайр аз ин, ҳар як низоми молиявиро танҳо дар доираи низоми муайяни иқтисодӣ бояд омўхт.
2. Такмили бефосилаи низоми молиявӣ дар шароити иқтисоди давраи гузариш. Принсипи устувори низоми молиявӣ ба давлатҳое, ки иқтисоди бозории ташаккулёфта доранд, тааллуқ дорад. Дар шароити иқтисоди давраи гузариш, ки ба вай ноустуворӣ ҳамчун сарчашмаи пешрафт хос мебошад, низоми молиявӣ бояд бефосила, вобаста ба инкишофи низоми нави иқтисодӣ, такмил дода шавад.
3. Силсилаи маротиб (субординатсия) ва бонизоми ҳамаи унсурҳои низоми молиявӣ. Аз ин қонуният бармеояд, ки унсурҳои гуногуни низоми молиявӣ бояд ба якдигар мутобиқ бошанд ва дар якҷоягӣ тамоми ҷараёнҳои пулию молиявиро дар бар гирифта, самаранокии низоми молиявии давлатро таъмин намоянд.
4. Вобастагии низоми миллии молиявӣ аз низоми умумиҷаҳонии молиявӣ, махсусан дар шароити иқтисоди кушод ва ҷаҳонишавии иқтисодиёт.
5. Самаранокии амали низоми молиявӣ. Самаранокии низоми молиявӣ ҳамчун қонунияти амали он талаб менамояд, ки хароҷот оид ба идоракунии низоми молиявӣ нисбат ба МУД-и истеҳсолшудаи бахши молия тамоюли поёнравӣ дошта бошад.
Дуруст дарк намудани масоили асосии методологияи илми молия барои асоснок ва ҳалли муаммоҳои рушди низоми молиявию қарзии мамлакат аҳамияти басо калон дорад. Аз умумиятҳои муносибатҳои пулӣ, молиявӣ ва қарзӣ бармеояд, ки низоми қарзиро ба бахши молияи иқтисодиёти миллӣ дохил ва ягонагии низомҳои молиявӣ ва қарзӣ, инчунин сиёсати молиявӣ ва сиёсати пулию қарзиро дар амалия таъмин намудан зарур мебошад.
Донистани қонуниятҳои инкишофи муносибатҳои молиявӣ имконият медиҳад, ки дигаргуншавии онҳоро дар давраи муосир ва оянда пешгўӣ намуда, муътадилии молиявиро дар кишварамон ҳамчун омили муҳими таҳкими давлатдории миллӣ таъмин намоем. Дар ин хусус Асосгузории сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид намудаанд: “Муътадилии молиявӣ дар ҳама давру замонҳо омили асосии устувории давлат ба ҳисоб меравад”.
Инкишофи муносибатҳои молиявӣ дар шароити муосир дар зери таъсири ду омили асосӣ ба амал омада истодааст: дигаргуншавии низоми иқтисоди ҷумҳурӣ ва ҷаҳонишавии иқтисодиёт.
Иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон торафт шаклу усулҳои бозориро ба худ гирифта, ба иқтисоди муосири бозорӣ наздик мешавад ва аз рўи қонунҳои иқтисодии низоми бозорӣ инкишоф меёбад. Тағйироте, ки дар низоми иқтисодии ҷумҳурӣ дар солҳои охир ба амал омадааст:
- афзоиши ҳиссаи бахши хусусӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт;
- инкишофи босуръати соҳибкории истеҳсолӣ ва шаклҳои нави хоҷагидорӣ (хоҷагиҳои деҳқонӣ, ҷамъиятҳои саҳомӣ, корхонаҳои муштарак, корхонаҳои хурд, субъектҳои соҳибкории хурд, ташкилотҳои қарзии хурд);
- васеъ шудани доираи хизматрасонн пулакӣ дар соҳаҳои иҷтимоӣ (маориф, тандурустӣ, варзиш);
- рушди шарикии давлат ва бахши хусусӣ;
- рушди босуръати ширкатҳои коммуникатсионӣ ва афзудани нақши онҳо дар ташаккулёбии даромади буҷети давлатӣ;
- рушди бозори суғурта, бозори такрори коғазҳои қиматнок ва ташкили бозори сертификатҳои замин;
- ташкили фонди дастгирии соҳибкорӣ ва фонди қарзҳои имтиёзнок барои хоҷагиҳои деҳқонӣ;
- ташкили минтақаҳои озоди иқтисодӣ.
Дар зери дигаргуншавии низоми иқтисодии ҷумҳурӣ муносибатҳои молиявӣ бештар аз рўи принсипҳои бозор инкишоф ёфта, манбаъҳои ташаккулёбии захираҳои молиявӣ, самтҳои истифодабарӣ ва механизми идоракунии онҳо ба таври куллӣ тағйир ёфта истодааст. Тасодуф нест, ки имрўз дар ҷумҳурӣ механизми нави маблағгузории буҷетӣ монанди маблағгузории сарикасӣ ва барномавӣ, нафақаи суғуртавӣ ба амалия татбиқ шуда истодаанд.
Аз тарафи дигар, равандҳои ҷаҳонишавии иқтисодиёт ва ҳамгироии минтақавӣ ба пурзўршавии таъсири омилҳои берунӣ ба рушди иқтисодиёти миллӣ оварда мерасонанд, ки ин, дар навбати худ, муаммоҳои хосро дар ташкил ва идоракунии низоми молиявии мамлакат ба вуҷуд меоварад.
Бинобар ин дар шароити имрўза муносибатҳои молиявӣ ва идоранамоии онҳо нисбат ба давраҳои пеш мураккаб гардида, тамоюлҳо ва муаммоҳои муосирро пайдо менамоянд (тағйирёбии манбаъҳои ташаккулёбии захираҳои молиявӣ, самтҳои истифодабарӣ ва механизми идоракунии онҳо, пурзўр гаштани таъсири омилҳои берунӣ ба низоми молияи давлат, гузариш ба стандартҳои байналмилалӣ, афзудани нақши бахши молия дар рушди иқтисодиёти миллӣ, истифодабарии низоми электронӣ дар бахши молия, зарурати тағйир додани механизми молиявӣ тибқи талаботи иқтисоди бозорӣ ва ғайра), ки онҳоро дар раванди таҳия ва баамалбарории сиёсати муосири молиявии давлат ва ислоҳоти молиявӣ ба назар гирифтан зарур мебошад.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё