Зеҳн

САДРИДДИН АЙНӢ – НАХУСТИН НАВОИШИНОСИ ТОҶИК

ЗЕ
Зеҳн13 сентябри 2026 · 16 дақиқа хондан

Устод Садриддин Айнӣ (15. 04. 1878 – 15. 07. 1954) аз нависандагон ва муҳаққиқони бузурги Машриқзамин буда, дар баробари осори бадеии мансуру манзумаш аз худ мероси бойи илмӣ ба баъдинагон гузоштааст. Агар вай адабиёти баъд аз инқилобии моро аз солҳои 20-уми асри гузашта, зимни истифода аз мероси ғании адабиёти пешинаамон ба чаҳорчўбаи лозима дароварда, ба он ним аср ҳодию раҳнамо шуда бошад, пас дар ҷодаи илми замон ҳам, ҳамон қадар заҳматро бар дўш дошт. Бояд гуфт, ки корҳои тадқиқотии Садриддин Айнӣ дар нимаи аввали асри XX дар соҳаи маориф, таърихшиносӣ, кишваршиносӣ, адабиётшиносӣ ва забоншиносӣ илми тоҷикро, фарҳанги тоҷикро ҳар чӣ бештар аз пештар ҳам ба худамон ва ҳам ба ниёзмандони ин адабу фарҳанг муаррифӣ намуда тавонист.

Осори илмӣ-тадқиқотии устод Садриддин Айнӣ “Тазҳиб-ус-сибён”(китоби таълимӣ-тарбиявӣ барои насли наврас), “Шўро”(мақола дар бораи Абдулқодири Бедил), “Таърихи аморати манғитияи Бухоро”, ки солҳои 1920- 1921 дар маҷаллаи “Шуълаи инқилоб” интишор ёфта, соли 1923 дар шакли китоби алоҳида ба нашр расида буду дар худ ҳукмронии амирони манғитро дар Бухоро, аз замони Раҳимхон ибни Ҳаким Отилиқи манғит (1747) то сарнагун шудани охирин намояндаи он амир Олимхон (1920), инъикос намуда аст, имрўз низ аҳамияти илмии худро нигоҳ дошта меоянд.

Баъдтар ин марди закитабъ баробари эҷоди бадеӣ ба адабиётшиносӣ даст зада, тавонист як идда рисолаҳои илмиро ба майдон орад, ки метавон нахуст номи “Намунаи адабиёти тоҷик”-ро ин ҷо сабт намуд. Ин асар ҳанўз соли 1925 дар Маскав бо ҳуруфи ниёгон чоп шуда буд. Минбаъд тадқиқоти мавсуф “Дар бораи Фирдавсӣ ва “Шоҳнома”-и ў” (1934),”Шайхурраис Абўалӣ ибни Сино” (1939), “Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ” (1940-1942), “Устод Рўдакӣ” (1940), “Камоли Хуҷандӣ” (1940), “Мирзо Абулқодири Бедил” (1954), “Восифӣ ва хулосаи “Бадоеъ-ул-вақоеъ” (1946) ва мақолаҳои зиёдеро иншо намуд, ки ҳар кадоме аз аввалин раҳовардҳои илми адабиётшиносии мо буданд.

Устод Садриддин Айнӣ на танҳо бо омўзишу пажўҳиши мероси ғании гузаштагони суханварамон машҳур гардид, зиёда аз ин, дар ҷодаи “мустаҳкам гардонидани равобити илмию адабии халқҳои тоҷику ўзбек” саҳми бениҳоят калон гузошт. Пеш аз ҳама, вай ҳамчун адиби зуллисонайн осорашро бо забонҳои тоҷикӣ ва ўзбекӣ навишта, ҳатто “солҳои 1946-1950 мудири кафедраи адабиёти ўзбеки Донишгоҳи давлатии Самарқанд буд”. Ин маънои онро дорад, ки ин устоди забардаст тавонистааст ба аввалин эҷодкорон ва олимони даврони нави бародарони ўзбек дасти кумак дароз намояду ба эшон низ раҳнамоии худро дареғ надорад. Мо инро дар мисоли тадқиқоти арзишманди ў роҷеъ ба рўзгору осори Амир Алишер Навоӣ (1441-1501), ки ашъори форсӣ –тоҷикиашро бо тахаллуси Фонӣ эҷод менамуд, дармеёбем. Ҷойи зикр аст, ки мавсуф доир ба Алишер Навоӣ як идда корҳои тадқиқотӣ ва матншиносиро анҷом дода будааст. Ба ин маънӣ, навоишиноси тоҷик Алии Муҳаммадии Хуросонӣ дар мақолаи калонҳаҷми худ “Суханвари зуллисонайн (Навоӣ – Фонӣ)” барҳақ менависад, ки “дар таҳқиқу тадқиқ ва омўзишу баррасии рўзгор, ҳаёти сиёсию маданӣ ва адабии Алишери Навоӣ, махсусан, устод Садриддин Айнӣ саҳми арзандае дорад”.

Аввалин кори пажўҳишие, ки устод Садриддин Айнӣ роҷеъ ба Алишер Навоӣ навиштааст, ин мақолаи ў “Мир Алишери Навоӣ” мебошад, ки он соли 1938 дар таърихи 29-30 декабр дар рўзномаи «Тоҷикистони Сурх» ба табъ расида, онро дар таърихи 1-9 январи соли 1939 «Рўзномаи муаллимон» дубора чоп менамояд. Дар вақти навиштани ин мақола Садриддин Айнӣ ҳанўз дар шаҳри Самарқанд буд. Мақолаи мазкур аз чаҳор бахш иборат буда, бахши аввали он асосан аз зода шудану ба камол расидан ва давраи таҳсилоти ўро дар Ҳироту Машҳад фаро мегирад. Дар ин ҷо ба Султон Ҳусайни Бойқаро (замони ҳокимияташ солҳои 1471-1506) ҳамтаҳсил буданаш низ зикр гардидааст. Дар бахши дувуми мақола, хеле кам бошад ҳам, нахуст сухан аз ҳаёти сиёсии замони Алишер Навоӣ ва муносибати ў ба он таҷассум ёфтааст. Ин муносибатро устод Айнӣ чунин менигорад: “Мир Алишер, ки бо вуҷуди як фарзанди дарборӣ ва аз хурдсолӣ дар дарбор зиндагонӣ карданаш, то сисолагиаш ба корҳои ҳукумат ва низои байнихудии шоҳзодагон ҳеҷ ҳамроҳӣ накарда, ба таҳсили илм ва адабиёт машғулӣ мекард, аз назари борикбини ў аз ин аҳвол (вазъи замон - Т. Д.) намегурехт. Ў медид, ки мамлакат хароб шуда рафта истодааст, аҳолӣ рўз то рўз дар фақирӣ ва муҳтоҷӣ афтода, хонавайрон шуда истодаанд, давлат бошад, ба тарафи чуқурии инқироз нигоҳ карда рафта истодааст. Ў бо таъсироти ин аҳвол як одами комили инсонпарвари адолатдўст, як олими ҳакими зиндагишинос, як шоири санъаткор, ки таассуроти худ ва олами халқро бо қалами нотакрори худ тасвир карда тавонад, шуда расида буд”.

Аз ин баҳои ба Алишер Навоии сисола додаи муҳаққиқ бармеояд, ки вай то навиштани нахустин мақолаи доир ба Навоӣ бо осори ў огоҳии хуб ва ошноии ҳаматарафа дошта будааст. Устод Садриддин Айнӣ дар ин бахш ба дарбори Султон Ҳусайни Бойқаро кашида шудани Навоӣ, ҳаёти ў дар дарбор, ҳокими Астаробод таъйин шуданаш, аз он ҷо ба истеъфо рафта, дубора ба Ҳирот баргаштан ва машғули эҷоди пайваста гардиданаш, андешаҳои ҷолиби илмиро ҷой додааст.

Бахши севуми мақолаи “Мир Алишери Навоӣ” роҷеъ ба муносибати Алишери Навоӣ ба адабиёти форс-тоҷик ва намояндагони барҷастаи он баҳс мекунад. Муаллиф дуруст қайд менамояд, ки Навоӣ дар эҷоди бадеӣ ба забони модариаш - туркии ҷиғатоӣ аз осори Фирдавсӣ, Мавлоно Ҷомӣ, Низомӣ, Аттор, Саъдӣ, Ҷалолуддини Балхӣ, Камоли Хуҷандӣ ва дигарон хеле ва хеле фаровон истифода бурдааст. Хусусан, дар навиштани “Хамса”-и худ ў ба Низомӣ, Амир Хусрав ва Ҷомӣ пайравӣ карда, барои адабиёти туркзабонон шоҳасари ба ин забон нотакрорро офарид. Устод Садриддин Айнӣ менависад ва дуруст ҳам ҳаст, ки “Аз гуфтаи худи Навоӣ, ки мо дар поёнтар тарҷумаи ўро меорем, маълум мешавад, ки асарҳои ў ҳатто дар замони зиндагии худаш дар байни Озарбойҷон то Шервон ва Табрез паҳн шуда будааст”. Вобаста ба «Хамса»-и Алишери Навоӣ ва таъсирпазирии ў аз «Хамса»-сароёни форс-тоҷик устод Айнӣ чунин менависад: “Навоӣ дар ин асари худ аз ҷиҳати шакл ва вазн Низомиро тақлид карда бошад ҳам, аз ҷиҳати варианти ҳикояҳо, эҷоди мисолҳо ва монанди инҳо тамоман як асари нав ба вуҷуд овардааст, яъне “Хамса”-и Навоӣ тарҷума ё аз ҳар ваҷҳ тақлиди “Хамса”-и Низомӣ набуда, тамоман як эҷоди нав аст”. Ҳамчунон, дар ин бахши мақола доир ба девони чаҳоргонаи Алишери Навоӣ ба забони модариаш, “Маҷолису-н-нафоис”-и ў, “Мантиқ-ут- тайр”-и Фаридаддини Аттор ба туркӣ баргардониданаш ва ба форсӣ-тоҷикӣ доштани як девону чанд рисола ва мактуботи ў ахбори мухтасар додааст.

Дар бахши чаҳорум ва охирини мақолаи “Мир Алишери Навоӣ” дар бораи забон ва ҳусни баёни эҷодиёти адиби зуллисонайн сухан рафтааст, ки он ҳам хеле кўтоҳу мушаххас мебошад. Устод Айнӣ дар ин ҷо дар баробари “Зуллисонайн” номидани Навоӣ ўро соҳиби се забон медонад ва ба забони модариашу забони форсии тоҷикӣ забони арабиро зам намуда, мегўяд: “Баъзе китобҳои арабии душворфаҳмро бо забони туркӣ ва форсӣ бомуваффақият тарҷума кардани ў нишон медиҳад, ки ў забони арабиро на монанди муллоҳои мадрассаи куҳна рўякӣ медонистааст, балки нозукиҳои забони арабӣ ва адабиёти арабро аз худ карда будааст”.

Тавре ишора рафт, бештари эҷодиёти Алишери Навоӣ ба забони ўзбекии кадим – туркии чиғатоӣ навишта шудаанд. Аз ин рў, тибқи ишораи муаллифи «Равзат-ус-сафо» гўё «Бинобар ин баъзе ҷавонони форсизабон туркигўйӣ ва туркинависии Навоиро зоҳиран ва тарзи ҳазлу мазоқ ва ҳақиқатан бо таассуби форсигарӣ таҳқир карда бошанд ҳам, ў ҳеҷ таассуб нишон надодааст», гуфтан маънӣ дорад. Зеро Навоӣ таҳсилкардаву бакамолрасидаи адабиёти форс- тоҷик аз ин ҳазлу шўхиҳо намеранҷид, балки боз зиёдтар ба ҳамқаламони форсигўяш дасти кумак дароз мекард. Камолиддини Биноӣ ҳам, ки ин аз назари муҳаққиқи навоишинос дур намондааст, дар ҳамон ҳазлҳои рафиқона муносибати дўстонаи тарафайнро нигоҳ медоштааст. Вале ин масъала дар навоишиносии то Айнӣ ранги дигар дошт, яъне бо ин Биноиро ба миллатчигӣ муттаҳам мекарданд ва чанде баъд ҳам дар майдони илму адаби бародарони ўзбек ин моҷаро буд. Ин масъалаи бамиёнгузоштаи устод Садриддин Айнӣ дар ин мақола баъдтар дар китоби академик Абдулғанӣ Мирзоев “Биноӣ” ба таври мусбат, бар нафъи ҳар ду миллати ба ҳам дўст – тоҷикону ўзбекон ҷамъбасти илмӣ дода шудааст, ки ниёзмандон метавонанд ба он муроҷиат намоянду ҳақиқати ҳол барояшон равшан гардад.

Устод Садриддин Айнӣ дар фароварди мақолаи мазкур ба хулоса меояд, ки мероси адабии чунин эҷодкорон бояд ҳаматарафа омўхта шуда, осорашон бояд дастраси ҳамзабонон гардад. Ин оғози заҳмати устод дар навоишиносӣ ба шумор меравад.

Минбаъд, устод Садриддин Айнӣ дар баробари корҳои дигари рўзмарраи худ хастанопазирона омўзишу пажўҳиши худро атрофи рўзгору осори Алишери Навоӣ идома дода, маҳолаи хеле муфассали худро бо номи “Алишери Навоӣ” дар шумораҳои 1 (с. 23-28), 2 (с. 36-43), шумораҳои 4-5 (с. 15-36)-и маҷаллаи “Арки сурх”, соли 1941 ба чоп мерасонад, ки он баъдтар дар шакли рисола бо номи «Алишери Навоӣ» чоп гардидааст. Дар бораи ин рисолаи устод сонитар таваққуф хоҳем намуд. Пештар аз ин мақола, соли 1940 “Хамса”-и Алишери Навоӣ бо сарсухан ва тавҳезоту луғати ин навоишиноси тоҷик дар Тошканд ба чоп расида буд. Бояд гуфт, ки аҳли таҳқиқи ўзбек Ҳамид Сулаймон онро аз матнҳои хуби осори Навоӣ донистааст. Илова бар ин ҳама 14-15 майи соли 1948 дар рўзномаи «Ленин йули» мақолаи калонҳаҷми устод Садриддин Айнӣ бо унвони “Алишери Навоӣ ва тожик адабиёти” ба табъ расид, баъд дар маҷмўаи “Улуғ ўзбек шоири” ҷой дода шудааст. Дар ин мақола муҳаққиқи навоишинос кўшиш намудааст, ки таъсирпазирии Алишер Навоиро аз эҷодиёти суханварони форс-тоҷик ҳарчӣ равшантар ба ҳалли таҳқиқ, бахусус ба муҳаққиқони навоишиноси ўзбек, нишон диҳад ва дар ин заминаи боэътимод навгониҳои ўро якояк баршуморанд. Аз муҳтавои мақола бармеояд, ки дар ҳақиқат, Навоӣ парвардаи адабиёти форс-тоҷик буда, бо таъсири мусбати ба ў расонидаи ин адабиёт тавонист, ки ба халқи худ, ба адабиёти туркзабонон хизмати босазои бесобиқаро анҷом бидиҳад.

Бояд гуфт, ки дар навоишиносии устод Садриддин Айнӣ мақолаҳои номбаршуда ва заҳамоти ёдгардидаи ў пояи мустаҳкаме гардиданд дар навиштани рисолаи калонҳаҷми “Алишери Навоӣ”, ки муҳтавои умумии он замони зиндагӣ, тарҷумаи ҳол, фаъолияти сиёсӣ-ҷамъиятӣ ва эҷодиёти адабию илмии Навоиро бо иловаи шеърҳои мунтахаби форсӣ-точикии мавсуф фаро гирифтааст. Рисола аз бобҳои «Замони Алишери Навоӣ», «Тарҷумаи ҳоли Мир Алишери Навоӣ», ки аз фаслҳои «Таваллуд ва оилаи Навоӣ», «Рўзҳои бачагии Навоӣ», «Айёми ҷавонӣ ва таҳсили ҷиддии Алишер», «Ҳаёти сиёсии Алишер» ва «Вафоти Алишер» иборат аст, «Ҳаёти адабӣ ва фаъолияти эҷодии Навоӣ» ва «Жанри муаммо», «Хидмати илмӣ-адабӣ ва мадании Мир Алишер, ки дар худ фаслҳои «Қадррасонии Алишер», «Китобҳои илмӣ ва адабӣ, ки бо ташаббуси Навоӣ таълиф ёфтаанд», «Биноҳое, ки Навоӣ дар роҳи илму адабиёт ва умуман дар роҳи манфиати омма сохтааст», бобҳои «Дахлу харҷи Алишер», «Ҳаёти хусусии Алишер», «Ҳаҷв-сатира ва юмор дар замони Навоӣ” ва боби охир «Намунаи шеърҳои форсӣ-тоҷикии Алишери Навоӣ» иборат ва ба риштаи таҳрир кашида шудааст. Танҳо аз бобҳову фаслҳои номбаршуда метавон ба хулоса омад, ки устод Садриддин Айнӣ дар риштаи навоишиносӣ чӣ заҳмати азимеро, ки пештар аз ў дар боби омўзишу пажўҳиши Алишери Навоӣ шояд касе орзуи анҷом доданашро ҳам надошт, ба субут расонидааст.

Муҳаққиқи чирадасти навоишинос дар ин рисола, тавре аз бобу фаслҳои он дида мешавад, доир ба омўхтани рўзгору осори Навоӣ шитобзадагиро пеша накарда, хеле бо ҳавсалаи зиёд қаламфарсоӣ намудааст. Вай барои анҷом додани ин кор, пеш аз ҳама, ба маъхазҳои ба ҳаёту эҷодиёти суханвар алоқадошта муроҷиат менамояд, монанди “Равзат-ус-сафо”-и Мирхонд, “Макорим-ул- ахлоқ”-и Хондамир, ки ба Амир Алишер бахшида шудааст, “Бадоеъ-ул-вақоеъ”- и Зайниддин Маҳмуди Восифӣ, “Тазкират-уш-шуаро”-и Давлатшоҳи Самарқандӣ, “Оташкада”-и Озар, “Хизонаи Омира”-и Ғуломалӣ Озоди Балгиромӣ, “Қомус-ул-аълом”-и Шамсиддини Сомӣ, “Кашф-уз-зунун”-и Ҳофизи Чалабӣ, “Ҳафт авранг” ва “Баҳористон”-и Мавлоно Ҷомӣ, “Бобурнома”-и Заҳириддин Муҳаммад Бобур, ки ҳамзамони ҷавони Алишери Навоӣ буд ва бахусус, осори худи ў. Ба пуррагӣ фаро гирифтани маъхазҳои дастрасгардида ва аз нигоҳи илмӣ ҳазм намудани онҳо нишон медиҳад, ки устод Садриддин Айнӣ дар ин рисола ва навиштани он масъулияти калонеро бар дўш доштааст. Ин ба он маъност, ки муҳаққиқ кўшида, дар баробари хеле мухтасару мушаххас замони нобасомони Алишери Навоӣ ҷанбаи таърихӣ дораду охирҳои давлатдории Темуриёнро дар Мовароуннаҳру Хуросон то инқирози он (охири асри XV аввали асри XVI) фаро гирифтааст.

Рўйи коғаз овардани тарҷумаи ҳоли Алишери Навоӣ ба ҷузъиёти зиёдаш зина ба зина барқарор намояд, ба ҳаёти шахсияш дахл кунад, симои ўро дар ҳаёти адабӣ ва иҷтимоию сиёсии даврон бо дарунмояву бурунмояаш мунъакис созад, сохту муҳтавои осори адабӣ-илмиашро аз хурдтарин абёти ғиноӣ то “Хамса”-и калонҳаҷм ба риштаи таҳқиқ кашад, намунае чанд аз ашъори форсӣ- тоҷикиашро дар замимаи рисола ҷой ва шикастанафсонаву хоксорона ин хулосаро ба қалам диҳад: “Мо дар ин китоб, ки ба муносибати ҷашни панҷсадсолагии таваллуди шоир ва мутафаккири бузурги халки ўзбек Алишери Навоӣ нашр мешавад, дар бораи замони зиндагӣ, фаъолияти ҷамъиятӣ ва сиёсӣ, эҷодиёти адабӣ ва хизматҳои илмии ў мухтасаран бошад ҳам, маълумот дода, намунаи шеърхои форсӣ-тоҷикии ўро илова кардем”. Ҷойи ишора аст, ки баъди хулоса бахши «Эзоҳот ва қайдҳои ҷудогона» ва «Манбаъҳои истифодакардашуда» ба ҳусни рисолаи илмӣ ҳусни тоза бахшидаанд.

Устод Садриддин Айнӣ дар боби 2-юми рисола ба таври ҷиддӣ ба барқарор намудани рўзгори сипаришудаи Навоӣ кўшида, дар боби дувуми он ”Ҳаёти адабӣ ва фаъолияти эҷодии Навоӣ” сайъ намуда, ки фаъолияти адабӣ ва илмии ўро бо ёдрас гардидан, ба таври фишурда доир ба таърихи таълиф, муҳтаво ва номгўйи осори калонҳаҷми мавсуф, монанди «Хамса», «Чаҳор девон»,«Маҷолис-ун-нафоис», «Маҳокамат-ул-луғатайн», «Хамсат-ул- мутаҳайирин», «Маҳбуб-ул-қулуб», «Лисон-ут-тайр», «Тарҷумаи «Мантиқ-ут- тайр»-и Фаридуддин Аттори Нишопурӣ таваққуф намояд. Бегумон андешаҳои устод Садриддин Айнӣ доир ба фаъолияти эҷодии Алишери Навоӣ сармашқу раҳнамои навоишиносони ватанию хориҷӣ шуда буданд ва ҳастанд.

Муҳаққиқи варзида, гузашта аз ин, дар рисола ба заҳамоти илмӣ-адабӣ ва фарҳангии Алишери Навоӣ диққати хосса дода, таъкид менамояд, ки вай дар давоми сари мансаб будан ва баъд аз он ҷавонони эҷодкореро даст гирифтаву ба роҳи илму маърифат равона намуда буд. Мавсуф ба ғайр аз таълифоти худ аҳли илму адаби тавонои замонашро ба ёрдами моддӣ ва маънавӣ барои навиштани асарҳои пурқимат раҳнамоӣ кардааст, устоди навоишинос дар рисолаи худ аз 57- тои онҳо хабар медиҳад. Барои он ки гуфтаҳои устод Садриддин Айнӣ боварибахш бошанд, вай онҳоро бо далелҳо оро додааст. Аз ҷумла, муҳаққиқ менависад: “Алишер барои таълифи “Равзат-ус-сафо” аз муаллиф танҳо илтимос ва ба ў танҳо ёрмандии моддӣ карда намондааст, балки ба ў дар бораи услуб ва программа маслиҳати илмӣ ҳам дода ва ба замми ин, ба ў хонаи хоси кории худро, ки мукаммалтарин китобхонаи он замон буда, аз ҷиҳати асбоби таҳрир пурра ҷиҳозонида шуда буд, барои кори чандинсола дода, худаш ба хонаи дигар гузаштааст”.

Алишери Навоӣ замони дар сари мансаб будан аз захираи давлатӣ ва баъд аз он аз даромади заминҳои дар ихтиёраш будаву дигар даромадҳо мадрасаҳои харобгаштаи Ҳиротро таъмир менамояд, мадрасаҳои Ихлосия, Шифоия ва Низомияро месозад, дар Марв Хусравия ном мадраса бино мекунад ва мударрисони доноро ба мударрисӣ даъват мекунад, бо харҷи худ беш аз 25 хонақоҳу масҷид месозад, дар саросари Хуросон дар роҳҳои корвонгард беш аз 50 работ, дар Ҳирот ва атрофи он беш 20 ҳавзи сангин, 10 ҳаммом, 15 курпук ва дигар иншоотро ба манфиати умум мегузорад, ки ин ҳама аз чашми заррабини навоишиноси тоҷик дур намондааст.

Андешаҳои устод Садриддин Айнӣ доир ба он ки Алишер Навоӣ ба санъати нафисаи давр, бахусус ба рассомӣ диққати алоҳида ва рассомони номӣ Маҳмуди Музаҳҳиб ва устод Беҳзод дасти кумак дароз менамуд, хушнависонро ҷамъ меовард, ҳунармандони китобсозро бо таъмини маош ба китобсозӣ талқин менамуд, меъморону кандакоронро бе подоши амал намемонд ва аз саҳифаҳои рисолааш дур намондаанд.

Дар фароварди рисолаи “Алишери Навоӣ” масъалаи дигари эҷодии Алишери Навоӣ ин шеъргўии ў ба забони форсии тоҷикӣ мебошад, ки устод Садриддин Айнӣ дар бахши “Намунаи шеърҳои форсӣ-тоҷикии Алишери Навоӣ (Фонӣ) ин заҳматро ҳадалимкон ба дўш гирифтаву намунае чанд аз ашъори форсӣ-тоҷикии адиби зуллисонайнро аз нусхаи қаламии дар Китобхонаи давлатии марказии Ўзбекистон дар Тошканд буда, «Радоиф-ул- ашъор»-ҳо, «Хамсат-ул-мутаҳайирин» ва дигар осори худи Навоӣ ҷамъ оварда ва мунтахаб кардааст, ки баъзе аз ғазалҳои он на моли Навоӣ-Фонӣ, балки аз шоири асри XVII Муҳсин Фонии Кашмирӣ дониста шудаанд. Дар ин бора навоишинос Алии Муҳаммадии Хуросонӣ хулосаҳои худро чунин менигорад: “Устод Садриддин Айнӣ дар рисолаи калонҳаҷми худ “Алишери Навоӣ” (рисолаи мавриди назар - Т. Д.) аз боби ашъори форсӣ-тоҷикии ин суханвар ёд карда, аз набудани матни пурраи “Девони Форсӣ” дар собиқ Иттиҳоди Шўравӣ андешаҳои илмии худро пеш мегузорад ва чанд намуна аз ашъори ўро дар анҷоми он рисола илова менамояд. Бояд гуфт, ки дар матни таҳиянамудаи устод чанд ғазали Фонии Кашмирӣ низ иштибоҳан ба Навоӣ-Фонӣ мансуб дониста шудааст”. Пас аз ин навишта бармеояд, ки устод Садриддин Айнӣ иштибоҳан ва ноогоҳона девони Фонии Кашмириро ба девони Навоӣ-Фонӣ махлут намудааст, ки ин тарафи масъала пажўҳиши алоҳидаро мехоҳад. Зиёда аз ин мутуни интихобнамудаи ин навоишиноси тоҷик вобаста ба талаботи вақт таҳия шудаанд. Мо барои он ки гуфтаҳоямон хушк набошад, чанд ғазали интихобии устод Садриддин Айнӣ бо “Мунтахаби ашъор”-и Фонии Кашмирӣ дар муқоисаю муқобала дида баромада, боварӣ ҳосил намудем, масалан, ғазале, ки бо ин матлаъ сар мешавад:

Ба мизони камон санҷанд мардум зўри бозуро,
Ба даст овардаам ман ҳам зи абруяш тарозуро.

Дар 5 байт омадааст. Ин ғазал дар мунтахаби Фонии Кашмирӣ бо андак тағйироти байти аввал дар 7 байт аст. Байти аввали он:

Ба мизони камол санҷанд мардон зўри бозуро,
Ба даст овардаам ман ҳам зи абруе тарозуро.

Ғазали дувуми интихобкардаи устод бо матлаи:

Мактаби маънист доим дил зи нодонӣ маро,
Хона обод аст аз асбоби вайронӣ маро.

6 байт буда, он дар мунтахаби Фонии Кашмирӣ айнан дар 6 байт омадааст ва боз чандтои дигар, ки навоишиносон бояд ба ин таваҷҷуҳи лозима равона намоянду ашъори форсӣ-тоҷикии Навоӣ-Фониро аз сурудаҳои Фонии Кашмирӣ ҷудо намоянд.

Дар ин ҷо муҳим он аст, ки устод Садриддин Айнӣ зимни омўзишу пажўҳиши пайваста таъкид менамояд, ки пайдокардаҳои мо аз девони форсӣ- тоҷикии Навоӣ-Фонӣ «аз ҳазор байт зиёд нестанд ва ҳол он ки, мебоист девони форсии ў шаш ҳазор байт мешуд”.

Дар ҳамон замоне, ки ҳанўз аҳли таҳқиқ бо нусхаҳои қалами форсӣ-тоҷикии дар кутубхонаҳои ҷаҳон маҳфузбуда ва гузашта аз ин, бо корҳои таҳқиқотии адабиётшиносони ватаниву муштарики хориҷӣ камтар воқиф буданд, заҳмати устод Айнӣ боиси таҳсин ва тақдир буд. Бо як нигоҳ ў на танҳо бо навиштаҳои илмии худ ба навоишиносии тоҷик роҳ кушод, балки барои навоишиносони мардуми туркзабон, бахусус бародарони ўзбек роҳ хамвор намуд, ки ин андешаро навоишиносони баъдина таъкид намудаанд.

Ниҳоят, устод Садриддин Айнӣ бо як идда мақолаҳо ва рисолаи арзишманди худи «Алишери Навоӣ» дар баробари аввалин навоишиносони тоҷик дониста шуда, тавонист заҳмати заҳимеро ҷамъбаст намуда, дар навоишиносӣ аз пешгомони воқеӣ ба шумор равад. Имрўз ҳам ин заҳмати мавсуф дар омўхтани таърих, ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ ва адабию фарҳангии Ҳироти асри XV қимат ба шумор рафта, аҳамияти худро нигоҳ дошта меояд.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2