КАЛИМАҲОИ ТОҶИКИАСЛИ ИФОДАГАРИ ВАЗН ДАР ЗАБОНИ ТОҶИКӢ
Дар аҳди бостон, яъне аз замоне ки ҷомеаи маданӣ ҳанўз ташаккул наёфта буд, одамон барои муайян кардани ченакҳо асосан аз узвҳои бадан истифода мекарданд. Бо гузашти айём, тадриҷан ҷомеаи инсонӣ зина ба зина рушду инкишоф намуд ва ченакҳо низ ҳамзамон такмил ва вусъат ёфтанд. Чун тоҷикон аз ҷумлаи халқиятҳои куҳанбунёду бостонӣ мебошанд, бинобар ин дар таърихи забони тоҷикӣ, дар қиёс бо аксар забонҳои дунё ченаки вазн таърихи тўлонӣ дорад. Пеш аз Инқилоби Октябр ҳангоми тадқиқи урфу одат ва суннатҳои мардуми тоҷик, бахусус кўҳистони Қаротегин ва Дарвоз, муҳаққиқон И.Н. Березин, Г.А. Арандаренко, И.П. Минаев, Н. Юхновский, А.Е. Снесарев ба хулосае омаданд, ки ин мардум оид ба низоми вазну андоза тасаввуроте надоранд, вале баъди тадқиқи комил ин андешаи барғалат илман рад карда шуд.
Аз давраҳои хеле қадим сар карда, гузаштагони мо масоҳат, вақт ва вазнро дақиқ ва мушаххас ба ҳисоб мегирифтанд. Дар доираи ин мавзўъ бисёр олимону муҳаққиқон андешаҳои ҷолиб баён кардаанд, аммо вобаста ба мавзўи мазкур дар забоншиносии тоҷик тадқиқоти алоҳида ё комиле ба назар намерасад. Аз ин рў, баррасӣ ва тадқиқи мавзўи мазкур яке аз масъалаҳои муҳими забоншиносии муосири тоҷик ба ҳисоб меравад. Бо дарназардошти ин, вобаста ба ифодаи маъно ва дараҷаи корбурд, таснифи қисме аз вожаҳои мансуб ба ченаки вазнро лозим донистем, ки дар забони тоҷикӣ мавриди тадқиқ қарор бидиҳем.
Қаблан бояд тазаккур намуд, ки дар тўли таърих тоҷикон ба кишварҳои гуногуни дуру наздик робитаву доду гирифти тиҷоративу иқтисодӣ дошта, далели равшани ин нукта Шоҳроҳи абрешим, ки аз сарзамини бостонии мо мегузашт, шуда метавонад. Дар ҷараёни муносибатҳои тиҷоратӣ аз забонҳои мухталиф воҳидҳои баёнгари вазн вориди забони мо гаштанд, лекин алҳол мо дар зер танҳо оид ба воҳидҳои тоҷикасли баёнгари ченаки вазн таваққуф хоҳем кард.
Дар забоншиносии тоҷик вожаҳои аслии тоҷикие мавҷуданд, ки бо мурури замон онҳо матрук шуда, имрўз мавриди истифода қарор надоранд. Аз ҷумла, калимаи ман воҳиди луғавиест, ки бо ҷонишини ман хусусияти омонимӣ дошта, вале тафовути маъноии онҳо аз матн бармеояд, яъне «истифодаи калима баъзан дар алоҳидагӣ боиси духўрагии маъно мегардад, ки маҳз контекст (матн) бозгўйи маънои саҳеҳ мегардад».
Чунончи, дар шакли омонимӣ калимаи ман ба ин маъноҳо корбаст мешавад: 1. Ҷонишини шахси якуми танҳо:
Ман аз ҳар даре гуфта дорам басе,
Шуниданд гуфтори ман ҳар касе.
Саъдӣ.
2. Ҳамчун миқёси вазн бояд гуфт, ки ин вожа дар гузашта миқёси вазнро ифода намуда, дар ҷойҳои гуногун вазнҳои мухталифро нишон медодааст.
Масалан, мани Самарқанд – 8 пуд, мани Табрез – қариб 3 кг, ва дар истилоҳи шариат як ман (мани шаръӣ) 180 мисқол (846 кг).
Дар осори классикон истилоҳоти мазкур истифодаи васеъ дорад:
Ва кор бар эшон душвор шуд, то андар лашкари эшон як ман нон ба се дирам шуд. «Таърихи Наршахӣ».
Як зарра хоки кўйи ту он ҷо, ки арз ёфт,
Дар вазни эътибор баромад ҳазор ман.
Бадри Чочӣ.
3. Ба маънои тарангабин, таранҷабин - шабнаме, ки бар рўйи барги баъзе дарахтон ва хорҳо рехта, то пагоҳ ба шираи бастаи бисёр ширин мубаддал мешавад; хоршакар маънидод шудааст.
Ман гарчи талхкомтар аз соғари майам,
Алфози дурфишонам ширинтар аз ман аст.
Бадри Чочӣ.
Алҳол дар баъзе лаҳҷаҳои тоҷикӣ калимаи ман-ро чун ифодагари вазн истифода менамоянд. Масалан, воҳиди ченаки маҳсулоти пошхўранда дар ҳавзаи дарёи Хингов ва Қаротегин ба ин тариқ оварда шудааст:
1 ман бо косаи хурд:
1 тоқӣ - 1кг 300г
1табақ-3тоқӣ-3кг 900г
1 ман - 16 табақ - 64 кг 400г (шояд саҳв шуда бошад - 62 кг 400г) 2 ман бо косаи калон:
а) 9тоқӣ-1табақ-11кг 700г 1 ман - 16 табақ - 187 кг 200г
б)12тоқӣ-1табақ-15кг600г 1 ман - 16 табақ - 149 кг 600г
в)16тоқӣ-1табақ-20кг800г
г)200тоқӣ-1табақ-26кг. 1 ман - 16 табақ - 416 кг.
Ман-ро Е.А. Давидович дар асоси маълумотҳо муқаррар кардааст, ки дар Бухоро дар асри ХV мани шариатӣ ба 180 мисқол , яъне 864 г ва мани тарозуи палладори бухороӣ ба 900 мисқол, яъне 4 кг 320г баробар буд. Ин рақамҳо ба мане, ки дар «Ал- Қонун»-и Сино зикр шудааст, наздиканд.
Калимаи ман дар ифодаи вазн бо калимаи туркии ботман муродиф бошад ҳам, дар лаҳҷаҳои тоҷикӣ онҳоро барои ифодаи вазнҳои гуногун истифода намудаанд. Масалан, дар Қўқанд 1 ботман ба 8 пуд баробар буд, ки он ба 128 кг рост меояд, вале дар баъзе лаҳҷаҳои шимол ин вазн 100 кг-ро ташкил медиҳад. Умуман, дар Бухорои асрҳои ХVII-ХIХ ҳашт намуди ман, яъне аз 0,8 то 262 кг мавҷуд будааст.
Калимаи сер низ мансуби забони тоҷикӣ буда, яке аз ченакҳои серистеъмоли вазн дар шаҳру вилоятҳои Мовароуннаҳр ва Бадахшон ба шумор мерафт. Сер дар тўли асрҳои миёна баробари 1/40 ҳиссаи мани (ботмани) ин ё он шаҳр ба ҳисоб мерафт ва аз ин рў, вобаста ба замону макон қимати гуногун дошт. Масалан, дар Эрони асримиёнагӣ сер баробари 75 г, дар Бадахшони Афғонистон тақрибан ба 7 кг баробар буд.
Ҳоло дар саросари Афғонистон сер яке аз ченакҳои маъмул буда, аксарияти маҳсулот, ҳатто ҳезуму ангиштро низ бо ҳамин воҳиди вазн месанҷанд ва дар ин кишвар як сер ба 7 кило баробар мебошад. Ин воҳиди вазн дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» чунин шарҳ дода шудааст: «Сер - миқёси паймоиш, ки дар ҷойҳои гуногун вазнаш мухталиф буда ва дар Бухорои асрҳои охир панҷяки пудро ташкил мекард».
Вобаста ба ҷуғрофияи истеъмолӣ сер дар шакли ибораҳои изофии нисбӣ: сери хуросонӣ, сери афғонӣ ва сери ҳиндӣ истифода гардидааст, ки мусташриқи рус А.А. Семенов сери хуросониро баробари 15 мисқол (67 г), сери афғониро баробари 5 фунти англисӣ (2, 268 кг) ва сери ҳиндиро 2 фунт (907, 2 г) муайян намудааст.
Дар шакли ибораи сери оламгир миқдори вазнест иборат аз 64 тўла, ки ба 696,32 гр баробар аст.
Ин калима собиқаи тўлонӣ дошта, дар осори классикон дар ифодаи вазн низ ба назар мерасад:
Хез, аз майи қадим маро сер кун ба ратл,
Бигзар аз ин ҳадис, ки як серу як ман аст.
Анварӣ.
Тавре ки дар байти мазкур дида мешавад, сер (вазн) бо сери мисраи якум (антоними гурусна) таҷнис (омоним) шуда, тавре ки оид ба ман гуфта гузаштем, дар матн маънои ҳар яке равшан аст.
Табақи қошқарӣ ... ним сер оши палав ба замми чалаву гўштҳои кўфта... дошт. Садри Зиё.
Калимаи моша, ки аз калимаи мош (гиёҳест аз оилаи лўбиёиҳо) бо иловаи пасванди –а сохта шудааст, миқдори вазнест иборат аз дувоздаҳ як ҳиссаи тўлча. Чун тўлча ба 2,5 мисқол баробар аст, пас, моша ба 0,94 гр рост меояд. Ин калимаи тоҷикӣ низ вобаста ба дараҷаи истеъмол дар шакли ибораи изофии мошаи бангола корбаст шуда, миқдори вазнест иборат аз ҳашт ратӣ, ки ба 1, 12 гр баробар мебошад.
Калимаи мазкур ба маъноҳои анбўри сарпаҳни оҳангарон ва ҷойи пилтагузории милтиқҳои қадимӣ низ истифода гардидааст.
Калимаи донг вобаста ба минтақаҳо вазнҳои гуногунро ифода намуда, ҳоло баробари шашяки дирам аст (як дирам ду қирот ва ҳар қирот аз 0, 19 гр. иборат аст».
Ин калима ба маъноҳои ҳисса, саҳм, шашяки чизе низ истифода шудааст.
Калимаи тоҷикии донг низ дар осори классикон барои ифодаи вазн фаровон корбаст шудааст.
Чунончи, дар мисоли: Он ҷо хурмое буд, ... ҳар яке даҳ дирам ва хаста, ки дар миёнаш буд донгу ним беш набуд. Носири Хисрав [10, 388]. Калимаи донг вазнро ифода кардааст. Вале дар мисоли зер бошад: Рўзе, ки фардои он рамазон хост буд, ман аз ҷумлаи харҷи рамазонӣ ва ид донге надоштам. Низомии Арўзӣ. Вожаи донг ба маънои нақдина (пул) омадааст.
Дар забони тоҷикӣ калимаи пуд (ченаки вазн, ки ба 16 кг баробар буд), калимаҳои сохтаи нимпудӣ (вазни нисфи пудро дошта - баробар ба 8 кг), нимча (воҳиди ченаки вазн, ки тахминан ба 400-500 гр баробар будааст), панҷсер (андозаи вазн, ки ба як пуд (16 кг) баробар аст), хирвор (як хирвор ба 100 мани табрезӣ ва як ман ба 3 кг баробар буд), боре, ки хар бардошта метавонад. Намунае аз осори Авфӣ: Харворе ҳезум ба дарозгўш бор карда буд. Ин калимаро дар шакли харвор Савдо низ мавриди истифода қарор додааст: Ва ту аз ман якро ҳазор ва ҳаббаро харвор талаб дорӣ. Ченаки вазн баробари 100 мани Табрез, 300 кг аст. Дар гўйишҳои мардумӣ низ ин шаклро дучор меоем: Харвор намак аст, мисқол ҳам намак аст, аз бахшишҳои хурд ҳам бояд миннатдорӣ кард (зарб.). Нимхўрд (ченаки вазн, ки дар системаи мани 16- пудаи Ўротеппа, Самарқанд ва зоҳиран, Бухоро 2,5 фунт, инчунин, дар системаи ман 8- пудаи Ҷиззах - 1,25 фунт татбиқ карда мешуд) низ дар ифодаи вазн корбаст шудааст. Назар ба маълумоти муаррих А.Қўшматов дар маҳалҳои гуногуни тоҷикнишин калимаҳои кавсан, ятимак, ясирак, ямирак низ дар ифодаи вазнҳои гуногун корбаст гардидаанд.
Мисол: Мувофиқи ҳуҷҷати охири асри ХIХ дар Деҳнав ва Юрчии вилояти Сурхондарёи Ўзбекистон аз ҳар ман (8 пуд) ғалла панҷ сер (кавсан) гирифта мешуд. Дар амлоки бекии Ҳисор аз ғалладонаи кишти баҳорӣ (баҳорикорӣ) низ панҷ сер ва аз кишти обӣ (обикорӣ) дуним сер бо маҳсулот кавсан ситонида мешуд.
Тадқиқ ва баррасии ифодаи маъноии калимаҳои ифодагари вазну ченак дар доираи як мақола аз имкон берун буда, омўзиши истифодаи ин навъи калимаҳо дар забони адабӣ, муқоисаи онҳо бо осори ниёгон ва лаҳҷаҳои тоҷикӣ ба бисёр паҳлуҳои норавшани ин бахш рўшанӣ хоҳад андохт.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё