Зеҳн

МОҲИЯТИ МАСНАВИИ «СОҚИНОМА»-И ҲОҶӢ МУҲАММАД ИСМОИЛ

ЗЕ
Зеҳн12 сентябри 2026 · 8 дақиқа хондан

Рўзгори воқеии ҳар як шоир оинаест, ки моҳияти эҷодиёти ўро инъикос месозад. Ҳоҷӣ Муҳаммад Исмоил зодаи Ҳирот аст, шаҳре, ки ба олам адибону шоирон, рассомону олимони зиёдеро додааст. Ҳирот чун маркази илму фарҳанги форсу тоҷик на танҳо дар замонҳои гузашта шуҳрат дошт, балки дар аҳди мо низ овозаи худро аз даст надодааст. Ин шаҳрест, ки Ҷомӣ ва Навоӣ барин мардони бузурги илму фарҳангро ба дунё додааст. Таъсири анъанаҳои қадимаи адабию мадании Ҳирот дар ҳамаи асру замонҳо дар Эрону Мовароуннаҳр бараъло мушоҳида мешавад.

Аз Ҳоҷӣ Исмоил то имрўз мувофиқи девони чопӣ 37 қасида, 162 ғазал, 6 қитъаи таърихӣ, 1 мустазод, 1 рубоӣ боқӣ мондааст. Вале мероси адабии шоир бо ин ҳама маҳдуд намешавад. Мо дар натиҷаи ҷустуҷўҳо дар Афғонистон, илова бар ин, 6 қасида, 5 ғазал ва дастхати маснавии «Саг ва Шағол»-ро пайдо кардем. Агар мероси адабии бадастрасидаи шоирро ҷамъбаст намоем, ҳамаи он 4,5 ҳазор байт мешавад.

Дигар аз анвои ашъори Ҳоҷӣ Исмоил як маснавиест, ки дар девон ба унвони «Соқинома» сабт гардидааст. Ин маснавӣ аз ҷиҳати ҳаҷм ва маъниву мазмун чунон аст, ки онро метавон як асари алоҳида қаламдод намуд. Азбаски дар дохили девон ҳамчун як қисмати анвои ашъори шоир омадааст, мо онро ҳамчун ҷузъи девони шоир санҷида мебароем. Маснавӣ аз 130 байт иборат буда, бо услуби адабӣ ва равияи ғоявии хоссаи Ҳоҷӣ Исмоил таълиф шудааст. Вазнаш ба мисли «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ мутақориб аст: фаўлун, фаўлун, фаўл.

Маснавӣ аз тасвири фасли баҳорони Ҳироти ҷаннатмисол оғоз меёбад ва шоир ин баҳори хуррамрўро ба авзо ва рўҳияи мардуми ин мулк омезиш медиҳад:

Баҳор омаду рафт айёми дай,
Хушо ҳоли мастони ҷўёи вай.
Баҳоре, ки шоданд аҳли Ҳирот,
Якояк чу саркотиби боқиёт.
Баҳоре, ки омад дар ў иттифоқ,
Баҳоре, ки берун шуд аз вай нифоқ.

Пас аз нуҳ байт, ки дар васфи баҳор сароида шудаанд, шоир ба тарзи анъанавӣ ба соқӣ рў меоварад ва аз ў май мехоҳад. Мае, ки ў аз соқӣ талаб мекунад, он мае нест, ки дар соқиномаҳои шоирони пешин дида мешавад. Ў ин майро на барои он мехоҳад, ки масту мадҳуш шаваду аз ғаму душвориҳои рўзгори худ раҳоӣ ёбад. Балки ў мае мехоҳад, ки бо ёрии он Ватанро озод аз тааддии аҷнабиён бинад. Ба ибораи худи шоир гўем: «Пушти по бар Аврупо занад».

Аз ҳамин ибтидои маснавӣ ҳам, ба хубӣ дарк кардан мумкин аст, ки ин асар сахт ҷанбаи иҷтимоию сиёсӣ дорад. Сипас, дар ҳашт байт Ҳоҷӣ Исмоил ба тарзи шоирона дар бораи шахсияти худ сухан рондааст. Агар ба тариқи ҷамъбаст гўем, дар ин ҳашт байт ў худро ба сўфӣ, олим, ҳоким, алоқадор, банно, тоҷир, наққош, барзгар, ҳунарманд, тоҷир, пири сипоҳ, мири деҳ, аҳли ришва, соҳиби каромат, аҳли тамаддун, курёр (пайк), наттоқ ва амсоли ин муқобил мегузорад. Гап дар сари он аст, ки дар феълу атвори номбурдагон, дар муносибат ба аҳли заҳмат нуқсонею найранге дарёб мекунад.

Ҷолиби диққат аст, ки шоир ҳар гоҳ, ки ба соқӣ муроҷиат мекунад, мавзўи нави ҳаётию воқеии Ҳирот ё Афғонистонро ба миён мегузорад.

Сипас, шоир садоқати деринаи худро нисбат ба ҳурриятхоҳон изҳор намуда, вакили Шўрои миллии Ҳирот Сайид Юсуфро, ки дар порахўрӣ ва бадахлоқӣ ном бароварда буд, фош месозад. Ва пас аз байти

Барорам бад-ин нағма овозро,
Ба ёд орам он шўхи таннозро

дар дохили маснавӣ ғазали комилан лирикие оғоз менамояд, ки он ин аст:
Куҷоӣ ту, эй масти Узрои ман,
Куҷоӣ ту, эй масти Суғрои ман.
На танҳо шикаст аз фироқи ту дил,

Шикаста сару гардану пои ман.
Фитод аз кафи бодахорони пор,
Маю ҷому қобуқу минои ман.
Ту маст аз маю ман зи рўи ту маст,
Ҷуз ин нест дигар таманнои ман.
Маро бе ту худ рўзи равшан шаб аст,
Бубин, чун бувад ҳоли шабҳои ман?!.

Ин гуна равия дар адабиёти классикӣ, хусусан, дар эҷодиёти Амир Хусрави Деҳлавӣ ва дигар шоирон низ мушоҳида мешавад. Лекин дар давраҳои охир дар маснавӣ истифода бурдани ғазал роиҷ набуд.

Дигар ин ки, шоир ҳангоми муроҷиат ба соқӣ, воқеаҳои воқеӣ ва шахсони мушаххасро ба тасвир мегирад. Ин барои шоир як услуби адабиест, ки ба воситаи он ақидаи худро дар бораи замон ва аҳли он изҳор менамояд. Ин дафъа ҳам, ки ба соқӣ муроҷиат мекунад, чанде аз воқеоти замонро ба қалам овардааст:

Биё, соқиё, оби ангур деҳ,
Ба кўрии он Хоҷаи зўр деҳ.
Мае деҳ, ки айёми кингош шуд,
Мае деҳ, ки сирри ҷаҳон фош шуд.
Мае деҳ, ки бо сўфиёни хамўш
Нишинем чун гурба дар сайди муш.

Дар абёти дигари маснавӣ, шоир ба бадахлоқии муаллим, мудиру муовин ва дигар арбобони ахлоқу назоратгарони онҳо муроҷиат карда гуфтааст, ки мардуми ноаҳлро ба сари мардум нагузоранд, зеро:

Дари ришва бар хештан во кунанд,
Ватанро ба як ҳафта расво кунанд.

Ҳамин тавр, ҳар гоҳ ки шоир ба соқӣ муроҷиат мекунад, мавзўи наве ба миён меояд ва ў онро ба тарзи худ адо мекунад. Масалан, дар пораи зерини маснавӣ дар бораи муфтӣ Сироҷ, ки ҳам дар замони машрута ва ҳам баъди он нуфузи калон дошт, чунин гуфтааст:

Бидеҳ, соқиё, май, ки муфтӣ Сироҷ,
Ки гаҳ чашм каҷ кардию гаҳ қулоҷ.
Чу баргашт аз ў ногаҳон рўзгор,
Шунидам, ки бигристу мегуфт зор:
Чӣ шуд, он кӣ ҳайбат бар айюқ зад,
Рақам тоза бар номи Салҷуқ зад?
Чӣ шуд, он кӣ бинмуд рафъи ҳиҷоб,
Ки медод фатво ба ҳалли шароб?

Ин ҷо ишора ба муфтӣ Сироҷ аст, ки солҳои сол дар Ҳирот муфтӣ буд ва дар замони Амонуллохон худро машрутахоҳ вонамуд карда, ҳатто бар хилофи шаръ ба «ҳалли шароб» фатво дода будааст. Зоҳиран, маснавии мазкур баъди фирори Амонуллохон гуфта шудааст, ки шоир аҳволи танг ва рўҳияи ноҳинҷори муфтӣ Сироҷро таъна задааст.

Дафъаи дигар, ки ба соқӣ муроҷиат мекунад, аз ҳоли вазир нақл менамояд. Биё, соқиё, навҳа кун бар вазир,
Ки дар ришвахорӣ набудаш назир.
На дарвеш ҳушу на дар арз гўш,

Ҳама умр чун гурба дар сайди муш.
На завқе, ки кўшад ба таъмири хайр,
Ҳамаш кўшиши барку сомони дайр.

Бори дигар, ки ба соқӣ муроҷиат мекунад, шоҳи ғозиро ба маърази баён овардааст:

Бидеҳ май, ки то турктозӣ кунам,
Даме мазбахи шоҳи ғозӣ кунам.
Бидеҳ май, ки шоҳи маорифпараст,
Бигўям, ки оҳ аз маориф пар аст.

Ин ҷо, зоҳиран, дар зери унвони «Шоҳи ғозӣ» шоир амир Амонуллохонро дар назар дорад, ки ў дар Афғонистон маорифи ҷадидро ҷорӣ карданӣ шуда буд, вале он аз тарафи куҳнапарастон ва оммаи халқ дастгирӣ нашуд. Аз абёти зерин маълум мешавад, ки шоир фармонҳои ин амирро чандон ҳам написандида будааст.

Касе, к-ў кунад амри каҷ ҳамчу пил,
Шавад оқибат ғарқи дарёи Нил.
Дар ин арса чун рух раҳи ростӣ,
Агар рафтӣ аз сидқ, бархостӣ.
Дар пораи дигар бошад, шоир аз суст шудани пояҳои дину ахлоқи ҷомеа сухан рондааст:

Даҳон каҷ, забон каҷ, дилу дида каҷ,
Зи як ҳайати каҷ кӣ бинад фараҷ?
На шарм аз ҷаду анҷаду н-аз Худой,
На аз интиқоми амал, н-аз балой!

Ҳамаи ин бидъатҳоро шоир аз ислоҳоти ҳукумати нав ва вуруди оинҳои аврупоӣ медонад. Хусусан, вайронии ахлоқи ҷавонони тараққихоҳ, беэҳтиромии онҳо нисбат ба калонсолон, шаробнўшӣ, сигоркашӣ ва ғайра сахт нафрати шоирро бедор мекард. Ангезаи нафрати ў дар порчаи зерин ҳам, ки баъди муроҷиат ба соқӣ гуфтааст, низ намудор мегардад:

Ҷавонони озоди автонпараст
Ба мўтар нишинанд махмуру маст.
Шавад мамлакат соз ҳамчун арўс,
Чу якдил шуд Афғону Эрону Рус.
Зи он беҳ, ки дар шаръ кўшиш кунем,
Дар ин тахта ҳар соат дўшиш кунем.
Гар озоду машрута як ҳайъатанд,
Палиданду аз фирқаи бидъатанд.
Барорад бунёдашон аз замин,
Нағунҷад ба як базм дунёву дин.

Аз банди охири маснавӣ маълум мешавад, ки шоир ин асари 130 байтаи худро ба муносибати ба Ҳирот ворид шудани ноибсолори танзима - Абдураҳимхон гуфта будааст. Ин Абдураҳимхон ҳамон шахсест, ки дар бораи ў устод Муҳаммад Алами Ғаввос дар тавзеҳоти девони шоир маълумоти зеринро додааст: «Дар соли 1307 ш.ҳ., ки Ҳабибуллохони Калаконӣ Кобулро ишғол карда, бисоти салтанати ғозӣ Амонуллохон барчида шуд, Абдураҳимхон аз Кобул бо як даста аз асокири шимолию Парвон аз тариқи Мазору Маймана ба таърихи 17-уми саври 1308 вориди Ҳирот шуда, умури аскарию мулкии Ҳиротро ба ҳайси раиси танзима ва ноибсолор ба каф гирифт».

Дар хотимаи маснавӣ шоир ин шахсро аз ду ҷиҳат васф ва ба ду кор тарғиб мекунад:

Бидеҳ май, ки солори танзима низ,
Ки аз ҷанги аъдо надорад гурез.
Даромад далерона андар Ҳирот,
Ба аҳли Ҳарӣ гашта оби ҳаёт.

Ки солори танзима Абдурраҳим,
Кунад зинда имрўз азми рамим.
Сару гўши ў пур зи андарзи шаръ,
Бале, бахяҳо дод бар дарзи шаръ.

Номи Абдураҳимхон барои кушодани хусусиятҳои ғоявии ин маснавӣ низ кумак мерасонад. Ба муқобили ҳурриятхоҳон як андоза сахтгўӣ кардани шоир аз он ҷост, ки Амонулло ва тарафдорони ў шикаст хўрда, ҳукумат дар Кобул ба дасти Ҳабибуллои писари Саққо гузашта буд. Амири нав куҳнапарастон ва оинҳои аҷдодиро тарафдорӣ мекард. Азбаски аз солҳои охири ҳукмронии Амонуллохон Ҳоҷӣ Исмоил аз кору кирдори ҳурриятхоҳон дилсард шуда буд, ба сари кор омадани Ҳабибулло ва ба Ҳирот ворид шудани Абдураҳимхонро бо хушнудӣ пешвоз гирифтааст. Боиси таълифи ин маснавӣ боз як чизи дигар метавонад буд. Ҳамин Абдураҳимхон дар зарфи ҳукмрониаш дар Ҳирот барои нашри девони шоир ташаббус нишон медиҳад.

Ниҳоят, ба тариқи хулоса бояд гуфт, ки ин маснавӣ ҳам аз ҷиҳати мавзўю мундариҷа ва ҳам арзиши ғоявию бадеӣ дар эҷодиёти Ҳоҷӣ Исмоил мавқеи хосе дорад. «Соқинома»-и ў ҳарчанд дар қолаби «Соқинома»-ҳои анъанавӣ суруда шудааст, вале аз лиҳози мундариҷа аз онҳо фарқ мекунад ва саҳифаи тозае дар адабиёти дарии нимаи дуюми асри XIX ва аввалҳои асри ХХ мебошад.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2