Зеҳн

ҲАВАСМАНДКУНИИ ГУМРУКИИ РУШДИ САЙЁҲИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ЗЕ
Зеҳн12 сентябри 2026 · 6 дақиқа хондан

Дар шароити иқтисодиёти бозорӣ, вақте ки даромаднокии аҳолӣ тафриқа дорад, мутаносибан хароҷоти онҳо барои қонеъ гардонидани талаботи худ, аз он ҷумла талабот ба саёҳат ва фароғату солимгардонӣ меафзояд. Чунин ақидаро қонуни Энгел тасдиқ менамояд, ки бо баробари зиёдшавии даромади аҳолӣ талабот ба молҳо ва хизматрасониҳои дуюмдараҷа меафзояд.

Сайёҳии байналмилалӣ дар шароити муосир доираи васеи муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро фаро гирифта, ба равобити байни мамлакатҳо таъсири назаррас расонида истодааст. Ҳоло соҳаи сайёҳӣ ба манфиати кулли мамлакатҳои ҷаҳон таъсир расонида, онҳоро ба раванди ивази сайёҳӣ фаъолона ҷалб намуда, ҳамчун соҳаи муҳими хоҷагии ҷаҳонӣ ва асосии як қатор мамлакатҳои ҷаҳон баромад карда истодааст. Масалан, ҳиссаи сайёҳӣ дар шуғли аҳолии кишварҳои Ҷазираҳои Сейшел - 63,7%, Антигуа ва Барбуда - 54,3% ва Богама - 53,9%-ро ташкил намуда, ҳиссаи он дар ММД бошад, мутаносибан 59,4%, 60,7% ва 81,8%-ро дар солҳои охир ташкил намуд.

Бояд қайд намуд, ки сайёҳии байналмилалӣ, хусусан сайёҳии воридотӣ барои мамлактҳои рў ба инкишоф аҳамияти назаррас дорад. Барои ин мамлакатҳо, ки тарзи дигари иштирок дар тақсимоти байналмилалии меҳнат маҳдуд мебошад, сайёҳии байналмилалӣ ҳамчун сарчашмаи асосии воридкунии асъори хориҷӣ баромад мекунад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар навбати худ барои рушди ин соҳа таваҷҷуҳ карда, таъмини рушди онро дар барномаҳои мухталифи давлатӣ ҳамроҳ кардааст. Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат Консепсияи рушди соҳаи сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2009-2019 қабул шудааст, ки дар он самтҳои афзалиятноки ин соҳа муайян гардида, дар соли 2020 мамлакат қабули зиёда аз 1 миллион сайёҳонро ба нақша гирифтааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин қайд намуданд: “Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин, муаррификунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад”.

Умуман, сайёҳии байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон инкишоф ёфта истодааст.

Аз рўи маълумоти ҷадвали 1 оид ба рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои охир хулоса баровардан мумкин аст, ки ин, пеш аз ҳама, бо қабули ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва хусусан ҳавасмандии шаҳрвандони хориҷӣ, ки бо мавқеи ҷуғрофию табиати мамлакат ва беҳтаршавии инфрасохтори ин соҳа вобаста аст.

Бо мақсади дуруст дарк кардани самаранокии сайёҳии байналмилалӣ дар ибтидо бояд моҳият ва намудҳои онро аниқ намуд.

Имрўз ба фаъолияти сайёҳӣ моҳиятҳои гуногун дода мешаванд. Сайёҳӣ ин ҷойивазкунии муваққатии одамон аз макони ҷои зисти доимии худ ба мамлакати дигар ё маҳал, ки берун аз мамлакати худ воқеъ аст, дар вақти холӣ бо мақсади гирифтани ҳаловат ва истироҳат, аз он ҷумла мақсадҳои табобатӣ, меҳмонӣ, дарккунӣ ё корӣ бе машғули кори пардохтшаванда дар макони ташрифоварда мебошад.

Тарзҳои гуногуни таснифи намудҳои фаъолияти сайёҳиро дар корҳои В.Ю. Воскресенский, Е.В. Вавилова ва дигарон дидан мумкин аст. Ҳамин тариқ, сайёҳии байналмилалӣ ва дохилиро ҷудо мекунанд. Сайёҳии байналмилалӣ ин саёҳати берун аз мамлакат, ки бо риояи расмиятҳои муайян (расмиятҳои гумрукӣ, асъорӣ, назорати тиббӣ) вобаста аст, дар бар мегирад. Сайёҳии дохилӣ нисбат ба байналхалқӣ бо убури сарҳад вобаста намебошад. Сайёҳии байналхалқӣ воридотӣ ва содиротӣ мешавад. Сайёҳии воридотӣ саёҳат дар дохили мамлакат аз тарафи шахсоне, ки дар ин мамлакат доимӣ зиндагӣнамекунад, мебошад. Сайёҳии содиротӣ ин саёҳати шахсоне, ки дар ин мамлакат доимӣ зиндагӣ намуда, лекин бо ягон мақсади сайёҳӣ ба дигар мамлакат сафар доранд. Бояд қайд намуд, ки чунин маъно бо ҳаракати сайёҳон вобаста мебошад, вале ҳангоме ки ба сайёҳон аз тарафи субъектони ватанӣ хизмати сайёҳӣ расонида мешавад, онҳо хизматро содирот менамоянд, ки аз ин нуқтаи назар сайёҳии воридотӣ ин сайёҳии содиротӣ ва баръакс мебошад.

Аз ин нуқтаи назар, зери мафҳуми содирот дар сайёҳии байналмилалӣ қабули сайёҳони хориҷиро ба мамлакати худ ва зери мафҳуми воридот бошад, ҳаракати сайёҳони мамлакати мазкурро ба хориҷа мефаҳманд. Дар соҳаи сайёҳи ва дар савдои байналмилалии мол воситаҳои якхелаи сиёсати иқтисодӣ истифода мешаванд.

Ҳамин тариқ, муҳиммияти муаммои рушди соҳаи сайёҳӣ, хусусан сайёҳии байналмилалӣ дар мамлакати мо бо таъсири омилҳои гуногун, аз он ҷумла иқтисодию гумрукӣ дар марҳилаи муосир асоснок карда мешавад.

Чӣ хеле ки таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, яке аз масъалаҳои муҳими рушди сайёҳии воридотӣ (вобаста ба самти ҳаракати сайёҳон) ин ҳавасмандкунии он дар асоси содагардонии низоми убури сарҳад аз ҷониби сайёҳон ва муайян кардани имтиёзҳои гумрукӣ, ки барои рушди ин соҳа мусоидат менамояд, мебошад. Инчунин қайд кардан бамаврид аст, ки бо тариқи ғайримустақим танзими гумрукии рушди соҳаи сайёҳӣ гуногунҷабҳа мебошад.

Яке аз усули ба амал татбиқ намудани танзими гумрукӣ ин назорати гумрукӣ мебошад, ки нисбати ҳар як сайёҳ зимни аз сарҳади гумрукӣ гузаштанаш татбиқ карда мешавад. Дар ин самт таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки долонҳои гузариши сайёҳон бо мақсади тезонидани расмиёти гумрукӣ ҷудо карда шудааст, ки онро долони сабз ном мебаранд. Ҳоло гузаргоҳҳои гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо чунин тарз фаъолият намебаранд. Аз ин лиҳоз, ҳангоми дар оянда афзудани шумораи сайёҳони хориҷӣ ба инобат гирифтани масъалаи мазкур мувофиқи мақсад аст.

Ю.А. Макарова масъалаҳои ташкили ҳавасмандкунии давлатии рушди минтақаҳои сайёҳию солимгардониро дар Федератсияи Россия таҳқиқ намуда, дар қатори дигар усулҳои ҳавасмандкунии сармоягузорӣ ба соҳаи сайёҳӣ, пурра ё қисман озод кардан аз пардохти пардохтҳои гумрукии молҳои воридотие, ки барои рушди объектҳо ва хизматҳои сайёҳӣ истифода мешавад, қайд намудааст. Ба ин гуна молҳо мошинҳо, дастгоҳҳо, масолеҳи сохтмонӣ ва воситаҳои нақлиёте, ки барои хизматрасонии сайёҳон истифода мешаванд, дохил кардааст. Дар Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо дар моддаи 212 оид ба соҳаи сайёҳӣ қайд гардидааст, ки ин ҳам бошад, доир ба озодкунии пурраи шартӣ аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз мебошад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоло воридоти таҷҳизот ва масолеҳи сохтмон барои иншооти сайёҳи аз пардохтҳои андозу гумрук ва ширкатҳои сайёҳи дар панҷ соли аввали фаъолияташон аз пардохти андоз аз фоида озод карда шудаанд. Номгўи ин гуна молҳо вобаста ба хусусият ва намудҳои сайёҳии байналмилалӣ илова шуданаш мумкин аст. Муҳим он аст, ки бо молҳои воридотӣ объектҳо ва самаранокию босифатии хизмати сайёҳӣ дар мамлакат таъмин карда шавад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар шароити муосир ба рушди соҳаи сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити мусоиди табиӣ ва иқлими Тоҷикистон мусоидат кардааст. Вале танҳо зарур аст, ки инфрасохтори муосир бунёд ва сифати хизматрасонӣ дар сатҳи байналмилалӣ ба роҳ монда шавад. Аз ин лиҳоз, ҳавасмандкунии гумрукии соҳаи сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ба додани имтиёзҳо барои воридоти молҳои хориҷӣ барои сохтани инфрасохтори сайёҳӣ ва молҳое, ки барои баланд бардоштани сифати хизматрасониро дар ин соҳа таъмин мекунанд, равона карда шавад. Баробари ин содагардонии расмиёти гумрукӣ ва муҷаҳҳазонидани нуқтаҳои гузариши сайёҳон аз сарҳади гумрукӣ чораҳои муҳими ҳавасмандкунии рушди сайёҳии байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2