ОМИЛҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ БОСУБОТ ДАР ТОҶИКИСТОН
Муаммоҳои рушди иқтисодии босубот (ё устувор) ва омилҳои мусоидаткунанда ба он дар илми назарияи иқтисод баҳсҳои доманадор ва тўлониро ба вуҷуд овардааст. Пайдоиши тамсилаҳои гуногуни рушди иқтисодӣ далели равшани гуфтаҳои боло мебошанд. Сабаби чунин мавқеъ пайдо кардани масъалаи таъмини рушд дар иқтисод, ин алоқамандии он бо ҳалли масъалаҳои дигари дохилӣ ва берунии иқтисодӣ мебошад. Пеш аз ҳама, рушди босуботи иқтисодӣ имкон медиҳад, ки бозори дохилии мамлакат бо молу хадамоти зарурӣ таъмин карда шуда, ҷойҳои кори зиёд гардад ва дар ин асос манбаъҳои даромади аҳолӣ ва давлат густариш ёфта, қобилияти харидории аҳолӣ ва сатҳи зиндагии он боло раванд. Аз андешаҳои боло метавонем хулоса намоем, ки таъмини рушди иқтисодӣ заминаи боэътимоди суботи иҷтимоиро дар ҳар як мамлакат ба вуҷуд меорад. Бинобар он давлатро зарур аст, ки чораҳои ба рушди иқтисоди мусоидаткунандаро андешида, онҳоро дар амал татбиқ намояд. Муҳиммияти ин масъала барои давлатҳо иқтисоди интиқолӣ дошта, бамаротиб афзудааст, зеро онҳо дар марҳалаи гузариш ба иқтисоди бозорӣ на танҳо рушди иқтисодиро таъмин карда натавонистанд, балки дучори такроористеҳсоли маҳдудшаванда гаштанд.
Зарурати ҳалли муаммоҳои иқтисодию иҷтимоии ин кишварҳо масъалаи рушди босуботу суръатноки онҳоро ба миён гузоштааст. Бинобар ин бояд муайян карда шавад, ки оё дар ин кишварҳо, аз чумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон омилҳои таъмини рушди суръатнок вуҷуд дорад ё не. Ба андешаи мо, дар Тоҷикистон чунин омилҳо мавҷуданд ва танҳо тарзу роҳҳои истифодаи онҳо бояд асоснок карда шаванд.
Муҳимтарин омиле, ки метавонад рушди босубот ва суръатноки иқтисоди Тоҷикистонро таъмин намояд, пеш аз ҳама, захираҳои фаровони табиии он ба ҳисоб мераванд. Далели ин андеша кашфи зиёда аз 400 кони канданиҳои фоиданок мебошад, ки аксарияти онҳо коркарди саноатии худро интизоранд. Саволе пеш меояд, ки чаро ин сарватҳои табиӣ ба доираи истифодаи саноатӣ ҷалб нашудаанд ва боиси пайдо шудани садҳо ҳазор ҷойҳои корӣ нагардидаанд. Барои пайдо кардани ҷавоби ин савол бояд каме ба таърихи асри бистум назар андозем.
Иқтисоди Тоҷикистон то фарорасии замони истиқлоли давлатиаш ҷузъи иқтисоди воҳиди собиқ Иттиҳоди Шўравӣ ба ҳисоб мерафт ва дар қабули қарорҳо оид ба масъалаҳои иқтисодӣ дар мадди аввал манфиатҳои ин давлати абарқудрат гузошта мешуд. Унсурҳои механизми бозорӣ дар ин иқтисод умуман амал намекарданд.
Чунин муносибат ба равандҳои иқтисодӣ боиси он гардид, ки аксарияти канданиҳои фоиданоки Тоҷикистон ба доираи коркарди саноатӣ ҷалб нашуданд. Давлате, ки дар қаламрави худ бузургтарин конҳои намаки ошӣ (конҳои Хоҷамуъмин ва Хоҷасартез) мавҷуд буд, аз дигар ҷумҳуриҳои Шўравӣ намак ворид мекард. Аз нигоҳи муносибатҳои бозорӣ ин воридот танҳо зарари иқтисодӣ меорад. Лекин, аз нигоҳи сиёсӣ, чунин ташкили робитаҳои иқтисодӣ вобастагии ҷумҳуриҳоро аз якдигар ба вуҷуд оварда зарурати нақши ҳамоҳангсозандаи «марказ»-ро таъкид мекард. Бурди иқтисодӣ ҳамчун меъёри баҳодиҳии фаъолияти иқтисодӣ дар иқтисоди фармонӣ қариб ки нақшеро намебозид.
Истиқлолияти давлатӣ ва гузариш ба муносибатҳои бозорӣ мавқеи захираҳои табииро дар таъмини рушди иқтисодӣ куллан тағйир дод. Дар марҳалаи нав давлат бо мақсади таҳкими асосҳои иқтисодиаш ва ҳалли муаммоҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ муносибатро ба сарватҳои табиӣ дигаргун кард. Дар шароити кунунӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дарк кардааст, ки ҷалби сарватҳои табиӣ ба доираи истифодаи саноатӣ яке аз омилҳои муҳими таъмини рушди босуръати иқтисоди кишвар мебошад ва бо назардошти ҳамин ҷиҳат сиёсати иқтисодии худро тавассути санадҳои меъёрӣ - ҳуқуқӣ ва барномаҳои давлатӣ таҳия, қабул ва тадбиқ менамояд.
Имрўз як қатор конҳои кашфшудаи канданиҳои фоиданок дар якҷоягӣ бо ҷалби сармояи хориҷӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудаанд (конҳои тилло, сурма, симоб ва ғайра). Ба андешаи мо, вақти он расидааст, ки коркарди комплексии ин сарватҳо, аз истихроҷи ашё то истеҳсоли маҳсулоти тайёр, ба роҳ монда шаванд.
Ба ақидаи ин ҷониб, муҳимтарин самте, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд мавриди таваҷҷуҳи хоси қувваҳои соҳибкории дохилию хориҷӣ ва давлат қарор гирад, захираҳои энергетикии мамлакат мебошад. Ба доираи истифодаи саноатӣ ҷалб кардани ин захираҳо имкон медиҳад, ки соҳаи энергетика ҳамчун «локомотив»-и иқтисодӣ, рушди соҳаҳои дигари иқтисоди миллиро таъмин намояд.
Тоҷикистон асосан аз ду намуди захираҳои энергетикӣ – ангиштсанг ва об бой мебошад. Бояд қайд намоем, ки захираҳои ангишти Тоҷикистон дар баробари манбаи энергетикӣ буданашон, ҳамчунин, ашёи пурқимати кимиёвӣ низ ба ҳисоб мераванд.
Бузургтарин манбаи ангишти Тоҷикистон дар кони Фон-Яғноб ҷойгир аст. Тибқи ҳисобҳои дар замони Шўравӣ анҷомдодашуда захираи ин кони бузург аз 1,5 млрд. тонна зиёд мебошад ва истифодаи он танҳо ҳамчун манбаи энергия исрофкорӣ ҳисобида шудааст. Чунин хулосабарорӣ ба далелҳои илмӣ такя мекунад. Ангишти ин кон таркиби мураккаб дошта, дар он пайвастагиҳои зиёди кимиёвӣ мавҷуд мебошад. Зиёда аз 60 сол муқаддам муҳаққиқони соҳаи геология дар натиҷаи гузаронидани тадқиқоти илмӣ муайян кардаанд, ки дар натиҷаи сўхтани ангишти кони Фон-Яғноб газҳое ҷудо мешаванд, ки коркарди минбаъдаи онҳо имкон медиҳад чунин миқдор зок, навшодир ва кислотаи сулфат истеҳсол гардад, ки барои қонеъ кардани талаботи бозори Осиёи Марказӣ басанда аст. Ҳамчунин, дар тадқиқоти олимони тоҷик (Баротов Р.Б. ва Новиков В.П.) таркиби мураккаби ангишти Фон-Яғноб дар асоси омўзиши газҳои аз сўхтани зеризаминӣ пайдошаванда таъкид шудааст. Аз ҷумла, қайд мешавад, ки дар таркиби газҳои хориҷшаванда метан, бутан, гидрогени озод ва гидрогенсулфур хеле зиёд мебошанд. Бо назардошти ин андешаҳои илмӣ, метавонем қайд намоем, ки нисбати истифодаи ангишти кони Фон-Яғноб бояд ба таври комплексӣ муносибат намоем. Хуб мешуд таҳияи лоиҳаи энергетикӣ бо ном ва сифати нав, яъне комплексҳои энергетикӣ-кимиёвӣ таҳия гарданд. Чунин муносибат имкон медиҳад, ки номгўи маҳсулоти саноатии тавлидшаванда дар мамлакат зиёд гардида, ҳамчунон, масъалаҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ, аз ҷумла бекорӣ ҳал карда шавад. Умуман, релефи ҷуғрофии Тоҷикистон ҳамчун омили манфӣ дар рушди кишоварзӣ амал карда, водор месозад, ки инкишофи минбаъдаи давлатамон дар асоси пешрафти соҳаҳои саноат ва тараққиёти илм таъмин карда шавад.
Дар ҳудуди ноҳияи Рашт кони ангишти Назарайлоқ бо сифати баланди худ ҳамчун антратсит дар ҷаҳон машҳур мебошад. Захираи геологии кон 400 млн. тоннаро ташкил медиҳад. Сифати онро мутахассисон бо кони ангишти беҳтарини ҷаҳонӣ Ха-Ту-и Ветнам дар як радиф мондаанд. Кони ангишти Назарайлоқ аҳамияти стратегӣ дошта, онро ҳамчун ашёи технологӣ дар соҳаи саноат васеъ истифода бурдан мумкин аст. Истифодаи кони Назарайлоқ то имрўз ба талабот ҷавобгўй нест.
Манбаи дигари табиӣ, ки рушди босуботу босуръати Тоҷикистонро таъмин мекунад, боиси афзоиши неруи содиротии он мегардад, истифодаи комплексии захираҳои об мебошад. Вақти он расидааст, ки ба ин неъмати табиии ватанамон аз нигоҳи иқтисодӣ баҳо диҳем. Тараққиёти саноатии ҷаҳон ва афзоиши босуръати аҳолӣ масъалаи таъминот бо оби ошомиданиро ба миён овардааст. Дигар давлатҳо захираҳои табииашонро (нефт, газ, ҷангал ва ғайра) ҳамчун мол ба бозори ҷаҳонӣ содир карда, аз ин ҳисоб бурди зиёди иқтисодӣ ба даст меоранд. Мо низ бояд обро бо ин мақсад истифода намоем, ба давлатҳои эҳтиёҷманд (хусусан ба давлатҳои атрофи Халиҷи Форс) бо қубурҳо (монанди нефту газ) оби ошомиданӣ фурўшем (содирот намоем).
Самти муҳими истифодаи оби дарёҳои Тоҷикистон ин истеҳсоли қувваи барқ мебошад. Рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи зисту зиндагонии аҳолӣ бидуни мавҷудияти барқи фаровон ва арзон ғайриимкон аст. Маблағгузории дохилӣ ва хориҷӣ ба иқтисодиёти ҳар як мамлакат дар ҳолате самараи дилхоҳ медиҳад, ки агар корхонаҳои бунёдшаванда самаранок фаъолият кунанд ва боздеҳи баланди ин маблағҳоро таъмин намоянд.
Ба андешаи мо, ҳар як мамлакат дар истифодаи захираҳои худ комилҳуқуқ аст. Аз ин лиҳоз, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд лоиҳаҳои ҷолиби инвеститсиониро дар соҳаи энергетикаи обӣ пешниҳод намояд, ки ба истифодаи обҳои дохилиаш ва баъдтар ба обҳои сарҳадгузар асос ёфтаанд. Асосноксозии техникию иқтисодии ин лоиҳаҳо бояд сари вақт анҷом дода шаванд ва онҳо дастраси маблағгузориҳои эҳтимолӣ бошанд.
Дар оғози мақола қайд гардид, ки релефи ҷуғрофии Тоҷикистон мураккаб мебошад ва ин ҳолат метавонад ба тадбиқи амалии лоиҳаҳои энергетикӣ таъсири манфӣ расонад. Хусусан, сатҳи пасти инкишофи коммуникатсияҳои нақлиётӣ омили боздоранда ба ҳисоб мерафт.
Татбиқи лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби манбаъҳои маблағгузории дохилӣ ва хориҷӣ имкон медиҳанд, ки дар солҳои наздик муаммоҳои коммуникатсияи нақлиётӣ дар мамлакат ҳал карда шаванд. Имрўз давлати мо қариб пурра аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо ёфта истодааст. Сохтмони туннелҳо, пулҳо, роҳҳои автомобилгарди замонавӣ, роҳҳои оҳан далели ин гуфтаҳост.
Бунёди зерсохторҳои муосир имкон медиҳанд, ки тадбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар комплекси сўзишворию энергетикии мамлакат арзон гарданд. Ин ҳолат ҷолибияти онҳоро барои маблағгузорони дохилию хориҷӣ бештар месозад.
Дар ҷаҳони имрўза, ки ба буҳрони шадиди экологӣ дучор шудааст, тадбиқи лоиҳаҳои энергетикии Тоҷикистон аз лиҳози экологӣ низ ҷолиб мебошанд, зеро онҳо ба муҳити зисти аҳолӣ таъсири манфӣ намерасонанд. Самти дигари истифодаи захираҳои табиӣ ҳамчун омили мусоидаткунанда ба рушд ва инкишофи босуръати истеҳсоли ҷавоҳирот мебошад. Дар Тоҷикистон қариб тамоми заминаҳо барои инкишофи ин соҳа мавҷуд мебошанд. Мавҷудияти конҳо ва истеҳсоли металлҳои қиматбаҳо (тилло ва нуқра) ва сангҳои қиматбаҳо. Омили дигари инкишофи соҳаи мазкур фаровонии қувваи корӣ мебошад. Давлат метавонад бо таъмини шароитҳои қулай (имтиёзҳо дар воридоти мошинҳо ва дастгоҳҳои соҳавӣ, содироти маҳсулоти соҳа, имтиёзҳои андозӣ, пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок ва ғайра) ба инкишофи ин соҳа мусоидат намояд. Истеҳсоли ҷавоҳирот соҳаи меҳнатталаб ба ҳисоб рафта, боиси афзоиши ҷойҳои нави корӣ мегардад.
Умуман, дар таъмини рушди минбаъда нақши сарватҳои табиӣ, обӣ ва барқии «сабз» ниҳоят бузург ва умедбахш мебошанд ва Тоҷикистон аз мамлакати аграрӣ-саноатӣ ба кишвари саноатӣ-аграрӣ табдил хоҳад ёфт.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё