ФАЪОЛИЯТИ МАҚОМОТИ ГУМРУК ДАР САМТИ ТАЪМИНИ МЕХАНИЗМҲОИ ДАСТГИРИИ РУШДИ СОҲИБКОРӢ ВА САРМОЯГУЗОРӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Мусаллам аст, ки мақомоти гумруки ҳар як кишвар дар раванди фаъолияти худ як қатор масъалаҳои ҳаётан муҳимро иҷро намуда, ҳиссаи арзандаи хешро дар дастовардҳои муҳими миллӣ ба монанди таъмини амнияти иқтисодӣ, ҷамъоварии пардохтҳо, ҳимояи ҷомеа, манфиатҳои амнияти миллӣ, мусоидати тиҷорат ва батанзимдарории савдои хориҷӣ (идоракунии иқтисоди хориҷӣ, ки бо истифодаи фишангҳои иқтисодии танзимкунандаи тиҷорати хориҷӣ, яъне боҷҳои гумрукӣ, андозҳо ва хироҷҳои гумрукӣ асос меёбад) мегузорад. Ташаккули иқтисоди бозаргонӣ дар раванди ҷаҳонишавии муносибатҳои иқтисодӣ “дар худ ҷараёни мураккаби ташкил ва инкишофи зербинои бозори хизматрасонӣ, аз ҷумла бозори васеи хизматрасонии гумрукиро” дар радифи аввал қарор додааст.
Ҷомеаи муосири даврони истиқлолият ва сокинони он низ бо дарки амиқи воқеият, таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади таъмини раванди рушди босубот ва устувори иқтисодиёти миллӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва ноил гардидан аз рўи ҳамаи нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, новобаста аз фазои геополитикии ҷаҳон, ҷиҳати бунёди устувори ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд корҳои ободонию созандагиро собитқадамона вусъат мебахшанд. Ин ҳама “нишонаи ҳисси баланди миллӣ ва ватандўстии онҳо буда, саҳми Сарвари давлат дар рушди соҳаҳои ҳаёти кишвар ва самтҳои он беназир аст”.
Дар ин марҳила, мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз муҳимтарин рукнҳои давлатдорӣ табдил ёфта, дар доираи ваколатҳои худ, ҳимояи соҳибихтиёрӣ ва амнияти иқтисодӣ, батанзимдарории савдои хориҷии кишвар ва таъмини буҷаи давлатро таъмин менамояд. Саҳми мақомоти гумруки ватанӣ дар ташаккули қисми даромади буҷаи давлатӣ оид ба ҷамъоварии пардохтҳои гумрукӣ сол то сол афзун гашта, тамоюли болоравиро касб намудааст.
Мутобиқи омори расмӣ рушди тиҷорати хориҷӣ бо афзоиши муттасил ва мусбат тавсиф мешавад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки мақоми гумрук, асосан, қарор ва вазифаҳои нақшавии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба ҷамъоварии пардохтҳои гумрукӣ иҷро менамоянд. Дар ин самт мунтазам фаъолияти худро оид ба назорат аз болои ҳисоб ва сари вақт дуруст пардохт намудани пардохтҳои гумрукӣ тақвият мебахшад.
Ҳамин тариқ, афзоиши пардохтҳои гумрукӣ дар соли 1992 - 0,5%, дар соли 1997 - 11,3%, дар соли 2002 - 30,0%, дар соли 2005 - 24,9% ва аз соли 2014 инҷониб бештар аз 33,7%, тамоми даромади буҷаи давлатро ташкил медиҳанд. Нишондиҳандаҳои афзуншавии пардохтҳои гумрукӣ дар соли 2017-ум бошад, нисбат ба соли 2016-ум тибқи нақшаи пешниҳоднамудаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин ба назар мерасад:
Дар соли 2017 нақшаи ҷамъоварии пардохтҳои гумрукӣ дар ҳаҷми 4 502 749 602 миллион сомонӣ муқаррар гардида, ба хазинаи давлат 4 406 250 513 миллион сомонӣ ворид карда шуд. Иҷроиши нақша 98,2%-ро ташкил дода, вазни қиёсӣ 100% ташкил додааст. Фарқияти иҷроиш нисбати нақша -80 478 144 млн.сом. мебошад.
Лозим ба ёдоварист, ки мувофиқи нақшаи пешниҳоднамудаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016 воридоти пардохтҳои гумрукӣ дар сатҳи 4 231 964 003 миллион сомонӣ дар назар гирифта шуда буд. Дар асл иҷрои нақша бошад, дар ҳаҷми 90,2% таъмин гардида, ба буҷаи давлат 3 829 451 258 миллион сомонӣ пардохт карда шуда буд. Дар соли 2017 бошад, иҷроиши нақша нисбат ба соли 2016, маблағи 588 594 777 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки ҷамъоварӣ карда шуда, ба буҷа ворид гардидааст.
Иҷроиши намуди пардохтҳо дар соли 2017 чунин аст, аз ҷумла:\
- Андоз аз арзиши иловашуда 3 410 728 558 ё 100,8%, вазни қиёсӣ 77,4%;\
- боҷи гумрукӣ 584 948 325 ё 85,4%. вазни қиёсӣ 13,3%;\
- боҷи содиротӣ 113 321 764 ё 97,9%, вазни қиёсӣ 2,6%;\
- андози аксизӣ 221 908 138 ё ба андозаи 87%, вазни қиёсӣ 5,0%;\
- воридоти ғайриандозӣ 75 343 728, ё ба андозаи 117,7% вазни қиёсӣ 100%;\
- тамғаҳои аксизӣ бошад, ба андозаи 16 020 945 млн. сомонӣ ҷамъоварӣ
карда шудааст.
Дар ёздаҳ моҳи соли 2018 бошад, нақшаи пардохтҳои гумрукӣ дар ҳаҷми 4 365 803 658 млн. сомонӣ муқаррар гардида, ба буҷаи давлат аз ҷониби кормандони воҳидҳои сохтории мақомоти гумрук 4 431 334 272,81 млн. сомонӣ маблағ ба буҷаи давлат ворид карда шуда, нақшаи воридоти пардохтҳои гумрукӣ ба андозаи 101,5% иҷро гардидааст.
Чунин дастовард бесобиқа буда, аз самаранокии фаъолияти иқтисоди хориҷӣ ва раванди дурусти фаъолияти мақомоти гумрук дарак медиҳад. Аммо ин нишондиҳандаҳои миқдории фаъолияти содиротию воридотиро наметавон танҳо ҳамчун натиҷаҳои мусбат баррасӣ намуд, зеро ҳанўз ҷабҳаҳои манфӣ вобаста ба монеаҳои зиёди маъмурӣ дар тиҷорати хориҷӣ ва дар самти дастгирии рушди соҳибкорию сармоягузорӣ ҷой доранд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки чунин масоили ҳалталаб дар фаъолияти иҷозатдиҳии мақомоти давлатии назоратӣ зимни расмиёти танзими тиҷорати хориҷӣ нигаронкунандаанд. Аз ҷумла:
Ҷой доштани низоми мураккаб ва қисман такроршавандаи иҷозатдиҳии давлатии амалиёти системаи содиротию воридотӣ; Аксар мақомоти иҷозатдиҳандаи давлатӣ қоидаҳои дохилии худро муқаррар намуда, барои анҷом додани фаъолияти иқтисоди хориҷӣ шартҳои нисбатан мураккабро пешниҳод менамоянд, ки ин боиси хараҷоти моддию маънавии субъектҳои фаъолияти иқтисоди хориҷӣ ва дар ниҳояти кор барои истеъмолкунандагони ниҳоӣ, боиси хароҷоти арзиши баланди молу хизматрасонӣ мешаванд.
Ҷой доштани ихтилофот дар санадҳои зерқонунии ҷойдошта ва номутобиқатии онҳо ба ҳамдигар, субъектҳои фаъолияти иқтисоди хориҷиро ба ҳолати ногувор ва вазъи субъективии тобеи кормандони мақомоти ҷалбгардидаи қарор медиҳанд, ки онҳо метавонанд вазъи ҷойдоштаро на ҳамеша ба манфиати давлат истифода баранд ва аз мансаби вазифавӣ сўиистифода намоянд.
Мураккабӣ ва ношаффоф будани расмиёти маъмурӣ; (мавҷуд набудани мубодилаи иттилооти байни мақомоти назоратии давлатӣ, номутобиқатии низоми кор, зарурати гирифтани чанд имзо ва ғайра);
Мавҷуд набудани дастрасӣ ба иттилоот дар бораи тартиби гузаронидани расмиёт, муҳлат, маҳал ва тарифи пардохти хизматрасонӣ, махсусан дар маҳалҳои дурдасти назди сарҳадии кишвар;
Аз маҳали хизматрасонӣ дар масофаи дур қарор доштани маҳали пардохти хизматрасонӣ;
Бе асос талаб намудани бастаи такроршавандаи ҳуҷҷатҳои бақайдгирӣ ва таъсисӣ аз ҷониби мақомоти гуногуни танзимкунанда;
Бе асос талаб намудани миқдори зиёди ҳуҷҷатҳо ва талаботе, ки ба салоҳияти ҳамин мақомот дохил намешаванд;
Мавҷуд набудани мубодилаи иттилооти электронӣ байни мақомоти гуногуни танзимкунанда, ки дар натиҷа соҳибкорон маҷбуранд чандин маротиба ба мақомоти мухталифи барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо муроҷиат намоянд.
Муҳлатҳои тўлонии баррасӣ ва додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳанда:
Ҷой доштани чунин омилҳо дар шакли умум барои рушди соҳибкорӣ ва ҷалби сармоягузорӣ монеаи ҷиддӣ эҷод менамоянд.
Дар ин раванд механизмҳои танзиму дастгирӣ ва кашфи роҳҳои нави тартиби содагардонии барасмиятдарории гумрукии молу воситаҳои нақлиёт, имтиёзҳои тарифию андозӣ оид ба фаъолияти соҳибкорӣ ва намудҳои дигари хизматрасониҳо дар соҳаи тиҷорати хориҷӣ аз масъалаҳои ҳаётан муҳим арзёбӣ мегарданд.
Аз ҷониби дигар, зарурати таҳияи механизмҳои самаранок барои ҷалби бештари сармоя ба бахши воқеии иқтисодиёт ва инфрасохтор; ҳавасманднамоии рақобат ва истифодаи технологияю донишҳои нав; тавсеаи истеҳсоли молу хизматрасониҳои ба содирот ва таъмини воридотивазкунанда; мақсаднок коҳиш додани вобастагии кишвар аз интиқоли муҳоҷирони меҳнатӣ дар шароити таъсири омилҳои дохилию беруна аз андешидани тадбирҳои муассири таъмини амнияти миллӣ - иқтисодии мамлакат дарак медиҳад.
Бинобар ин, институтҳои бахши назоратии иқтисодиро зарур аст, ки дар самтгирии рушди кишвар дар такя бо соҳибкорон, махсусан дар бахши хусусӣ ва ё ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ тадбирҳои лозимаро вобаста ба хусусиятҳои мавқеъ ва омилҳои ҷойдошта дар минтақа пайваста коркард намуда, пешниҳод намоянд. Чунки дар масири инкишофи раванди ҷаҳонишавии муносибатҳои иқтисодии муосир, ин омилҳо яке аз муҳимтарин рукнҳои инкишофи иқтисодиёти кишвар маҳсуб шуда, фишанги асосии истифодаи меъёрҳои тарифию ғайритарифии савдои хориҷии давлат мебошад.
Самтгирии рушди кишвар дар такя бо бахши хусусӣ ва ё ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ дар масири инкишофи раванди ҷаҳонишавии муносибатҳои иқтисодии муосир яке аз муҳимтарин рукнҳои инкишофи иқтисодиёти кишвар маҳсуб шуда, фишанги асосии тарифию ғайритарифии савдои хориҷии давлат мебошад.
Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро низ зарур аст, ки дар баробари дигар мақомоти назоратӣ, ҳамкории судмандро ҳамаҷониба бо субъектҳои фаъолияти равобити иқтисоди хориҷӣ беҳтар намуда, ба он муваффақ шаванд, ки ҳарчи бештар онҳоро ба ворид намудани молу маҳсулоти зарурӣ ба дохили кишвар ҳавасманд гардонанд ва пардохтҳои гумрукиро дуруст ва сари вақт ҷамъоварӣ намоянд.
Аз нигоҳи таҳлилӣ, барои соҳибкорон ва субъектҳои фаъолияти иқтисоди хориҷӣ дар раванди фаъолияти истеҳсолӣ, пеш аз ҳама, дар низоми фаъолияти мақомоти назораткунанда (Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии «Тоҷикстандарт», Хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ ва карантини растанӣ, Нозироти давлатии иёргирии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ, Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ), инчунин Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази Равзанаи ягона» эътимод ва боварӣ ба иттилооти зерин муҳим аст.
Мукаммалӣ ва қонунӣ будани низоми танзимкунандаи мақомоти гуногуни танзимкунандаи назоратӣ;
Шаффофият, дастрасӣ ва пуррагии иттилоот дар соҳаи танзими тиҷорати хориҷӣ;
Системаи электронии ҳисоб ва пардохти хизматрасониҳо;
Сода будани тартиби дастрасӣ ва истифода;
Баррасӣ ва пешниҳоди фаврии ҳуҷҷатҳо;
Самарабахшӣ ва камхарҷии тартиби расмиёт;
Саривақтӣ ва зудамал будани ҷараёни барасмиятдарорӣ;
Бехатарӣ, боэътимодии ҷамъоварӣ ва нигоҳдории иттилоот;
Мавҷудияти имконоти васеъ барои ҳамкории мутақобила бо дигар системаҳои иттилоотӣ;
Ҷой доштани амалҳои коррупсионӣ дар байни кормандони мақомоти танзимкунандаи назоратӣ;
Ҷой доштани мухолифатҳо дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ.
Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо дар самти масъалаҳои мубрами дастгирии рушди соҳибкорӣ ва ҳамкорӣ бо иштирокчиёни фаъолияти иқтисоди хориҷӣ тадбирҳои зеринро андешидааст.
Аз соли 2008 инҷониб дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсатҳои минтақавии он Шўрои ҷамъятию машваратӣ амал менамояд, ки ҳадаф аз он баланд бардоштани самаранокии фаъолияти гумрукӣ бо роҳи густариши ҳамкорӣ бо иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ мебошад.
Кодекси одоби касбии шахси мансабдори мақомоти гумрук таҳия ва қабул гардидааст, ки муҳтавои асосии онро баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносии кормандон, риояи меъёрҳои ахлоқ, муносибати некбинона бо шаҳрвандон ва соҳибкорон ташкил медиҳанд.
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи иттилоотии ҷомеа оид ба фаъолияти мақомоти гумрук маҷаллаи “Гумрук” мунтазам нашр гардида, масъалаҳои муҳими фаъолияти мақомот мавриди арзёбӣ қарор дода мешаванд.
Веб-сайти расмии мақомоти гумрук амал менамояд.
Пиромуни масъалаҳои баҳсталаби ҳамкорӣ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ ва мусоидат дар раванди гумрукӣ аз соли 1996 инҷониб Лабараторияи марказии гумрукӣ таъсис ёфта, ба таври замонавӣ таҷҳизонида шудааст.
Машварат оид ба самтҳои фаъолияти гумрукӣ ба таври шифоҳӣ ва ройгон пешниҳод карда мешавад.
Дар ин замина, ҳамчунин бо пешниҳоди мақомоти гумрук барои нигоҳ доштани сатҳи баланди ҳамкориҳо бо иштирокчиёни робитаҳои фаъолияти хориҷӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои афзоиши сармоягузории хориҷиву дохилӣ ва рушди соҳибкорӣ як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул карда шуд, ки, аз як тараф, барои густариши савдои хориҷӣ ва, аз ҷониби дигар, барои паст кардани омилҳои коррупсионӣ дар мақомоти гумрук заминаи ҳуқуқӣ гузоштанд. Мавриди зикр аст, ки татбиқи имтиёзҳои тарифию андозӣ нисбат ба воридоти:
таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ ва маҳсулоти такмилии онҳо;
воридоти ашё (фурнитура) барои истеҳсоли либоси мактабӣ ва корхонаҳои дўзандагӣ;
воридоти техникаи таъиноти кишоварзӣ;
воридоти маводу лавозимот барои истеҳсоли доруворӣ;
воридоти маводҳои самтҳои сайёҳӣ: дар тўли панҷ соли фаъолияташон аз андози фоида озод намудани ширкатҳои навтаъсиси сайёҳӣ; аз боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда озод намудани воридоти таҷҳизот ва маводи сохтмонии иншооти сайёҳӣ, аз ҷумла меҳмонхона, осоишгоҳ ва истироҳатгоҳҳои табобатӣ ва марказҳои сайёҳӣ; низоми содакардашудаи раводид барои шаҳрвандони 80 давлатӣ хориҷӣ.
воридоти технологияҳои навтарин барои корхонаҳои дорусозӣ;
технологияву таҷҳизот ва мавод барои таъминоти соҳаи парандапарварӣ, молҳо бевосита барои эҳтиёҷоти худи корхонаҳои парандапарварӣ ва корхонаҳои истеҳсолкунандаи хўроки омехтаи паранда ва чорво;
ҳамаи намуди чорвои зотӣ (таъиноти гўштӣ, ширӣ ва пашмӣ), тухми элита ва репродуксионии навъҳои зироатҳои кишоварзӣ, навъ ва сифати тухмӣ бо мақсади парвариш ва истеҳсоли маҳсулот; воридоти автомашинаҳои нав ва ғайра аз ҷумлаи заминаҳои суръатбахши рушди соҳаҳо дар кишвар маҳсуб меёбанд.
Озод намудани воридоти таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ аз супоридани пардохтҳои гумрукӣ, заминаи устуворро барои ба роҳ мондани истеҳсоли моли ватанӣ муҳайё намуда, ниёзи бозори дохилиро аз молҳои хориҷӣ маҳдуд намуд. Дар натиҷа, давра ба давра воридоти молҳои истеҳсолашон дар кишвар ба роҳ монда шуда, аз қабили семент, маҳсулоти кишоварзӣ, орд, макарон, маҳсулоти қаннодӣ, тухм, гўшти мурғ ва ғайра коҳиш ёфтаанд.
Барои ноилшавӣ ба афзалиятҳои бештар дар соҳаи фаъолияти мақомоти гумрук оид ба содагардонӣ ва мусоидати соҳибкорон андешидани тадбирҳои лозима дар самтҳои зерин зарур аст:
Такмили заминаи меъёрии ҳукуқии мусоидат ба рушди содирот ва воридивазкунии интихобӣ (бо роҳи ворид кардани тағийру иловаҳо ба Кодекси гумруки ҶТ);
Содагардонии рамиёти содироту воридот тавассути (истисно намудани такроршавии вазифаҳои давлатӣ ва таъмини шаффофияти фаъолияти сохторҳои танзимкунандаи содирот);
Ташаккули низоми оқилона ва содагардонидашудаи сертификатсияи маҳсулот;
Ҷорӣ намудани низоми “Равзанаи ягона” дар доираи амалиёти воридотию содиротӣ ва транзит;
Такмили чораҳои танзими гумрукию тарифӣ барои ҳимояи молистеҳсолкунандагони ватанӣ дар доираи меъёрҳои Созмони умумиҷаҳонии савдо.
Омўзиш ва таҳлили қонунгузорӣ барои ба роҳ мондани мубодилаи электронии ҳуҷҷатҳо байни мақомотҳои давлатӣ ва соҳибкорон. Айни замон, пешниҳоди ҳуҷҷатҳои ҳамроҳикунанда барои гирифтани сертификатҳо ва ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ барои мақомотҳои назорати давлатии санитарию карантинӣ, карантинию фитосанитарӣ, байторӣ ва намудҳои дигари назорати воридоти мол дар шакли коғазӣ ҳатмӣ мебошад.
Масъалаи дигари ҳалталаб таъсиси алоқаи бемайлони оптикӣ байни мақомотҳои давлатӣ ва соҳибкорон ҷиҳати мубодилаи маълумот дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Хуҷанд ва Хоруғ мебошад.
Ҳамоҳангсозии Системаи иттилоотии “Равзанаи ягона” бо Системаи иттилоотии автоматонидашудаи ягонаи Хадамоти гумрук ва дигар системаҳои иттилоотии мақомотҳое, ки ҳукуқи додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва сертификатро доро мебошанд;
Ҳамоҳангсозии қонунгузорӣ барои фаъолияти комил ва пурраи “Равзанаи ягона” ва “истгоҳи ягона”;
Ҷорӣ намудани системаи пардохтҳои электронӣ бо бонкҳои тиҷоратӣ, мақомотҳои давлатӣ ва соҳибкорон буда, раванди қабули электронии пардохтҳо аз ҷониби вазорату идораҳои манфиатдор ва бонкҳои тиҷоратӣ амалкарда мешавад;
Ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти назораткунандаи гузаргоҳҳои автомобилӣ тариқи сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон таснифоти функсионалии хизматрасонии мақомоти давлатӣ, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон салоҳияти назоратро дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ ҳангоми воридот, содирот ва транзит доро мебошанд.
Қайд намудан ба маврид аст, ки аз соли 2006 мавриди амал қарор гирифтани Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, “асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии фаъолияти гумрукро муайян намуда, ба ҳимояи истиқлолият ва амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъол сохтани муносибатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар системаи муносибатҳои иқтисоди ҷаҳонӣ, таъмини ҳимояи ҳуқуқии шаҳрвандон, субъектҳои хоҷагидорӣ ва мақомоти давлатӣ ва аз ҷониби онҳо риоя намудани уҳдадориҳо дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ нигаронида шудааст”.
Дар баробари ин, ба амал омадани дигаргуниҳои назаррас дар савдои хориҷӣ, ҷаҳонишавии иқтисодиёт мақомоти гумрукро водор месозад, ки бо назардошти дигаргуниҳои баамаломада дар ҷаҳони муосир расмиёт ва қоидаҳои гузаронидани шаклҳои назорати гумрукиро тағийр диҳад ва стратегияи барасмиятдарорӣ ва шаклҳои назорати гумрукиро вобаста ба системаи арзёбии таваккал муайян намояд.
Дар ин замина, истифодаи васеъ аз Стандартҳои доиравии бехатарӣ ва сода гардонидани савдои ҷаҳонӣ, ки аз тарафи Созмони умумиҷаҳонии гумрукӣ, ки моҳи июни соли 2005 дар шаҳри Брюссел қабул гардидааст, аз манфиат холӣ нест. Онҳо ба мақомоти гумруки ватанӣ имконият медиҳанд, ки ба усули нави ҳамкориҳои мутақобила бо иштирокчиёни фаъолияти хориҷӣ гузаранд. Дар навбати аввал, онҳо ҳамоҳангсозии талаботро нисбати огоҳсозии пешакии электронии борҳо ҳангоми воридот, содирот ва транзит пешбинӣ менамоянд.
Дуввум. тамоми давлатҳои ба Стандартҳои бехатарӣ ҳамроҳшаванда уҳдадорӣ мегиранд, ки ҷиҳати ҳалли масъалаҳои бехатарӣ оид ба истифодаи идораи таваккал мунтазам наздик шаванд.
Савум, Стандартҳои бехатарӣ талаб менамоянд, ки аз рўи дархости давлати қабулкунанда, ки ба методикаи (усули) муқоисавӣ мушоҳидакунандаи таваккал (риск) асос ёфтааст, маъмурияти гумруки давлати ирсолкунанда муоинаи назорати гумрукии контеёнер ва молҳои таваккали зиёддоштаро ҳангоми низоми содирот гузаронанд ва ин амалиёт бо истифодаи дастгоҳҳои кашшофии калонҳаҷм (апаратҳои ренгенӣ) ва ноқилҳои радиоӣ (детекторҳои радиоавӣ) бояд анҷом дода шавад.
Чаҳорум, дар Стандартҳои доиравӣ имтиёзҳое муайян карда шудаанд, ки онҳоро мақомоти гумрук ба ширкатҳои риоякунандаи Стандартҳои ақаллияти бехатарӣ, яъне интиқолдиҳандагони байналмилалии молҳо пешниҳад менамояд. Истифодаи принсипҳои мазкур, ки дар асоси созишномаи байни мақомоти гумрук ва иттиҳоди соҳибкорон асос ёфтааст, фаҳмиши сода ва татбиқи фаврӣ ва бехатариро дар сатҳи байналмилалӣ кафолат медиҳад.
Бахши дигари муҳим дар муносибати байни соҳибкорон ва мақомоти гумрук, ин мавриди истифода қарор додани ”Равзанаи ягона” мебошад. Фоидаи асосӣ аз ҷорӣ намудани “Равзанаи ягона” барои субъектҳои фаъолияти иқтисоди хориҷӣ аз он иборат аст, ки соҳибкор пешниҳоди иттилоот ва ҳуҷҷатҳои заруриро барои як маротиба ҷалб намудани мақомот, тавассути системаи ягонаи иттилоотию коммуникатсионӣ пешниҳод менамояд ва ин имкон медиҳад, ки мақомоти ҷалбгардида иттилоот ва ҳуҷҷатҳои пешниҳодшударо зуд ва дақиқ коркард ва баррасӣ намуда, боҷҳоро ситонад.
Дар натиҷа, субъектҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ аз суръатбахшии барасмиятдарории гумрукӣ бурд намуда, ҳамзамон масрафи вақт ва молия камтар мегардад. Яъне, система имкон дорад боҷ, андоз ва хироҷро ба таври автоматӣ ҳисоб кунад ва аз ҳисоб барорад. Баъди ҷорӣ шудани система ҳуҷҷатҳое, ки субъектҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ба мақомоти иҷозатдиҳандаи давлатӣ барои барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ пешниҳод менамояд, миқдори онҳо ҳадди ақал то ним баробар кам мегардад.
Дар натиҷаи амалӣ гардидани тадбирҳои зикргардида, итминони комил аст, ки гардиши савдои хориҷии кишвар зиёд гардида, мавқеи кишвар дар рейтингҳои байналмилалӣ боло рафта, эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун шарики боэътимоди тиҷоратӣ ташаккул меёбад.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё