Зеҳн

ҲИФЗУ НИГОҲДОРИИ ЁДГОРИҲОИ ТАБИИИ ТОҶИКИСТОН ВА АҲАМИЯТИ ИҚТИСОДИИ ОНҲО

ЗЕ
Зеҳн12 сентябри 2026 · 11 дақиқа хондан

Аввалин маълумотҳоро оид ба ёдгориҳои табиӣ дар асарҳои табиатшинос ва сайёҳи машҳур А. Гумболдт пайдо намудан мумкин аст.

Истилоҳи ёдгориҳои табииро А.Гумболдт дар вақти саёҳатҳояш дар Венесуэла солҳои 1799-1804 пешниҳод намуда буд. Вақте ки вай дарахтони азимҷуссаи оилаи лўбиёгиҳоро тамошо мекунад, ба хулосае меояд, ки ин дарахтҳоро ҳамчун ёдгориҳои табиат нигоҳ бояд дошт. Аз ин хотир, ба ёдгориҳои табиат дигар дарахтони солхўрда, шаршараҳои алоҳида, ғорҳо, пиряхҳои қадима, обанборҳои махсус, ҷойҳои воқеаҳои таърихӣ, боғҳои куҳнаву паркҳо, паркҳои марғзорӣ,боғҳои ботаникии аввалин, минтақаҳои кабудизори атрофи шаҳрҳо, ҷангалҳои дар шаҳрбуда ва ғайра, ки аҳамияти таърихию маданӣ ва эстетикӣ доранд, дохил мешаванд. Ёдгориҳои табиӣ ин маҷмўи табиии беҳамтои ивазнашаванда, ки арзиши баланди экологӣ, илмӣ, маданӣ ва эстетикӣ доранд, инчунин, мавзеъҳое, ки пайдоиши табиӣ ва сунъӣ доранд, амсоли ин ёдгориҳоянд.

Ақидаҳо оид ба ҳифз ва нигоҳдории ёдгориҳои табиӣ баъди Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ пайдо гардид. Хусусан, баъди қарори бунёди сарбанди Ассувон дар Миср. Агар ин қарор амалӣ намегардид, маъбади Абу Симбел, ки ганҷинаи тамаддуни мисрӣ ба ҳисоб меравад, зери об мемонд. Соли 1959 ЮНЕСКО ширкати байналхалқиеро оид ба ҳифзи ёдгориҳо созмон медиҳад, ки ҳукумати Миср ва Судон онро дастгирӣ менамоянд. Дар натиҷа, маъбадҳо ба намуди аввалаашон дар ҷойи амн ҷо ба ҷогузорӣ карда шуданд.

Ин ташаббускорӣ 80 млрд. долларро ташкил дод, ки нисфи маблағгузориро 50 давлати хориҷӣ пардохт карда буданд. Ин ташаббускории давлати Мисрро дар Венетсияи Италия, Борободури Индонезия низ амалӣ гардониданд.

Дар конференсияе, ки соли1965 дар Вашингтон шуда гузашт, пешниҳод карда шуд, ки Ҷамъияти мероси мадании ҷаҳонӣ бунёд карда шавад. Фикру пешниҳодҳои коркардашуда дар конференсияи СММ дар Стокголм, ки соли 1972 шуда гузашт, ЮНЕСКО 16 ноябри соли 1972 дар ин асос конвенсия қабул кард. Маблағгузорӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳои табиӣ дар сол 3 млн. долларро ташкил медиҳад. Ин он қадар маблағи калон нест, чунки барои нигоҳубин ва ҳифзи ёдгориҳои табиӣ маблағи калон лозим меояд. Қисми асосии ин маблағ ба мамлакатҳои шарик маблағгузорӣ карда мешавад, танҳо 1%-аш ба буҷаи ЮНЕСКО ворид мегардад.

Дар бораи пайдоиш, таҳаввул, аҳамияти хоҷагӣ ва илмию маърифатии ёдгориҳои табиӣ баъзе таклифот аз нимаи дуюми асри 20 ба миён омадаанд. Ба ин қабил китобчаи олими географ Р.И.Селиванов «Дар кўҳу водиҳои Тоҷикистон", китобҳои калонҳаҷми геологҳои маъруф Р.Б.Баротов, В.П. Новиков "Муъҷизаҳои сангини Тоҷикистон" ва китобчаи олими биолог К.П.Попов "Дар кишвари тазодҳои табиат", ки ба забони русӣ таълиф шудаанд, хотирнишин кардан муҳим аст. Дар таълифоти соҳавии Р.Д.Забиров, О.Е.Агаханянс, А.И.Дзенс- Литовский, Қ.Ш.Ҷўраев, М.Н.Носиров, М.Г. Ҳасанов, Н.М.Сапожников, А.С.Шетинников ва дигарон тарафҳои гуногуни табиату сарватҳои табиии Тоҷикистон ва ҷойҳои зебоманзари он таҳқиқ ва баррасӣ гардидаанд.

Дар таълифоти В. Ширкин, Ф.Г. Патрунов, Н.В. Паганусси ва дигарон сафархатҳои сайёҳӣ ба таври сатҳӣ тавсиф шудаанд. Муаллифон дар таълифи асарҳои худ ба таҳқиқу таълифоти муҳаққиқони пешгузашта, алалхусус, ба таълифоти худ бештар такя намуда, кўшиш намудаанд, ки он такрори бекамукости пешинагон нагардад ва бештар хосияти маҷмўӣ (комплексӣ) дошта бошад.

Туризм ё сайёҳӣ дар ҷаҳони имрўза маъруфияти бештаре касб карда, сол аз сол таваҷҷуҳ ба ин соҳа рў ба афзудан дорад. Теъдоди сайёҳон дар дунё бамаротиб зиёд мешавад ва бисёр давлатҳо аз ин раванд пурсамар истифода мебаранд, чунки туризм соҳаи бисёр сердаромад аст. Лозим ба таъкид аст, ки туризм аз муҳимтарин бахши иқтисодиёти ҷаҳон ба шумор рафта, пас аз нафт ва мошинбарорӣ аз ҷиҳати даромаднокӣ дар ҷойи сеюм мавқеъ гирифтааст. Аз рўи маълумоти расонаҳои ахбор даромад аз соҳаи туризм дар ҷаҳон соли 2000-ум тақрибан 461 миллиардро ташкил додааст ва мувофиқи пешгўии коршиносон солҳои 2016-2020 даромад аз ин соҳа ба 2 триллион доллар хоҳад расид. Маҳз аз ин сабаб, бисёр мамлакатҳои сайёра барои тарвиҷи иқтисодиёт ба ин соҳаи сердаромад ва, аз ҷониби дигар, каммасраф таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд ва баҳри рушди он заминаи мусоиду мувофиқ фароҳам меоранд. Тоҷикистон дар ин росто чун кишвари кўҳсор ва дорои табиати зебою нотакрору иқлими басо муътадилу мувофиқ, чун сарзамини соҳиби ёдгориҳои нодиру куҳани таърихӣ, обҳои зулолу чашмаҳои дармонбахш ва ба талаботи сайёҳӣ муносиб мавқеияти хосе дорад.

Тоҷикистон сарзаминест, ки ҳар гўшаву канори нозанинаш аз лиҳози покию ҷолибияти табиат нотакрор буда, бо зуҳуроти табиати зинда ва биҳиштосои зебо, бо обҳои зулолу намои кўҳҳои сарбафалаку барфпўш ва этнографияи беамсолаш таваҷҷуҳи оламиёнро ба худ мекашад.

Дар фаъолияти сайёҳӣ осори таърихиву фарҳангӣ ва мамнуъгоҳҳои таърихӣ-табиӣ нақши муҳим мебозанд. Шомилшавии Тоҷикистон ба ЮНЕСКО роҳро барои сайёҳӣ ривоҷу равнақ дод.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанўз 23- юми апрели соли 2014 дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур дода буданд, ки амалӣ намудани ислоҳоти соҳаи сайёҳӣ имкон медиҳад, ки саҳми соҳаи мазкур дар маҷмўи маҳсулоти дохилии кишвар то соли 2020 ба 5 фоиз ва соҳаи ғайримустақими он барои рушди соҳаҳои дигари иқтисодиёт то 15 фоиз расонида шавад. Соли 2017 Пешвои миллат дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2018-ро "Соли рушди туризм ва ҳунарҳои мардумӣ" эълон карданд, ки ин бозгўи таваҷҷуҳи роҳбарияти мамлакат нисбат ба ин соҳа мебошад. Барои рушди соҳа моҳи майи соли 2017 Кумита оид ба рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис гардид. Бо вуҷуди фароҳам овардани заминаҳои мусоид барои инкишофи туризм дар кишвар на ҳама имконоти Тоҷикистон, ки аз мавҷудияти ёдгориҳои таърихӣ, мавзеъҳои нодири табиӣ бармеояд, мақсаднок истифода мешавад.

Мувофиқи маълумоти оморӣ, воридоти сайёҳон ба кишвар сол то сол зиёд мешавад. Агар соли 2017 ба ҷумҳурӣ беш аз 400 ҳазор сайёҳ ташриф оварда бошад, пас ин нишондиҳанда танҳо дар нимаи аввали соли 2018 900 ҳазор нафарро ташкил дод ва нисбати соли 2017 дуюним баробар афзуд. Тибқи Консепсияи рушди туризм дар Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019 то соли2020 воридоти сайёҳон ба ҷумҳурӣ то 1 миллион нафар пешбинӣ гардидааст. Нишондиҳандаҳои мазкур аз он шаҳодат медиҳанд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи сайёҳӣ диққати ҳамаҷониба дода, барои рушди он заминаҳои заруриро фароҳам овардааст ва натиҷаҳои бадастомада бештар аз интизориҳост. Дар баробари ин соли 2018 «Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030» қабул гардид, ки имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон то ҳадди имкон муаррифӣ шудаанд. Лекин барои рушди инфрасохтори соҳа дар ҳамаи минтақаҳои кишвар бояд тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.

Маҳаки асосии иқтидори сайёҳии Тоҷикистонро дар якҷоягӣ бо табиати зебои он зиёда аз 2020 ёдгорию мероси таърихӣ-фарҳангӣ ташкил медиҳад. Аз онҳо 1278 ададашон ёдгориҳои бостонӣ, 300 ададашон ёдгориҳои меъморӣ, 442 ададаш ёдгориҳои таърихӣ мебошанд. Ҳоло аз ҷумҳурии мо Ёдгории бостонии Саразм ва Боғи миллии Тоҷикистон ба рўйхати ЮНЕСКО ворид гардида, 13 ёдгории нодири таърихии дараҷаи ҷумҳуриявӣ, аз қабили Панҷакенти қадима, шаҳри Ҳисор, шаҳраки Тахти Сангин, мадрасаи Хоҷа Машҳад, қалъаи Ямчун ва ғайра тавассути силсилаҷоизаҳои Шоҳроҳи бузурги абрешим ба рўйхати пешакии ЮНЕСКО ворид шудаанд. Соли равон (соли 2019) ёдгории таърихии Ҳулбук низ ба ин созмони бонуфузи байналмилалӣ пешниход мегардад.

Дар мамлакат беш аз 120 ёдгории мансуб ба таърих ва фарҳанги исломӣ вуҷуд дорад, ки онҳо аз мақбараву масҷид ва мадраса иборат буда, таърихи хеле куҳан доранд. Дар қатори ёдгориҳои таърихию меъморӣ, фарҳангӣ ва табиӣ, инчунин, объектҳои дорои эътиқоди динӣ низ мавҷуданд, ки мавриди эҳтиром ва зиёрати сайёҳони дохилию хориҷӣ қарор гирифтаанд. Мақбараи Ҳазрати Султон, Имом Аскар, Абўабдуллоҳи Рўдакӣ, Зайнулобиддин, Бурхи Сармасти Валӣ, Мавлоно Тоҷиддин, Хоҷа Муҳаммади Башоро, Шайх Муслиҳиддин, Маҳдуми Аъзам ва ғайра намунаи чунин ёдгориҳоянд.

Ёдгориҳои табиие, ки тўли миллионсолаҳо бунёд гардидаанд, дар дақиқаҳои башумор аз байн рафта истодаанд. Масалан, изи динозаврҳо дар деҳаи Равот ва ҳамин намуд ёдгорӣ дар болооби дарёи Зарафшон, изи ширхўрони давраи неоген дар ағбаи Чормағзак аз байн рафтаанд. Боз як мисоли дигар ин, ки ба бисёр сокинони гирду атрофи шаҳри Душанбе кўли сулфати Қулписта маълум буд. Замоне дар ин ҷо хостанд ҳавзи шиноварӣ бо душхона созанд. Бинобар корҳои сохтмонӣ, яъне пармакунӣ ва дигар корҳо кўл ифлос гардида, ба ботлоқзор табдил ёфтааст, ки ҳатто сокинони маҳаллӣ низ аз истифодабарии он рў тофтанд.

Мутахассисон қайд кардаанд, ки зиёда аз 100 намуди ёдгориҳои табиии ҷумҳурӣ дар марҳилаи азбайнравӣ қарор доранд. Ин ёдгориҳои табиӣ дар навбати аввал ба ҳифз ва нигоҳдорӣ ниёз доранд. Инҳо дар наздикии ҳудуди муассисаҳои саноатӣ, роҳҳои автомобилгард ва иншоотҳои сохтмонӣ, шаҳрҳою деҳаҳои калон, дар марзи минтақаҳои истироҳатӣ ва сайёҳӣ ҷойгиранд. Ба ин мисол шуда метавонад Чилучорчашмаи ноҳияи Шаҳритуз, манораи Анзоб, шаршараи Мотравн, Ширкент, Гармчашма, Сангтўдаи дарёи Яғноб, Сангтўдаи дарёи Ғунд ва ғайраҳо.

Дар айни ҳол дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон майдонҳое мавҷуданд, ки зери таъсири фаъолияти хоҷагидории инсон қарор доранд. Барои таъмини фаъолият ва рушди сохторҳои дурусти геосистемаи табиӣ риоя намудани роҳу усулҳои самарабахши истифодабарии табиату захираҳои гаронбаҳои он яке аз шартҳои асосии халлу фасли масъалаҳои геоэкологӣ ба шумор мераванд.

Бар хилофи мамнуъгоҳҳо, ки дар онҳо корҳои илмӣ- тадқиқотӣ гузаронида мешаванд, парваришгоҳҳо, мавзеъҳои муҳофизатшаванда ва ёдгориҳои табиӣ барои тамошои гурўҳҳои сайёҳӣ-саёҳатӣ баъзе маҳдудиятҳо мавҷуд аст.

Дар моддаи 13-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин оварда шудааст: “Замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳавоӣ, олами набототу ҳайвонот ва дигар боигарии табиӣ моликияти истисноии давлат мебошанд ва давлат истифодаи самараноки онҳоро ба манфиати халқ кафолат медиҳад”.

Яке аз сабабҳои дигари нестшавии ёдгориҳои табиӣ "боронҳои турш"-и таркиби атмосфера мебошад. Газҳое, ки аз истифодаи сўзишвориҳои маҳаллӣ бо чакраҳои оби таркиби атмосфера омезиш ёфта, муҳити туршро ҳосил мекунанд. Аз "боронҳои турш" на танҳо хоку об, набототу ҳайвонот, балки биноҳои маъмурию истиқоматӣ ҳам зарар мебинанд.

Бо таъсири "боронҳои турш" биноҳои аз оҳаксангу мармар сохташуда низ зарар мебинанд. Ёдгориҳои таърихии мармарин, садсолаҳо бетағйир монда буданд, дар натиҷаи ба амал омадани "боронҳои турш" дар давоми даҳсолаҳои охир дар пеши чашми аҳли башар, вайрон шуда истодаанд. Дар таркиби хокҳои туршшуда қубурҳои оҳанию мисин, симчўбҳо, симҳои телефонию барқӣ ҳам ғайри қобили истифода шуда истодаанд.

"Боронҳои турш" ба саломатии инсон таъсири манфӣ мерасонанд. Зери таъсири онҳо металлҳои зарарнок ба монанди сурб, симоб, алюминий ва ғайра, ки дар таркиби хок ва ҷинсҳои кўҳӣ мавҷуданд, ба шакли фаъоли зудҳалшаванда гузашта, обҳои ошомиданиро заҳролуд намуда, барои ҳайвоноту инсон зарари ҷиддӣ мерасонанд.

Дар конференсияи 16-уми байналхалқии ЮНЕСКО, ки соли 1970 барпо шуда буд, барномае таҳти "Одам ва биосфера" қабул гардид, ки мувофиқи талаботи он баъзе минтақаҳои муҳими нестшудаистодаи табиатро мамнуъгоҳи биосферӣ номгузорӣ намуданд. Мақсади ташкил кардани мамнуъгоҳҳои биосферӣ ин нигоҳдории системаҳои экологии нодири табиӣ ва захираҳои маводи гении онҳо, инчунин, амалӣ намудани назорати доимии онҳо мебошад.

Барои ҳифз ва нигоҳдории ёдгориҳои табиӣ дар ҷумҳурӣ як қатор қонуну қарордодҳо ва низомномаҳо қабул гардидаанд, аз он ҷумла: қонун «Дар бораи ҳудудҳои махсус муҳофизатшавандаи табиӣ ва объектҳо», Барномаи давлатии рушди ҳудудҳои махсус муҳофизатшавандаи табиӣ, Консепсияи ҳифзи муҳити зист, Барномаи давлатии маърифати экологӣ ва ғайраҳо.

Дар давраи соҳибистиқлолӣ таъмиру барқарорсозии зиёда аз 50 ёдгории таърихӣ-меъморӣ ба маблағи 35 миллиону 987 ҳазор сомонӣ аз буҷети давлатӣ ба иҷро расонида шудааст.

“Моро зарур аст, ки ёдгориҳои таърихии худро ҳифз кунем, обод гардонем ва ба онҳо ҳамчун ҷузъи таркибии сарнавишти миллати куҳанбунёдамон муносибат намоем”.

Бояд хотирнишон намуд, ки то вақтҳои наздик олимони хориҷӣ моро ба табиат ва захираҳои табиии Тоҷикистон шинос менамуданд. Ҳоло вақти он расидааст, ки олимони тоҷик кишвари азизи худро ҳаматарафа омўзанд, тамоми рангҳову тобишҳо, сарвату дороии ин табиати афсункор ва захираҳои табиии беназири онро ба худ ва ба бегонагон муаррифӣ намоянд. Баҳри иҷрои ин кори нек неруҳои ақлониро истифода бурда, ҷавононро ба он сафарбар намуда, фаъолияти онҳоро дастгирӣ намоем.

Солҳои наздик Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни мамлакатҳои ҷаҳон ба яке аз кишварҳои асосии сайёҳӣ ва таҷдиди саломатӣ табдил хоҳад ёфт, зеро захираҳо дар ин самтҳо фаровонанд, вале ҳанўз ба дараҷаи кофӣ аз худ нашудаанд, лекин заминаҳои асосии иқтисодию иҷтимоӣ ва ҳуқуқии он гузошта шудаанд.

Яке аз вазифаҳои навбатӣ аз он иборат аст, ки мо ин дороиҳоро тавассути васоити ахбори умум ва китобу китобчаҳо чи барои сокинони кишвар ва чи барои хориҷиён муаррифӣ намоем. Дар ин самт яке аз масълаҳои асосӣ таҳқиқ ва ташвиқи ҷойҳои ба ном “муъҷизаҳо” аз қабили ғору мағораҳо, кўлҳои аҷоибу пурмуаммо, чашмаҳою лойқаҳои шифобахш, пиряхҳои азиму беқарор ва амсоли онҳост.

Бояд зикр намуд, ки ёдгориҳои табиат дар ҳар як гўшаю канори ноҳияву музофотҳои Тоҷикистон бисёранд, вале ин “муъҷизаҳо” ҳанўз ба таври мукаммал омўхта нашуда, шарҳи ҳоли онҳо рўи коғаз наомадаанд. Аз ин хотир, месазад, ки олимону мутахассисон бо дастгирии фаъолону саркорони деҳаву ноҳияҳо ба ҷамъоварии маълумоту таҳқиқи ҳаматарафаи онҳо машғул шаванд, чунки онҳо арзиши таърихӣ, илмӣ, эстетикӣ, маърифатӣ ва фолклорӣ доранд. Омўзишу баррасии онҳо имконият медиҳад, ки ҷойҳои муқаддас ҳамчун сайрхатҳои нави сайёҳии дохилию хориҷӣ васеъ истифода бурда шаванд.

Тоҷикистонро барҳақ “Кишвари муъҷизаҳо”, “Осорхонаи табиат зери осмони соф”, "Швейтсарияи қитъаи Осиё” мегўянд. Табиати он аз Ғарб ба Шарқ, аз Шимол ба Ҷануб, аз водиҳои ҳамворзамин то ба қуллаҳои осмонбўси сарсафед фарқ мекунад. Дар як гўшаи кўҳсори Тоҷикистон аз доманаи кўҳ то ба қуллаи он, дар як замон ба чаҳор фасли сол рў ба рў шудан мумкин аст.

Мо бояд ба рушди соҳаи сайёҳӣ ҳамчун таҷассумгари симои бунёдгари таърихи гузаштаву муосир, муқаддасоти миллӣ ва ташкилдиҳандаи одобу ахлоқи ҳамида эътибори ҷиддӣ диҳем Табиати зебову беҳамтои кишварро ҳифз намуда, суннату арзишҳои фарҳангие, ки дар давоми асрҳо ягонагии маънавии мардумро ҳифз мекарданд, эҳё гардонем. Зеро бо ташаббусҳои пайгиронаи Пешвои миллат ҷомеаи ҷаҳонӣ тоҷиконро ҳамчун миллати тамаддунсози таърихӣ ва фарҳангӣ эътироф намудааст.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2