ПРИНСИПҲОИ НАЗОРАТӢ ВА ТАЪСИРИ ОНҲО БА НАТИҶАҲОИ САНҶИШҲО
Зери мафҳуми принсипҳои назорат ҳолатҳои асосии ташкил ва амаликунии назорат фаҳмида мешавад. Принсипҳои назорат имконият медиҳанд, ки вазифаҳои дар назди мутахассиси соҳа мавҷуда сари вақт ва ба пуррагӣ иҷро карда шаванд.
Бо мақсади дар сатҳи зарурӣ гузаронидани корҳои назоратӣ – тафтишӣ риоя кардани принсипҳои назорат муҳим мебошад. Риояи принсипҳои мазкур имконият медиҳанд, ки аз назорати гузаронидашуда натиҷаҳои дилхоҳ ба даст оварда шавад. Мо чунин мешуморем, ки бо мақсади риоя шудани принсипҳои назоратӣ роҳбарияти мақомотҳои назоратиро зарур аст, ки назоратро ҷиддӣ ба роҳ монанд.
Масалан, риоя кардани принсипи қонунӣ имконият медиҳад, ки натиҷаҳои тафтиш, бешубҳа, ба даст оварда шаванд. Чунки раванди чорабиниҳои назоратӣ – тафтишӣ бо риояи ин принсип асос ёфта, барои бадастории натиҷаҳои дилхоҳ имконият медиҳад. Дар сурате ки аз ҷониби назоратчӣ ин принсип риоя карда мешавад, натиҷаҳои бадастовардашуда аз ҷониби тарафҳо бемамоният пазируфта мешавад. Новобаста аз он ки натиҷаҳо мусбӣ аст ё манфӣ.
Дигар принсипе, ки барои таъмини назорати саривақтӣ мусоидат менамояд, принсипи объективӣ мебошад. Принсипи мазкур ба самти фаъолияти назоратӣ – тафтишии бо воқеият асосёфта нигаронида шудааст. Ин принсип имконият медиҳад, ки чорабиниҳои назоратӣ ба таври шаффоф гузаронида шаванд.
Сатҳи касбияти мутахассисисони соҳаи назорат дар рафти иҷрои корҳои назоратӣ-тафтишӣ нақши калидӣ дорад. Аз ин рў, ба ҷараёни чорабиниҳои назоратӣ мутахассисонеро сафарбар намудан лозим меояд, ки сатҳи омодагии касбияшон ба талабот ҷавобгў бошад. Бояд қайд кард, ки мазмуни принсипи омодагии касбӣ дар он ифода меёбад, ки барои ташкил ва гузаронидани назорати самараноки объектҳо омодагии касбии мутахассисон дар мадди аввал меистад.
Яке аз принсипҳои муҳиме, ки дигар принсипҳо аз сатҳи риояи он вобастагӣ доранд, принсипи масъулиятнокӣ мебошад. Принсипи мазкур ҷавобгарии шахсони назораткунандаро дар ҷараёни риояи қонунҳои амалкунанда, истифодаи ахбороти ҳарактери махфидошта, пастсифат гузаронидани чорабиниҳои назоратӣ ва дигар самтҳои муҳим нишон медиҳад. Фаъолият кардан дар рафти корҳои назоратӣ аз кормандон масъулияти калонро тақозо менамояд. Чунки саҳлангории хурде метавонад барои баландсифат гузаронидани назорат монеа эҷод кунад.
Дар назария ва амалияи соҳаи назорат яке аз принсипҳои муҳим - принсипи таъсиррасонӣ ба ҳисоб меравад. Ба эътибор гирифтани принсипи мазкур ба он мақсад равона карда шудааст, ки он ниҳоят зарур мебошад. Мазмуни принсипи мазкур аз он иборат аст, ки таъсири назорат ба объект бояд назаррас бошад. Риоя кардани принсипи таъсиррасонӣ на танҳо маънои сари вақт ошкор ва бартараф кардани камбудиҳо, дарёфти шахсони гунаҳкор, ташкили ҷуброни норасоиҳо, балки баҳри бунёди шартҳо барои боз ҳам самараноктар гузаронидани корҳои назоратӣ мусоидат мекунад.
Принсипи оқилона натиҷаи назорати гузаронидашударо нишон дода, маънои онро дорад, ки натиҷаи назорати гузаронидашуда бояд аз ҳаҷми масрафи имкониятҳо ва захираҳое, ки баҳри ташкил ва гузаронидани назорат ба роҳ монда мешавад, афзалият дошта бошад.
Дигар принсипи назорат - принсипи мувофиқат мебошад. Мазмуни принсипи мувофиқат дар он ифода меёбад, ки вазифаҳои иҷрошаванда бояд барои ноилгардӣ ба мақсади дар объекти назоратшаванда гузошташуда мувофиқат кунанд. Тибқи талаботи принсипи мазкур методи барои назорат интихобшаванда, маълумоти (ҳуҷҷатҳои) таҳлилшаванда, мутахассиси ба ҷараёни назорат ҷалбшаванда бояд барои дар сатҳи лозимӣ ташкил ва гузаронидани назорати объекти омўхташаванда мусоидаткунанда бошанд.
Принсипи самаранокӣ яке аз принсипҳое мебошад, ки натиҷанокии назорати гузаронидашударо таъмин менамояд. Ба даст овардани натиҷаҳои дилхоҳ аз назорати ин ё он объект самаранокии назоратро таъмин менамояд. Талаботи принсипи мазкур дар ошкор ва бартарафкунии натиҷаҳои манфӣ ва барқароркунии зарари молиявии расонидашуда ифода меёбад.
Бо мақсади низомнок будани рафти ташкил ва гузаронидани корҳои назоратӣ зарурати тартибдиҳии нақша ва барнома пеш меояд, ки ин ҳолат ба принсипи нақшавӣ асос меёбад. Риоя шудани принсипи мазкур имконият медиҳад, ки вақти барои ташкил ва гузаронидани назорат ҷудошуда самаранок истифода шавад. Мазмуни принсипи нақшавӣ дар он ифода меёбад, ки тамоми чорабиниҳои назоратӣ-тафтишӣ ва воситаҳои дар рафти назорат иштироккунанда дар назар дошта шуда, онҳо дар вақти муайян ва бо муҳлати муайян мавриди истифода қарор мегиранд.
Принсипи умумиятӣ дар назорат ҳама самтҳои объекти назоратшавандаро фарогир будани чорабиниҳои назоратӣ мебошад. Яъне, новобаста аз он ки назорат дар кадом шакл гузаронида мешавад (интихобӣ ваё умумӣ), объекти назоратшаванда бо тамоми паҳлуҳояш бояд мавриди омўзиш қарор гирад.
Бо мақсади таъмини самаранок истифодабарии захираҳои иқтисодӣ дар муҳити дохилии муассиса ба таври зарурӣ риояи принсипи мунтазамии назорат таъмин карда мешавад. Аслан, назорате, ки дар шакли пешакӣ, ҷорӣ ва баъдина ба роҳ монда мешавад, мунтазамии назоратро таъмин менамояд. Аммо принсипи мунтазамии назорат ба механизми назорати ҷорӣ хос мебошад.
Принсипи илмӣ дар назорат истифодаи роҳҳо ва усулҳои илман асоснокро дар рафти корҳои назоратӣ дар назар дорад. Новобаста аз он ки назорат дар кадом соҳа (буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ), дар кадом объект, дар кадом шакл гузаронида мешавад, усулҳо мавриди истифода қарор мегиранд. Истифодаи усулҳо имконият медиҳанд, ки объектҳои назоратшаванда ба осонӣ ва дақиқ омўхта шуда, муқоисашавандагии онҳо муайян карда шавад.
Принсипи низомнокӣ яке аз принсипҳое мебошад, ки барои алоқаманд намудани марҳилаҳои алоҳидаи назоратӣ мусоидат менамояд. Низомнокии чорабиниҳои назоратӣ дар давраҳои алоҳида ва мавҷудияти алоқамандии унсурҳои назорат дар як объект ва ё алоқамандии чорабиниҳои назоратӣ байни объектҳои гуногуни назоратшаванда самаранокии натиҷаҳои назоратиро таъмин менамоянд.
Принсипҳои зикршуда асоси назариявӣ дошта, дар амалияи мақомоти назоратӣ ва сохторҳои назоратии субъектҳои бахши хусусӣ низ мавриди истифодаи васеъ қарор мегиранд. Бо боварии том метавон гуфт, ки риояи принсипҳои зикршуда барои дар сатҳи баланди касбӣ ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои назоратӣ ва ба даст овардани натиҷаҳои дилхоҳ имконият медиҳанд ва баръакс.
Ҳамчунин, дар моддаи 4-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон принсипҳои фаъолияти ин мақомоти назоратӣ оварда шудааст, ки принсипҳои қонуният, мустақилият, беғаразӣ, саҳеҳӣ, поквиҷдонӣ, ошкорбаёнӣ то андозае, ки ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта бошанд, риояи стандартҳои касбӣ ва риояи принсипи коллегиалиро дар бар мегиранд.
Принсипҳои зикршуда барои дар сатҳи шаффоф ташкил ва гузаронидани назорати давлатии молиявӣ мусоидат менамоянд. Аммо баҳодиҳии натиҷаҳои санҷишҳои Палатаи ҳисоб нишон медиҳад, ки баъзе аз принсипҳои дар боло зикршуда дар рафти санҷишҳои гузаронидашуда ба пуррагӣ риоя намешаванд.
Ҳамчунин, бо мақсади таъмини шаффофияти фаъолият дар Палатаи ҳисоб дар моддаи 5-уми Кодекси одоби Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон талаботи асосии ахлоқии корманди Палатаи ҳисоб вобаста ба хусусияти фаъолияти кормандони мақомоти мазкур нишон дода шудааст. Дар моддаи мазкур зикр мешавад, ки корманди Палатаи ҳисоб дар фаъолияти худ ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ бояд талаботҳои зеринро риоя намояд:
1. Ҳалолкорӣ ва беғаразӣ. Корманди Палатаи ҳисоб уҳдадор аст, ки меъёрҳои рафтори бенуқсони шахсӣ ва касбиро риоя намуда, дар муносибати худ бо кормандони масъули ташкилоте, ки дар он чорабинии назоратӣ гузаронида мешавад, дараҷаи баланди касбият ва ахлоқи нек нишон дода, ба паст шудани обрўи худ роҳ надиҳад. Кори худро софдилона ва мустақилона ба иҷро расонда, зимни хулосаю қарорҳои худ оид ба натиҷаи чорабинии назоратӣ беғараз бошад. Барои хулосабарорӣ ва ҷамъбаст танҳо маълумоти санҷидашуда ва воқеиро ба асос гирифта, ҳеҷ гоҳ бо дахолати шахси дигар аз рўи фармон, ғараз ва фишори беруна амал нанамояд.
2. Поквиҷдонӣ. Корманди Палатаи ҳисоб бояд нисбати одамон хайрхоҳ, хушмуомила ва зимни фаъолияти касбии худ поквиҷдон бошад. Обрў ва нуфузи корманди Палатаи ҳисоб бояд бо эҳтиром ва эътибори шахсии ў тақвият ёбад.
3. Салоҳияти касбӣ. Талаботи мазкур аз корманди Палатаи ҳисоб доимо донишу маҳорат, баланд бардоштани савияи касбӣ, натиҷа ва сифати хуби кор, донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва малакаи зарурии амалиро талаб менамояд. Агар корманд чунин шуморад, ки барои иҷрои вазифаи супоридашуда салоҳияти зарурӣ надорад, ў бояд дар ин хусус роҳбари бевоситаи худро огоҳ намояд.
4. Рафтори бенуқсон. Корманди Палатаи ҳисоб бояд барои ташаккул ва таҳкими эътибору нуфузи баланди мақоми олии назорати молиявӣ ҳамаҷониба мусоидат намояд. Аз амалҳое, ки метавонад ба ин эътибору нуфуз халал ворид созад, худдорӣ кунад. Корманди Палатаи ҳисоб дар фаъолияти касбии худ меъёрҳои қонунгузорӣ, вазифаҳои хизматӣ, дастуру санадҳои методию стандартиро, ки барои гузаронидани чорабиниҳои назоратӣ муқаррар шудаанд, ба роҳбарӣ мегирад.
5. Риояи қонун. Корманди Палатаи ҳисоб наметавонад ба фаъолияти ғайрикасбӣ, ки имкон дорад худи ў ё мақоми назорати молиявиро бадном намуда, бархурди манфиатҳоро ба миён орад, ба фаъолияте, ки бевосита ё ғайримустақиман ба кор зарар мерасонад, ҷалб шавад.
6. Махфияти маълумот. Корманди Палатаи ҳисоб набояд маълумотеро, ки дар ҷараёни гузаронидани чорабинии назоратӣ ба даст овардааст, ба ҷониби сеюм ифшо намояд, ба истиснои ҳолати пешбининамудаи қонунгузорӣ ё дигар ҳуҷҷате, ки ҷузъи тартиби муқаррарнамудаи мақоми олии назорати молиявӣ мебошад. Корманди Палатаи ҳисоб бояд роҳ надиҳад, ки ахбори махфӣ бо мақсадҳои ғайрихизматӣ истифода бурда шавад.
Ҳамин тавр, корманди Палатаи ҳисоб бояд аз объекти санҷидашаванда, дигар ташкилотҳои манфиатдор ва шахсони соҳибмансаб вобаста набошад. Ҳангоми гузаронидани санҷиш корманди Палатаи ҳисоб бояд аз ҳама гуна манфиатҷўӣ, ки метавонанд ба талаботи ҳалолкорӣ, беғаразӣ ва поквиҷдонӣ мувофиқат накунанд, озод бошад. Дар амалӣ намудани масъалаҳои марбут ба фаъолияти касбии корманди Палатаи ҳисоб, фикри ғаразнок нисбати шахсият ва объекти санҷидашаванда бояд халал нарасонад.
Дигар мақомоте, ки назорати давлатии молиявиро амалӣ менамояд, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Тибқи моддаи 4-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолияти Агентӣ дар заминаи принсипҳои зерин ба роҳ монда мешавад: қонуният; эҳтиром ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд; баробарии ҳама дар назди қонун; яккасардорӣ ва идоракунии мутамарказонида; истифодаи усулу воситаҳои ошкоро ва махфии фаъолият; алоқамандӣ бо аҳолӣ ва ба назар гирифтани афкори ҷамъиятӣ дар фаъолият; инчунин, принсипи ғайриҳизбият.
Риояи принсипҳои зикршуда имконият медиҳанд, ки Агентӣ дар рафти фаъолияти худ аз рўйи қонуну қоидаҳои ҷойдошта амал намуда, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эҳтиром ва риоя намояд. Вобаста ба ҳолати ҷойдошта мақомоти назоратии мазкур бо истифода аз усулу воситаҳои ошкоро ва махфии фаъолият ба объекти назоратшаванда таъсир мерасонад. Ҳамкорӣ бо аҳолӣ ва ба назар гирифтани афкори ҷамъиятӣ имконият медиҳад, ки Агентӣ дар фаъолияти худ муваффақ шавад.
Зарари молиявии ошкоршуда аз рўйи намудҳои алоҳидаи зарар дар солҳои таҳлилшуда дар ҳолати динамикӣ қарор доранд. Аммо зарари молиявӣ аз рўйи баъзе аз нишондиҳандаҳо танҳо тамоюл ба зиёдшавӣ дорад. Масалан, камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ дар солҳои таҳлилшуда тамоюли афзоишёбӣ дошта, соли 2017 нисбат ба соли 2016 се маротиба ва соли 2018 (январ-сентябр) нисбат ба соли 2017 16,7 маротиба зиёд аст.
Талафи воситаҳои пулию молӣ аз бесарусомонӣ низ дар солҳои таҳлилшуда тамоюли зиёдшавӣ дорад. Агар дар соли 2016 талафи воситаҳои пулию молӣ аз ҳисоби бесарусомонӣ 4,9 млн. сомониро ташкил медод, пас ин рақам дар соли 2017 18,3 ва дар соли 2018 ба 23,4 млн. сомонӣ баробар аст. Ин маънои онро дорад, ки назорати гузаронидашуда дар солҳои зикршуда дар сатҳи зарурӣ таъсири худро нарасонидааст.
Дар натиҷаи таҳлили санҷишҳои гузаронидашуда барои мо муайян шуд, ки изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ сол то сол коҳиш ёфта истода, соли 2017 зарар дар ин самт 16,1%-и зарари соли 2016 –ро аз рўйи ҳамин намуди зарар ташкил медиҳад ва соли 2018 (январ-сентябр) бошад, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ 79,3%-и ҳиссаи зарари мазкурро дар соли 2017 ташкил медиҳад. Хулоса, чорабиниҳои назоратии Палатаи ҳисобро дар самти маҳдудкунии изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ таъсиррасон ҳисобидан мумкин аст. Мо чунин меҳисобем, ки принсипи таъсиррасонӣ аз ҷониби ин мақомот ҳангоми ҷорӣ намудани назорат дар объекти мазкур то андозае риоя шудааст.
Шумораи санҷишҳо дар соли 2016 дар муқоиса бо соли 2017 ва 2018 бамаротиб зиёд мебошад, яъне мувофиқан 1,5 ва 2,4 маротиба. Дар соли 2016 ба як санҷиш 422,6 ҳазор сомонӣ, дар соли 2017 491,1 ҳазор сомонӣ ва дар соли 2018 1,6 млн. сомонӣ ошкоркунии зарари молиявӣ рост меояд. Аз маълумоти ҷадвал ба мо маълум гашт, ки ҳаҷми зарари молиявӣ низ дар 9 моҳи соли 2018 нисбат ба солҳои 2016 ва 2017 зиёд мебошад. Яъне, мувофиқан 140,8 ва 193,4 млн. сомонӣ. Агар аз нуқтаи назари таъсиррасонии назорат (принсипи таъсиррасонӣ) ба ин натиҷаҳо баҳо диҳем, маълум мегардад, ки мақомоти олии назорат самаранокии назоратро дар солҳои таҳлилшуда то ҳадди зарурӣ таъмин накардааст.
Баҳодиҳии нишондиҳандаҳои натиҷавӣ, ки дар ҷадвали 3 оварда шудааст (асосан сатри якум ва дуюм), нишон дод, ки онҳо дар ҳолати динамикӣ қарор доранд, яъне тамоюли доимии пастшавӣ ва ё баландшавиро надоранд. Танҳо зарари молиявии ба буҷет ва корхонаҳо барқароршуда дар солҳои таҳлилшуда майли афзоишёбӣ дораду халос. Бинобар ин, мо зарур меҳисобем, ки назорати истифодаи ғайримақсаднок ва ғайрисамараноки воситаҳои давлатӣ, назорат аз болои захира ва талафи маблағҳои буҷетӣ устувор гардонида шуда, зарари молиявӣ сари вақт ва дар ҳаҷми қаноатмандкунанда ба буҷет ва корхонаҳо барқарор карда шавад. Дар ин сурат самаранокии назорати гузаронидашударо таъмин намудан имконпазир мебошад.
Ҳамин тариқ, аз таҳлил ва омўзиши объекти тадқиқот ба мо маълум гардид, ки принсипҳои фаъолияти назоратӣ дар рафти ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои санҷишӣ – назоратӣ дар сатҳи зарурӣ риоя карда намешаванд. Масалан, ҳамасола тамоюли зиёдшавӣ доштани зарари молиявии ошкоршуда аз таъсирнок набудани назорат гувоҳӣ медиҳад, ки сарчашмаи асосии он дар сатҳи зарурӣ риоя нашудани принсипҳои назоратӣ мебошад.
Ба ақидаи мо, ҳалли мушкилоти ҷойдошта таъмини чунин ҳолатҳоро талаб менамояд:
– аз байн бурдани омилҳои субъективӣ ва таъмини воқеияти чорабиниҳои назоратӣ;
– такмили сатҳи касбияти мутахассисони соҳа;
– баланд бардоштани масъулияти аудиторон ва ревизорон;
– такмили механизми таъсиррасонии назорат;
– ҳифзи манфиатҳои давлат дар муқоиса бо манфиатҳои шахсӣ;
– таъмини мувофиқати рафти санҷиш бо натиҷаҳои бадастомада.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё