САРМОЯИ САЛОМАТӢ ЧУН КАТЕГОРИЯИ ИҚТИСОДӢ: ҶАНБАҲОИ НАЗАРИЯВӢ-МЕТОДОЛОГӢ
Дар шароити муносибатҳои иқтисоди бозорӣ ва барқароршавии муносибатҳои нави иҷтимоӣ, нақши инсон чун омили асосии таъминкунандаи рушди иқтисодиёт ва рақобатпазирӣ дар тамоми соҳаҳо муҳим арзёбӣ мегардад. Бо таваҷҷуҳ ба ин, нигоҳдорӣ ва баландбардории вазъи саломатии инсон, ки бевосита ба фаъолнокии меҳнат алоқаманд дониста мешавад, предмети омўзиш ва тадқиқоти иқтисодиёт қарор гирифта, аз масъалаи тиббию биологӣ ба тоифаи масъалаҳои иқтисодӣ табдил ёфт. Бомавқеъгирии он ки саломатии инсон ҳамчун некуаҳволии физиологӣ, равонӣ ва иҷтимоӣ ифода ёфтааст, чунин хулоса намудан мумкин аст, ки саломатӣ мафҳуми комплексӣ ва бисёромила аст.
Дар баробари ин, ҳангоми ташаккулёбии саломатӣ ҳамчун сармоя он бо омилҳое бархўрд мекунад, ки натиҷаи ниҳоии онро муайян мекунанд, ба монанди: сифати муҳити атроф, вазъи иқтисодию иҷтимоӣ, сатҳи хизматрасонии соҳаи тандурустӣ, тарзи ҳаёт, шароити манзилӣ, шароити санитарию гигиенӣ, ташкили истироҳат, маориф, фарҳанг ва ғ. Бо назардошти вобастагии гуногуномилагӣ ва хусусияти алоқамандии соҳавии саломатӣ чунин натиҷагирӣ намудан мумкин аст, ки самолатӣ мафҳуми мураккаб ва серпаҳлу аст. Аз ин нуқтаи назар то ҳанўз дар илмҳои иқтисодию иҷтимоӣ қоидаи ягонаи ифодакунандаи тамоми ҷанбаҳои алоқаманд бо саломатӣ вуҷуд надорад.
Дар консепсияи тиббию биологӣ олимон мафҳуми саломатиро дар асоси қонуниятҳо ва аломатҳои илми тиб ва биология шарҳ медиҳанд, чунин ишора шудааст: «Саломатӣ, ин вазъи таббиии ҷисм, ифодакунандаи таъмини мувозинат бо муҳити беруна ва вуҷуд надоштани зуҳуроти беморӣ фаҳмида мешавад».
Ҳамин тариқ, дар илмҳои тиббию биологӣ, саломатӣ чун вазъи таббии бо ҳам мувофиқи унсурҳои ҷисми инсон ва зуд мутобиқшавӣ ба тағйироти пайвастаи иқлим ва муҳити иҷтимоӣ ифода ёфтааст.
Дар низомномаи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) чунин қоидаи ифодакунандаи моҳияти саломатӣ пешниҳод шудааст: «Саломатӣ, ин ҳолати бутуни физиологӣ, некуаҳволии иҷтимоию равонӣ фаҳмида мешавад, на танҳо мавҷуд набудани беморӣ ва иллати физиологӣ». Дар робита ба қоидаи пешниҳоднамудаи СУТ роҷеъ ба мафҳуми «саломатӣ» чунин хулосабарорӣ мешавад, ки дар муқоиса ба дигар қоидаҳои овардашуда хусусиятҳои нисбатан зиёди саломатӣ матраҳ шудааст. Аммо чизе, ки моро ба фаҳмиши асосҳои иқтисодию иҷтимоии саломатӣ наздик месозад, ин ҳарчи бештар пайгирӣ намудани қоидаҳои саломатӣ аз нуқтаи назари иқтисодӣ аст.
Шарҳи мафҳуми саломатӣ аз нуқтаи назари иқтисодӣ, ин тавонмандии инсон дар доштани имконияти истифодабарии пурраи функсияи меҳнатии худ, қонеъгардонии талаботи худ, истеҳсол намудани неъматҳои моддӣ ва хизматрасонӣ, барои худ таъмин намудани шароити зарурии ҳаётгузаронӣ ифода меёбад. Бо назардошти ин илмҳои иқтисодӣ, саломатии инсон дар мавриди баҳс ва омўзиши масоили сармояи инсонӣ, иқтидори меҳнатӣ, захираҳои меҳнатӣ ва инчунин боигарии миллӣ таҳқиқ ва баҳогузорӣ мешавад. Дар натиҷа мафҳуми саломатӣ ба тамоми низомҳои муносибатҳои ҷамъиятию истеҳсолӣ роҳ ёфт, дар ҳоле, ки «...саломатӣ ҷиҳати баландбардории сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ, рушди қувваҳои истеҳсолию ҷамъиятиро заминагузорӣ мекунад ва инчунин бо ҷалб кардани сармоягузорӣ ба соҳаи тандурустӣ саҳмгузорӣ ба азнавистеҳсолкунии захираҳои иқтисодии ҷамъият ба вуҷуд меояд».
Дар ин асос хулоса намудан мумкин аст, ки саломатии инсон предмети омўзишии решапайванди фанҳои гуногун буда метавонад.
Дар давраҳои гуногуни рушди назарияи иқтисод, тадқиқотҳои алоқаманд бо саломатӣ чунин омили муҳими рушди иқтисодию иҷтимоии ҷамъият омўхта шудааст, гарчанде ки агар ин дар асоси методологияҳои гуногун сурат гирифта бошад.
Аввалин саҳмгузорони илми иқтисодиёт У. Петти, Т.Р. Малтус, А. Смит, Д. Рикардо, К. Маркс ва А. Маршалл муҳимияти саломатиро чун захираи иҷтимоии заминагузорандаи рушди иҷтимоию иқтисодии ҷамъият асоснок намудаанд. Ба ин нигоҳ накарда, саломатии инсон чун ҷузъи таркибии иқтисодиёт дар айни замон ба ҳадди зарурӣ ҳамаҷониба асоснок нашудааст, хусусан дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Бисёри олимон ва муҳаққиқон кўшиш намудаанд, ки имкониятҳои саломатиро ҳамчун захираи иқтисодӣ дар таъмини инкишофи муносибатҳои иқтисодии ҷамъият нишон диҳанд. Аз ҷумла, Уилям Петти дар соли 1664 алоқамандии байни саломатии кормандон ва самаранокии раванди истеҳсолот ва ҳамчунин, асарбахшии корманди солимро ҳисоб намуда, қайд кардааст, ки «...марги 100 ҳазор одам аз сироятёбии бемории «вабо» барои давлати подшоҳии Англия қариб 7 млн. функ стерлинг хисорот овард. Дар ин вазъият хароҷоти саривақтии он 70 ҳазор функ стерлингро барои огоҳнамоӣ ва нигоҳдории сироятёбӣ талаб менамуд, ки агар ин бармаҳал сарф мешуд, ба ҷойи зарар манфиати зиёд меовард».
Робитаи тавъам алоқаманди байни саломатӣ ва самаранокии истеҳсолотро, инчунин А. Смит мавриди таҳқиқ қарор додааст, аниқтараш ў қайд мекунад, ки «...одамоне, ки бо тамкин кор мекунанд, онҳо тавоноии кори доимӣ доранд, зеро онҳо бо нигоҳдории саломатии худ имконияти иҷрои шумораи корҳои зиёдро дар давоми сол пайдо мекунанд. Барои он ки одамон зиёдтар кору фаъолият дошта бошанд, онҳо бояд аз асорати низоми хўрокхўрии нокифоя, фишори ҳолати равонӣ ва аз бемориҳо озод бошанд. Барои ин, шароити хуби истеъмоли хўрокҳои серғизо, ҳолати равонии хуш ва саломатии хуб дар шароити кории одамон бояд таъмин бошанд».
Давид Рикардо ҷиҳати вобастагии саломатии корманд аз музди меҳнат ва сохтори истифодабарии он дар харидории молу ашёҳои зарурии аввалиндараҷа, дуюминдараҷа ва ғ. таваҷҷуҳи махсус додааст. Дар баробари ин, роҷеъ ба таъсири маҳсулоти истеъмолии аз хориҷи кишвар воридшуда ба саломатии одамон ақидаҳои ҷолиб пешниҳод кардааст.
Иқтисодчии машҳури англис А. Маршалл дар мавриди алоқамандии саломатӣ бо самаранокии истеҳсолот хулосаҳои аҳамияти илмию амалидошта пешниҳод намудааст. Ба ақидаи А. Маршалл, «саломатӣ ва қувваи аҳолӣ аз се қисми таркибӣ иборат аст - физиологӣ, захираҳои зеҳнӣ ва захираҳои фарҳангӣ (ахлоқ). Онҳо барои раванди истеҳсолот ва бунёди неъматҳои моддӣ, заминаи асосӣ мегузоранд. Дар навбати худ боигарии моддӣ ба беҳдошти саломатӣ замина мегузорад».
Дар ин радиф, қайд мекунад, ки меҳнати аз меъёр зиёд дар ҳар сурат неруи ҳаётии корро паст мекунад. Изтироб, андуҳ ва аз ҳад зиёд маҷбурсозии фикрӣ ба коҳиши қувваи ҷисмонӣ, коҳишёбии сермаҳсулӣ ва заифгардонии неруи ҳаётии миллат оварда мерасонад». Инҷо ишора ба пайдошавии бемориҳои касбӣ мешавад, ки риоя нагардидани қоидаҳои меҳнат ва ҳавасмандгардонӣ ба пайдошавии ин бемориҳо замина мегузорад.
Дар иқтисодиёти сиёсии Шўравӣ ҷанбаи асосии тадқиқот ва омўзиш, ин муайяннамоии нақши соҳаи тандурустӣ дар истеҳсоли неъматҳои моддӣ асоснок дониста мешуд. Ин бевосита бо он алоқаманд дониста мешуд, ки дар раванди истеҳсолот аҳамияти «омили фардӣ» корманд, нисбати «омилҳои беруна» ва прогреси техникӣ муҳимтар аст, зеро дар сарчашмаи истеҳсоли неъматҳои моддӣ инсон меистад. Хусусан, бо ин нуқтаи назар хизматрасониҳо ва пешниҳоди маҳсулоти доруворӣ ба аҳолӣ ройгон буд.
Дар шароити ташаккулёбии низоми нави хоҷагидории иқтисодиёти бозорӣ (дар аввалҳои асри XXI) пайдоиши шаклҳои нави муносибатҳои иқтисодӣ ва имконияти омўзиши унсурҳои таркибии соҳаҳои гуногун дар алоҳидагӣ ба вуҷуд омад, ки дар ин радиф, мафҳуми саломатӣ ҳамчун захираи иқтисодӣ асоси илмӣ пайдо намуд. Иқтисодчии рус В. Кашинов иброз медорад, ки «Объекти омўзиши рушди иқтисодиёт дар айни ҳол захираи саломатӣ ба ҳисоб меравад. Илова бар ин, дар сатҳи фард, ташкилот, минтақа ва миллӣ бояд захира дониста шуда, ҳамзамон ташаккул дода шавад. Мо аз он арзишҳои ҳақиқиро пайдо мекунем. Саломатиро аз захира ҳам зиёдтар фаҳмидан мумкин аст. Масалан, газ, ҷангал, ангишт ва ба монанди инҳо, ин захираҳои истеҳсолӣ дониста мешавад. Аммо истеҳсол ва ба истифода ҷалбнамоии ҳамаи ин захираҳо дар асоси сарфи неруи ҳаёт ва саломатӣ роҳандозӣ карда мешавад. Дар чунин вазъият саломатӣ, ин сармояи асосии иқтисодиёт аст».
Боназардошти он ки саломатии одамон дар таъмини рушди иқтисодӣ нақши калидиро мебозад, бисёри олимон бар он назаранд, ки «имрўз вақти он фаро расидааст, ки саломатии инсонро на танҳо арзиши олии модию маънавӣ, балки захираи воқеии иқтисодӣ ба монади нефт, газ, канданиҳои фоиданок қабул кард. Саломатӣ чун нефт, газ ва канданиҳои фоиданок арзиши воқеии пулӣ дорад, яъне метавонад ва бояд объекти асосии иқтисодиёт бошад».
Дар тадқиқотҳои иқтисодӣ бисёри иқтисодчиён саломатии инсонро ҳамчун неъмати иҷтимоӣ ва қисми асосии таркибии боигарии миллӣ баҳогузорӣ намудаанд.
Боигарии миллӣ ба маънои маҳдуд, ин он чи ки дар натиҷаи меҳнати инсон бунёд шудааст, инчунин неъмати модию фарҳангӣ, ки давлат тўли инкишофи худ то замони имрўз андўхтааст. Аз ин рў, қайд намудан мумкин аст, ки боигарии миллӣ, ин маҳсули фаъолияти якчанд наслҳои инсон аст. Дар ҳоли санҷидабароии боигарии миллӣ ба таври васеъ зери ин мафҳум, инчунин арзишҳои ғайримоддӣ, ки миллат соҳиб шудааст, фаҳмидан мумкин аст. Ба ин дохил мешавад: андўхти таҷрибаи истеҳсолии ҷамъият, сармояи дониш, дастовардҳои пешрафти илмию техникӣ, сармояи саломатӣ ва илова бар ин, арзишҳои фарҳангию иттилоотӣ. Ҳамаи воситаҳои ғайримоддиро шартан ба ду гурўҳ ҷудо намудан мумкин аст: воситаҳои ғайримоддӣ, ки дарбаргирандаи он инсон ба ҳисоб меравад; воситаҳои ғайримоддӣ, ки шароити амалигардонии фаъолияти иқтисодӣ онҳоро ташкил медиҳад. Дар асоси ин натиҷагириҳо сармояи саломатӣ воситаи муҳими ғайримоддӣ ҳисобида мешавад, зеро дарбаргирандаи ин сармоя инсон аст. Ҳамчунин, сармояи саломатӣ шарти амалигардонии фаъолияти меҳнатӣ ба ҳисоб меравад. Дар робита ба ин, бо ақидаи иқтисодчии рус А.С. Юркев розӣ шудан мумкин аст, ки қайд мекунад: «Саломатии шаҳрванд яке аз муҳимтарин қисмҳои таркибии боигарии миллӣ ба ҳисоб меравад. Дар раванди ҳифз ва мустаҳкамгардонии саломатии аҳолӣ қисми муайяни ММД сарф карда мешавад. Дар ин асос худи саломатӣ захираи махсуси иқтисодӣ ба шумор меравад, ки дар бисёри маврид муайянкунандаи рушди самараноки иқтисодию иҷтимоӣ баромад мекунад».
Набудани сармояи саломатӣ аз байн рафтани маҳсулнокии сармояи инсонии фард ё ҷамъиятро ба миён меорад, ки дар асоси ин наметавонем то ба чунин андеша розӣ нашавем, ки омадааст: «Инсони носолим ё коргар нест ва ё корманди ғайрисамаранок аст. Инҷо мушкили на танҳо дар норасоии қувваи физиологӣ, ки сабаби қобилияти пасти меҳнатӣ ва аз байн рафтани он аст. Мушкилӣ, инчунин дар он аст, ки ба кор набаромадани як корманд бо сабаби беморӣ раванди банизомдаровардашудаи фаъолияти кули коллективро вайрон мекунад, гарчанде ки ҷойи онро як корманди дигар иваз кунад ҳам. Ҳолати беморӣ ба ҷараёнҳои равонӣ таъсир расонида, завқи кориро аз байн мебарад, ки вазъи боздеҳии меҳнатиро паст мекунад, ин, пеш аз ҳама, дар натиҷаи меҳнати эҷодӣ мушоҳида мешавад».
Дар ниҳоят, бояд қайд намуд, ки ғояҳои ҳамчун далел баромадкунанда ҷиҳати асоснок сохтани сармояи саломатӣ ҳамчун категорияи иқтисодӣ кам нестанд.
Натиҷаи тадқиқот нишон медиҳад, ки дар қатори дигар масъалаҳои иқтисодӣ, сармояи саломатӣ бевосита ё бавосита таваҷҷуҳи олимонро ҷалб намудааст. Сармояи саломатӣ ҳамчун боигарии миллӣ, омили фаъолкунандаи меҳнат, қисми таркибии сармояи инсонӣ, омили муҳими ҷараёни истеҳсолот, захираи асосӣ ва ба монанди инҳо таҳқиқ шудааст.
Дар шароите, ки ин гуна хулосаҳо вуҷуд доранд, сармояи саломатӣ, ин бевосита сармояе ҳисобида мешавад, ки имконияти кор бо дигар захираҳо ва самаранок истифодаи онҳоро таъмин мекунад.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё