Зеҳн

НАҚШ ВА АҲАМИЯТИ ИМТИЁЗҲОИ АНДОЗ ДАР РУШДИ КОРХОНАҲОИ САНОАТӢ

ЗЕ
Зеҳн12 сентябри 2026 · 7 дақиқа хондан

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди дигаргуниҳои куллии низоми муносибатҳои ҷамъиятӣ, гузариш аз иқтисодиёти фармонӣ ба иқтисодиёти миллии навъи бозорӣ ҷараён дорад. Аз оғози даврони истиқлолият то ба имрўз таъмини рушди босуботи иқтисодӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ҳадафи асосии давлат ва Ҳукумат мебошад. Мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи истиқлолияти давлатӣ таъсис ва ташаккул ёфта, то имрўз роҳи арзандаеро тай карда истодааст ва таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди устувор ва самараноки худ заминаҳои воқеӣ гузошта истодааст. Ба ҳамагон маълум аст, ки баъди ба даст овардани истиқлолият ва гузаштан аз иқтисоди фармонӣ (планӣ) ба иқтисоди бозорӣ дар ҳама соҳаҳои иқтисодиёт дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷуд омад.

Бо мақсади беҳтар гардонидани фазои соҳибкории хурду миёна, ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як силсила тадбирҳоро дар самти беҳтар намудани имкониятҳои дастрасии қарзҳои хурд ба соҳибкорону тоҷирон, такмил додан ва сода гардонидани низоми содироту воридоти молу маҳсулот, ҷорӣ кардани усули «Равзанаи ягона»-и бақайдгирии фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба инкишофи соҳибкорӣ ба анҷом расонид. Вобаста ба шароити иқтисодӣ- иҷтимоии давлат соҳаҳои афзалиятноке мавҷуд мебошанд, ки давлат кўшиш ба харҷ медиҳад суръати пешравии онҳо афзоиш ёбад, ба монанди соҳаи энергетика, кишоварзӣ, саноати сабук, хўрокворӣ ва ғайра. Бо ин мақсад ба сармоягузорони хориҷӣ ва дохилӣ бо пешниҳоди шароитҳои хуби сармоягузорӣ, пешниҳоди қарзҳои бонкии дарозмуддат, бо меъёри андози нисбатан пасттар ва дигар имтиёзҳо дар амал татбиқ карда мешавад. Аз ин нуқтаи назар, дар низоми андози кишвар низомҳои имтиёзноки андозбандӣ пешбинӣ гардидааст, ки ба ин соҳаҳои муҳими иқтисоди кишвар равона гардидааст. Аз он ҷумла, мувофиқи қонунгузории андоз нисбати андозбандии корхонаҳои навтаъсис, ки ба силсилаи пурраи коркарди нахи пахта ба маҳсулоти ниҳоӣ (аз калобаи пахта то маҳсулоти пахтагии дўзандагӣ) машғул мебошанд, татбиқ карда мешавад.

Масъалаи таъмини озуқавории кишварро дар мадди аввал гузошта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қонунгузории андоз якчанд тағйиру иловаҳо ворид намуданро зарур шуморид. Масалан, баъди қабул кардани тағйиру иловаҳо ба моддаи 313 Кодекси андози кишвар корхонаҳои истеҳсолкунандаи хўроки омехтаи паранда, чорво ва хоҷагиҳои парандапарварӣ аз супоридани андозҳои зерин ба муддати 12 сол озод карда шудаанд:

- андоз аз фоида;\

  • андоз аз арзиши иловашуда;\
  • андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард;\
  • андоз аз молу мулки ғайриманқул;\
  • андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ ҳангоми ворид намудани молҳои бевосита барои эҳтиёҷоти худи корхонаҳо.
    Мутобиқи қонуни мазкур ду корхонаи ватанӣ ҶДММ “Мурғи ҳилол”-и ноҳияи Файзобод ва ҶДММ “Нутристар Тоҷикистон”-и шаҳри Душанбе аз 01.01.2014 аз имтиёзҳои дар боло қайдшуда бо пуррагӣ метавонанд истифода баранд. Чунончи, дар сафари кории худ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Файзобод дар санаи 10 апрели соли 2015 дар бунёди марҳилаи дуюми корхонаи мурғпарварии ҶДММ «Мурғи ҳилол» бевосита иштирок намуданд [3]. Қайд намудан бамаврид аст, ки дар ин корхона дар марҳилаи аввал 61 мурғхонаи нав барои парвариши мурғи гўштӣ буньёд меёбад. Дар 29-тои он ҳамасола то 6 миллион сар парандаи гўштӣ парвариш хоҳад ёфт. Тибқи нақша ҳар сол аз ин корхона 12 ҳазор тонна гўшти мурғ ба бозор пешниҳод карда мешавад. Барои таъмини босамари ин ҳадаф дар ин ҷо, ҳамчунин, инкубатор фаъол хоҳад шуд, ки ҳар сол 8 миллион сар чўҷа бояд барорад.

Бояд зикр намуд, ки дар марҳилаи якум дар корхонаи мурғпарварии «Мурғи ҳилол» 32 мурғхона барои парвариши парандаи тухмгузор омода шуда буд ва ҳоло дар онҳо тақрибан 800 ҳазор сар мурғ парвариш меёбад ва ҳамарўза то 300 ҳазор дона тухм ба бозор пешниҳод карда мешавад. Истеҳсоли солонаи мурғ бошад, қариб ба 100 миллион дона расида буд. Ояндаи наздик танҳо шумораи мурғи тухмгузор бояд ба 1 миллиону 200 ҳазор сар расонида шавад. Дар назди ҶДММ «Мурғи ҳилол» корхонаи инноватсионии биогаз низ бунёд меёбад, ки дар он аз поруи мурғ гази табиӣ, неруи барқ ва нуриҳои органикӣ истеҳсол хоҳад шуд. Дар ин корхона ҳамарўза 120 тонна пору мавриди коркард қарор гирифта, аз он дар як шабонарўз 1,2 ҳазор метри мукааб газ ва 1,2 мегаВатт соат неруи барқ тавлид хоҳад шуд. Барқи истеҳсолшаванда барои таъмини пурраи корхонаи мазкур басандагӣ мекунад. Ҳаҷми солонаи истеҳсоли нурии органикӣ бошад, ба 20 ҳазор тонна хоҳад расид. Алҳол дар корхона 420 нафар мутахассисону коргарон фаъолият намуда, маоши миёнаи онҳо 700 сомониро ташкил медиҳад.

Такмили қонунгузории амалкунанда дар кишвар сиёсати давлатиро оид ба дастгирии ҳама навъҳои фаъолияти соҳибкорӣ, аз ҷумла соҳибкории истеҳсолӣ, инъикос менамояд. Бинобар ин мунтазам ворид намудани тағйиру иловаҳо ба кодексҳои андозу гумрук яке аз нишондиҳандаҳои мутобиқгардонии қонунгузории амалкунанда ба меъёрҳои байналмилалӣ оид ба кафолатҳои ҳимояи ҳуқуқҳо маҳсуб меёбад. Таъсиси Шўрои машваратии назди Президенти мамлакат оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва амалигардонии чорабиниҳо шаҳодати кўшишҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ барои беҳтар намудани фаъолияти соҳибкории хурду миёна ва фазои сармоягузорӣ мебошад.

Чӣ хеле ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар соли 2016 ва вазифаҳо барои соли 2017 қайд намуда буданд: «Яке аз ҳадафҳои муҳимтарини Ҳукумати кишвар таъмини рушди соҳибкории хурду миёна ва хусусан соҳибкории истеҳсолӣ мебошад».

Қобили зикр аст, ки солҳои охир таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва фароҳамоварии фазои мусоид барои ҷалби сармоягузорӣ афзуда, дар ин замина ислоҳоти зиёде рўи кор оварда шуд. Яке аз роҳҳои муҳими таъмин намудани рушди устувори иқтисоди кишвар истифода аз имкониятҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ мебошад. Фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар ду соли охир нишон дод, ки таваҷҷуҳи соҳибкорон ба онҳо пайваста зиёд мешавад. Танҳо соли 2013 дар ин минтақаҳо ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 41 миллион сомонӣ расида, нисбат ба соли 2012-ум 2,4 баробар афзоиш ёфтааст ва миқдори ҷойҳои корӣ 80 фоиз зиёд шудааст.

Соли ҷорӣ дар минтақаҳои мазкур сохтмони корхонаҳои коркарди нафт, истеҳсоли масолеҳи сохтмон, аз ҷумла семент ва молу маҳсулоти коркардашудаи кишоварзӣ дар назар аст. Мавриди зикр аст, ки дар ин самт як силсила корҳо ба анҷом расонида шудааст. Масалан, дар санаи 11 феврали соли 2015 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаи сармоягузорӣ миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати «Huaxin Cement Co., LTD» дар бораи сохтмон ва ба истифода додани хатҳои дуюм ва сеюми лоиҳавии корхонаи сементбарорӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва қаламрави минтақаи озоди иқтисодии «Данғара»-ро тасдиқ кард. Баҳри амалисозии созишномаи мазкур дар ҳаҷми беш аз 250 млн. доллари ИМА маблағгузорӣ пешбинӣ шудааст. Иқтидори корхонаи оянда дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров истеҳсоли 1 млн. тонна семент ва корхона дар минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» истеҳсоли 1,2 млн. тонна семент дар як солро ташкил дода, беш аз 1 ҳазор шаҳрвандони кишвар бо ҷойҳои корӣ дар ин корхонаҳо таъмин хоҳанд шуд. Ба ақидаи таҳлилгарон, ҳиссаи Тоҷикистон дар лоиҳа дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба 30% ва минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ба 45% баробар аст ва амалисозии лоиҳаҳои мазкур ба рушди иқтисоди миллӣ ва афзоиши даромад ба буҷети ҷумҳурӣ мусоидат мекунад. Масалан, аз ҳисоби ҳамаи навъҳои андоз аз фаъолияти корхонаи «Хуаксин- Ғаюр-Семент» дар ноҳияи Ёвон соли 2014 ба бучети давлатӣ 130 млн. сомонӣ маблағ ворид гардид.

Қайд намудан бамаврид аст, ки доир ба беҳтар гардонидани низоми андозбандии кишвар ислоҳот дар ин самт идома дорад. Мувофиқи Кодекси нави андоз шумораи ҳисоботи андозӣ то 86 фоиз ва шумораи умумии пардохтҳои андозӣ то 43 фоиз кам карда шуд. Бо мақсади содагардонии расмиёти бақайдгирии соҳибкорӣ ташкили фаъолияти соҳибкорӣ тибқи низоми "Равзанаи ягона" ба роҳ монда шуд, ки дар натиҷа муҳлати бақайдгирӣ аз 49 рўз то 5 рўз кам карда шуд. Ислоҳоти низоми иҷозатдиҳӣ ва кам кардани шумораи иҷозатҳо ба рушди соҳибкорӣ дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт такони ҷиддӣ бахшида, дар кишвар Феҳристи ягонаи давлатии электронии ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ҷорӣ карда шуд.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2