РОБИТАҲОИ ИТТИЛООТӢ ДАР СИСТЕМАИ КОРПОРАТИВӢ
Дар иқтисодиёти давлатҳои тараққикарда ҷойи муҳимро корхонаҳои хурд ва фирмаҳо ташкил медиҳанд, ки шумораашон солҳои охир ниҳоят афзудааст.
Чуноне ки таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, корхонаҳои хурд нисбат ба корхонаҳои калон як қатор афзалиятҳо доранд: чандирӣ ва фаврият дар амалиётҳо, мутобиқшавӣ ба шароитҳои муҳит; имконияти бештари амалигардонии ақидаҳо; гирдгардиши баланди сармоя; ҳамгироии (интегратсияи) ҳамаи равандҳои хоҷагӣ оид ба фурӯш, таъминкунии моддӣ-техникӣ дар чорчӯбаи як корхона; хароҷоти на он қадар зиёди идоракунӣ, ки дар чунин корхона имконият медиҳад, то технологияи иттилоотии автоматонидашудаи идоракунӣ ҷорӣ карда шавад.
Қайд намудан зарур аст, ки дар шароити муосири муносибатҳои бозорӣ тараққиёти хосаро тиҷорати ҳаҷман калон гирифтааст, ки ба он шакли хоси ташкилот дар асоси муттаҳидии корхонаҳо ва маҷмӯи сохторҳо ташкилкардашуда хос аст. Ба ин ҷамъиятҳои муштарак дохил мешаванд: ширкатҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ, ширкатҳои холдингӣ, гурӯҳҳои молиявӣ-саноатӣ ва ғайра.
Андозаи чунин ташкилотҳо боиси баланд бардоштани самаранокӣ аз ҳисоби чунин омилҳо ба роҳ монда мешавад: паст намудани хароҷоти истеҳсолӣ ва фурӯши маҳсулот; ҷорӣ намудани технологияҳои ҳозиразамон, ки хароҷоти калонро талаб мекунанд; ҷараёни рушди диверсификатсия, ки бо роҳи муттаҳидкунии ҳудуди ҷудокунии корхонаҳо ё ин ки ҷудокунии филиалҳо ба ташкилотҳои мустақил бо тақсим карда додани вазифаҳои хоҷагидории онҳо дар соҳаи муайяни фаъолият барои хизматрасонии ширкат дар умум амал мекунад.
Дар ташкилотҳои калон ду намуди идоракунӣ — марказонидашуда ва ғайримарказонидашуда — ҷой доранд.
Ташкилотҳо бо идоракунии марказонидашуда бо тақсимкунии вазифаҳо ва ӯҳдадориҳо байни зерсохторҳои сохторӣ, бо мутобиқкунии дурушти фаъолияти истеҳсолӣ- хоҷагӣ дар дастгоҳи идоракунӣ тавсиф карда мешаванд.
Шакли ғайримарказонидашуда бо ҷудокунии воҳидҳои стратегии тиҷорат дар дохили ташкилот мебошад ё ин ки марказҳои даромад, ки дорои банақшагирии мустақили буҷети шахсии худ мебошанд, тавсиф карда мешаванд. Дар ин ҳолат дастгоҳи идоракунӣ дар сохторҳои худ дорои салоҳиятҳои нисбатан васеъ мегардад. Бар зиммаи вай ӯҳдадорӣ барои натиҷаҳои фаъолияти истеҳсолӣ-хоҷагӣ ва рақобатпазирии маҳсулоти корхона гузошта мешавад. Барои роҳбарияти олӣ имконияти ҳақиқии банақшагирии дарозмуддат ва алоқаҳои берунаи васеъшаванда ташкил карда мешаванд.
Дар ҳолатҳои якум ва дуюм низоми корпоративӣ аз ҳисоби алоқаҳои иттилоотӣ, технологӣ, ташкилӣ ва ғайра ташкил карда мешавад, ки шуъбаҳои ҳудудан паҳншудаи корхонаро, ки дар асоси платформаҳои гуногуни технологӣ дар шакли амудӣ ва уфуқӣ сохта шудаанд, муттаҳид месозад.
Фарқияти асосии идоракунии ин ду намуди корхонаҳои калон дар сохтани технологияи иттилоотии корпоративии автоматонидашуда мебошад.
Дар идоракунии марказонидашуда технология барои ҷамъ намудани захираҳои иттилоотӣ дар корхонаҳои асосӣ равона карда шуда, бо маҳдудиятҳои қатъӣ аз рӯйи сатҳи дастрасӣ ба маълумотҳои корпоративӣ ташкил карда мешавад.
Дар идоракунии ғайримарказонидашуда дар баробари ҷамъ намудани иттилоот дар махзани маълумотҳои корпоративӣ сегментҳои иттилоотиро ҷудо намудан мумкин аст, ки барои ҳар як шабакаи локалии филиал ва шуъбаҳои корхона бисёр муҳим аст.
Барои идоракунии босамари ташкилотҳои калон шабакаи ҳисоббарори корпоративӣ ташкил карда мешавад, ки дар асоси он робитаҳои иттилоотӣ дар байни шабакаҳои локалии ҳисоббарор дар сохторҳои алоҳидаи корхона хуб ба роҳ монда мешавад.
Шабакаи корпоративии ҳисоббарор — ин системаи муттаҳидкардашудаи бисёрмошинии тақсимшудаи як корхона мебошад, ки дорои ҳудуди парокандашуда буда, ҳамкории шабакаҳои локалии ҳисоббарор дар байни сохтори корхона ва зерсистемаҳои алоқа барои интиқоли иттилоотро таъмин менамояд.
Сохтани шабакаи ҳисоббарори корпоративӣ имкониятҳои зеринро таъмин менамояд: амалигардонии дастрасии соддакардашудаи мутахассисони шуъбаҳои гуногуни корхонаи калон ба захираҳои корпоративӣ; идоракунии ягонаи марказонидашуда, идоракунӣ ва таъминоти техникии захираҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ; дастрасии ташкилӣ ба иттилооти сохторӣ дар режимҳои on-line ва off-line; ташкили системаи ягонаи почтаи электронӣ ва ҳуҷҷатгардиши электронӣ; муҳофизати почтаи электронӣ дар асоси стандартҳои байналмилалӣ бо сохтани дарвозаҳои муҳофизатшуда дар шабакаи додугирифти маълумотҳо; ташкилкунии хизматрасониҳои глобалӣ бо дарназардошти манфиатҳои муштариёни шабакаи ҳисоббарор; амалигардонии интерфейси ягонаи истифодабарандагон, ки ба истифодабарандагон имкониятҳои кор бо захираҳои коммуникатсионии шабакаи ҳисоббарорро медиҳад; ҳамкории шабакаи корпоративии корхонаҳои калонҳаҷм бо системаҳои тиҷоратии дигар ширкатҳо, системаҳои ҳисоббарори муассисаҳои давлатӣ, мақомоти молиявӣ-кредитӣ, ки дар додугирифти иттилоот аз ҳисоби ҳуқуқи муштариёни системаи телекоммуникатсионии корпоративӣ иштирок мекунанд; афзоишёбии функсионалӣ, ки бунёдкунии шабакаи корпоративии ҳисоббарорро таъмин намуда, онро ҳамчун шабакаи доимо рушдкунанда ва мукаммалгардонидашуда ташкил медиҳад. Он барои ҷорӣ намудани захираҳои нави дастгоҳӣ-барномавӣ кушода буда, имконияти тараққидиҳӣ ва мукаммалгардонии таркиб ва сифати хизматрасониҳои иттилоотӣ-коммуникатсиониро бе вайронкунии қоидаҳои шабака таъмин менамояд.
Омили муайянкунанда ҳангоми ташкили шабакаҳои ҳисоббарори корпоративӣ ва ташкили алоқаҳои иттилоотӣ байни зерсохторҳои корхонаҳои калонҳаҷм ва ташкилотҳои намуди гуногун, ки дар онҳо коркарди маълумотҳои тақсимшуда дар шабакаҳои локалии ҳисоббарори филиалҳо ва тақсимоти маълумотҳо дар хазинаи маълумотҳо сурат мегирад, — ин дастрасии оддӣ ба захираҳои иттилоотӣ мебошад.
Махзани маълумотҳои автоматонидашуда — комплекси дастгоҳӣ-барномавӣ барои нигоҳдории марказонидашудаи захираҳои иттилоотӣ мебошад, ки аз рӯйи модели бисёрченака сохта шуда, ба истифодабарандагон имконияти барориши соддакардашудаи иттилоотро барои таҳлили оянда ва қабули қарорҳои идоракунӣ медиҳад.
Ташкили шабакаи ҳисоббарори маҳдудкардашуда бо алоқаҳои иттилоотии мустаҳкам байни зерсохторҳои сохторӣ имконият медиҳад, ки зинаи идоракунӣ баланд карда шавад ва он, дар навбати худ, ҳалли ҳамаи масъалаҳои функсионалиро инъикос мекунад ва имконияти ташкили харитаи пурраи бисёрсистемавии ҳолати корхонаро фароҳам меорад.
Шабакаи ҳисоббарори корпоративиро метавон дар шакли системаи мураккаб дида баромад, ки он аз якчанд қабатҳо иборат аст.
КФ — ки бо каналҳои алоқа муттаҳид карда шудаанд, маркази нигоҳдорӣ ва коркарди иттилоот ба ҳисоб мераванд.
Зерсистемаи нақлиётӣ додугирифти боэътимоди бастаҳои иттилоотро байни КФ таъмин менамояд.
Системаҳои амалиётии шабакавӣ кори замимаҳоро дар КФ таъмин мекунанд ва захираҳоро ба КФ барои истифодаи умум пешкаш мекунанд.
Системаи идоракунии базаи маълумотҳо нигоҳдории батартибдаровардашудаи маълумотҳои корпоративиро таъмин мекунад ва аз болои иттилоот амалиётҳои асосии ҷустуҷӯро мегузаронад.
Хизматрасониҳои системавӣ ба истифодабарандагон иттилооти корпоративиро дар шакли мувофиқ барои қабули қарор пешниҳод мекунанд ва ҳамчунин баъзе протседураҳои умумии коркарди иттилоотро барои ҳамаи корхона иҷро мекунанд. Ба ин хизматрасониҳо системаи почтаи электронӣ, системаи кори коллективӣ ва ғайра дохил мешаванд.
Воситаҳои барномавии махсус масъалаҳои махсуси барои корхона пешбинишуда ё корхонаи намуди додашударо ҳал мекунанд. Мисоли чунин барномаҳо — воситаҳои автоматикунонии фаъолияти бонкӣ, ташкили ҳисобгирии бухгалтерӣ, лоиҳасозии автоматӣ, идоракунии равандҳои технологӣ ва ғайра шуда метавонанд.
Ташкилкунии шабакаи ҳисоббарори корпоративии корхона аз рӯйи хусусиятҳои амалӣ ба иҷрои чунин талаботҳои асосӣ равона карда шудааст:
Муттаҳидӣ (интегратсия) — онро инъикос мекунад, ки шабакаи ҳисоббарори корпоративӣ бояд ҳамаи равандҳои тиҷоратиро ҳамҷоя кунад ва сатҳи идоракунии корхонаро баланд намояд. Танҳо чунин система имконияти инъикоси ҳамаи алоқаҳои функсионалӣ ва иттилоотие, ки дар корхона вуҷуд доранд, доро мебошад, имконият медиҳад, ки ҳолати бисёрҷабҳагии пурраи раванди тиҷоратии корхонаро инъикос намояд. Чунин система дастрасӣ ба маълумотҳои дилхоҳ сатҳро таъмин менамояд. Бо ҳамин восита на танҳо дастрасии маълумотҳоро таъмин менамояд, балки имконият медиҳад, ки кори корхона бо зинаи махсуси ҷузъиёташ назорат бурда шавад. Пуррагии инъикоси равандҳои тиҷоратӣ имконият медиҳад, ки автоматикунонии технологияи иттилоотӣ ба масъалаи қабули қарорҳои идоракунӣ дар сатҳҳои поёнӣ ва болоии идоракунӣ наздик карда шавад ва раванди идоракунӣ дар асоси моделсозӣ ва пешгӯии ҳодисаҳои иқтисодӣ ба роҳ монда шавад.
Шаклдории шабакаи корпоративӣ — ин имконияти ҷорӣ намудани шаклҳои нави имкониятҳо ба система (роҳҳои воридкунии модулҳои нав) мебошад. Дар ин ҷо муҳим аст, ки хусусиятҳои маҳсулоти барномаҳои амалиявӣ ба монанди инҳо ба эътибор гирифта шаванд: интихоби модулҳо ва амалигардонии вазифаҳои онҳо; дараҷаи мухторияти модулҳо; маҷмӯи алоқамандиҳои байнимодулӣ ва шаклҳои амалигардонии он (содироти файлҳо байни модулҳо, додугирифти хабарҳои идоракунӣ ва ғайра); имконияти шаклбандии маҳсули барномавӣ, сохтори минималии онҳо; блокҳои вазифагузорандаи мустақил; намунаҳои васеъкунӣ ва ғайра.
Кушодагии шабакаи ҳисоббарори корпоративӣ — маҷмӯи воситаҳои лоиҳасозӣ дар он, тараққиёт ва замонавикунонии онро дар бар мегирад. Методологияи ҳозиразамон ва воситаҳои барномавӣ чунин имкониятро медиҳанд. Онҳо номи CASE-технология-ро гирифтанд ва имконият медиҳанд, ки сохтан ва барориши таъминоти барномавӣ автоматӣ карда шавад.
CASE-технология (Computer Aided Software Engineering) — ин комплекси барномавии автоматикунандаи ҳамаи раванди технологии таҳлил, лоиҳасозӣ, коркард ва барориши комплекси барномаҳои мураккаб мебошад.
Ба воситаи CASE-технология тадқиқотчиён соҳаи тадқиқшавандаро тасвир менамоянд — яъне ҳамаи равандҳои тиҷоратии корхона, объектҳои ба он дохилшаванда, хосиятҳои онҳо, алоқаи байни объектҳо ва хосиятҳои онҳоро инъикос мекунанд. Дар натиҷа моделе ба даст меояд, ки иштироккунандагони асосии раванди тиҷоратӣ, ӯҳдадориҳои онҳо, селобҳои иттилоотии байни онҳоро инъикос мекунад. Дар рафти тасвир намунаи электронии лоиҳа ва ҳуҷҷатгузории кории он сохта мешавад.
CASE-технология ҳосилнокии ҳаҷми зиёди барномаҳои истифодабарандагони ниҳоиро таъмин мекунад, ки ба шароитҳои тағйирёбандаи вазифагузории корхона мутобиқ аст ва сифати лоиҳаҳои коркардшаванда ва тараққиёбандаро баланд месозад.
Чандирии шабакаи ҳисоббарори корпоративӣ. Ҷойи нисбатан муҳимро дар рушди шабакаи корпоративӣ забонҳои насли 4-ум мегиранд. Онҳо дар пайвасткунии протседураҳои ҳосилкунии дархостҳо, ҳамчунин як қатор протседураҳои дигар, аз он ҷумла берунӣ, ки аз тарафи мутахассисони корхона навишта мешаванд, истифода мешаванд. Чандирии шабакаи корпоративӣ метавонад тараққиёти система ва дастгирии мувофиқати ТИ-и автоматонидашударо дар шароитҳои тағйирёбанда таъмин намояд.
Танзимшавандагии шабакаи ҳисоббарори корпоративӣ — барои мутобиқсозӣ ба ТИ-и автоматонидашудаи корхона лозим аст. Муҳимияти танзимот одатан ҳангоми воридкунии ТИ сурат мегирад, ки дар баробари ин метавонад натиҷаи тағйирёбиҳои технологӣ дар амалиётҳои тиҷоратии корхона бошад. Он гоҳ танзимшавандагӣ бевосита ба кушодагӣ ва чандирӣ ҳамҷоя мешавад. Танзимшавандагӣ имконияти танзимоти протседуравии шабакаро — батартибандозии ҳуқуқҳои истифодабарандагон, ҷобаҷокунии ҷойҳои кории автоматонидашударо пешкаш менамояд.
Дар корхонаҳои калон, фирмаҳо ва ширкатҳо раванди коркарди иттилоот вобаста ба талаботи ҳалли масъалаҳои функсионалӣ сурат мегирад, ки дар асоси онҳо селобҳои иттилоотӣ дар системаҳои корпоративии ташкили идоракунӣ фарқ карда мешаванд.
Ташкили фаъолияти идоракунӣ (офиси марказӣ). Мақсади асосии он тайёркунии нақшаи стратегии тараққиёт ва идоракунии фаъолияти умумии ширкат мебошад. Қисми мазкури системаи автоматонидашудаи корпоративӣ барои таъминоти иттилоотии корҳои идоракунӣ ҷавобгӯ мебошад. Шакли асосии кор дар ин қисм — кор бо иттилоот — гирифтан ва коркарди он мебошад, ки дар асоси он самти стратегии тараққиёти ташкилот ба роҳ монда мешавад. Нақшаи стратегии коркардшуда то зерсохторҳои сохторӣ ба воситаи маводҳои телекоммуникатсионӣ бурда расонида мешавад.
Ташкили кори хизматрасониҳои иқтисодӣ ва молиявӣ. Қисмати мазкур вазифагузории самти молиявӣ ва ташкили бухгалтериро дар бар мегирад. Мақсадҳои асосии хизматрасониҳои молиявӣ — ба шаклдарории нақшаи умумии ширкат дар идоракунӣ, комилгардонии андозсупории корхона, умумигардонии ҳамаи иттилооти молиявии корхона ва расонидани ин иттилоот то зинаҳои болоии роҳбарияти корхона ба ҳисоб мераванд.
Таъминоти ҳуқуқӣ. Мақсади асосии он мустаҳкамгардонии ҳолати ҳуқуқӣ ва молиявии корхона ба шумор меравад. Дар модули мазкур коркарди иттилооте ба роҳ монда мешавад, ки дар асоси он чунин вазифаҳо иҷро карда мешаванд: тайёркунӣ ва бурдани иттилооти меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва маълумотӣ, ки батартибдароварандаи фаъолияти берунии корхона мебошад; коркард ва экспертизаи ҳуқуқии ҳуҷҷатҳо, ки батартибдароварандаи вазифагузории дохилии корхона ба ҳисоб меравад; экспертизаи ҳуқуқии ҳамкориҳо ва шартномаҳои басташаванда ва ғайра.
Иттилооти ҳуқуқӣ пеш аз ҳама ба роҳбарияти болоӣ пешниҳод мешавад ва ҳамчунин аз тарафи ҳамаи шуъбаҳои лозимаи ташкилот истифода бурда мешавад.
Мақсадҳои асосии функсионалии корхона тайёркунии ҳисоботҳои маълумотдиҳандаи аналитикӣ барои дастгирии қарорҳои дарозмуддат ва таъмини тафтиши фаврии алоқаҳои берунаи корхона дар асоси захираҳои иттилоотии аз манбаъҳои гуногуни иттилоот воридшаванда ба ҳисоб мераванд. Ҳамчунин коркарди иттилооти фаврӣ барои ҳалли масъалаҳои функсионалии корпоратсия, зерсохторҳои сохтории он ва қабули қарорҳои идоракунӣ дар режими вақти ҳақиқӣ дар ҳама зинаҳои корпоративӣ ба мақсадҳои асосии функсионалии корхона дохил мешаванд.
Ташкили ҳалли масъалаҳои асосӣ аз рӯйи коркарди иттилоот ва идоракунии корхонаҳои калонҳаҷм дар асоси муҳити ягонаи иттилоотӣ ва сохтани хазинаи иттилооти корпоративии автоматонидашуда ба роҳ монда мешавад, ки ин имконият медиҳад, ки фаъолияти ҷории корхона идора карда шавад ва ҳамчунин нақшаҳои стратегии тараққиёти ояндаи корхона коркард карда баромада шаванд. Муҳити ягонаи иттилоотӣ ташкили мувофиқати платформаҳои воситаҳои барномавӣ, дастгоҳӣ, иттилоотӣ ва архитектураи додугирифти маълумотҳоро дар ҳамаи зинаҳои идоракунӣ ва дар зинаҳои гуногуни корпоративии система ба роҳ мемонад.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё