Мафҳуми манбаи маълумотҳо
Мафҳуми манбаи маълумотҳо. Манбаи маълумотҳои релятсионӣ. Марҳилаҳои лоиҳабандии манбаи маълумотҳо. СИММ MS Access. Объектҳои MS Access. Ибтидо ва интиҳои кор. Сохти оинаҳои MS Access. Кушодан ва хориҷ намудани ММ. Нусхаҳои (шаблонҳои) тайёри манбаи маълумотҳои MS Access. Истифодабарии маълумотҳои ёрирасон (справка) дар MS Access.
Мафҳуми манбаи маълумотҳо
Манбаи маълумотҳо (ММ) — ин махзани (манбаи) систематикунонидашудаи маълумотҳост, ки дар ҷанбаҳои гуногуни ҷамъият истифода бурда мешавад. Мисоли оддитарини ин маълумотҳо: маълумотномаи телефонӣ, маълумот дар бораи донишҷӯёни мактаби олӣ, маълумот дар бораи дархостҳои маҳсулот ва дигару дигар.
То пайдоиши компютер ҳамаи маълумотҳо дар папкаҳо ё картотекаҳо ҷойгир карда мешуданд. Ҳар як варақа ё картотека аз формаи муайян иборат буд, ки истифодабарандагон онро дар ҷойҳои муайянаш сабт менамуданд. Мисол, дар варақаи шахсии донишҷӯ маълумот дар бораи ному насаб, санаи таваллуд, ҷои таваллуд ва дигар маълумотҳоро бояд қайд кунад. Маълумоти ҳар донишҷӯ дар варақаҳои алоҳида сабт мешаванд. Ин шароит аз коргарони деканат талаботи калон буд, зеро ки хатогии оддитарини коргари деканат дар вақти сабти номи донишҷӯ барои пайдо шудани донишҷӯи нави «ҳавоӣ» оварда мерасонад. Инчунин ҷустуҷӯи дилхоҳ маълумот вазнин буд. Барои дастрас намудани ягон маълумот садҳо картотекаҳоро аз назар гузаронидан лозим буд.
Истифодаи компютерҳо барои аз байн бурдани бисёр проблемаҳо, алалхусус барои манбаи маълумотҳои ғайрикомпютерӣ, имкониятҳои васеъ фароҳам овард. Дар ҳолати дуруст лоиҳабандии ММ, воридкунии маълумоти нав ва коркарди маълумотҳои сабтшуда мураккаб нахоҳад шуд. Бо ёрии компютер маълумоти лозимиро дар вақти кӯтоҳ ёфтан мумкин аст, ба ғайр аз ин, шарти ҷустуҷӯи маълумот метавонад мураккаб бошад. Истифодаи ММ барои ташкил ва чопи маълумотҳо дар намуди муайяни ҳисобот ва маълумотҳои ёрирасон имконияти калон дорад.
Лекин, барои истифодаи ҳамаи имкониятҳои компютер дар вақти кор бо ММ, якчанд қоидаҳои сохтани ММ ва истифодабарии барномаҳои махсуси коркарди маълумотҳоро риоя кардан зарур аст. Баъзан истифодабарандагон маълумоти худро дар намуди ҳуҷҷатҳои Word ё ҷадвалҳои Excel нигоҳ медоранд. Аммо кор бо маълумотҳое, ки дар файлҳои маҳдудшуда ҷойгир шудаанд, бисёр мушкил аст. Барномаҳои коркарди матнҳо ва ҷадвалҳои электронӣ муҳити кории худро доранд ва чунин имкониятҳои коркарди маълумотҳоро надоранд:
-
Ҷойгир намудани массиви калони маълумотҳо;
-
Инкор ва кам намудани такроршавии маълумотҳо;
-
Ташкил ва дастгирии вобастагии байни маълумотҳо;
-
Ҳимояи ягонагии маълумотҳо;
-
Дастрас намудани маълумотҳои зарурӣ;
-
Махфӣ нигоҳ доштани маълумотҳо;
-
Ҷойгир намудани тағйиротҳо;
-
Имконияти ба якчанд истифодабаранда дастрас будани маълумотҳо.
Барои иҷро намудани ин шартҳо, маълумотҳо дар ММ бояд сохти муайян дошта бошанд. Вобаста аз сохти ҷойгиркунии маълумотҳо чунин ММ вуҷуд доранд: шабакавӣ, иерархӣ, релятсионӣ, ба объект нигаронидашуда. Дар замони ҳозира бошад, ММ релятсионӣ васеъ истифода бурда мешавад.
Манбаи маълумотҳои релятсионӣ
Маълумот дар ММ релятсионӣ дар намуди ҷадвали дученака ҷойгир карда мешавад. Дар ҳар ҷадвал маълумот дар бораи гурӯҳи объектҳои намуди муайян сабт карда мешаванд (одамон, маҳсулот).
Сатрҳои ҷадвал сабт номида мешаванд. Сабт — ин аналоги компютерии он маълумотест, ки дар карточкаҳо ва бланкҳои махсус сабт мешаванд. Ҳар як сабти ҷадвал маълумот дар бораи нусхаи дилхоҳ объектро (одамон, маҳсулот) дар бар мегирад.
Сутунҳои ҷадвал майдон номида мешаванд. Майдон — аналоги компютерии графаҳои карточка ё бланка мебошад. Дар он маълумот дар бораи дилхоҳ хосияти объект сабт мешавад. Ҳамаи сабтҳо аз миқдори муайяни майдонҳо иборатанд. Масалан, агар дар ҷадвал маълумот дар бораи донишҷӯ оварда шуда бошад, он гоҳ ҳар сабти он маълумот дар бораи донишҷӯи аниқро дар бар мегирад (нигаред расми 1.1). Дар майдони якум — маълумот дар бораи рақами тартибии донишҷӯ сабт мегардад, дар майдони дуюм — номи гурӯҳи донишҷӯ, сеюм — ному насаб ва дигар.
Қимати ҳар як майдони ҷадвал ба намуди муайяни маълумотҳо мувофиқат мекунад: рақам, сатри символҳо, сана ва вақт. Бурриши ҳар сабт ва майдонҳо катак номида мешавад ва маълумотҳои дар он сабтшуда қимати майдон ё ки элементи ҷадвал номида мешавад.
Дар ҳолатҳои соддатарин ММ танҳо аз як ҷадвал иборат шуда метавонад, лекин дар ҳолати дигар он аз якчанд ҷадвалҳои байни ҳамдигар пайваст иборат шуда метавонад. Пайвастшавӣ (relation) байни ҷадвалҳо бо воситаи майдонҳои умумӣ ташкил карда мешавад. Ташкил намудани пайвастшавӣ дар ММ релятсионӣ якҷоякунӣ ва хориҷи маълумотҳо аз якчанд ҷадвалҳоро имконият медиҳад.
Марҳилаҳои лоиҳабандии манбаи маълумотҳо
Пеш аз сохтани ҷадвалҳо, формаҳо ва дигар объектҳо, бояд ки сохти ММ муайян карда шавад. Тартиб додани сохти дурусти манбаи маълумотҳо яке аз шартҳои асосӣ ҳисоб мешавад. Марҳилаҳои асосии лоиҳабандии ММ чунинанд:
-
Муайян намудани мақсади асосии сохтани ММ;
-
Муайян намудани номгӯйи ҷадвалҳои ММ;
-
Муайян намудани майдонҳои асосии ҳар як ҷадвал;
-
Ба ҳар як майдони ҷадвал муайян намудани қимати индивидуалӣ;
-
Муайян намудани вобастагӣ байни ҷадвалҳо;
-
Аз нав тартиб додани сохти ММ;
-
Илова намудани маълумотҳо ва сохтани объектҳои дигари ММ;
-
Истифодаи имкониятҳои таҳрир дар Microsoft Access.
СИММ MS Access
Барои муносибати байни истифодабаранда ва ММ системаҳои идоракунии манбаи маълумотҳо (СИММ) истифода бурда мешаванд. Яке аз СИММ паҳншуда барои компютерҳои шахсӣ СИММ MS Access мебошад, ки ба оилаи барномаҳои Microsoft Office дохил мешавад. Омӯхтани кор бо СИММ MS Access барои истифодабарандаи оддитарин низ осон мебошад.
Бо воситаи Access чунин масъалаҳоро ҳал намудан мумкин:
-
Сохтани ММ ва ба он ворид намудани маълумотҳо;
-
Таҳрир ва азназаргузаронии ҷадвалҳо;
-
Ташкил намудани муносибатҳо байни ҷадвалҳо;
-
Ташкили ҳимояи ягонагӣ ва махфияти маълумот;
-
Иҷро намудани дархостҳои гуногун нисбати маълумотҳо;
-
Фароҳам овардани маълумот дар намуди формаҳо ва ҳисоботҳо;
-
Ҷойгир намудани расмҳо ва графика дар формаҳо ва ҳисоботҳо;
-
Имконияти импорт ва экспорти маълумот;
-
Ҷойгир намудани маълумотҳои ММ дар веб-саҳифаҳои Internet;
-
Тартиб додани барномаҳои шахсӣ барои коркарди маълумот;
-
Ташкили режими корӣ барои якчанд истифодабаранда.
Объектҳои MS Access
Қисмҳои асосии ММ, ки барои ҷойгир ва фароҳам овардани маълумотҳо истифода бурда мешаванд, объект номида мешавад. Ҳар як объект номи худро дорад, ки он аз 64 символ ва пробелҳо иборат буда метавонад. Объектҳои асосии Access инҳоянд: ҷадвалҳо, дархостҳо, формаҳо, ҳисоботҳо, макрос ва модул. Ҳамаи объектҳои як ММ дар файли ягонаи намуди MDB сабт мегарданд.
Ҷадвал барои нигоҳ доштани маълумотҳои ММ истифода бурда мешавад.
Дархост барои интихоби маълумоти муайян аз як ё якчанд ҷадвал истифода бурда мешавад. Бо ёрии дархост ҷадвалҳои сабтшударо таҳрир карда, инчунин ҷадвалҳои нав сохтан мумкин аст.
Форма барои ворид намудани маълумотҳо ба ҷадвал ва барои аз назар гузаронидани маълумоти ҷадвал ва натиҷаи дархост дар намуди муайян истифода бурда мешавад. Инчунин бо ёрии он макрос ва барномаҳои шахсиро низ ба кор овардан мумкин аст.
Ҳисобот барои тартиб додани ҳуҷҷатҳо дар асоси маълумотҳои ҷадвал ё натиҷаҳои дархост истифода бурда мешавад. Ҳуҷҷати натиҷавиро ба чоп баровардан мумкин аст ё ин ки онро ба намуди ҳуҷҷатҳои дигар, мисли Word ё Excel, сабт намудан мумкин аст.
Амалҳои стандартӣ ба намуди макрос ҷойгир карда шудаанд, ки онҳо дар вақти иҷрошавии ҳодисаи муайян истифода бурда мешаванд. Мисол, макросеро муайян намудан мумкин, ки дар вақти интихоби элементи дилхоҳ дар формаи якум дигар формаро мекушояд.
Модул — ин барномаест, ки бо истифодаи забони барноманависии Visual Basic for Applications (VBA) навишта шудааст. Истифодаи модулҳо имконият медиҳад, ки амалҳои мураккабро бе истифодаи макрос иҷро намояд.
Бо воситаи ёрдамчӣ (мастер) истифодабаранда метавонад объектҳои ба монанди ҷадвал, дархост, форма ё ҳисоботро созад. Ҳангоми сохтани объектҳо мастер ба истифодабаранда саволҳо дода, вобаста аз ҷавоби он объекти тайёрро месозад.
Ибтидо ва интиҳои кор
Барои оғози кор бо Access бевосита дар болои ярлики барнома ду маротиба пахш намудан мумкин аст. Одатан дар вақти ҷойгир (установка) номи барнома дар зерменюи Программы менюи Windows ҷойгир мешавад. Инчунин, вақти дар болои файли намуди MDB ду маротиба пахш кардан ҳам барномаи Access ба кор оғоз мекунад. Дар ин ҳолат дар барномаи Access ММ сохташуда бо ҳамаи объектҳояш автоматӣ кушода мешавад.
Барои интиҳои кор бо барномаи Access яке аз ин амалҳоро иҷро намудан мумкин аст:
-
Пахш намудани ҷуфти клавишаҳои Alt+F4;
-
Аз менюи Файл интихоб намудани фармони Выход;
-
Пахш намудани тугмаи Закрыть (X) дар оинаи Access.
Чӣ тавре ки медонед, дар вақти интиҳои кор дар барномаҳои Word ва Excel истифодабаранда бояд файлро сабт намояд, лекин дар ҳолати Access бошад, ин амалро СИММ бо роҳи автоматӣ иҷро мекунад. Ба ғайр аз ин, тағйиротҳо нисбати ММ ҳам сабт хоҳанд шуд.
Сохти оинаҳои MS Access
Оинаи Access аз чунин қисмҳои асосӣ иборат аст: сатри сарлавҳаи барнома, сатри меню, панели инструментҳо ва сатри ҳолат.
Сатри сарлавҳаи барнома аз менюи системавӣ ва се тугма иборат буда, барои рӯйпӯш, барқарор кардан ва сахт кардани оинаи барнома истифода бурда мешаванд.
Сатри ҳолат сатри охирони поёнии экран ҳисоб мешавад. Дар он маълумот дар бораи фармонҳои сатри меню ё дар панели инструментҳо интихобшуда пайдо мешаванд.
Сатри меню аз номҳои фармонҳои зери якдигар пайдошаванда иборат мебошад.
Панели инструментҳо аз гурӯҳи тугмаҳо иборат аст, ки барои иҷрои тези фармони муайян истифода бурда мешаванд. Access якчанд панели инструментҳо дорад, ки дар режими кории гуногун истифода бурда мешаванд. Барои гирифтани маълумоти ёрирасон дар бораи ин фармонҳо аз оинаи ёрирасони Access истифода бурда метавонед.
Дар дохили оинаи Access оинаҳои дигар, ба монанди ҷадвал, дархост, форма ё ҳисобот ва ғайра ҷойгир шуда метавонанд.
Кушодан ва хориҷ намудани ММ
Баъд аз оғози кори Access дар хотираи оперативӣ оинаи ММ ҷойгир мешавад ва барои истифодабаранда имконият дода мешавад, ки аз ду ҳолат якеашро истифода барад: сохтани ММ-и холии нав ё кушодани ММ-и пештар сохта ва сабтшуда.
Барои кушодани ММ дар вақти кор бо Access бояд ки фармони Открыть аз менюи Файл ё тугмаи Открыть БДдар панели инструментҳо пахш карда шавад. Баъд аз он дар оинаи навбатӣ файли заруриро ёфта интихоб намоед. Дар ин ҳолат танҳо як ММ кушода мешавад.
Баъд аз ин дар экран оинаи ММ (нигаред расми 1.2) кушода мешавад, ки дар он ҳар намуди объектҳои Access гурӯҳбандӣ карда шудаанд.
Ҳар як объекти интихобшуда дар оинаи алоҳидаи худ кушода мешавад. Барои гузаштан аз як оина ба оинаи дигар бояд ҷуфти клавишаҳои Ctrl+F6 ё оинаи заруриро интихоб кардан лозим аст. Оинаи ММ дар вақти пахш намудани клавишаи F11 намоён хоҳад шуд. Барои пӯшидани оинаи ММ ҷуфти клавишаҳои Ctrl+F4 ё тугмаи Закрыть-ро дар ин оина пахш намудан лозим аст.
Барои анҷоми кор бо ММ бояд фармони Закрыть аз менюи Файл интихоб шавад.
Сохтани ММ бо ёрии нусхаи тайёри MS Access
Дар Microsoft Access ду роҳи сохтани манбаи маълумотҳо мавҷуд аст. Роҳи сохтани манбаи маълумотҳои нав ва баъд ба он ҳамроҳ кардани ҷадвал, форма, ҳисобот ва ғайра вуҷуд дорад.
Ин роҳи мушкил мебошад, аммо бояд ҳар як элементи манбаи маълумотҳоро муайян кардан зарур аст.
Боз роҳи якбора сохтани манбаъ ба воситаи мастер, ки ҳамаи типҳои ҷадвал ё формаҳо муайян карда шудааст, вуҷуд дорад. Ин роҳи соддатари сохтани манбаи маълумотҳост. Дар ҳар ду ҳолат ба шумо имкон дода мешавад, ки ҳамеша манбаи маълумотҳоро тағйир диҳед.
Баъди ба кор сар додани барномаи Microsoft Access дар экран оинаи робитавие пайдо мешавад, ки дар он бояд фармони Новую базу данных интихоб намуда, ба тугмаи ОК пахш кунед. Дар оинаи кушодашуда бояд диск, папка ва номи манбаи маълумотҳои навро дохил намоед. Баъди ин оинаи манбаи маълумотҳо кушода мешавад.
Сохтани ҷадвал бо ёрии мастер
Баъд оинаи робитавӣ пайдо мешавад, ки сохтани ҷадвали навро пешниҳод мекунад. Ба тугмаи Создать бояд тугмаи чапи мушро пахш намоед.
Барои ин нишонаи мушро ба номи намуди ҷадвал ҷойгир мекунем. Дар оинаи Образцы полей образи лозимаро интихоб мекунем. Агар моро ҳамаи майдонҳо қонеъ намоянд, ба воситаи тугмаи >> мо онҳоро ба оинаи Поля новой таблицы ҷойгир менамоем. Тугмаи << интихоби моро ба оинаи Образцы полей бармегардонад. Агар ба мо ҳамаи майдонҳо нею якчанди онҳо лозим бошад, он гоҳ мо бояд майдони лозимаро интихоб намуда, ба тугмаи **>**пахш кунем. Тугмаи < майдонро ба оинаи Образцы полей бармегардонад. Ҳамаи ин корҳоро анҷом дода, баъд ба тугмаи Далее пахш мекунем.
Дар оинаи робитавии Создание таблиц номи ҷадвали сохташавандаро дохил менамоем. Ба тугмаи Далее пахш мекунем. Ҳолати непосредственный ввод данных в таблицу-ро интихоб намуда, ба тугмаи Готово пахш мекунем. Ҷадвалро пур карда, онро маҳкам мекунем. Тугмаҳои |<, >|, <, > маънои гузаштан ба сабти аввал, охирин, оянда ва гузаштаро доранд.
Режимҳои сохтани ҷадвалҳо
Сохтани ҷадвалҳо мисли дигар объектҳои манбаи маълумотҳо ҳангоми фаъол кардани оинаи манбаи маълумотҳо сар мешавад. Дар ин оина элементи идоракунии Таблицы-ро интихоб менамоем, баъд дар тарафи рости оина рӯйхати ҷадвалҳои мавҷудбуда мебарояд. Агар дар манбаъ ҷадвал набошад, дар тарафи рости оина се элементи идоракунӣ барои сохтани ҷадвали нав пайдо мешавад: Создание таблицы в режиме конструктора, Создание таблицы с помощью мастера ва Создание таблицы путём ввода данных.
Ҷадвалҳо дар ду марҳила сохта мешаванд. Дар марҳилаи якум сохти он муайян карда мешавад: таркиби майдонҳо, номи онҳо, типи ҳар як майдон, андоза ва дигар хосиятҳо. Дар марҳилаи дуюм бошад, ҷадвалро пур мекунанд.
Барои сохтани ҷадвали нав дар оинаи манбаи маълумотҳо ба яке аз элементҳои дар боло зикршуда пахш кунед ё ба тугмаи Создать пахш кунед. Дар оинаи кушодашудаи Новая таблица (баъди пахши тугмаи Создать) яке аз режимҳо интихоб карда мешавад: Конструктор, Мастер таблиц, Импорт таблиц, Режим таблицы.
Режими асосии сохтани ҷадвал ба воситаи Конструктор мебошад. Дар ин режим истифодабаранда худаш метавонад ҳамаи хосиятҳои ҷадвалро ҷойгир кунад.
Мастер ҷадвал ба таври автоматӣ ҷадвалро бо яке аз нусхаҳо тартиб медиҳад. Ба истифодабаранда зиёда аз 40 намуди ҷадвалҳо пешниҳод карда мешавад.
Режими Импорт таблиц имкон медиҳад, ки ҷадвали дар дигар барномаи Windows сохташударо ба манбаи маълумотҳои Access баргардонад. Ҳангоми импорти ҷадвалҳо бояд дар ёд дошт, ки ҷадвали импортшаванда, мисол, ҷадвали электронии Excel, бояд формати стандартӣ дошта бошад, яъне ҳар як сатр сабти худро дошта бошад ва ҳар як сутун майдон бошад.
Дар режими ҷадвал истифодабаранда метавонад структураи онро муайян накарда, ҷадвали навро созад. Ҳангоми интихоби ин режим ҷадвали холӣ кушода мешавад, ки ба он маълумотро дохил намоем. Дилхоҳ номи майдони онро истифодабаранда метавонад бо хоҳиши худ дигар намояд. Имкониятҳои сохтани ҷадвалҳо дар ин режим маҳдуд аст ва онро, чун қоида, бояд дар режими конструктор соз кард.
Ду режими кории ҷадвал вуҷуд дорад. Шумо метавонед режими Конструктор ё Режими ҷадвалро дар тугмаи махсуси панели инструментҳо интихоб намоед.
Дар режими конструктори ҷадвал ҷадвали пурраро сохтан мумкин аст, ҳангоми ҳамроҳ кардани майдони нав ё хориҷ ва соз кардани майдонҳои вуҷуддоштаи ҷадвал.
Барои ҳамроҳ кардани майдон, дар қисми болоии оинаи ҷадвал номи майдон ва типи онро муайян кардан зарур аст. Барои номи онро дигар кардан, номи онро дар сутуни «Имя поля» дигар намоед.
Типи маълумотҳо кадом намуди маълумот дохил карданро мефаҳмонад. Мисол, дар майдони намуди пулӣ типи матнӣ мондан дуруст нест. Дуруст интихоб намудани типи маълумотҳо дохилкунии дурустро барои ҷобаҷогузорӣ, ҳисоб ва дигар амалҳоро таъмин мекунад. Барои муайян ё тағйир додани типи маълумотҳо аз сутуни «Тип данных» истифода намоед. Дар майдон рӯйхати кушодашавандаи типи маълумотҳо мавҷуд аст, ки аз он ҷо типи лозима интихоб карда мешавад.
Ҳар як майдон хосияти худро дорад, ки ҳангоми тағйир додан сабткунӣ, коркард ва инъикоси маълумотҳои майдон идора карда мешавад. Мисол, барои формати «Пулӣ» ба таври автоматӣ разрядҳо ва символҳои пул ҷудо карда мешавад. Барои муайян кардани хосияти майдон онро аз қисми болоии оинаи конструктори ҷадвал интихоб намоед ва дар қисми поёнии оина қимати ин хосиятро дохил намоед ё аз рӯйхат интихоб кунед. Маҷмӯи хосиятҳои дастрас аз типи маълумот вобаста аст.
Аломати ягона, ки калид ном дорад, барои муайян кардани ҳар як сабти ҷадвал истифода мешавад. Майдони калидӣ дар ҷадвалҳо барои сохтани алоқаи байни онҳо истифода мешавад. Барои муайян кардани калид, сатрро фаъол карда, ба тугмаи Ключ дар панели инструментҳо пахш кунед.
Истифодабарии маълумотҳои ёрирасон (справка) дар MS Access
Барои гирифтани маълумоти ёрирасон дар бораи мавзӯи зарурӣ бояд системаи ёрирасони Access истифода бурд. Дар он имкониятҳои асосии барнома фаҳмонида шудаанд ва пайдарпаии иҷрои амалиёти муайян нишон дода шудааст. Барои ҷеғ задани ёрӣ аз фармони Вызов справки менюи Справка истифода бурдан мумкин аст. Дар экран оинаи асосии маълумоти ёрирасон пайдо мешавад, ки аз якчанд қисмҳо иборат мебошад.
Қисми Содержание маълумоти асосӣ дар бораи кор бо Access-ро дар бар мегирад. Қисми Указатель имконияти гирифтани маълумоти васеъ дар бораи мавзӯи муайянро дорад, ки аз рӯи калимаи зарурӣ интихоб карда мешавад. Қисми Поиск барои кофтукови маълумоти зарурӣ аз рӯи дилхоҳ калима имконият медиҳад.
Ба ғайр аз ин, бо воситаи пахш намудани тугмаи F1 оинаи ёрирасонро ҷеғ задан мумкин аст. Дар ин ҳолат оинае пайдо мешавад, ки дар ҳолати муайян маслиҳати муфид медиҳад. Барои анҷоми кор бо оинаи ёрирасон бевосита тугмаи маҳкам кардани оинаро пахш намудан зарур аст.
Мавзӯи 2. Ҷадвалҳо
Методҳои сохтани ҷадвалҳо. Режими ҷадвал. Сохтани ҷадвал бо ёрии конструктор. Намуди маълумотҳо. Мастери табдилдиҳӣ. Хосиятҳои сабт (запись) ва майдонҳои (поля) ҷадвал. Атрибутҳои ҷадвал. Мастери сохтани ҷадвал. Ислоҳ ва таҳрири матнҳо дар ҷадвал.
Методҳои сохтани ҷадвалҳо
Барои сохтани ҷадвал аз оинаи асосии ММ гурӯҳи Таблица-ро интихоб намуда, баъд аз он тугмаи Создать-ро интихоб намудан лозим аст. Access оинаи Новая таблица мекушояд ва якчанд роҳи сохтани ҷадвалро пешниҳод мекунад.
Режими ҷадвал
Дар вақти интихоби варианти Режим таблицы нусхаи тайёри ҷадвал иборат аз 30 сатр (сабт) ва 20 сутун (майдон) бо номҳои стандартии Поле1, Поле2 ва ғайра сохта мешавад. Баъд аз ворид намудани маълумотҳо Access бо роҳи автоматӣ намуди маълумотҳои майдонҳоро вобаста аз маълумотҳои воридшуда муайян мекунад. Барои тағйир додани номи майдонҳо дар болои сарлавҳаи он ду маротиба пахш намуда, номи нави онро ворид намуда, клавишаи Enter-ро пахш намоед.
Баъд аз ба охир расонидани воридкунии маълумотҳо ба ҷадвал бояд ки онро бо номи муайян сабт намуд. Истифодаи режими ҷадвал имконияти ҷойгир намудани хосиятҳои майдонҳои ҷадвалро надорад. Барои ин ба режими кории конструктори ҷадвал гузашта, хосиятҳои муайяни майдонҳои ҷадвалро ҷойгир намудан лозим аст.
Сохтани ҷадвал бо ёрии конструктор
Дар вақти сохтани ҷадвал дар режими конструктор оинаи сохтани ҷадвал кушода мешавад. Дар болои оина қолаби холии ҷадвал иборат аз се қисм ҷойгир аст, ки барои сохтани ҷадвали нав ба он бояд маълумоти муайян ворид кардан зарур аст, ақалан ба ду қисми онҳо: Имя поля ва Тип данных.
Барои ҳар як майдони ояндаи ҷадвал амалҳои зеринро бояд иҷро кард.
1. Муайян намудани номи майдонҳои ҷадвал
Барои муайян намудани майдони ҷадвал, бояд дар сутуни Имя поля номи майдони сохташударо (то 64 символ) ворид кард.
2. Муайян намудани намуди маълумотҳои майдонҳо
Барои ин бо воситаи пахш намудани тугмаи Tab ба сутуни Тип данных гузашта, аз рӯйхат намуди маълумотҳоро интихоб кардан лозим аст. Дар ҳолати аввала намуди маълумот матнӣ Текстовый нишон дода мешавад ва истифодабаранда вобаста аз маълумотҳои майдон намуди лозимиро интихоб мекунад.
Намуди маълумотҳо навъи маълумотҳои дар майдонҳо сабтшударо муайян мекунад. Мисол, агар майдон намуди рақамӣ Числовой дошта бошад, он гоҳ Access ба он ворид намудани матнҳоро инкор мекунад. Аз рӯи намуди маълумотҳои майдон Access на танҳо хели маълумотҳои дар он сабтшударо муайян мекунад, балки андозаи хотираи лозимиро низ ҷудо мекунад. Барои сабт намудани маълумотҳои намуди Сана/вақт хотира ба миқдори 8 байт, маълумотҳои матнӣ 1 байт барои ҳар як символ талаб карда мешавад.
Намуди маълумотҳои асосӣ:
-
матнӣ — маълумотҳои алифбоӣ-рақамӣ, то 255 байт;
-
майдони MEMO — эзоҳот ва маълумотҳои матнии калон, то 64 Кбайт;
-
рақамӣ — маълумотҳои рақамӣ;
-
сана/вақт — қимати сана ва вақт;
-
пулӣ — қиматҳои пулӣ;
-
ҳисобкунак (счётчик) — рақамҳои пайдарпай бо роҳи автоматӣ гузошташаванда;
-
мантиқӣ — қиматҳои мантиқӣ, намуди Да/Нет, Истина/Ложь ё Вкл/Выкл;
-
объекти OLE — расм, ҷадвали Excel, ҳуҷҷати Word ё дигар маълумотҳо дар намуди дуӣ;
-
гиперссылка — сатр, суроғаи гиперссылкавӣ.
3. Ворид намудани эзоҳ нисбати майдонҳо (ғайришартӣ)
Барои пурра шарҳ додани майдонҳо дар сутуни Описание маълумоти кӯтоҳ дар бораи чӣ гуна маълумотҳоро дар бар гирифтани майдонро ворид сохтан мумкин аст. Ин матн дар ҳолати интихоб кардани майдон дар режими ҷадвал ё форма, дар сатри ҳолат (дар поёни экран) пайдо мешавад.
4. Ҷойгир намудани хосиятҳои майдон (ғайришартӣ)
Ҳар як майдон аз якчанд гурӯҳи хислатҳо иборат аст, ки хосиятҳо номида мешаванд. Ҳар як гурӯҳи хислатҳо аз намуди маълумотҳои майдон вобаста аст. Баъд аз интихоби намуди маълумотҳо, Access рӯйхати хосиятҳоро дар қисми поёнии оинаи конструктор ҷойгир мекунад ва истифодабаранда имконият дорад қимати ҳар хосияти майдонро ҷойгир кунад. Ҷойгир намудани хосиятҳои майдонҳо барои назорат бурдани дохилкунии маълумот, инчунин осон намудани воридкунии маълумот имконият медиҳад.
Дар поён рӯйхат ва шарҳи кӯтоҳи хосиятҳо оварда шудаанд. Барои гирифтани маълумоти ёрирасон дар бораи хосиятҳо тугмачаи F1-ро пахш кардан лозим аст.
Размер поля (Андозаи майдон). Андозаи калонтарини маълумоте, ки дар майдон сабт мешавад, муайян карда мешавад. Андозаи майдонҳои матнӣ аз 1 то 255 символ иборат шуда метавонад (дар ҳолати аввала — 50 символ). Андозаи майдонҳои рақамӣ аз намуди рақами интихобшуда вобаста аст. Access чунин намудҳои маълумотҳои рақамиро истифода мебарад:
Байт — ададҳои бутун дар фосилаи 0 то 255.
Целое (2 байта) — ададҳои бутун дар фосилаи -32768 то 32767.
Длинное целое (4 байта) — ададҳои бутун дар фосилаи аз -2 147 483 648 то 2 147 483 647.
С плавающей точкой (4 байта) — ададҳои бутун дар фосилаи -3,4 × 10³⁸ то 3,4 × 10³⁸ бо саҳеҳии дараҷаи 6.
С плавающей точкой (8 байт) — ададҳо дар фосилаи аз -1,8 × 10³⁰⁸ то 1,8 × 10³⁰⁸ бо саҳеҳии дараҷаи 10.
Формат поля (Намуди таҳрири майдон). Ин хосияти майдон намуди таҳририи маълумотро дар вақти нишон додан ва чоп муайян мекунад. Намуди таҳрире, ки дар ҷадвал муайян карда мешавад, дар форма ва ё дархост истифода бурда мешавад.
Барои маълумотҳои намуди рақамӣ, пулӣ, мантиқӣ ва сана/вақт Access рӯйхати стандартии намуди таҳрирро муайян мекунад. Ин рӯйхат дар вақти пахш намудани муш пайдо мешавад. Дар дигар ҳолат истифодабаранда метавонад намуди таҳрири худро сохта метавонад.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё