Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ
Яке аз олимони бузурги фалсафа, адиби ширинсухани форсу тоҷик ва Ҳинду Покистон ба шумор меравад. Мутаассифона, ҳаёт ва фаъолияти эҷодӣ, шахсияту мартабаи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ҳанӯз барои ихлосмандон ва муштоқони каломаш норавшан аст. Дуруст аст, ки соли 1975 файласуфи шинохтаи тоҷик Моҳирхуҷа Султонов шиносномаи аввалин таҳти унвони «Ҳақиқат дар бораи мазори Ҳазрати Амирҷон» таълиф намуда, дар омӯзиши ҷараёни зиндагӣ ва осори Сайид Алии Ҳамадонӣ саҳми босазо гузошт. Танҳо бояд илова намуд, ки мутобиқи дараҷаи мақому мартабааш ӯро дар мамолики Машриқзамин бо номҳои дигар низ, аз қабили Шоҳи Ҳамадон, Мири Ҳамадон, Мири Кабир, Сиёҳпӯш, Мири Сиёҳпӯш, Ҳазрати Амирҷон ёдоварӣ мекарданд. Дар Тоҷикистони мо, хоса дар шаҳри Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа, аз рӯи муҳаббати бе поёну самимӣ ӯро Ҳазрати Амирҷон ном мебарем.
Номи асосии ин шахси шариф Алӣ бинни Шаҳобуддин буда, дар Ҳамадони Эрон дар оилаи марди донишманду пурзаковат ва барӯманди замон ба дунё омадааст. Дар хусуси соли таваллуди ӯ чандон фикрҳои мухталиф вуҷуд надоранд. Лекин дар аксар сарчашмаҳои таърихию адабӣ соли мавлуди Сайид Алии Ҳамадониро 12 моҳи Раҷаби соли 714 ҳиҷрӣ, мутобиқ ба 12 октябри соли 1314 мелодӣ, мешуморанд.
Тарҷумаи ҳол
«На-з он Ҳамадонам, ки надонанд Алӣ кист,
Ман з-он Ҳамадонам, ки Алиро ҳама донанд.»
Дар таълими хуб гирифтан ва рушду камоли ӯ муҳити оила ва мавқеи ду олими забардасти Ҳамадон, хешони наздикаш Шарофуддин Маҳмуд ибни Абдуллоҳи Маздаконӣ ва Таққиддин Алии Дӯстӣ хеле бузург аст. Вай дар чунин муҳити солим таълими хуби маънавӣ ва ахлоқӣ дарёфт ва дар синни 16–18-солагӣ аз илмҳои мавҷудаи замонаш комилан бархӯрдор гашт.
Ҳамин шароити мусоид ва гуворо ӯро таскин набахшид, паи ҷустуҷӯи илму маърифат ва ҳақиқати асил ин муҳити барояш азизро дар синни 19-солагӣ тарк кард. Аммо дар ҷавонӣ бахти нокому тақдири носозгор ин зоти шарифро овораю саргардон кард. Бештари умри азизи хешро дар ғурбат, дар сафарҳои пай дар пай, гузаронид. Ба ҳар сарзамине, ки пои муборакашро мениҳод, он манзилу макон аз файзи қудуми муборакаш ободу зебо ва мӯҳташам мегашт. Ба бечораю бенавоён, заифону беморон дасти тараҳҳум ва сахо дароз мекард.
Дар воқеъ, Сайид Алии Ҳамадонӣ, бо вуҷуди он ки дар сафарҳояш ӯро баъзе хешону аҳли ақрабояш, дӯстон ва муридонаш ҳамроҳӣ мекарданд, марди ғариб буд.
Дар мусофират ӯ Маккаю Мадина, Миср, Покистону Ҳиндустон, Осиёи Миёна, Туркия ва дигар мамолики дунёро на ба пайи сарвату моли дунё ё тасарруфи мулку боигарии он манзилу маконҳо сафар мекард, балки ба расму русуми он халқҳо аз наздик шинос мешуд ва ба қадри ҳол ба онҳо кӯмак мекард. Ӯ дар ин сафарҳо аз суҳбати авлиёҳои замон файзёб мегардид ва дар натиҷа «Авроди фатҳия»-ро барои асари ҷовидонии тасаввуфӣ эҷод кард.
Дар ин муддат, ба қавли Саида Ашраф Зафар, бори нахуст Алии Ҳамадонӣ соли 1373 мелодӣ ба вилояти Хатлон ва Кӯлоби имрӯза ташриф овард. Воқеан, дар таърихи тасаввуф ва аҳли адаби Шарқ мисли Сайиди Алии Ҳамадонӣ кам шахсиятеро дучор омад, ки ин қадар сафарҳо намуда, ба хизмати авлиёҳо ва дӯстони Худо камар баста ва аз онҳо бархӯрдор гардида бошад. Он ҳазрат худаш борҳо таъкид намудааст, ки дар касби камол одами бе назари устод ба ҷое намерасад ва мартабаеро соҳиб нахоҳад шуд.
«Эй Алӣ, рав назар кун зи сари сидқу сафо,
Ки ба ҷое нарасид бе назари пир мурид.»
Ин мартаба ба Сайид Алии Ҳамадонӣ хеле барвақт, дар синни ҷавонӣ, муяссар гардид. Шайх Муҳаммадхони Азконӣ яке аз олимону орифони шуҳратманди замон ба шумор мерафт ва на ҳар кас дар назди ӯ хизмати муридӣ ба ҷо оварда метавонист. Алии Ҳамадонӣ ба туфайли заковати баланд, сабру тоқати беинтиҳо тавонист, ки ба дарбори ӯ сазовор гардад ва ҳатто Шайх либоси ифтихории худ, хирқаро, ба шогирди хеш туҳфа намуд. Ин садақаи олӣ ва боварии комили устод ба мурид аст.
Он чи ки аз илму маърифат омӯхту ғун кард, дар саҳифоти ҷудогона сабт кард ва ахиран онҳоро дар шакли китоби алоҳида таълиф намуд, ки адади онҳо, ба қавле, аз 70 беш аст. Дар ин солҳо аз умри пурбаракати Сайид Алии Ҳамадонӣ 60 сол зиёдтар гузашта буд.
Қарор дод, ки чанд соли умри боқимондаи худро дар Ҳамадони азизаш сарфи таълифи китобҳо намояд, аммо аз қазо боз ба зарбаи сахту ҷонкоҳи тақдир дучор омад, ки ҳама нияту ормонҳои ӯро барбод доданд. Темурланг ба Эрон лашкар кашида, ғоратгариҳои зиёде кард, шаҳрҳои мутараққии Шерозу Табрез, Исфаҳону Ҳамадонро ба хок яксон кард.
Алии Ҳамадонӣ тоқати дар ҳоли харобазор дидани ватани азизашро надошт ва таклифи Темурлангро дар хусуси дар дарбори ӯ хизмат кардан низ рад намуд. Ин аст, ки соли 1379, дар синни 65-солагӣ, бо ҳамроҳии пайвандону наздиконаш ва беш аз 700 шогирдону муридони хеш ҷилои Ватан кард ва Кашмири Ҳиндустонро макони худ қарор дод.
Баҳоре, ки синну соли муборакаш вориди 73 мегашт, гирифтори дарди ҷонкоҳе гардид. Оре, сафарҳои пай дар пай, муҳоҷирати солиёни зиёд, дурӣ аз Ватани азизаш, ҳиҷрони хешу пайвандони меҳрубонаш, ки қисмаш дар Эрону қисми дигараш дар хоки Хатлон мезистанд, бузургворро хеле хаста карда буд. Ӯ дар яке аз сафарҳои охирин духтараш Моҳи Хуросонро ба Хоҷа Абуисҳоқи Хатлонӣ (1314–1346), ки марқадаш дар деҳаи Хоҷаҳисоқи хоҷагии «Ҳамадонӣ»-и ноҳияи Кӯлоб воқеъ аст, ба шавҳар дода ва дар охири умр тану рӯҳи қавии ин марди бузург заифу нотавон ва дардманд гардида буд.
Ӯ дар бистари беморӣ афтод, аммо ҳамеша хаёлаш банди диёри Хатлон ва муриду шахсиятҳои нерӯманди ин сарзамини пурфайз буд. Ҳангоми бозгашт дар вилояти Кунари Афғонистон ҷон ба ҳақ таслим дод ва мувофиқи васияташ тобути ӯро ба Кӯлоб оварда, ҷасадашро дар ҳамин ҷо дафн намуданд.
Яке аз муридони он ҳазрат рӯзи видоъ бо дарду ҳасрати ҷонгудоз таърихи фавти ӯро ба таври зайл иншо намуд:
«Ҳазрати Шоҳи Ҳамадони карим,
Ояти раҳмат зи каломи қадим.
Гуфт дами охиру таърих шуд:
“Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим”.»
Мисраи охири порчаи шеъри боло ба 786 ҳиҷрӣ, мутобиқи 1386-и мелодӣ, рост меояд. Соли вафоти Сайид Алии Ҳамадониро баъзе муҳаққиқон 1384, қисми дигар 1385 мелодӣ гуфтаанд ва дар ин хусус баҳсу мунозираҳои зиёде ҳаст. Алҳол мо ба ақидаи Саида Ашраф Зафар ҳамроҳ шуда, соли 1386 мелодиро ҳамчун соли вафоти Сайид Алии Ҳамадонӣ дуруст меҳисобем. Аз ин лиҳоз, Алии Ҳамадонӣ 70 не, балки 73 сол умр дидааст, ки дар ин хусус муридашон Мавлоно Нуриддини Бадахшонӣ (ваф. 1393 ҳ.) дар «Хулосат-ул-маноқиб» маълумоти саҳеҳ додааст.
Эҷодиёт
«Ҳаст доим салтанат дар маърифат,
Ҷаҳд кун, то ҳосил ояд ин сифат,
Ҳар ки масти олами ирфон бувад,
Бар ҳама халқи ҷаҳон султон бувад.»
Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо вуҷуди сафарҳои пай дар пайи тӯлонӣ боз имконият ёфт, ки як силсила асарҳои илмию бадеӣ офарад, ки то имрӯз аҳамияти бузурги таърихиро моликанд. Ӯ ба ворисони худ асарҳои зиёде боқӣ гузоштааст, ки бештари онҳо аз боби фалсафа, ахлоқ, адабиёт, таърих, ҷамъиятшиносӣ, фиқҳ ва илоҳиёт баҳс мекунанд.
Миқдори асарҳои ӯро олими шинохтаи тоҷик, файласуф Моҳирхуҷа Султонов беш аз 70 медонад. Олимаи Ҳинд Саида Ашраф Зафар дар китобаш «Сайид Мир Алии Ҳамадонӣ» дар хусуси 44 асари форсӣ ва 21 рисолаи ба забони арабӣ таълифнамудаи Сайид Алии Ҳамадонӣ мухтасаран маълумот дод. Аммо, назар ба қавли олими маъруфи Эрон Азизуллоҳи Оторудӣ, шумораи асарҳои Сайид Алии Ҳамадонӣ зиёдтар аз 90 аст. Ҳамчунин илова кард, ки аксари асарҳои ба забони арабӣ таълифнамудаи Сайид Алии Ҳамадонӣ ба муҳаққиқонаш маълум нест.
Сайид Алии Ҳамадонӣ асосан ба асарҳои насрии худ, аз қабили «Макорим-ул-ахлоқ», «Захират-ул-мулук», «Анвор-ул-азвор», «Вуҷудия», «Кашф-ул-ҳақоиқ» ва амсоли инҳо, дар инкишофи тасаввуф саҳми босазо гузошт. Баробари ин, асарҳои манзуми ӯ низ, ки дар шаклҳои ғазал, қитъа, рубоӣ, дубайтӣ, маснавӣ иншо шудаанд, ба мо мерос мондаанд.
Асарҳои Сайид Алии Ҳамадонӣ дар китобхонаҳои машҳури Эрон, Покистон, Ҳиндустон, Тошканд ва як қатор шаҳрҳои мутамаддини Ғарб маҳфузанд. Дар ганҷинаи Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии шаҳри Душанбе 52 адад асарҳои ӯ гирд оварда, нигоҳ дошта мешаванд.
Асарҳои Сайид Алии Ҳамадонӣ аслан афкори тасаввуфӣ, фалсафавӣ ва панду ахлоқиро дар бар мегиранд, вале дар ривоҷи мавзӯъҳои тасаввуфӣ ва ахлоқӣ пояҳои баландтареро ишғол менамоянд, ки хоса каломи мазмунаш хеле содаю равон, дилчаспу оммафаҳм аст.
Мулоҳиза фармоед ба ин чанд мисраи ғазали бузургвор:
«Ҳар кӣ моро ёд кард, Эзид мар-ӯро ёр бод,
Ҳар кӣ моро хор кард, аз умр бархӯрдор бод.
Ҳар кӣ андар роҳи мо хоре фиканд аз душманӣ,
Ҳар гуле к-аз боғи васлаш бишкуфад, бехор бод.
Дар ду олам нест моро бо касе гарду губор,
Ҳар кӣ моро ранҷа дорад, роҳаташ бисёр бод.»
Дар мисраъҳои зикрёфта чӣ хоксории олӣ, чӣ фурӯтанӣ ва самимият, муҳаббати безаволи ӯ ба насли башарият бо фасоҳату дилбастагии том ифода ёфтааст. Ин ғазал тахминан 600 сол муқаддам иншо шудааст, аммо ягон калимаю ифодааш барои форсизабонони имрӯза, хоса тоҷикон, номафҳум нест. Пас, ҳамду сано бод ба килки сеҳрноки ин суханофарини азалӣ ва пайваста бояд бигӯем: «Рӯҳат шоду марқадат пурнуру хонаи охиратат обод бошад, Сайид Алии Ҳамадонӣ!»
Шояд ҳамин пурқувватии ақидаю афкор ва соддагию оммафаҳмии забони асарҳояш бошад, ки ихлосмандони ҳақиқии равияи ӯ, дӯстдорони каломи раббонӣ асрҳо боз вайро ҳамчун пири хирадманд...
«Аҳволи дил, эй Шоҳ, нагуям, ки надонӣ,
Боллоҳ, ҳамадонӣ, ки ту шоҳи Ҳамадонӣ.»
Сад афсӯс, ки ҷараёни зиндагӣ, фаъолияти адабӣ ва осори муқаддаси ин шахсияти шариф ҳанӯз ҳам барои мо, ворисонаш, чандон равшан нест. Дуруст аст, ки ҳангоми равшан сохтани паҳлӯҳои ҷудогонаи суфизм ва намояндагони барҷастаи он номи Сайид Алии Ҳамадониро ёдовар мешаванд, аммо маҳсули эҷодии ӯ аз назари муҳаққиқон дур мондааст.
Мо аминем, ки дар равиши таҷлили зодрӯзи ин олими маъруфи Шарқ саҳифаҳои тозаи осораш бо кӯмаки мусташриқон манзури ихлосмандони ӯ хоҳад гашт.
Барои муайян кардани мавқеи Сайид Алии Ҳамадонӣ дар таърихи афкори ҷамъиятии халқи тоҷику форс аз ҳама пеш ба эҷодиёти ӯ ва шогирдони ҳамасронаш муроҷиат бояд кард. Хушбахтона, яке аз муридони содиқаш Мавлоно Нуриддин Ҷаъфарӣ Бадахшӣ, ки солиёни зиёд бо ин марди шариф ҳамсафар буд, оид ба шахсият ва шарҳи ҳоли ӯ «Хулосат-ул-маноқиб» ном асаре офарид ва яке аз сарчашмаҳои нахустин ва боэътимод ба шумор меравад.
Муҳаққиқони баъдина ҳангоми рӯ овардан ба эҷодиёти Сайид Алии Ҳамадонӣ асосан ҳамон асари номбурдаро муттакои ақидаи хеш қарор додаанд. Алҳол бошад, дар Ҳиндустону Покистон ва Эрон доир ба аҳвол ва фаъолияти илмию адабии Сайид Алии Ҳамадонӣ асарҳои зиёде ба табъ расидаанд, ки мутаассифона, дастраси мо нашудаанд.
Ба гуфтаи олимон Аҳмад Ҳасани Донӣ, Аҳмад Ҳасани Обидӣ, Абдулаҳмади Ҷовид, Анкари Деҳлавӣ, Муҳаммад Осимӣ, Моҳирхуҷа Султонов, дар Покистон ассотсиатсияи байналмилалии «Шоҳи Ҳамадонӣ» амал мекунад, ки ба омӯзиш ва таҳқиқи осори Сайиди Алии Ҳамадонӣ равона карда шудааст.
Мутаассифона, дар Тоҷикистон, хоса дар Кӯлоби мо, касе аз файласуф ва ё адабиётшинос ба омӯзиши осори ӯ ба таври дилхоҳ машғул нагардидааст. Танҳо М. Султонов тахминан 16 сол муқаддам китобчае бо номи «Ҳақиқат дар бораи мазори Ҳазрати Амирҷон» нашр намуд. Бояд иқрор намуд, ки аввалин шиносоии оммаи васеи хонандагон бо шарҳи ҳол ва осори Сайид Алии Ҳамадонӣ тавассути ҳамин китобча амалӣ шуд.
Дар «Оромгоҳи Ҳазрати Амирҷон» (1991), номаи раҳнамои М. Азизов ва Р. Асоев, баъзе маълумоти нисбатан тоза, ки дар солҳои охир гирд оварда шудаанд, ба диққати хонандагон расонда шуд.
Дуруст аст, ки дар шароити мавҷуда таҳқиқи эҷодиёти Сайид Алии Ҳамадонӣ, хусусан барои муҳаққиқони кӯлобӣ, мушкил аст, чунки аз ин олим дар вилояти Кӯлоб танҳо як асараш «Захират-ул-мулук» дар фонди эҳтиётии Осорхонаи таъриху кишваршиносии вилояти Кӯлоб маҳфуз аст ва истифодаи васеи хонандагон аз он ғайриимкон аст.
Ривоятҳо дар бораи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ
Сайид Алии Ҳамадонӣ ҳангоми яке аз сафарҳояш дар Хатлон муддате истиқомат мекунад ва аз Амир Темур хоҳиш мекунад, ки мулки Хатлонро ба ӯ ҳадия кунад. Амир Темур ин дархости ӯро рад мекунад. Сайид Алии Ҳамадонӣ аз ин қаҳраш афзуда, ба сӯйи Самарқанд хасчӯбаеро баҳри ҳалокати Амир Темур мепартояд.
Ҳамин вақт Баҳовуддини Нақшбанди Балогардон, ки дар Самарқанд мезистааст, он хасчӯбаро аз ҳаво дошта гирифта, назди Амир Темур мебарад ва иброз медорад, ки Сайид Алии Ҳамадонӣ аз ин рафтори ту дар ғазаб шуда, туро ана ба ҳамин хасчӯба ҳалок месозад. Агар мулки Кӯлобро ба ӯ набахшӣ, ҳалокати ту ногузир аст.
Амир Темур ин дафъа ҳам розӣ намешавад. Боз Сайид Алии Ҳамадонӣ хасчӯбаи дигареро равон мекунад ва боз Баҳовуддини Балогардон онро аз ҳаво дошта мегирад. Ба Амир Темур мегӯяд, ки ман дигар қудрат ва тавоноӣ надорам, яқин хасчӯбаи дигар туро несту нобуд мекунад. Салоҳи кор он аст, ки дархости Алии Ҳамадониро иҷро намоӣ. Ниҳоят Амир Темур ночор шуда, мулки Кӯлобро ба Сайид Алии Ҳамадонӣ туҳфа мекунад.
Сайид Алии Ҳамадонӣ баъди ба кишвари Кашмири сернок расидан, дар музофоти Кабарсавод бо як гурӯҳи олимони он диёр вохӯрда, байни онҳо баҳси домандоре сурат гирифт. Яке аз он уламо, ки дар заковат машҳури дунё буд, ба Сайид Алии Ҳамадонӣ соатҳои тӯлонӣ баҳсу мунозира намуд.
Охирон саволу ҷавоб дар атрофи гове, ки назди маъбадхона буд, авҷ мегирад. Ҳалли ин масъала он буд, ки вазъи гов муайян карда шавад. Олими Кашмирӣ аввалан ба ин савол ҷавоб доданӣ шуда, мегӯяд, ки гов дар вуҷуди худ гӯсола дорад, ки пешонаи он мисли пешонаи модараш сафед аст.
Сайид Алии Ҳамадонӣ ҳарфи худро тавзеҳ дода, илова мекунад, ки аслан пешонаи гӯсола сафед нест, балки нӯги думаш сафед аст. Гӯсола дар шиками модараш тавре хоб аст, ки сафедии нӯги думи гӯсола дар пешонааш ҷой гирифтааст.
Барои аниқ кардани фикрҳои мухталифи бошандагони он ҷо говро сар мебуранд ва гӯсоларо мебинанд, ки воқеан пешонааш не, балки нӯги думаш сафед будааст.
Мубади Кашмирӣ аз мағлубияташ дар назди қавми хеш шармсор гашта, ҳамон замон ба ҳаво парвоз карда, ногаҳон аз чашм нопадид мешавад. Ҳазрати Алии Ҳамадонӣ кафши пояшро ба ҳаво мепартояд ва дар як мижа задан мубади мағлубшуда дар ҳаво пайдо мешавад. Ҳар гоҳ ки боло баромаданӣ мешавад, он кафш ба сараш бархӯрда, ба сӯйи замин сарозераш мекунад. Охирон ба зарбаи пай дар пайи кафши соҳибкаромат мубад ба назди қавмаш шармандавор бармегардад.
Баъди он ки пири хиради Кашмириён дар пеши Сайид Алии Ҳамадонӣ муттаҳам мегардад, ҳама қавми ӯ дини исломро қабул карда, то охир ба ӯ содиқ мемонанд. Аз ҳамин давр сар карда, на танҳо дини мубини ислом, балки забони форсӣ-тоҷикӣ низ дар ин ноҳияи Ҳиндустон авҷу барори тоза пайдо кард.
Роҷеъ ба ҳаёту фаъолият ва бузургиву каромоти Алии Ҳамадонӣ байни мардуми Шарқ асрҳо инҷониб нақлу ривоятҳои зиёд пайдо шуда, аз насл ба насл гузашта истодаанд. Албатта, дар бораи бузургон чунин ривоятҳо бисёранд ва ҳатто баъзан як ривоятро ба чанд нафари онҳо нисбат медиҳанд.
Мо чунин ривоятҳоро нисбат ба Абӯалӣ Ибни Сино, Умари Хайём, Абдураҳмони Ҷомӣ, Хоҷа Баҳовуддини Нақшбанд, Саъдии Шерозӣ ва амсоли онҳо бисёр шунидаем ва медонем, ки аксари онҳо бо пӯшонидани пардаи динӣ ниҳоят муболиғаомез гуфта шудаанд. Вале ба ҳар ҳол худи мавҷудияти чунин ривоятҳо аз бузургӣ ва эътибори ин ашхос ва аз ҷумла Алии Ҳамадонӣ байни халқ дарак дода, беасос нестанд.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё