Зеҳн

Хусусиятҳои асосии услуби публисистӣ

ЗЕ
Зеҳн12 сентябри 2026 · 6 дақиқа хондан

Услуби публисистӣ ва хусусиятҳои асосии он

Шинос намудани донишҷӯён бо вазифа ва хусусиятҳои асосии услуби публисистӣ, тарзи инъикоси мавод дар ин услуб.

Натиҷаҳои ниҳоӣ: Ҳосил намудани малакаи амалии дарки махсусиятҳои услубҳои гуногун, аз ҷумла услуби илмӣ, публисистӣ, фарқи маводи илмӣ аз илмӣ-оммавӣ.

Услуби публисистӣ ва хусусиятҳои асосии он

Мафҳуми публисистика дар луғатҳо чунин маънидод шудааст: «Публисистика (калимаи лотинӣ — ҷамъиятӣ) маводҳоеро фаро мегирад, ки ба проблемаҳои актуалӣ ва ҳодисаҳои рӯзмарраи ҳаёти ҷомеа бахшида шудааст».

Дар луғати дигар публисистика чунин шарҳ дода шудааст: «Публисистика навъи адабиест, ки нақши муҳими сиёсию идеологӣ дорад, ба фаъолияти институтҳои сиёсӣ таъсир мерасонад, воситаи тарбия, тарғиботу ташвиқот, воситаи ташкил ва паҳнкунии иттилооти иҷтимоӣ ба шумор меравад».

Умуман, публисистика навъи адабиест, ки масъалаҳои ҷамъиятӣ-сиёсиро дар бар мегирад. Зиндагии мардум, сиёсат, иқтисодиёт, яъне чизе, ки манфиати инсонро фаро мегирад, мавзӯи баҳси публисистика ба шумор меравад.

Публисистика навъи адабӣ буда, услуби публисистӣ гуногунрангии функсионалии забон мебошад. Услуби публисистӣ маводи рӯзномаю маҷалла, рӯзномаю ТВ, реклама, воситаҳои дигари ташвиқоту тарғиботиро дар бар мегирад.

Публисистика дар чунин шаклҳо мавҷуд аст:

  • адабӣ (хаттӣ ва шифоҳӣ);

  • графикӣ-тасвирӣ (плакат, карикатура);

  • сурат ва кинематография (филми ҳуҷҷатӣ, ТВ) ва ғайра.

Аз таърихи услуби публисистӣ

Дар Русия аввалин намунаи рӯзномаҳо хабарҳое буданд, ки дар варақаҳо дастӣ навишта шуда, «Вестовые письма» ном доштанд (соли 1621). Аввалин рӯзномаи чопӣ дар Русия соли 1702 пайдо шуда буд, ки «Ведомости» ном дошта, онро шоҳ Пётри I нашр намудааст.

Дар Осиёи Миёна бошад, аввалин варақаҳои тарғиботӣ ҳанӯз солҳои 1905 мавҷуд буданд. Нахустин рӯзномаи тоҷикӣ бо номи «Бухорои шариф» 11-уми марти соли 1912 пайдо шуд. Минбаъд рӯзномаю маҷаллаҳои зиёде ба чоп расиданд. Ҳоло дар ҶТ зиёда аз 300 агентиҳои иттилоотӣ, рӯзномаю маҷаллаҳо фаъолият доранд.

Вазифаҳои асосии услуби публисистӣ

Мақсади публисистика аз рӯйдодҳои дохилию хориҷӣ зуд воқиф намудани хонандагон, тарғиби ғояҳои пешқадами замона, воқеъбинона баҳо додан ба ҳодисаву воқеаҳои рӯзмарраи иҷтимоию сиёсӣ, иқтисодию фарҳангӣ, бедор намудани ҳисси тараҳҳум ба падидаҳои матлуб, ба тадбирҷӯӣ ва амал водор намудани ҷомеа аст.

Ҳамин ҳадаф ду вазифаи асосии услуби публисистиро муқаррар менамояд: хабар додан ва таъсир расондан.

Дар вазифаи хабаррасонӣ истифодаи калимаю истилоҳоти сиёсӣ, иҷтимоӣ, таркибу ифодаҳои маъмул (стандартӣ), якрангии ифодаи фикр, фаровонии факту рақамҳо мушоҳида мешавад.

Ҳангоми адои вазифаи таъсиррасонӣ муаллиф аз воситаҳои таъсирбахши луғавӣ, фразеологӣ ва ғайра истифода мебарад. Унсурҳои луғавию фразеологӣ вобаста ба талаботи жанрҳои публисистика истеъмол мегарданд.

Функсияҳои умумии услуби публисистӣ

1. Функсияи коммуникативӣ ё мухобиравӣ — аз ҳамин иборат аст, ки муаллиф ҳангоми таҳияи мавод аксуламали робитаро бо хонанда (ҷавоби адресатро) пешбинӣ менамояд. Масалан, рӯзномаҳо аз хонандагон ё шахсони расмӣ дар ҷавоби маводи худ мактуб мегиранд.

2. Функсияи экспрессивӣ ба муаллиф имкон медиҳад, ки дар мавод ҳиссиёти худро ифода намояд. Маводи публисистӣ шахсияти муаллифро инъикос менамояд (дар хабарҳои кӯтоҳи расмӣ ин ҷузъиёт ифода намеёбад).

3. Функсияи эстетикӣ ба он равона шудааст, ки мавод бояд аз ҷиҳати шакл ва мазмун ҷавобгӯи талаботи эстетикӣ бошад.

Қарордод миёни шаш ҳизби сиёсии Тоҷикистон дар мавриди тарзи рафтор дар раванди маъракаи интихоботи парлумонӣ аз тарафи роҳбарони ин аҳзоб ба имзо расид ва онҳо ин санадро сарнавиштсоз ва таърихӣ арзёбӣ карданд.

Хусусиятҳои умумии услуби публисистӣ

Ҳадафи нигоранда: аз рӯйдодҳои рӯзмарраи ҳаёти сиёсию дохилии кишвар иттилоъ додан, ғояеро талқин намудан, таъсир расонидан ба афкори омма ва онро ба амале ҳидоят кардан; дар бораи як ҳодисаи таърихӣ воқеъбинона хабар додан.

Омезиши унсурҳои услубҳои дигар бо услуби публисистӣ (дар матни боло истилоҳоти коргузории расмӣ: қарордод, санад; тарзи пассиви ифода: аз тарафи... ба имзо расид (на роҳбарон ба имзо расониданд)).

Хусусиятҳои луғавӣ

  • Истифодаи истилоҳоти сиёсию иҷтимоӣ: ҳизби сиёсӣ, аҳзоб, интихоботи парлумонӣ;

  • таркибу ибораҳои устувор ё рехта: ҳизби сиёсӣ, маъракаи интихобот, ба имзо расид, арзёбӣ карданд;

  • тавсифоти тоза: сарнавиштсоз ва маъмул: таърихӣ;

  • таҳаввулоти луғавӣ: партия — ҳизб, парламентӣ — парлумонӣ.

Хусусиятҳои грамматикӣ

Бартарии ҳиссаҳои номии нутқ (хусусан исмҳо) дар феъл: аз 19 калимаи мустақилмаънои матни боло исм — сифат — 3, феъл — 2, ҷонишин — 2, шумора — 1.

Истифодаи бештари пешояндҳои таркибӣ ва номӣ: дар мавриди, аз тарафи, миёни.

Бартарии ҷумлаҳои хабарӣ бар амрӣ, хитобӣ, саволӣ. Дар он матн матлаб бо як ҷумлаи мураккаби пайвастаи пайвандакдори хабарӣ ифода ёфтааст.

Услуби баёни публисистӣ аслан такаллуф ва суханпардозиро намепарварад, зеро сухандороии безарурат дар жанрҳои хабарӣ ба осон ва равшан дарк намудани асли мақсад халал мерасонад.

Хабарҳои мухтасари рӯзномавиро мутолиа кунед, унсурҳои луғавию грамматикии хоси услуби баёни публисистиро (дар хабар) муайян кунед.

Шоҳҷоиза ба Хуҷанд омад

Озмуни театрҳои касбии ҷумҳурӣ «Парасту-2001» дар шаҳри Душанбе ҷамъбаст шуд. Боиси ифтихор аст, ки мукофоти асосии озмун — Шоҳҷоиза, яъне Гран-при, насиби Театри ба номи Камоли Хуҷандӣ гардид. Ҳайати ҳакамон намоишномаи «Шаҳраки манро»-ро, ки шоира Фарзона зимни асарҳои нависандаи амрикоӣ Торнтон Уайлдер эҷод карда, коргардони варзида Барзу Абдураззоқов ба саҳна гузоштааст, беҳтарин донист.

Бо дилу дидаи бедор…

Бо ибтикори Ҳукумати шаҳри Хуҷанд, ширкати телевизиони ҷамъиятии СМ-1 ва ҳафтавори «Суғд» бахшида ба шастсолагии мавлуди шоири зиндаёд Лоиқ Шералӣ дар қаҳвахонаи «Ширинсонсарой» маҳфиле бо унвони «Бо дилу дидаи бедор…» баргузор шуд.

Барандаи маҳфил Саидумрон Саидзода нахуст риштаи суханро ба шогирди соҳибҷашн, шоираи номвар Фарзона дод. Нотиқ устоди шеъри навинро бо суханони самимона ёдовар шуд.

Олимон: Усмонҷон Ғаффоров, Атахон Сайфуллоев, адибон: Додоҷон Раҷабӣ, Нормуҳаммад Ниёзӣ ва дигарон соҳибҷашнро ба некӣ ёд карданд ва аз рӯзгори ӯ воқеоти нодире ҳикоят намуданд. Озарахш бар матни шеъри Лоиқ суруде хонда, хотири ҳозиринро болида дошт.

Маҳфил рӯҳи шоири тавоноро бо суханҳои пур аз меҳру муҳаббат шод гардонд.

Тадбири камии витамин

Беморӣ (авитаминоз) бинобар истеъмоли хӯрокҳои дар таркиби худ модда ва витаминҳои даркориро надоштан инсонро домангир мешавад. Шахсони аз маризиҳои мухталифи шадид шифоёфта ва ё ҷарроҳиро сипарӣ намуда низ гирифтори он мегарданд.

Дар таркиби пӯсти пиёз ба ғайр аз витамини С моддаҳои гуногуни барои организм зарурӣ мавҷуданд. Ҷӯшоба ва ё қиёмҳои аз пӯсти пиёз тайёршуда барои шахсони бемории авитаминоз манфиати беш мебахшанд.

Бо мақсади пешгирӣ ва табобати норасоии витаминҳо миқдори 2:1 қисми (настой) пӯсти пиёзро бо шарбати лимӯ омехта, ин даворо дар давоми табобат низ истаконӣ рӯзе 3 маҳал пас аз хӯрок менӯшанд. Давраи муолиҷа аз 10 рӯз иборат мебошад.

Лӯбиё тарбод ва думмалро давост

Миқдори сафедаҳо, ангиштобҳо ва витаминҳо дар лӯбиё нисбат ба аксари сабзавот ва ғалладонаҳои дигар бештар аст. Бар замми ин, лӯбиёро ҳамчун дору низ истифода бурдан мумкин аст. Ҳангоми гирифторӣ ба бемориҳои эндокринӣ ва санги пешобдон ин маҳсулоти табииро бо ҳама тарз истифода бурдан манфиатбахш аст.

Ҳангоми бемории гурдаҳо ва тарбод ҷӯшобаи лӯбиёро истифода мебаранд. 30–40 грамм лӯбиёи кӯфтаро ба зарфе гирифта, ба болояш 1 литр оби гарм мерезанд ва дар оташи паст 15 дақиқа меҷӯшонанд. Пас аз он аз дока гузаронида, рӯзе 3–4 маротиба нимистаконӣ пеш аз хӯрок истеъмол мекунанд.

Лӯбиё думмал (фурункул)-ро низ табобат мекунад. Барои тайёр кардани давои он лӯбиёро орд кардан зарур аст. Баъд аз он бо асал омехта, чалпак карда, ба ҷои дардманд мегузоранд.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2