Зеҳн

ТАРЗИ НАВИШТАНИ ҲУҶҶАТҲОИ РАСМӢ

ЗЕ
Зеҳн12 сентябри 2026 · 9 дақиқа хондан

Шинос намудани донишҷўён бо роҳҳо ва тарзи таҳия намудани ҳуҷҷатҳои  расмию коргузорӣ.

Вазифахо.

ба донишҷўён ёд додани малакаи навиштани ариза, даъватнома, тарҷумаи ҳол, тавсифнома;

мавқеъ ва тарзи истифодаи калимаҳо дар ариза ва дигар ҳуҷҷатҳои расмию коргузорӣ;

Натиҷаҳои интизорӣ: Ҳосил намудани малакаи таҳияи ҳуҷҷатҳои расмию коргузорӣ, навиштани ариза, даъватнома, тарҷумаи ҳол ва ғайра

Мўҳтавои дарси амалӣ:

ТАРЗИ НАВИШТАНИ ҲУҶҶАТҲОИ РАСМӢ

(УМУМӢ)

Нигориши санад (ҳуҷҷат) яке аз  самтҳои фаъолияти фарҳангии  ҷомеаи мутамаддин буда, муносибати расмии одамон, корхонаву муассиса, робитаи дипломатии давлатро  ифода менамояд ва таърихи тўлонӣ дорад . Дар ибтидои пайдоиши ҷамъияти инсонӣ одамон ҳуҷҷатро дар болои пўсти ҳайвон ё пўстлохи дарахт сабт менамуданд.

Тоҷикон аз ҷумлаи мардумони  таърихан  соҳибхат буда,  суннати деринаи ҳуҷҷатнигории онҳоро дигарон эътироф кардаанд. Намунаи санадҳои гуногуни аз даврони бостон меросмонда гувоҳи ин ақида мебошад. Дар баробари инкишофи ҷомеа санаднигорӣ низ тадриҷан ташаккул ёфтааст, зеро ки он яке аз рукнҳои асосии давлату давлатдорӣ ба шумор меравад. Аз «Шоҳнома»- и безаволи  Фирдавсӣ низ аён аст, ки чӣ гуна аз тарафи аркони давлат ё  аз номи ин ё он паҳлавон нома нигошта мешуд ва ё номаи ҷавобӣ  меомад.

Аз аҳди Сомониён  то имрўз забони  форсии тоҷикӣ ба сифати забони расмии давлатӣ  адои хидмат  намуда, новобаста ба ҳукмравоии сулолаҳои гуногун, забони коргузории расмӣ - давлатӣ забони форсии тоҷикӣ будааст. Шеваи нигориши санадҳо низ дар тўли садсолаҳо рехтаву устувор гардидааст. Ҳуҷҷатнигорӣ сабку услуби хосе дорад ва барои ифодаи муносибати расмии одамон, корхонаҳою муассисаҳои давлатӣ, равобити сиёсии байни мамлакатҳо ба кор бурда мешавад. Ҳуҷҷатнигорӣ дар ҳаёти халқи тоҷик таърихи тулонӣ дорад. Муаллифи асари «Насри идорӣ» Абўтуроб Розонӣ ин услубро «маъмулан ба сурати номанигорӣ, гузориш, сурати маҷлис, пайнавишти тилигром, паймоннома, бахшнома, подошт, хулосанависӣ, пешнависӣ» ҳисоб карда, онро инчунин «дар идора ба таври куллӣ тобеи муқаррароти хосе» мепиндорад.

Дар қарни ХХ, яъне дар замони салтанати Ҳукумати Шуравӣ,   санаднигорӣ ба забони тоҷикӣ сурат намегирифт. Ин ҳолат боиси аз байн рафтан ва ба гўшаи фаромўшӣ афтодани анъанаи таърихии ҳуҷҷатнигории тоҷикӣ гардид. Аз ин рў, беҳтарин расму одоти миллӣ, анъанаи ниёгонамон дар ҳуҷҷатнигорӣ аз байн рафт.

Бо қабули Қонуни забон ва ба забони тоҷикӣ додани мақоми давлатӣ коргузорӣ дар кулли идораву корхонаҳо ба забони давлатӣ ба роҳ монда шуда, давра ба давра  шеваи нигориши санадҳо тағйир ва такмил меёбад. Олимону мутахассисон роҷеъ ба шеваи нигориши асноди шахсию давлатӣ истифодаи калимаю иборот  ва истилоҳоти мувофиқро пешниҳод намуда,  оид ба санаднигорӣ дастуру тавсиянома омода намуданд, ки дар мавриди ҳуҷҷатнигорӣ ба забони давлатӣ  (тоҷикӣ) марҳалаи навини самти санаднигорӣ  ба шумор меравад. Умед аст, ки ин раванд боиси эҳёи ҳуҷҷатнигории асили  тоҷикӣ мешавад ва имконоти фаровони забони моро дар ин самт нишон медиҳад.

Дарвоқеъ, дар ҳуҷҷатҳои расмӣ, бояд мақсаду матлаб дақиқ баён гардида, пойдории мантиқи сухан ба ҳисоб гирифта шавад ва ба норавшанию духўрагии маънои калимаҳо роҳ дода нашавад. Аз ин рў, дар ҳуҷҷатҳои расмӣ ба ибораороӣ, такаллуф, эҳсосот, муносибатҳои субъективона ҳаргиз роҳ додан лозим нест, дар онҳо фикр холисона ва ба низоми муайян иброз гардад, ҳусни нигориши ҳуҷҷатҳои расмӣ афзуда хоҳад гашт.

Якчанд намунаи навиштани ҳуҷҷатҳои расмӣ ва тарзи таҳияи онҳоро пешкаш менамоем.

АРИЗА

Ариза — ин иттилооти расмӣ дар шакли хаттӣ (гоҳо шифоҳӣ) мебошад.

     Ариза аксаран пешниҳод, шикоят ё хоҳиши ягон нафарро дар бар мегирад, ки ба ташкилот ё шахси мансабдор равона карда шудааст.   

Ариза дар бар мегирад:

Номи гирандае (адресате), ки ба вай ариза фиристода мешавад.

2. Ному насаб, вазифа ё суроғаи муаллифи ариза.   

3. Номи ҳуҷҷат.   

4. Ифодаи аниқи хоҳиш, таклифҳо.

5. Рўйхати ҳуҷҷатҳои ба ариза замимашаванда . 

6. Сана, имзо.

     Дар ариза маъмулан лексикаи расмию коргузорӣ истифода бурда мешавад, дар баъзе аз аризаҳо истифода бурдани лексиаи публисистӣ низ роҳ дода мешавад (масалан, дар аризаҳои қабул намудан ба сафи ҳизб).

Ариза— ин ҳучҷате мебошад, ки дар он ба таври хаттӣ хабари шаҳрвандон ё ташкилотҳо баҳри  амалӣ намудани ҳуқукҳои худ ё ҳимояи манфиатҳо  дарҷ карда мешавад.

Ариза аз рўи намунаи муайян таҳия карда шуда, ба шахси муайяни расмӣ, ташкилот ё муассиса равона карда шудааст. Дар он метавонад хоҳиши ба кор қабул намудан, ба  таълимгоҳ шомил намудан ё ба имтиҳонҳои дохилшавӣ роҳ додан, рухсатии меҳнатӣ додан ва ғайра ифода гардад.

Вобаста ба он ки аризаро кӣ пешниҳод кардааст, онҳо ба шахсӣ (бо даст дар як нусха навишта мешавад) ва хизматӣ (аз ташкилоту муассисаҳо, ки одатан дар варақаҳои тайёр навишта мешаванд)  тақсим мешаванд

Намунаи навиштани ариза:

Ба ректори Донишгоҳи   давлатии тиббии Тоҷикистон  ба номи Абўалӣ ибни Сино

д.и.т.,проф. Қурбонов У.А.

аз донишҷўи соли сеюми факултаи нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ

Алиев Саидакрам

 АРИЗА

Аз сабаби кўчидан ба манзили нави зист аз Шумо хоҳиш менамоям, ки маро ба мўҳлати 5 рўз аз дарсҳо озод намоед  .

25/10— с. 2010                                                                Алиев С. 

ТАВСИФНОМА

Тафсифнома – ин тартиб додани маълумотҳои анкетавиии шахсе мебошад, ки барои вай тавсифнома навишта мешавад. Тавсифноми аз тарафи ташкилот ё таълимгоҳе, ки  шахс дар он ҷо фаъолият намудааст ё таълим гирифтааст, барои пешниҳод намудан ба ҷои талабшуда, масалан, комиссарияти ҳарбӣ, мактаби олӣ ва ғайра тартиб дода мешавад.

 Таҳия намудани тавсифнома кори мураккабе нест, агар нақшаи тартибдиҳӣ ё қолаби (амсилаи) онро зери даст дошта бошед .

Барои осон шудани навиштани тавсифнома дар зер нақшаи тартиб додани тавсифнома оварда мешавад.

Матни тавсифнома аз чор қисм иборат аст:

1. Маълумотҳои анкетавии шахсе, ки барои вай тавсифнома таҳия карда мешавад (дар мобайни варақ ё ба таври сутун аз тарафи рост ҷойгир карда мешаванд).

2. Маълумот дар бораи фаъолият ё таҳсил (аз кадом  сол кор ё таҳсил мекунад, дар куҷо, муносибаташ ба кор, таҳсил, дараҷаи тахассуснокӣ, дастовардҳои таълимӣ, маҳорату малакаҳои ҳосилнамуда).

3. Баҳо додан ба сифатҳои корӣ ва ахлоқӣ; маълумот дар бораи мукофотҳо (муҷозот); муносибаташ бо коллектив  .

4. Хулосаҳо;  нишондод дар бораи он ки тавсифнома ба куҷо фиристода мешавад.

Дар тавсифнома сифатҳои ахлоқию эҳсосотии одамро дарҷ намудан мумкин аст, масалан миҷоз, шахсият, рафтори инсон дар ҳолатҳои муайян. Агар тавсифнома барои ноболиғ навишта шавад, пас муносибати вайро бо калонсолон, бо ҳамсолон, рафторашро дар ҳолатҳои гуногун тасвир намудан мумкин аст.

Ҳамчунин равандҳои маърифатӣ, диққат, устуворӣ, ноустувориҳоро нишон додан мумкин аст.

Чӣ гуна будани тафаккури инсон: образнок, мантиқӣ, мушаххас, ҳамчунин давомнокии равандҳои тафаккурро тасвир намудан мумкин аст.

Тавсифнома ба тасвири доираи хусусиятҳои ахлоқию иродавӣ роҳ дода метавонад, инҳо: худбаҳодиҳӣ, сифатҳои иродавии рафтор, устувории манфиатҳои инсон мебошанд.

Намунаи навиштани тавсифнома:

Тавсифнома  

ба донишҷўи соли аввали ДДТТ ба номи Абўалӣ ибни Сино  Раҷабова Сабоҳат
соли таваллудаш 1991

Раҷабова Сабоҳат аз моҳи сентябри соли 2010 дар факултаи тиббии ДДТТ ба номи Абўалӣ ибни Сино таҳсил намуда истодааст. Ҳамчун донишҷў дақиқкор, серғайрат, дорои хотираи мустаҳкам мебошад. Фанҳои ихтисоси худро бо саъю кўшиши зиёд аз худ менамояд .

Ба омўзиши фанҳои табиатшиносӣ ва дақиқ шавқу рағбати хосса дорад. Ҳангоми сессия фаъол ва бодиққат буда, мунтазам барои баланд бардоштани дараҷаи дониши худ кўшиш менамояд.

Фанҳои таълимиро ба осонӣ аз бар мекунад. Аз рўи натиҷаҳои таълим дараҷаи баланди дониши худро намоиш додааст. Мунтазам дар дарсҳо иштирок намуда, бе сабабҳои узрнок дарсҳоро тарк накардааст.

Раҷабова Сабоҳат ба ҳамдигарфаҳмӣ, дўстию рафоқат, эҳтироми калонсолону омўзгорон майл дошта, хеҷ гоҳ ахлоқи бад надоштааст.

Дар корҳои берун аз синфӣ фаъолона иштирок намуда, аз рўи шавқу рағбаташ дар маҳфилҳои гуногуни донишгоҳ  ширкат менамояд. Иштирокчии мусобиқаҳои варзишӣ оид ба  теннис мебошад.

Бо камоли майл дар маҳфили технологияи иттилоттӣ иштирок менамояд ва ба техника шавқу рағбат дорад .

 

Тавсифнома барои пешниҳод намудан ба ҷои дархостшуда дода шудааст.

Декани факултет           (Ному насаб)

 

Роҳбари гурўҳ           (Ному насаб)

ТАРҶУМАИ ҲОЛ

Мунтазам ҳар яке аз мо бо зарурияти навиштани тарҷумаи ҳоли худ рў ба рў мешавем. Барои он ки вазифаи навиштани тарҷумаи ҳол осонтар карда шавад, дар поён намунаи навиштани тарҷумаи ҳоли мухтасар оварда шудааст. Ҳар яке аз шумо метавонед онро ҳамчун қолаб барои таҳияи ҳуҷҷати худ дар бораи роҳи тайкардаи зиндагиатон истифода баред.

Намунаи навиштани тарҷумаи ҳол:

Тарҷумаи ҳол

     Ман, Анваров Исомиддин Асоевич 5 январи соли 1975 дар шаҳри Исфараи вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикитон дар оилаи омўзгор ба дунё омадаам.     

Соли  1982 ба синфи якуми мактаби миёнаи  № 2, шаҳри Исфара рафта, соли 1992 онро бомувафаққият хатм  намудам  .

 Солҳои  1992 – 1998 дар факултети муолиҷавии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино таҳсил намудаам.

Фаъолияти меҳнатии худро аз соли  1998 оғоз карда, то имрўз ҳамчун корманди Маркази ҷумҳуриявии бемориҳои сил   кор карда истодаам.

  Оиладор мебошам. Ҳайати оилаам аз шахсони зерин иборат аст:

Ҳамсарам  – Анварова Сабоҳат Ҷамоловна, соли таваллудаш 1970, барномасози Маркази компютерии ш. Душанбе  .

Писарам– Анваров Ҷамолиддин Исомиддинович, соли таваллудаш 1993, хонандаи синфи 9-уми мактаби таҳсилоти ҳамагонии № 72 шаҳри Душанбе  .

Духтарам   - Анварова Малоҳат Исомиддиновна, соли таваллудаш 1998,  хонандаи синфи 4-уми мактаби таҳсилоти ҳамагонии № 72 шаҳри Душанбе    

 

Суроғаи мо:

шаҳри Душанбе,

хиёбони Саъдии Шерозӣ,

хонаи 56

Тел. 918-71-97-71

 

Сана                                                                                                      Имзо

Намунаи дигари ҳуҷҷатҳои расмию коргузорӣ меоварем:

ЗАБОНХАТ

Ба китобхонаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино дар ин хусус дода шуд, ки ман, Саидов Зафар донишҷўи соли аввали факултаи стоматологӣ   аз китобхонаи мазкур ба миқдори 20 дона китоби «Анатомияи одам» гирифтам.

(Таърихи рўз)         (имзо)          (ному насаб)

ВАКОЛАТНОМА

Ман Зафари Саидиён, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кўчаи Неъмат Қарабоев 15 хонаи 24 ба Парвизи Давлат ваколат медиҳам, ки бастаи аз ноҳияи Хуҷанд ба номи ман фиристодашударо аз шўъбаи 17-уми алоқаи шаҳри Душанбе бигирад.

(Таърихи рўз) (имзо)           (ному насаб)

Имзои Саидов З.-ро тасдиқ мекунам.

Декани факултаи нигаҳдории тандурустии

ДДТТ ба номи Абўалӣ ибни Сино

(имзо)      (ному насаб)      (мўҳр)          (таърихи рўз)

ТАБРИКНОМА!

УСТОДИ МЎҲТАРАМ!

Шуморо ба муносибати ҷашни Наврўзи хуҷастапай самимона муборакбод гуфта, сиҳатмандӣ, саодат ва хушиҳои ҳамшагии зиндагиатонро орзумандем.

     

                                                  Бо эҳтиром: гурўҳи шогирдон

ДАЪВАТНОМА!

      Мўҳтарам ___________________!

Шуморо ба шаби назм, ки таҳти унвони «Шеъри Аҷам» рўзи 16-уми апрели соли 1996, соати 15.00 дар толори асосии ДДТТ ба номи Абўалӣ Сино баргузор мегардад, даъват менамоем.

Аз ташрифатон қаблан сипосгузорем.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2