Зеҳн

Роҳҳои истилоҳсозӣ ва истилоҳгузинӣ дар забони тоҷикӣ.

ЗЕ
Зеҳн12 сентябри 2026 · 14 дақиқа хондан

Ба донишҷўён дар бораи сохтани истилоҳот дар забони точикӣ ва роҳҳои сохтани он маълумот додан. Хусусиятҳои тарҷумаи таҳтулафзӣ дар сохтани истилоҳ.

Натиҷаҳои ниҳоӣ: Ҳосил намудани дониши амалӣ оид ба сохтани истилоҳоти илмӣ ва хусусуиятҳои истилоҳсозӣ дар забони тоҷикӣ.      

Роҳҳои истилоҳсозӣ ва истилоҳгузинӣ дар забони тоҷикӣ.

Ташаккул ва роҳи инкишофи истилоҳоти муосири тоҷикӣ, ғанӣ гардидани он тўлонӣ ва хеле мураккаб буд. «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ, абёти Абўабдуллои Рўдакӣ, дигар асарҳои замони Сомониён далели ба забони шево ва тавнои тоҷикӣ (форсӣ ё форсии дарӣ) таълиф шудани онҳоро гувоҳӣ медиҳад. Донишманд, файласуф, табиатшинос, табиб ва адиби бузурги тоҷик Абўалӣ ибни Сино баробари инкишофи илмҳои замонаш (хусусан астрономия, тиб, фалсафа, физика, геология, минералогия ва механика) истилоҳоти илмии забони тоҷикиро, ки дар асри Х забони асарҳои илмӣ низ муқаррар гардида буд, такмил дод. Ба ивази истилоҳоти арабӣ аз забони тоҷикӣ муодилҳо пайдо намуд ва мураттаб сохтани истилоҳоти илмии забони тоҷикӣ саҳми босазое гузошт.

Дар густариш ва такомули истилоҳоти тиббии форсии тоҷикӣ осори адибони классик Ҳаким Майсарӣ, Абўбакри Рабеъ ибни Аҳмади Ахвайнии Бухороӣ, Абўмансури Муваффақи Ҳиравӣ ва Абўалӣ ибни Сино хеле хуб мушоҳида мегардад.

Илми истилоҳшиносии муосири замони Шўравӣ ҳамагӣ таърихи беш аз шастсола дорад, ки ба туфайли тараққиёти иқтисодиёт, фарҳанг, илму техника ва саноати адабии забони тоҷикӣ ва фонди истилоҳоти он аз ҳисоби сарвати забони миллӣ, ҳамчунин аз таъсири забони русӣ ғанӣ гардида, тавассути ин забон ва иқтибоси истилоҳоти забонҳои аврупоӣ тағйироти калон ба вуҷуд омад.

Соли 1925 бо ташаббуси Садриддин Айнӣ Комиссияи махсус ташкил гардид, ки дар машваратҳои он масъалаҳои истилоҳоти илмӣ, истилоҳсозӣ, таърифи луғатҳо ва ғайра баррасӣ мешуданд.

Дар заминаи он соли 1933 Кумитаи истилоҳот таъсис гардид. Соли 1936 нахустин санади меъёрии истилоҳсозии забони тоҷикӣ таҳти  унвони «Установкаи терминологияи забони тоҷикӣ» ба нашр расид. Санади мазкур монанди соири асноди иқтисодию иҷтимоӣ бо мафҳум ва таркиботи сиёсии муравваҷи он солҳо иншо шуда буд. Он аз ду бахш иборат буд: бахши аввал қолабҳо ва меъёру усулҳои истилоҳсозӣ ва бахши дуввум имлои ин истилоҳот бо ҳуруфоти лотинии забони тоҷикӣ.

Баъдан дар соли 1960 бо мақсади ба тартиб даровардани истилоҳоти соҳавӣ, таҳияи луғатҳои чандзабона дар назди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (онвақта Академияи илмҳои ҷумҳурӣ)  Комитети терминология таъсис дода шуд, ки барои иҷрои ин ваколатҳо аз ҳисоби мутахассисони соҳавӣ 16 бахшҳои тахассусӣ (фанҳои дақиқ, табиӣ, тиб, фалсафа, забон адабиёт, геология, география ва ғ.) ташкил карда шуд.

Соли 1971 Комитети терминология барои фарҳангнигорон, мутарҷимон, омўзгорон ва кормандони нашриёт дастури махсусе бо номи «Принсипҳои асосии терминологияи забони тоҷикӣ»-ро (мураттиб  Я.И. Калонтаров,  зери таҳрири М.С.Осимӣ ва И.А.Маъсумӣ) тартиб дод. Дар дастури мазкур на система ва қолабҳои истилоҳсозӣ, балки танҳо мисолҳои ҷудогонаи сохтани истилоҳҳо дар соҳаҳои гуногуни илму техника нишон дода шудааст. Масалан бо усули 1 (доир бо 19 соҳа), бо усули 2 (4 истилоҳ) ва усули 5 (сифатҳое, ки бо техника вобаста нестанд 5 истилоҳ) ва ғ. нишон дода шудааст.

Табиати истилоҳ моҳияти лингвистии он, албатта аз калимаи умумиадабии забон фарқ дорад. Истилоҳ номҳои ашё, ҳодисаҳои ҳақиқат ва мафҳумҳои онҳоро ифода намуда, воситаи интиқоли дониш ва мубодилаи иттилоот мебошад.

Дар истилоҳнигории муосир забонҳои рушдкардаи илмӣ (забонҳои русӣ, англисӣ, олмонӣ) ҷараёни номгузории муосири илмиӣ-техникӣ дар баробари ин инкишофи самтҳои гуногуни илм фаҳмида мешавад. Ҳайратовар аст, ки дар истилоҳшиносии дигар забонҳои илмии мавҷудаи ҷаҳонӣ (зиёда аз 2 000 забон) истилоҳоти ҳар як забони миллӣ дар асоси истилоҳоти забонҳои рушдкарда сохта мешавад. Яке аз беҳтарин роҳҳои коркарди истилоҳоти илмӣ бо роҳи тарчума ба даст оварда мешавад. Аз ин лиҳоз дар ҳар забони миллӣ қоидаҳои умумии истилоҳнигорӣ бояд риоя карда шавад.

Дар адабиёти муосири илмӣ-техникӣ қоидаҳои асосии коркарди истилоҳот мавҷуд аст:

  • Гузариши вожаи тоҷикӣ ба истилоҳ (таҳлили маъноии калима): а) гузариши аксари вожаҳои адабӣ ва ё забони умумихалқӣ ба истилоҳ; б) гузариши вожаҳои шевагӣ ба истилоҳоти миллӣ; в) гузариши истилоҳ аз соҳаи илмӣ ба соҳаи дигари илмӣ (ретерминологизатсия);
  • Калимасозӣ: бо роҳҳои морфологӣ (пешоянду пасояндҳо), бо роҳҳои синтетикӣ ва аналитикии калимасозӣ; в) ихтисораҳо.
  • Тарҷумаҳои таҳтуллафзӣ, яке аз ду роҳи истифодабарӣ.

Терминҳои иқтибосии русӣ-байналмилалие, ки тавассути забони русӣ ва истилоҳоти хуби забонҳои дигари тараққикарда. Яке аз самтҳои асосии истилоҳоти муосири  илмӣ дар забони тоҷикӣ ин хусусӣ, дақиқӣ, ягонагӣ, табиӣ ва илмҳои техникӣ (физика, математика, химия, астрофизика, гоеграфия ва ғ.) ки қисми зиёди онҳо дар асоси тарҷумаи русии адабиёти илмӣ-техникӣ (дар ҷомеаи имрўз аз адабиёти забонҳои дигар) зоҳир мешавад. Аз ин лиҳоз дар омўзиши истилоҳоти илмӣ талаботи интихоб ва ё коркарди истилоҳоти илмӣ-техникӣ, ҳам аз нигоҳи илмӣ ва ҳам аз нигоҳи забоншиносӣ риояи усулҳои мавҷуда ҳатмӣ ва зарурист. Маълум аст, ки истилоҳи илмӣ номгўйи истилоҳи илмӣ маҳсуб мешавад. Зикр намудан бамаврид аст, ки танҳо мутахассиси ин ва ё он соҳа  дар ҳамкорӣ бо забоншиносон интихоби истилоҳи дақиқ муваффақ мешавад. Ғайр аз ин, ҳар як мутахассис  бояд аз қоидаҳои забони  адабӣ ва доираи истилоҳсозию  истилоҳнигорӣ огоҳ бошад.

Аз ин хотир дар истилоҳшиносӣ қоидаҳои интихоб, сохтор ва омўзиши ҳаммаъноии истилоҳоти илмӣ тавассути тарҷума ва истифодаи истилоҳоти муосири забони илм дар асоси талаботи ин ва ё он илми муосир ва қоидаҳои калимасозӣ ва коркарди ибораҳои забони тоҷикиро донистан зарур аст.

Ба таври дигар гўем, истилоҳнигорӣ дар забони тоҷикӣ дар раванди истилоҳсозӣ, истилоҳгузинӣ, истилоҳоти иқтибосӣ густариш меёбад.

  • Истилоҳнигорӣ аз фонди забони адабии миллӣ дар интихоби истилоҳоти илмӣ-техникии ҳаммаънои русӣ интихоб карда мешавад.

Дар ҷараёни истилоҳнигорӣ роҳҳои лексикӣ-семантикӣ ва интихоби он аз фонди луғавии забони адабӣ ба вожа мундариҷаи нави илмӣ дода мешавад. Истилоҳ, ки дар ин ҳолат онро термин-калима меноманд (дар забони адабии илмӣ-техникӣ тавассути истилоҳ-калима асосан вусъат ва хусусиятиро мефаҳмонад). Мисол: раг, беморӣ, шона...

Ҳолатҳои дигареро қайд намудан лозим аст, ки  дар забони тоҷикӣ истилоҳоте вуҷуд доранд, ки дар шакли ягона вале бо мазмунҳои гуногун дар соҳаҳои гуногуни илмӣ истифода мешаванд. Масалан истилоҳи «усутухонбандӣ» (тиб, адабиётшиносӣ, санъатшиносӣ).

  • Истилоҳгузинӣ ё омўзиши истилоҳот ин раванди тартиб додани истилоҳоти русии илмӣ-техникӣ дар асоси қоидаҳои вожасозӣ ва коркарди ибораҳои забони миллии адабиро меноманд. Дар ин ҳолат қоидаҳои коркарди вожаҳо ба мисли истилоҳсозӣ, истилоҳнигорӣ ва ихтисорот истифода мешавад.

а) Гирдоварии истилоҳот дар такя бо роҳҳои гирдоварии истилоҳот дар адабиёти илмӣ-техникии тоҷикӣ калимасозии морфологӣ маҳсуб мешавад, ҳамчунин ба истилоҳи мавҷуда калима ва муқаддимаҳои калимасозӣ, дар натиҷаи мазмуни нави истилоҳ сохташуда. Ин истилоҳот ҳаракату амалро тавассути номҳои феълӣ фаҳмида мешавад.

Бо усули морфологии истилоҳоти  афиксатӣ ва омўзиши калимаҳои мураккабро мйаян кардан мумкин аст.

Дар истилоҳнигории муосири илмӣ-техникӣ дар асоси тарҷумаи истилоҳоти русии илмӣ-техникӣ истилоҳот дар қолабҳои нав пайдо шудаанд. Масалан дар бунёди истилоҳоти таркибӣ дар қолабҳои бо префиксҳо пайдо шудаанд: зидди-, ғайри-, ҳам-, боз-, но-, бе-, во-, по(д)-, микро-, макро-, ултра-, инфра-  ва ғ.

Таҷрибаҳо нишон доданд, ки дар коркарди истилоҳоти илмӣ-техникӣ бештар аз усулҳои мазкур истифода бурда мешавад:

  • Исм: а) танҳо; б) феълӣ; в) мушаххас.
  • Феълҳо: а) дар асои замони ҳозираи феълҳои содда; б) дар асоси феълҳои замони ҳозираи феълҳои номӣ.
  • Сифат.
  • Шумора.
  • Сифати феълӣ.

Дар истилоҳоти адабии илмӣ-техникии тоҷикӣ бештар суффиксҳои -ӣ, -чӣ, -ият, -иш, -анда, -а, -ак ва ғайрҳо дар истилоҳнигорӣ мушоҳида мегардад.

Суффиксҳои дигаре, ба мисли –санҷ, -хўрд, -бурд, омад, -монанд, -шакл ва ғ. ба гуфти Бердиева Т. истилоҳ не балки терминоид ҳастанд.

Дигар аз роҳҳои истилоҳсозӣ дар истилоҳнигории адабии илмӣ-техникӣ ин аст:

  • Асоси замони ҳозираи феъл + суффикс -иш: гардиш (гардидан), ларзиш (ларзидан), гузариш (гузаштан), санҷиш (санҷидан) ва ғ.
  • Исмҳои содда ва ё таркибӣ + асоси замони ҳозираи феъли санҷидан: ҳароратсанҷ (терммометр), фишорсанҷ(ариометр), ларзишсанҷ (виброметр), суръатсанҷ (скоростометр) ва ғ.
  • Исмҳои содда + суффиксҳо ё ин ки усулҳои калимасозӣ: асабшиносӣ (неврология), рагсанҷӣ(колориметрия), стомотология, генекология, аллергия, атрофия ва ғ.
  • Исмҳои мушаххас (маънӣ) +исмҳои мушаххас(маънӣ): садолўла(звуковод), радиофизика (радиофизика), радиоалоқа (радиосвяз).
  • Исмҳои феълӣ +асоси замони ҳозираи феъл+суффиксҳои –анда, -ак: иъикоскунанда (отражатель), тақсимкунак (распрадидель).
  • Сифатҳои аслии содда+ суффиксҳои -ӣ, -гӣ: тирагӣ(мутность), чандирӣ (упругость), устуворӣ (устойчивость).
  • Сифатҳои аслии содда +асоси замони ҳозираи феъли шудан, шав+ суффикси  -ӣ: сардашавӣ (охлаждение), гармшавӣ (нагревание), камшавӣ (уменьшение), васеъшавӣ (расширение), зиёдшавӣ (увеличивание).
  • Сифатҳои аслии содда + калимаи сохтаи –кунҷа: росткунҷа (прямоугольник), бисёркунҷа (многоугольник) ва ғ.
  • Шумора + калимаи сохтаи –кунҷа: секунҷа (треугольник), шашкунҷа (шестиугольник) ва ғ.
  • Преффикси -но + сифатҳои содда+суффиксҳои –ӣ, -гӣ: ноустуворӣ (неустойчивость).
  • Префикси -но + сифатҳои сода + суффиксҳои -ӣ, -гӣ: ношаффофӣ (непрозрачность), ночандирӣ (неупругость), ноустуворӣ (неустойчивость) ва ғ.
  • Суффиксҳои -абар, -зиёд +исмҳои мушаххас+суффиксҳои -ият, -иш, -ӣ: зиёдвазнӣ (перегрузка), зиёдвазнӣ (перегрузка) ва ғ.
  • Шумораҳои -ним(ҳамчун префикс),+исмҳои мушаххас – нимдоира, нимпаҳно ва ғ.
  • Суффиксҳои байналмилалии –микро[макро], -анти +исмҳои мушххас: макроҳолат (макросотояние), микроҳолат (микросостояние), макробулўр (макрокристал), макромолекула (макромолекула), антимодда (антитело), антинейтрон, антиолам, (антимир) ва ғ.
  • Сифати феълӣ+суффикси –гӣ: пазирандагӣ (проницаемость), маҳлулшавандагӣ (растворяемость), шиканандагӣ (сжимаемость).
  • Исмҳои мушаххас, сифатҳои аслӣ, шумораҳои тартибӣ+ асоси феълҳои замони гузаштаи -кардан ва -омадан,: ҳамчун суффиксҳои -кард, -омад: камомад (дефект), яккард (синтез), басомад (частота) ва ғ.
  • Исмҳои мушаххас +асоси феълҳои замони гузаштаи –кардан,-хўрдан, -омадан,-бурдан, ҳамчун суффиксҳо: фишорхўрд (сжимание), фурўбурд (поглащаемость), бухоркард (прообразование) ва ғ.
  • Исмҳи мушаххас + суффикси –ият: қобилият (способность), шадидият (напряжённость) ва ғ.
  • Вожаи -худ (ҳамчун префикс) + асоси феъли замони ҳозира+ суффикси -иш: худангезиш (самовозбуждение), худпўшиш (самоэканирование) ва ғ.

б) Истилоҳсозӣ.    Роҳҳои коркарди истилоҳоти ҳаммаънои русии илмӣ-техникӣ дар қолаби вожасозӣ яке аз усулҳои асосии истилоҳнигорӣ аст. Дар вожасозӣ одатан намунаҳои калимаҳои мавҷуда аз ягонагии сарфу наҳвӣ фаҳмида мешавад. Истилоҳоти илмӣ-техникиро дар шакли ибораҳои таркибӣ мушоҳида кардан мумкин аст. Аз ин хотир дар таркиби онҳо инҳо ворид мешаванд: а) калимаҳои ба қолаби истилоҳоти доираи илмӣ; б) калимаҳои истилоҳоти соҳаи техникӣ, в) калимаҳое, ки дар доираи илмҳои гуногун истилоҳ маҳсуб мешаванд; г) калимаҳои, ки шабеҳи  илмҳои дигар; д) калимаҳое аз таркиби луғавии забони умумӣ гирифташуда:

Истилоҳоти дутаркиба: мутобиқати чашм (адаптация глаза), табдили зарраҳо (превращение частиц), потенсиали ангезиш (потенсиал возбуждение), моеъи фишурда (сжимаемый жидкость) ва ғ.

Истилоҳоти сетаркиба: қонуни бақои импульс (закон сохранение импульса), воҳиди бузургии физикӣ (единица физической  величины) ва ғ.

Вожа- истилоҳоти мураккаб: линзаи ҳамвор - барҷаста, ҳастаи ҷуфт-чуфт ва ғ.

Вожа-истилоҳоти бисёртаркиба:

Яке аз талаботи асосии истилоҳсозии илмӣ-техникӣ ин нигоҳ доштани мазмуни вожа аст. Дар забони тоҷикӣ истилоҳнигорон дар аксар маврид ба қолабҳои вожасозии забони русӣ такя мекунанд, ки ин ҳолат барои мутахассисону хонандагон мушкилоти зиёдро ба миён меорад. Шарти асосии истилоҳ дар он аст, ки ибораҳои таркибии сермаънову мушкилфаҳмро ҷиҳати халал нарасондани ба мафҳуми дақиқи истилоҳ мусоидат мекунад.

а) Ихтисораҳо – дар ин усули истилоҳнигорӣ, бо дарназардошти қоидаҳои коркарди истилоҳот ва дар мавридҳои зарурӣ вожаҳои таркибӣ мухтасар зикр карда мешавад. Чунин истилоҳот дар забони тоҷикӣ ба асари забонҳои русӣ ва аврупоӣ ворид гардидаанд: ВИЧ СПИД – ВНМО, ТУТ, КАТС, СВБ – системаи воҳидҳои байналмилалӣ ва ғ.

3. Истилоҳоти иқтибосӣ ин навъ истилоҳот дар забони тоҷикӣ аз забонҳои русӣ ва аврупоӣ ворид гардидааст. Дар забони адабии илмӣ-техникӣ меъёрҳои қабули истилоҳоти байналмилалӣ бо чунин роҳҳо сурат мегирад:

а) талаффузи осон: модул, вектор, газ ва ғ.

б) қолаби ягонаи истилоҳ дар забони илмҳои муосир (русӣ, англисӣ, франсавӣ, олмонӣ): параметр, резонанс, стоматология …

в) истилоҳоти байналмилалӣ бояд коркард шавад, яъне дар асоси он истилоҳоти дигари мушаххас сохта шавад: магнит, магнитсанҷ, магнитзудоӣ ва ғ.

г) истилоҳоти байналмилалӣ дар забони тоҷикӣ маънои духўра надошта бошад.

Бо дарназардошти далелҳои дар боло зикргардида, усуолҳои асосии коркарди истилоҳоти забони тоҷикиро ба 15 роҳҳои навъ тақсимбандӣ намудан мумкин аст:

  • Истифодаи таркиби луғавӣ ва калимаҳои тоҷикие, ки маънои истилоҳро пурра истифода мекунанд: движение  – ҳаракат.
  • Бо роҳи дигар кардани маънои аслии калима, яъне ба калима маънои дигар додан: сим –нуқра, сим – маснуоти филизии хеле дарозу борик.
  • Тавассути истилоҳоти забонҳои русӣ, лотинӣ, олмонӣ ва г. ганӣ гардонидани истилоҳоти забони тоҷикӣ: стоматология,
  • Тарҷумаи айнан аз забони русӣ: железная дорога – роҳи оҳан
  • Сохтани истилоҳоти нав бо роҳи ҳамроҳ кардани калимаҳои забони тоҷикӣ ба истилоҳҳои забонҳои дигар: радиосвяз –радиоалоқа
  • Сохтани истилоҳҳои нав бо роҳи ба таркиби истилоҳоти русӣ ва аврупоӣ ҳамроҳ намудани унсурҳои калимасозии забони тоҷикӣ: стандартизатсия-стандартонӣ
  • Сохтани истилоҳҳои нав бо роҳи баёни мафҳуми истилоҳи забонҳои дигар: подземная дорога– роҳи зеризаминӣ
  • Баъзе истилоҳ (ибора)-ҳои забони русӣ (муайянкунанда ва муайяншаванда) дар забони тоҷикӣ бо калимаҳои мураккаб ифода карда мешаванд: акустический излучатель – садоафкан
  • Як мафҳумро бо ду истилоҳи ҳаммаънои тоҷикӣ ифода кардан мумкин аст, агар онҳо муродиф бошанд: арена– саҳна, майдон; ось – меҳвар, тир.
  • Ҳангоми қабули истилоҳҳои нав сермаъноии калимаро ба назар гирифтан мумкин аст, зеро истилоҳоти русӣ ё аврупоӣ вобаста ба мавқеи худ бо якчанд истилоҳи забони тоҷикӣ ифода карда мешавад. Агар истилоҳ омоним бошад, дар ин маврид яке аз омонимҳо тарҷума ва омоними дигар бе ҳеҷ тағйирот гирифта мешавад:

барабан  мусиқӣ нақора, табл техникӣ барабан меъморӣ устувона

  • Қисме аз истилоҳоти байналмилалии химия бе тарҷума ба шакли маъмулии худ истифода мешаванд:

оксиген    на кислород

сулфур     на      сера

карбогидратҳо      на      углеводи

  • Баъзе унсурҳои калимасозии юнонию лотинӣ (унсурҳои истилоҳоти стандартии байналмилалӣ), ки дар истилоҳоти русӣ, аврупоӣ ва ғ. мавҷуданд, ки дар забони тоҷикӣ низ бетағйир мондаанд:

миллиампер – миллиампер

  • Истилоҳҳое, ки аз забони русӣ иқтибос шуда, суффиксҳои исму сифатсоз доранд, дар забони тоҷикӣ бетағйир истифода мешаванд: авиатор, аспирантура, докторантура, ординатура.
  • Баъзе суффиксҳои забони ҳозираи русӣ, ки дар исм ва сифат ҳастанду забони тоҷикӣ дохил нашудаанд, мувофиқи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ифода меёбанд:

- арный молекулярный молекулярӣ

- изатция политехнизатция политехниконидан

- ист таркторист тракторрон

- фикация радиофикация радиогузаронӣ

- щик арматурщик арматурчӣ

- онный конструкционный конструксионӣ

Истилоҳшинос зимни гирдоварии истилоҳот агар ба аз фарҳангу луғатномаҳо, маълумотномаҳо ва стандартҳо истифода барад. Он гоҳ таъриф (дефинитсия) дар ёфтани муодилҳои тоҷикии истилоҳ мусоидат менамояд.

Калка (Тарҷумаи таҳтуллафзӣ). Калка дар забони тоҷикӣ яке муҳимтарин воситаи ғанӣ гардони истилоҳоти илмӣ-техникӣ маҳсуб меёбад. Он дар луғатҳо ба маънии  тарҷумаи ҳарф ба ҳарфи калимаҳо шарҳ гардидааст. Оид ба ин масъала луғатшиносони тоҷик Бердиева Т. ва Шаропова А.Н. корҳои таҳқиқотӣ анҷом додаанд. Аҳамияти тарҷумаҳои таҳтуллафзии истилоҳоти илмӣ-техникӣ аз он иборат аст, ки истилоҳоти иқтиобсӣ аз забонҳои дигар  намунаи қолабии термин дар забони асосӣ фаҳмида мешавад, аз ин хотир барои коркарди истилоҳ аз усулҳои калимасозӣ ва иборасозӣ истифода мешавад: лимфа, аборт, абдомен ва ғ.

  1. Тарҷумаи маъноӣ. Дар забони адабии илмӣ-техникӣ бо истифода аз ин усул ба мазмуну мундариҷаи истилоҳи илмӣ-техникӣ диққат ва ё дар холати дигар тағйироти сохтори истилоҳ  риоя мешавад: мушаки сина, мушакҳои рўй, қафаси сина ва ғ.

Остеопороз – бемории ба таври васеъ паҳншудаи метаболии  скелети пайдоишаш бисёромила мебошад, ки механизми инкишофи он аз ихтилоли таносуби равандҳои амсиласозии такрории устухон: резорбсияи устухонҳо ва устухонҳосилшавӣ иборат аст. Ҳоло имкониятҳо барои ташхиси барвақтии остеопороз мавҷуданд, ки барои гузаронидани табобати мувофиқ ва саривақтӣ ва  пешгирӣ намудани пайдоиши шикастани устухонҳо  имконият медиҳад.

Дар беморони мубталои тиреотоксикоз дар шароитҳои норасоии йод зичии минереалии бофтаи устухонҳо ба таври эътимоднок паст аст, басомади остеопороз ва остеопения бошад, дар муқоиса бо нишондиҳандаҳои ҷомеавии ашхоси синни мувофиқ баланд аст. Пастшавии зичии минералии бофтаи устухонҳо дар беморони мубталои тиреотоксикоз ҳам дар занони баъди таъхири ҳайз ва ҳам функсияи нигоҳдошташудаи ҳайз  ошкор карда шуд. Алоқаи байниҳамдигарии иллатҳои устухон бо серфарзандӣ дар анамнез қайд карда шудааст. Ҳангоми таҳлили нишонаҳои метаболизми устухонҳо тез шудани мубодилаи устухонҳо, махсусан резорбсияи устухонҳо ошкор карда шуд. Беҳтаршавии эътимоднокии ҳолати бофтаи устухонҳо муқаррар карда шуд, ки бо зиёдшавии зичии минералии устухонҳо ҳангоми гузаронидани табобати тафриқанок бо доруҳои қатори остеотропӣ зоҳир мегардад. Дар ин маврид вазифаи муҳими табиб донистани механизми таъсири доруҳои алоҳида ва хусусияти остеопороз дар беморони мубталои тиреотоксикоз, ба таври фардӣ интихоб намудани нақшаи муолиҷа ва бовар кунондани патсиент ба зарурияти муолиҷаи дуру дароз ва пешгирии остеопороз мебошад.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2