Жанрҳои услуби илмӣ
а) гузориш, реферат, навиштани лексия, конспект, тезис, аннотатсия;
б) нутқи айнан ва мазмунан нақлшуда дар услуби илмӣ.
Мақсади дарс: Ба донишҷўён дар бораи жанрҳои услуби илмӣ ва тарзи навиштани гузориш, реферат, тезис, лексия, конспект, аннотатсия, инчунин мақсад ва мавқеи истифодаи нутқи айнан ва мазмунан нақлшуда дар услуби илмӣ маълумот додан.
Вазифаҳо:
- маълумот дар бораи услуби илмӣ:
гузориш, реферат, навиштани лексия, конспект, тезис, аннотатсия;
- мақсад ва тарзи навиштани гузориш, реферат, ҷамъоварии мавод, истифодаи маводҳои гирдовардашуда;
-маълумот дар бораи нутқи айнан ва мазмунан нақлшуда;
- мақсад ва тарзи дурусти истифодаи нутқи айнан ва мазмунан нақлшуда дар услуби илмӣ – мақола, реферат, гузориш...
Натиҷаҳои интизорӣ:
Ба даст овардани дониши мукаммали донишҷўён дар бораи жанрҳои услуби илмӣ, тарзи навиштани реферат, гузориш, лексия, конспект, тезис ва мувофиқи мақсад ба мавқеъ истифода намудани нутқи айнан ва мазмунан нақлшуда дар услуби илмӣ.
Мўҳтавои дарси амалӣ:
Гуногунии жанри услуби илмӣ пеш аз ҳама бо мавҷуд будани матнҳои гуногун дар он асоснок карда шудааст. Мутахассисони маданияти сухан миқдори зиёди зеруслуби илмиро ҷудо мекунанд ва онҳоро чунин номгузорӣ мекунанд: хоси илмӣ; илмӣ-иттилоотӣ, илмӣ-таълимӣ, илмӣ-маълумотӣ, илмӣ-оммавӣ.
Ба таснифоти мазкур эътино намуда, баёни матнҳои илмии жанрҳои гуногуни ба намудҳои ҷудокардашудаи услуби илмӣ мувофиқро пешниҳод менамоем;
а) нутқи услуби илмӣ: таснифоти функтсионалӣ-услубӣ, таснифоти жанрӣ.
б) хоси услуби илмӣ: рисола, мақола, гузориш, кори курсӣ, кори дипломӣ, рисола;
в) илмӣ-ахборотӣ: реферат, аннотатсия, конспект, тезисҳо…
г) илмӣ-маълумотӣ: луғат, маълумотнома, каталог;
ғ) таълимӣ-илмӣ: китоб, луғат, дастурҳои методӣ, лексия, конспект, аннотатсия;
д) илмӣ-оммавӣ; очерк, китоб, лексия, мақола.
Матнҳои илмии жанрҳои гуногун аз рўйи нақшаи мантиқии ягона сохта мешаванд. Асоси ин нақшаро ҷавҳари асосӣ - тасдиқкунии фикр, ки асоснок бошад, талаб мекунад. Тезис дар худ предмети нутқ (мўҳтавои матн) ва аломати асосии таҳлилкунандагиро дорад. Бурҳони асосии тезис далелҳо (факту асосҳое, ки гузаронида шудаанд), ки миқдорашон аз жанр ва ҳаҷми матни илмӣ вобаста аст, маҳсуб мешавад.
Матнҳои хоси услуби илмӣ бо хулоса (резюме), ки дар он баҳои таҳлилии тадқиқоти гузаронидашуда мавҷуд аст, хотима меёбад.
Жанрҳои асосии нутқи услуби илмӣ-иттилоотиро реферат, аннотатсия конспект ва тезисҳо ташкил медиҳанд.
Реферат баёни аз ҷиҳати мазмун ҳаммонанди мактни аввалия буда, маълумоти асосии дар сарчашмаи аввалия буда, хабарҳои нав ва маълумотҳои мавҷударо инъикос мекунад.
Дар сохтори ҳар гуна реферат се ҷузъи асосӣ- номгўйи адабиёт, матни хоси реферат, дастгоҳи маълумотдиҳӣ оварда мешавад.
Аннотатсия тавсифи мухтасар ва кўтоҳи китоб (мақола ё маҷмўа), мўҳтаво ва таъиноти он мебошад. Дар аннотатсия масъалаҳои асосӣ, проблемаҳои аввалияи матн, баъзан тавсифи сохтор ва композитсияи он номбар карда мешавад. Маъмулан аннотатсия аз ҷумлаҳои сода иборат буда, ду қисмати асосӣ дорад:
а) тавсифи мўҳтавои сарчашмаи асосӣ, мақсади муаллиф;
б) мухотаби матни аннотатсияшаванда.
Конспект шакли махсуси матни сонавӣ, ки дар асоси коркарди маълумоти аналитикӣ-синтетикӣ, ки дар матни аввалӣ мавҷуд аст, тайёр карда мешавад. Ҳангоми конспект кардан ҳатман маводҳои нав ва муҳимро интихоб карда, онро бо маълумотҳои кўҳнашуда вобаста ба мантиқи таълифот муқоиса кардан мебояд. Конспект бояд дорои мўҳтаво, мазмун ва пуррагии сохтор бошад. Конспект аз назари ҳаҷм (сатҳи афшурдагӣ) метавонад кўтоҳ, муфассал ё омехта бошад.
Навъҳои зерини конспектро ном мебаранд: план-конспект, нақша-конспект, конспекти матнӣ.
Тезис ин ифодаи мухтасари сурати гузориш ва мақолаи илмӣ мебошад. Аз рўйи маводҳои пешниҳодшуда ва мўҳтаво тезисҳо чӣ асари асосии илмӣ ва чӣ матни дуюмдараҷа бошанд, монанди аннотатсия, реферат ва конспект. Дар тезис мавзўи мазкур кўтоҳ ва мантиқан навишта мешавад.
Тезисҳо сохтори меъёрии ҷидии мўҳтавоӣ-композитсионӣ доранд, ки аз муқаддима, сурати асосии тезисӣ, тезиси хотимавӣ иборат ааст.
Нутқ асосан бо ду роҳ нақл мешавад: айнан ва мазмунан. Дар забон ҳодисаи ба тарзи омехта – айнан ва мазмунан нақл кардан низ маъмул аст.
Аломати муҳимтаринии нутқи айнан нақлшуда ҳар чӣ мукаммалтар дар бар гирифтани на танҳо мундариҷаи гуфтаҳои каси дигар, балки тарзи суханронӣ, тобишҳои ноаёни маъноӣ, интонатсия, хусусиятҳои савтӣ ва оҳанги гуфтор аҳамият дода мешавад.
Дар нутқи айнан унсурҳои луғавии хоси забони зинда (калимаҳои гуфтугўӣ, шевагӣ, хоси ҳар касбу ҳунар, суханони бегона, алфози дурушт, воҳидҳои фразеологӣ, зарбулмасалу мақол…) ба эътибор гирифта мешавад. Дар нутқи айнан ҷилоҳои маъноии калимаю ифодаҳо, обуранги бадеӣ ва эмотсионалию услубии онҳо, воситаи ороиши сухан, ки дар забони зинда маъмуланд, инчунин ҷиҳати фардии гуфтори одамони ҷудогона ва гурўҳҳои иҷтимоӣ ба қадри микон инъикос меёбад.
Кор фармудани мухотаб, калима, ибора ва ҷумлаҳои туфайлӣ низ яке аз аломатҳои муҳими характерноки нутқи айнан нақлшуда ҳисоб меёбад.
Нутқи мазмунан нақлшуда - мазмуни гуфтаҳои касе мухтасар аз забони худ ба шунаванда нақл карда мешавад, ки чунин тарзи баёнро нутқи мазмунан нақлшуда меноманд. Дар ин усули нақл гуногунии таркиби калимот, рангорангии интонатсия, ҷиҳати эмотсионалӣ аз байн рафта, мундариҷаи асосии фикр дар қолибҳои маъмулии забон ба тарзи мўтадил ифода мешавад.
Дар ҳар ду усули нақл ҳам байни суханони муаллиф ва гуфтаҳои каси дигар алоқамандии маъноӣ ва грамматикӣ дида мешавад, вале ин алоқа дар нутқи айнан нақлшуда танҳо бо ёрии интонатсия, дар нутқи мазмунан нақлшуда бошад, ба воситиаи пайвандак ифода меёбад, бинобар ин дар ҳолати дуюм муносибати ҷузъҳои нақл равшантар ва алоқаашон марбуттар мегардад.
Дар услуби илмӣ нисбат ба нутқи айнан нақлшуда нутқи мазмунан нақлшуд бештар истифода мешавад.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё