Зеҳн

Демография

ЗЕ
Зеҳн12 сентябри 2026 · 5 дақиқа хондан

Мафҳуми «Демография» ва вазъи демографӣ дар Тоҷикистон

Демография калимаи юнонӣ буда, маънои «демос» — «халқ» ва «графос» — «менависам»-ро дорад.

Вазъи демографӣ ҳолати демографии ноҳия ва ё мамлакат мебошад, ки ба воситаи як гурӯҳ нишондиҳандаҳо муайян карда мешавад. Ба ин гуна нишондиҳандаҳо сатҳи мавҷудаи таваллуд, фавт, никоҳ ва талоқи аҳолӣ, дарозумрӣ ва амсоли ин дохил мешавад. Ин нишондиҳандаҳо барои додани баҳо ба вазъи демографӣ, муайян кардани ҳолати мавҷудаи бозтавлиди аҳолии ноҳия ё мамлакат асос шуда метавонанд.

Вазъияти демографӣ дар Тоҷикистон дар муддати дуру дароз зери таъсири ду гурӯҳи омилҳо ба миён омадааст. Омилҳои гурӯҳи якум ба таъмин намудани бозтавлиди матлуби аҳолии ҷумҳурӣ вобастагӣ доранд. Дар Тоҷикистон нишонаҳои шакли бозтавлиди анъанавии аҳолӣ то имрӯз боқӣ мондаанд, ба монанди: нишондиҳандаҳои баланди таваллудкунии аҳолӣ ва нисбатан пасти фавти аҳолӣ, лекин дар нисбати ин баланд будани нобудшавии кӯдакон, баланд будани сабабҳои анъанавии фавти аҳолӣ, суст будани ҷойи истиқомативазкунӣ, паст будани дараҷаи шаҳршавӣ (урбанизатсия) ва ғайра.

Ба омилҳои гурӯҳи дуюм муҳоҷирати аҳолӣ ба дохили кишвар ва аз кишвар ва сатҳи зиндагии оила ва ҳифзи давлатии он алоқаманд аст.

Умуман, вазъи демографӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои хусусиятҳои зерин аст:

  • сатҳи зиёдшавии аҳолӣ;

  • дараҷаи баланди фавти аҳолӣ ва гирифторшавӣ ба касалиҳои узвҳои нафасгирӣ ва сирояткунанда;

  • паҳншавии амалияи танзими оила;

  • нигоҳ доштани вазни қиёсии баланди ҷавонон дар байни аҳолӣ ва бо суръати баланд афзоиш ёфтани захираҳои меҳнатӣ;

  • пурзӯр гаштани муҳоҷирати аҳолии маҳаллӣ аз шаҳр ва ноҳияҳои гуногуни кишвар;

  • камшавии шумораи мутлақи аҳолии шаҳрҳо.

Масъалаи никоҳ

Дар соли 2000 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 257 ақди никоҳ, ё ин ки 4,2 никоҳ ба ҳар сари 1000 нафар аҳолӣ ба қайд гирифта шудааст. Ин рақамҳо нисбат ба соли 1991 беш аз 2 маротиба кам мебошанд, ки аксарияти ин ақдҳои никоҳ бори аввал баста шудаанд.

Яке аз нишондиҳандаҳои муҳими вазъи никоҳ синни миёнаи ба ақди никоҳ даромадагон мебошад. Сарфи назар аз дигар ҷиҳатҳои масъала, ин нишондиҳанда яке аз омилҳоест, ки сатҳи таваллуди аҳолиро муайян менамояд.

Дар миёнаи солҳои 1979–1985 синни никоҳ дар байни занҳо аз 20,6-солагӣ то ба 20,8-солагӣ расид. Дар байни мардҳо бошад, мувофиқан аз 23,2 то ба 23-солагӣ расид. Ҳисоби миёнаи ин нишондиҳанда дар ИҶШС соли 1985 мардҳо 24,2 ва занҳо 21,9-солагиро ташкил мекард.

Ақди никоҳ бастан ҳодисаи табиӣ ва амри воқеӣ мебошад. Сарфи назар аз ин, бо сабабҳои гуногун як қисми аҳолӣ ба никоҳ намедарояд, ки ин ба сатҳи бозтавлиди аҳолӣ таъсир мерасонад.

Масъалаи талоқ

Талоқ дар Тоҷикистон яке аз масъалаҳои ташвишовар аст. Аз рӯи ҳисобҳои омории Шӯравӣ танҳо дар як соли 1988 дар Тоҷикистон бо сабаби талоқ 7509 оила вайрон шудааст. Лекин дар солҳои минбаъда ин рақам рӯ ба камшавӣ овардааст.

Дар соли 2000 ҳамагӣ 2358 оила вайрон шудааст, ки ин ба ҳар сари 1000 нафар аҳолии ҷумҳурӣ ҳамагӣ 0,4 талоқ рост меояд. Дараҷаи рух додани талоқ дар Тоҷикистон тақрибан аз соли 1990 хеле кам шудааст.

Дараҷаи пасти вайроншавии оилаҳо бо роҳи талоқ нишондиҳандаи устувории оила буда, шарти муҳими бозтавлиди мӯътадили аҳолӣ аст. Дар Тоҷикистон солҳои 1991–2000 яке аз сабабҳои асосии барҳамхӯрии оилаҳо дар натиҷаи фавтидани зан ва ё шавҳар рӯй медод. Хусусан, вафоти бештари мардҳо ба зиёдшавии бевазанҳо оварда расонид.

Масъалаи таваллуд

Аз соли 1989 сатҳи таваллуд дар Тоҷикистон рӯ ба пастшавӣ оварда, он ба дараҷаи соли 1980 наздик шуд. Дар солҳои 1980–1989 афзоиши таваллуд ба мушоҳида расид. Ҳамин тариқ, дар соли 1986 ба 1000 нафар 42 таваллуд рост омад.

Дар баъзе ҷойҳо, масалан, дар минтақаҳои Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа, дар соли 1989 ба ҳар сари 1000 нафар 46 таваллуд рост омад. Вале аз соли 1991 то соли 2000 ин нишондиҳанда бо тезӣ поён фуромадан гирифт. Ин аст, ки дар соли 2000 ба ҳар сари 1000 нафар аҳолӣ 27 таваллуд рост омад.

Масъалаи фавт ва дарозумрии аҳолӣ

Дар аввали солҳои 80-ум дар ҶШС Тоҷикистон нишондиҳандаи дарозумрии аҳолӣ тамоюли баландшавӣ дошта, ин ҳолат тахминан то солҳои 1986–1987 давом кард. Вале соли 2000 нисбат ба соли 1991 ин нишондиҳанда аз 70,5 то ба 68,4 сол паст шуд.

Дар байни мардҳо ин рақам мувофиқан аз 67,6 то 66,1 сол паст фуромад, дар байни занҳо бошад, ин нишондиҳанда аз 73,2 соли 1991 дар соли 2000-ум то ба 70,8 сол паст фуромад. Чӣ тавре ки ба мушоҳида мерасад, аз рӯи ин нишондиҳанда занҳо дар вазъи беҳтар қарор доранд.

Боз бармегардем ба даврони Шӯравӣ. Дар ИҶШС ба ҳисоби миёна дарозумрии аҳолӣ соли 1988 — 69,5, аз он ҷумла мардҳо — 64,8 сол ва занҳо — 73,6 сол буд.

Агар ин рақамҳоро бо рақамҳои марбутаи мамлакатҳои хориҷӣ муқоиса кунем, пас маълум мегардад, ки дар масъалаи дарозумрӣ ИҶШС ҷойи на чандон намоёнро ишғол мекардааст. Масалан, дарозии умр дар як қатор мамлакатҳои хориҷӣ соли 1986 чунин буд: дар Австрия мардҳо 71,8 сол ва занҳо 77,8 сол, дар ЧФО мардҳо 71,9 сол ва занҳо 78,5 сол, дар Швейсария мардҳо 73,8 сол ва занҳо 80,6 сол; дар Ҷопон мардҳо 75,0 сол ва занҳо 81,0 сол.

Муҳоҷирати аҳолии Тоҷикистон

Дараҷаи муҳоҷирати аҳолӣ барои суръати бозтавлиди аҳолӣ аҳамияти калон дорад. Муҳоҷират раванди ҷойивазкунии аҳолӣ берун аз сарзамини худ мебошад.

Дар солҳои 1976–1986 миқдори бақияи манфии муҳоҷират аз 1,2 то 10,2 ҳазор одам расид. Муҳоҷират махсусан дар солҳои 1991–2000 хеле афзуд. Танҳо дар як соли 2000-ум аз Тоҷикистон зиёда аз 14,4 ҳазор нафар кӯч бастаанд.

Барои аз шаҳр ва ноҳия рафтани коргарон ва мутахассисон вазъиятҳои шиддатноки сиёсӣ, иқтисодӣ, маданӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дошт, таъсири бевосита расонид. Ин раванд нишон дод, ки пешрафти иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон ба кадрҳои баландихтисос вобаста мебошад, яъне феълан аз ҳисоби аҳолии маҳаллӣ тайёр кардани кадрҳои баландихтисос барои таъмини мустақилияти кадрии кишвар аҳамияти махсус пайдо кардааст.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2