Калимаҳои сермаъно
Калимаҳои сермаъно, маҳдудмаъно;
маънои аслӣ ва маҷозии калимаҳо;
синоним, омоним, антоним
Маънои аслӣ он аст, ки калима ашёро бе иштироки маъноҳои дигар ифода мекунад: об, кӯҳ, хок, дарахт ва ғ.
Қисме аз калимаҳои забон як маъноро ифода мекунанд, онҳоро калимаҳои якмаъно ва ё моносемия меноманд. Моносемия калимаи юнонӣ буда, аз «моно» — як ва «семия» — маъно таркиб ёфтааст. Якмаъноӣ асосан хоси истилоҳ мебошад.
Маънои маҷозӣ гуфта, онро меноманд, ки ашё бевосита не, балки ба воситаи ба ашёҳои дигар муқоиса кардан ифода меёбад: дарёи чуқур — фикри чуқур, девори сафед — бахти сафед, кӯҳи баланд — сари баланд ва ғ.
Маҷоз яке аз муҳимтарин воситаҳои каломи бадеист. Вай на танҳо ба мухтасарбаёнӣ, инчунин барои пурра ва ҷозибаноктар тасвир намудани ашё аз ҳодисаҳои гуногун ба шоир ва нависанда имконоти матлубе медиҳад, ки ин боиси бою дилчасп гардидани забонамон гаштааст:
Деҳқони солхӯрда чӣ хуш гуфт бо писар,
К-эй нури чашми ман, ба ҷуз аз кишта надравӣ.
Яке аз барҷастатарин ва зеботарини маҷозҳо маҷози мурсал мебошад. Маънои калимаи мурсал равон, мӯъҷаз ва сода аст.
Маънои маҷозии калима боиси инкишофи маънои аслӣ мешавад ва ин сабаби пайдоиши сермаъноӣ мегардад.
Дар забони тоҷикӣ гурӯҳи калони калимаҳо мавҷуданд, ки як калима чанд маъноро ифода мекунад. Ин гуна калимаҳоро дар забоншиносӣ полисемия меноманд. Полисемия калимаи юнонӣ буда, бисёрмаъноӣ ва ё сермаъноиро ифода мекунад. Сермаъноӣ хусусияти калимаҳои решагии забон мебошад. М.: калимаи «реша» дар забони тоҷикӣ чунин маъноҳо дорад: решаи калима, решаи дандон, решаи дарахт ва ғ.
Хусусияти муҳимтарин ва барҷастаи полисемия он аст, ки тамоми калимаҳои ба он дохилшаванда умумияти маъно доранд.
Метафора калимаи юнонӣ буда, ба маънои маҷозӣ омадани калимаҳост. сари одам, сари кӯҳ, сари дарахт, сари замин, сари ҷӯй ва ғ.
Метонимия калимаи юнонӣ буда, ба маънои маҷозӣ омадани калимаҳо вобаста ба фазову вақт ба амал меояд. Дар метонимия ду ашёи ба ҳам алоқаманд як ном доранд, яъне бо як калима ифода карда мешаванд:
Осиё бедор шуд, бедор, тарки хоб кард,
Ростиву дӯстиро оқибат дарёб кард.
**Турсунзода
Калимаи «Осиё» ду мафҳумро ифода кардааст: яке номи қитъаи олам, дуюмин аҳолии он қитъа.
Синекдоха калимаи юнонӣ буда, маънояш зимнан ба хаёл овардан аст. Хусусияти хоси ин намуди сермаъноӣ он аст, ки бо ном гирифтани кул ҷузъ ва ё баръакс ҷузъ ном гирифта шуда, кул фаҳмида мешавад:
«Баъд аз сари ӯ писараш ҳавлиро фурӯхт.»
Дар ин ҷумла номи яке аз узвҳо — сар — шахсро иваз кардааст.
Ё ин ки:
Бе заҳмату ранҷ нон намебояд хӯрд,
Як луқма ба ройгон намебояд хӯрд.
Ноне, ки бувад ҳосили ранҷи дигарон,
Гар ҷон биравад аз он намебояд хӯрд.
**Лоҳутӣ
Дар ин байт мақсад аз калимаи «нон» ризқу рӯзӣ, воситаи зиндагист, ки ҷузъ маънои кулро ифода кардааст.
Фарқи байни сермаъноӣ аз омоним дар он аст, ки калимаҳои интихобшуда муносибатҳои маъноиро нишон надиҳанд.
Калимаҳое, ки шаклашон якхела буда, маънояшон аз ҳамдигар фарқ мекунад, омоним ном дорад: чанг — асбоб, чанг — чангу ғубор, хома — қалам, хома — тӯдаи хок, шаст — рақам, шаст — шасти моҳигирӣ…
Омоним аз калимаҳои юнонии onuma — ном ва homos — якхела гирифта шудааст:
Ман ки имрӯз ҳалоки дами ҷонбахши туям,
Дами Исо чӣ кунам, чун дами ту ин дам нест.
**Ҳофиз
Исо — нафаси зиндакунандаи Исо-пайғамбар, дами ҷонбахш — висоли ёр, ин дам — ҳоло, ин замон. Омонимро дар адабиёт таҷнис мегӯянд.
Омофон гуфта, калимаҳои гуногунеро меноманд, ки аз рӯйи талаффуз пурра бо ҳам мувофиқ омада, дар навишт каме аз ҳам фарқ мекунанд. Мисол: шер — шеър, шӯла — навъи таом, шӯъла — равшанӣ.
Омограф гуфта, калимаҳои гуногунеро меноманд, ки аз рӯйи навишт бо ҳам мувофиқат карда, дар талаффуз аз ҳам фарқ мекунанд: бино — бино, сӯзон — сузон, чаро — чаро ва ғ.
Чаро н-ояд оҳуи симини ман,
Ки бар чашм кардамаш ҷойи чаро.
**Ғазоирӣ
Омоформ — яке аз калимаҳо дар шакли пурра меояд ва калимаи дигар дар шакли грамматикиаш ба он ҳамоҳанг мешавад: дон — дона, дон — феъли фармоиш, дида — чашм, дида — дидан.
Синоним калимаи юнонӣ буда, synonymos — ҳамномҳо мебошад.
Калимаҳое, ки шаклашон дигару маънояшон ба ҳам наздик аст, синоним номида мешаванд. Вожаи муродиф низ ба ҳамин маъно дар забони тоҷикӣ истифода мешавад: бахт, саодат, толеъ, иқбол, тақдир.
Синонимҳо яке аз аломатҳо ва ё нишонаи асосии бойгарии забон буда, яке аз беҳтарин воситаҳои баёни тобишҳои маъноии мафҳум, ҳолат ва рӯҳияи шахс мебошанд ва барои аз такрори калима худдорӣ намудан, инчунин саҳеҳию равшании суханро таъмин менамоянд.
Роҳҳои пайдоиши синонимҳо:
-
Ба воситаи калимасозӣ: қодир, пурқувват, муқтадир, қудратнок ва ғ.
-
Аз ҳисоби калимаҳои лаҳҷавӣ: сабзӣ — бехӣ, зарҷома, зардак…
-
Аз ҳисоби эвфемизм:
Вулгаризм Эвфемизм
кӯр қорӣ, нобино, оҷиз
мурд вафот кард, бандагиро ба ҷо овард
- Аз ҳисоби калимаҳои иқтибосӣ:
Тоҷикӣ — арабӣ:
-
доно — олим
-
душман — хасм
Тоҷикӣ — туркию ӯзбекӣ:
-
абрӯ — қош
-
деҳа — қишлоқ
Тоҷикӣ — русӣ:
-
донишҷӯ — студент
-
рӯзнома — газета
Ҷуфти синонимҳо барои боз ҳам пуробуранг гардидани нутқи мо лозим мебошад: меҳру муҳаббат, ҷабру ситам, сидқу вафо, шодию хурсандӣ.
Антоним аз калимаи юнонии anti — зид ва onuma — ном гирифта шудааст: ҷанг — сулҳ, калон — хурд, паст — баланд, дур — наздик.
Антонимро тазод низ мегӯянд. Антонимҳо се хел мешаванд:
Антонимҳои лексикӣ
Ба ин гурӯҳ калимаҳои зидмаъное дохил мешаванд, ки онҳо берун аз матн ҳам хусусияти зидмаъноии худро нигоҳ медоранд: рӯз — шаб, ғам — шодӣ, нек — бад:
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун,
Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун.
Дар забон на танҳо калимаҳо зидмаъно мешаванд, балки маъноҳои як калима низ антоним мегарданд: калимаи «бебаҳо» маънои антонимӣ дорад: бебаҳо — қимат, бебаҳо — беарзиш; сазо ба маънии сазовор, сазо ба маънои ҷазо.
Дар забони тоҷикӣ антонимҳое низ ҳастанд, ки вобаста ба шароит ва ё матн хусусияти антонимӣ пайдо мекунанд. Калимаи «зард» ба «сурх» зидмаъно нест, вале дар тасвири нависанда антоним шуда метавонанд: «Ранги зард ба рӯйи сурх, ҳазинӣ ба қаҳ-қаҳи баланд бадал шуд».
Антонимҳо яке аз воситаҳои хеле муҳими услубӣ буда, ифоданоку образнок баромадани суханро таъмин менамоянд.
Портрети Лайлӣ аз «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Низомӣ
Буд аз садафи дигар қабила,
Носуфта дуреш ҳамтавила:
Офатнарасида духтаре хуб,
Чун ақл ба номи нек мансуб.
Ороста лӯъбате чу моҳе,
Чун сарви сиҳӣ назорагоҳе.
Шӯхе, ки ба ғамзаи камина,
Суфтӣ на яке, ҳазор сина.
Оҳучашме, ки ҳар замоне,
Куштӣ ба карашмае ҷаҳоне.
Моҳи арабӣ ба рух намудан,
Турки аҷамӣ ба дил рабудан.
Зулфаш чу шабе, рухаш чароғе,
Ё машъалае ба чанги зоғе.
Кӯчакдаҳане, бузургсоя,
Чун тунги шакар фарохмоя.
Шаккаршикане ба ҳар чӣ хоҳӣ,
Лашкаршикан аз шакар чӣ хоҳӣ?
Таъвиз миёни ҳамнишинон,
Дархӯрди канори нозанинон.
Маҳҷубаи байти зиндагонӣ,
Шаҳбайти қасидаи ҷавонӣ.
Иқди занах аз х(в)аш ҷабинаш,
В-аз ҳалқаи зулфи анбаринаш.
Гулгуна зи хуни ширпарвард,
Сурма зи саводи модар овард.
Бар риштаи зулфу иқди холаш,
Афзуда ҷавоҳири ҷамолаш.
Дар ҳар диле аз ҳавош майле,
Гесӯш чу лайлу ном Лайлӣ.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё