Зеҳн

СИСТЕМАИ ТЕРМИНОЛОГИЯ. АСОСҲОИ ТАШАККУЛИ СИСТЕМАИ ИСТИЛОҲОТИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

ЗЕ
Зеҳн12 сентябри 2026 · 6 дақиқа хондан

Ба донишҷўён дар бораи системаи истилоҳот, асосҳои ташаккули системаи истилоҳот, макро ва микросистемаҳо маълумот додан.

Натиҷаҳои ниҳоӣ: Ҳосил намудани дониши амалӣ оид ба системаи истилоҳоти тиббӣ.

Термин марбути системаи муайяни терминологӣ буда, ба ин ё он соҳаи илм, техника, истеҳсолот дохил мешавад ва мазмуни он бо мавқеи он дар система муайян карда мешавад. Хар як истилоҳ дар қатори истилоҳоти дигари он соҳа таърифи (дефинитсияи) худро (муайянкунии аниқи илмӣ) дорад. Истилоҳҳо баръакси калимаҳои «муқаррарии» забон дар дохили майдони терминологии худ якмаъно мебошанд; худи ҳамон як калима метавонад истилоҳи соҳаҳои гуногуни илм гардад, вале ин сермаъноӣ (полисемия) не, балки омонимия  мебошад. Масалан, истилоҳи морфология дар забонишносӣ, тиб, ботаника ва ғайра. Истилоҳҳо аз лексикаи умумӣ ҳамчунин бо он фарқ мекунанд, ки онҳо бо консепсияи муайяни илмӣ алоқаманданд: дар истилоҳот натиҷаи тадқиқотҳои илмӣ ва дарки назариявии онҳо инъикос меёбад.

3. Система мафҳум ва терминосистема

Мафҳуми махсус (истилоҳ) худ аз худ, ҷудо дигар аз дигар мафҳумҳо (истилоҳҳо) вуҷуд надорад. Вай ҳамеша ҷузъи муайяни системаи мафҳумҳо (системаи истилоҳҳо)  мебошад.

Терминология – ин маҷмўи истилоҳот дар доираи забони муайяни касбӣ мебошад, вале на маҷмўи муқаррарӣ, балки маҳз система –терминосистема (системаи истилоҳот) мебошад. Ҳар як истилоҳо дар он ҷойи қатъии муайяни худро дошта, ҳамаи терминҳо якҷоя ба ин ё он тариқ, бевосита ё бавосита ба ҳамдигар алоқаманданд.  Масалан, баъзе аз намунаҳои таърифот (дефинитсия), ки ин фарзияро тасдиқ мекунад . «Серотонин – моддаи фаъоли биологӣ аз гурўҳи аминҳои биогенӣ; дар тамоми бофтаҳо, асосан роҳи ҳозима ва системаи марказии асаб, инчунин дар тромбоситҳо мавҷуд аст; нақши медиаторро дар баъзе аз синапсҳо ва дар инкишофи баъзе аз аксуламалҳои аллергӣ мебозад». «Технологияҳои кўмакрасони  репродуктивӣ (минбаъд - ТКР) – ин усулҳои табобати безурётӣ мебошанд, ки ҳангоми он марҳилаҳои алоҳида ё ҳамаи марҳилаҳои бордоршавӣ ва инкишофи барвақтии эмбрионҳо дар хориҷи организм ба амал бароварда мешавад

4. Терминологияи тиббӣ – системаи  системаҳо

Терминологияи муосири тиббӣ – ин  системаи системаҳо ё макротерминосистема мебошад. Тамоми маҷмўи истилоҳҳои тиббӣ ва паратиббӣ якчанд ҳазорро ташкил медиҳанд. Мундариҷаи терминологияи тиббӣ хеле гуногунранг аст: ҳосилаҳо ва равандҳои морфологӣ, ки барои организми одам ҳангоми меъёр ва ҳангоми иллатҳо дар марҳилаҳои гногуни инкишофи онҳо хосанд; бемориҳо ва ҳолатҳои эътилолии одам; шакли ҷараёнёбӣ ва аломатҳои онҳо  (симптомҳо, синдромҳ), барангезандаҳо ва ҳомилони бемориҳо; омилҳои муҳити атроф, ки ба организми инсон таъсири мусбат ё манфӣ мерасонанд; нишондиҳандаҳои меъёр ва баҳодиҳии беҳдоштӣ; усулҳои ташхис, пешгирӣ ва муолиҷаи терапевтии бемориҳо; дастрасиҳои ҷарроҳӣ ва амалиётҳои ҷарроҳӣ; шаклҳои ташкилии  расонидани кўмаки муолиҷавию профилактикӣ ба аҳолӣ ва хадамоти санитарию эпидемиологӣ; дастгоҳҳо, таҷҳизот, ва дигар воситаҳои техникӣ, мебелҳои таъиноташон тиббӣ; маводи доруворӣ, ки аз рўи принсипи таъсири фармокологӣ ва самараи терапевтиашон гурўҳбандӣ шудаанд; маводалоҳидаи доруворӣ, растаниҳои шифобахш, ашёи хоми доругӣ ва ғайра .

Макротерминосистема аз қабатҳои гуногун иборат аст. Ҳар як қабат аз зерсистемаи истилоҳот иборат аст, ки ба илмҳои алоҳидаи тиббӣ, биологӣ, фармасевтӣ ё соҳаи илм хизмат мерасонад. Ҳар як истилоҳ ҷузъи ҷузъи зерсистемаи алоҳида мебошад, масалан анатомӣ, гистологӣ, эмбриологӣ, терапевтӣ, ҷарроҳӣ, гинекологӣ, эндокринологӣ, судию тиббӣ, осебшиносӣ, равонпизишкӣ, генетикӣ, ботаникӣ, биохимиявӣ ва ғайра. Ҳар як зерсистема аз таснифоти муайяни мафҳумҳое иборат аст, ки дар илми мазкур қабул  шудаанд. Ҳамзамон истилоҳот аз зерсистемаҳои гуногун бо ҳамдигар таъсир расонда, дар муносибатҳои муайяни маъноӣ ва алоқамандӣ дар зинаи макротерминосистема қарор доранд. Ин тамоюли дутарафаи инкишофро инъикос карда метавонад: аз ҳам фарқ намудани (дифференсатсияи) минбаъдаи илмҳои тиббӣ аз як тараф, бо ҳам алоқамандӣ ва интегратсияи онҳо – аз тарафи дигар. Дар қарни  XX шумораи зерсистемаҳои истилоҳотии махсус зиёд гардиданд, к ибо ташхис, муолиҷа ва пешгирии бемориҳои асосан узву системаҳои алоҳидаро иллатноккунанда алоқаманданд  (пулмонология, урология, нефрология, сексопатология, артрология, гастроэнтерология, ҷарроҳияи абдоминалӣ, ҷарроҳияи асаб ва ғайра). Солҳои охир ҳаҷми луғатҳои махсуси кардиология, онкология, рентгенология, иммунология, вирусологияи тиббӣ, илмҳои соҳаи беҳдоштӣ калон шуда истодааст.

Дар доираи  макротерминосистема зерсистемаҳои зерин нақши асосӣ бозида метавонанд:

  1. номенклатураҳои  анатомӣ ва гистологӣ;

  2. маҷмўи зерсистемаҳои эътилолию анатомӣ, эътилолию физиологӣ ва клиникӣ;

  3. терминологияи фармасевтӣ.

5. Терминологияи фармасевтӣ

Терминологияи фармасевтӣ –  ин номгўи шаклу воситаҳои доругии пайдоишашон набототӣ ва химиявӣ мебошад. Ҳар як маводи нави доругӣ ҳамзамон номи тоҷикӣ ва лотинии худро гирифта метавонад. Номи лотинии он аз тарафи табиб ҳангоми навиштани дорухат ба забони лотинӣ мавриди истифода қарор мегирад.

Доираи маводҳои доруворие, ки имрўз дар тамоми ҷаҳон ва дар Тоҷикистон низ истеҳсол карда мешаванд, даҳҳо ҳазор номгўйро дар бар мегиранд. Ин номгўи моддаҳои химиявии пайдоишашон ғайриорганикӣ ва органикӣ, аз ҷумла синтетикӣ ва нимсинтетикӣ, номгўи растаниҳои шифобахш ва ғайра мебошанд  .

Ҳолати имрўзаи терминологияи забони тоҷикӣ нигаронии муайяни аҳли илми тоҷикро ба амал овардааст. Ҳалли масъала ба андозаи муайян аз омўзиши таҷрибаи афкори илмии ниёгонамон, махсусуан аз давраи истиқлолияти сиёсӣ ба даст овардан дар хилофати араб вобастагӣ дорад. Ошкор намудани ҳолати ҳақиқии забони илм, имкониятҳои он метавонад барои ташаккул ва инкишофи забони нави илм бо системаи тараққикардаи терминологӣ заминаи хубе гардад.

Тадқиқи сарчашмаҳо барои ошкор намудани панҷ  усули интихоб ва истифодаи  терминологияи илмӣ имконият медиҳад:

1. Истифодаи имкониятҳои забони зинда  .

2. Истилоҳшавии калимаву ифодаҳои забони уммиистеъмолӣ.

3. Тарҷумаи терминологияи илмӣ аз забони арабӣ.

4. Сохтани истилоҳот ва воҳидҳои лексикӣ аз забони умумихалқи дар монандӣ бо дигар калимаҳои иқтибосӣ.

5. Иқтибоси истилоҳот аз забонҳои муқтадири илмӣ.

МАТН

Оризаҳои имконпазир ҳангоми гузаронидани ҳомиладории сунъӣ инҳо мебошанд:

  1. синдроми барангезиши зиёди (гиперстимулятсияи) тухмдонҳо;

  2. аксуламалҳои аллергие, ки бо ворид намудани доруҳо барои индуксияи тухмпазиши зиёд ва дастгирии марҳилаи лютеинии давраи барангезишёфтаи  ҳайз  алоқаманданд;

3)хунравиҳои беруна ва дарунӣ;

  1. илтиҳоб шадид ё хуруҷ намудани илтиҳоби музмини узвҳои занонаи ҷинсӣ;

  2. ҳомиладории хориҷибачадонӣ;

  3. ҳомиладории бисёрҷанинаи бачадонӣ ва ҳомиладории гетеротопӣ.

Ба мақсади пешгирии (профилактикаи) оризаҳои акушерӣ ва перинаталӣ, ки бо бисёрҷанинӣ вобастаанд, метавонад ҷарроҳӣ оиди кам намудани имқдори эмбрион/ҷанинҳои инкишофёбанда  - редуксияи эмбрион/ҷанинҳо гузаронида мешавад.

Редуксияи эмбрион/ҷанинҳо фақат ҳангоми мавҷуд будани розигии хаттии иттилоотноки зани ҳомиладор гузаронида мешавад. Миқдори эмбрионҳое, ки бояд редуксия карда шаванд, аз тарафи зан бо тавсияи табиб муайян карда мешавад.

Нишондод барои редуксияи эмбрион/ҷанинҳо бисёрҷанинӣ (3 ва зиёдтар ҷанинҳо); норавоӣ – таҳдиди қатъ шудани ҳомиладорӣ ва бемориҳои шадиди илтиҳобии ҳар гуна мавзеъгирӣ (дар лаҳзаи угзаронидани чорабинӣ)  мебошад.

Ҳаҷми муоинаи барои гузаронидани редуксияи эмбрион/ҷанинҳо зарурӣ: таҳлили клиникии хун ва пешоб, аз ҷумла вақти хадшабандӣ, таҳлили хун барои сифилис, ВНМО, гепатитҳои В ва С, таҳлил барои флора аз пешоброҳа ва канали гарданаӣ ва даарҷаи тозагии маҳбал, тадқиқоти ултрасадоии узвҳои коси хурд.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2