АНТАРКТИДА
Антарктида ноҳияи қутбии ҷанубиест, ки ҷазираҳои ба он ҳамшафат ва қисмҳои ҷанубии уқёнусҳоро тақрибан то 48–60° а. ҷ. дар бар мегирад. Номи «Антарктида» аз калимаи юнонии «анти» — муқобил пайдо шудааст, яъне дар муқобили ноҳияи қутби шимолии кураи Замин — Арктика воқеъ аст.
Қариб тамоми материк дар ҳудуди доираи қутби Ҷанубӣ ҷой гирифтааст. Антарктида аз материкҳои дигар бо фазои азими уқёнус ҷудо шудааст. Мавқеи материк дар ноҳияи қутб боиси ҳосил шудани қабати ғафси ях гардид, ки ғафсии миёнаи он қариб 4000 м аст. Антарктида аз ҳисоби ғафсии ях материки баландтарини Замин мебошад. Ба туфайли мавқеи географӣ ва зиреҳи яхӣ Антарктида қутби хунуктарини ҷаҳон ба ҳисоб меравад.
Табиати Антарктида бо табиати қисмҳои ҷанубии уқёнусҳои Ором, Атлантик ва Ҳинд марбут аст ва якҷоя бо онҳо ҷузъи томро ташкил медиҳад. Масоҳати калон, баҳрҳои на он қадар бузурги ба дохили хушкӣ даромадаро пиряхҳои шелфӣ пӯшондаанд. Ин пиряхҳо давоми сипари яхии материкӣ мебошанд.
Кашфиёт ва таҳқиқотҳои аввалин
Антарктидаро аз материкҳои дигар хеле дертар кашф кардаанд. Ҳанӯз олимони қадим андешаи дар арзҳои баландии нимкураи Ҷанубӣ вуҷуд доштани материкро баён мекарданд. Вале масъалаи вуҷуд доштани материки шашум комилан хеле дертар муайян гардид.
Дар нимаи дуюми асри XVIII ба ҷустуҷӯи материки Ҷанубӣ аз Англия экспедитсия равон шуд, ки ба он баҳрнаварди машҳури англис Ҷеймс Кук сарварӣ мекард. Ҷеймс Кук якчанд бор аз доираи Қутби Ҷанубӣ гузашт, аммо аз байни яхҳо ба материк гузашта натавонист. Ӯ ба хулосае омад, ки «заминҳое, ки дар ҷануб воқеъ шудаанд, ҳеҷ гоҳ таҳқиқ карда нахоҳад шуд... ин кишварро табиат ба сармои абадӣ маҳкум кардааст».
Натиҷаҳои экспедитсияи Ч. Кук хоҳиши сафарҳои хатарнокро дар ҷустуҷӯи материк муддати дароз дилхунук кард. Танҳо соли 1819 аввалин экспедитсияи антарктикии русҳо дар киштиҳои «Восток» ва «Мирный» таҳти фармондеҳии Фаддей Фадеевич Беллинсгаузен ва Михаил Петрович Лазарев ташкил карда шуд, ки аз атрофии материки номаълум гузашт, ба соҳилҳои он хеле наздик омада, бисёр ҷазираҳоро кашф кард.
Соли 1820 экспедитсия аввалин бор ба соҳилҳои Антарктида расид ва ин соли кашфи Антарктида шуморида мешавад. Ин кашфиёт ба омӯзиши муттасили минтақаи соҳилии қитъаи Ҷанубӣ ибтидо гузошт. Олимон оид ба ноҳияҳои дохилии материк маълумоти аввалин гирифтанд.
Аммо онҳо ба осонӣ ба даст наомадаанд. Аъзои гурӯҳи Роберт Скотт дар бозгашт, то анбори хӯрок ва сӯзишворӣ, ки ҳамагӣ якчанд километр роҳ монда буд, нарасида ҳалок гардиданд. Моҳи ноябри соли 1912 гурӯҳи наҷотдиҳанда хайма ва дар даруни он ҷасадҳои яхбастаро пайдо карданд.
Қабати ях
Дар Антарктида чӣ қадар ях ҳаст? Дар зери қабати ғафси ях чӣ воқеъ аст? 45–50 сол пештар ба ин савол ҷавоб додан амри маҳол буд. Олимон муқаррар карданд, ки қариб тамоми материкро зиреҳи яхӣ пӯшондааст, ки ғафсии миёнаи он қариб 4000 м аст ва дар қисми шарқӣ ғафсии ях ҳатто ба 4500 м мерасад.
Баландии миёнаи материк, агар қабати пиряхро ба ҳисоб гирем, 2040 м аст. Ин аз баландии миёнаи материкҳои дигар қариб 3 баробар зиёд аст. Дар қабати яхи Антарктида қариб 80%-и тамоми оби ширини Замин мавҷуд аст.
Аҳамияти ҳозираи таҳқиқоти Антарктида
Таҳқиқоти Антарктида дар шароити ниҳоят душвор ба вуқӯъ мепайвандад. Сабаби омӯзиши материки яхӣ ва аҳамияти зиёд додани олимон чист? Дар қаъри замини он сарватҳои табиии гуногун ёфт шудаанд: ангиштсанг, маъдани оҳан ва металлҳои ранга. Нафт ва гази табиӣ ошкор гардиданд. Олимон тахмин мекунанд, ки дар он ҷо тилло, алмос ва уран низ мавҷуд аст.
Обҳои уқёнуси Антарктида аз ҳайвоноти калони баҳрӣ, моҳӣ ва харчангшаклҳо бойанд. Китҳо, махсусан кити калонтарин — кити кабуд, ки хеле шикор карда шудаанд, аз соли 1967 таҳти ҳимоя мебошанд.
Дар Антарктида захираи азими оби ширин дида мешавад. Ҳоло лоиҳаи ба мамлакатҳое, ки аз нарасидани об танқисӣ доранд, кашида бурдани айсбергҳо тартиб дода шудааст!
Омӯхтани Антарктида на танҳо аҳамияти амалӣ, балки аҳамияти илмӣ низ дорад. Ҷараёнҳое, ки дар Антарктида ба вуқӯъ мепайванданд, ногузир ба табиати сатҳи Замин таъсир мерасонанд. Масалан, ҳаракати яхҳо (ҷамъшавии ях, тағйир ёфтани суръати ҳаракат, обшавӣ) аз бисёр ҷиҳат ба тағйирёбии сатҳи уқёнуси Ҷаҳонӣ вобаста аст.
Атмосфераи болои Антарктида ба ҳаракати анбӯҳи ҳавои тамоми сайёра таъсир мерасонад. Қабати пирях, ки 20 млн сол қабл ба вуҷуд омадааст, оид ба тағйироти асринаи иқлим, инчунин оид ба таърихи инкишофи маҷмӯъҳои табиии Замин ахбори зиёде дорад.
ЭКСПЕДИТСИЯИ ЯКУМИ ТОҶИКИСТОН БА АНТАРКТИДА
Экспедитсияи якуми Тоҷикистон ба Антарктида, ки тибқи супориши Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 17.10.2008, №35301 (12.1-4) ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (№587 аз 30.11.2007 с.) сурат гирифт, аз 29 октябри соли 2008 то 24 майи соли 2009 давом кардааст. Экспедитсия қисматҳои илмӣ ва сиёсиро дар бар гирифтааст.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё