НАҚШИ ПАСВАНДҲО ДАР ТАШАККУЛИ ИСМҲОИ ҶОМЕЪ
Маълум аст, ки забон бо ҷамъият ва фаъолияти ҷамъиятии инсон алоқаи ногусастанӣ дошта, таркиби луғавии он ҳамеша тағйирпазир аст. Ин тағйирёбии доимии забон, ки пеш аз ҳама ба вожаҳо марбут аст, яке аз сабабҳои пайдоиш ва ташаккули калимаҳои нав дар таркиби луғавӣ маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, калимасозӣ яке аз роҳҳои назарраси ғаномандии таркиби луғавии забон шинохта шудааст ва ба таъкиди забоншиноси рус Н.М.Шанский: «Дар забон калимаҳои нав дар пояи калимаҳои куҳна ташаккул ёфта, маъниҳои навро касб мекунанд». Бо усулҳо ва қолабҳои гуногуни калимасозӣ дар асоси унсурҳои мавҷудбудаи ҳамон забон вожаҳои нав сохта мешаванд, ки бо ин роҳ таркиби луғавӣ бо калимаҳои нав пурра мешавад.
Иқтибосшавии вожаҳоро низ дар баробари калимасозӣ метавон сарчашмаи ғаномандии таркиби луғавии забон ҳисобид, вале бо вуҷуди ин, тағйироти муҳимми ҷамъиятӣ, ки пеш аз ҳама дар забон инъикос меёбад, бештар тавассути шаклгирии калимаҳои нав амиқтар ба вуҷуд меояд ва ё ба ибораи забоншинос Ш.Рустамов аҳволи забонро пурра инъикос мекунад. Аз ин бармеояд, ки калимасозӣ барои ин ё он забон хеле аҳаммияти муҳим дошта, маҳз ҳамин (калимасозӣ - Ё.М.) имконият фароҳам меорад, ки забон дорои захираи луғавии ба рушди ҷомеа мувофиқ бошад.
Калимаҳо дар заминаи усул ва қолабҳои мухталиф ташаккул ёфта, барои рушди захираи луғавии забон саҳми бевосита доранд. Имрӯз дар забони адабии тоҷикӣ усулҳо ва қолабҳои муайяни вожасозӣ мавҷуданд, ки дар давоми таърихи чандҳазорсола мунтазам такмил ва инкишоф ёфтаанд. Яке аз усулҳои сермаҳсултарини калимасозӣ усули сарфӣ буда, калимаҳои нав маҳз бо ҳамин роҳ бо ёрии вандҳои калимасоз сохта мешаванд. Дар забони тоҷикӣ аз роҳҳои асосӣ ва мустаъмал будани ин усули калимасозиро аҳли таҳқиқ қайд намудаанд. Яке аз роҳҳои асосии калимасозии ҳар кадом забон, ки ба забон қудрату тавон мебахшад, бегумон сохтани калима бо истифода аз пешванду пасвандҳо аст.
Дар забони адабии тоҷикӣ пасвандҳои калимасоз, ба хусус, пасвандҳои исмсоз зиёд ва гуногунвазифаанд. Профессор Ш.Рустамов дар пажуҳиши хеш наздик 40 адад пасвандҳои исмсозро аз лиҳози ифодаи маънӣ ва имконотии калимасозӣ ба гурӯҳҳо тасниф намудааст. Мушоҳидаҳо нишон дод, ки дар имконоти калимасозии чанде аз пасвандҳои исмсоз хусусияти ифодаи маънии ҷомеъ низ дида мешавад. Ба монанди, пасвандҳои -зор, -сор, ва -лох.
Унсури калимасози -зор ба гурӯҳи пасвандҳои исмсоз мансуб буда, маънии макон ва фаровонии ашёро ифода мекунад. Бино ба қайди муҳаққиқон ин пасванд собиқаи зиёди таърихӣ дошта, дар забони форсии миёна ба гунаи -zār ё -čār ба назар мерасад.
Маҷудияти пасванди -зор дар забонҳои қадими эронӣ маълум нест. Этимологияи пасванди -зор ва истифодаи онро пажуҳишгари вожашиносии забони форсии миёна Д.Саймиддинов то ба давраи забонҳои эронии миёна норавшан дониста, қайд менамояд: «Гумон меравад, ки ин пасванд дар забони форсии миёна на ба таври мустақил, балки ҳамчун ҷузъи дувуми кадом як таркиби эронии бостон ворид шуда, баъдан дар ҳамин қолаб ба ҳайси пасванд дар сохтани вожаҳои нав истифода шудааст». Минбаъд дар давраи нави инкишофи забони тоҷикӣ унсури -зор дар қатори пасвандҳои калимасоз мавқеи хос пайдо намудааст.
Дар тафсири «Ғиёс-ул-луғот» ва луғатномаи «Деҳхудо» -зор дар баробари вожаи мустақилмаъно (ба маънии заъифу хор ва нолон) ба сифати пасванди исмсоз маънии макони рӯйидан ва анбӯҳӣ ва бисёрии ҳар чизро ифода намудааст. Дар рисолаҳо ва дастурҳои таълимӣ низ пасванди -зор ба ҳамин маънӣ зикр шудааст. Дар ин хусус забоншинос Ш.Ниёзӣ менависад: «Исмҳое, ки бо суффикси -бор, -сор, -зор омадаанд маҳалли бисёр будани предметро ифода мекунанд, яъне маънои ҷомеъ доранд». Профессор Ш.Рустамов, ки паҳлуҳои гуногуни исмро мавриди омӯзиши амиқ қарор дода, асари ҷамъбастии «Исм»-ро таълиф намудааст, пасванди мавриди назарро ба қатори пасвандҳои ифодагари номи ашё номбар карда, зикр намудааст: «Суффикси -зор бо исм омада, макону фаровонии асоси худро мефаҳмонад. Суффикси -зор асосан бо исмҳои ифодакунандаи рустанию наботот меояд, ки ин ба маънии аслии он вобастагӣ дорад». Бино ба зикри сарчашмаҳо ва маводи забонӣ маълум гардид, ки пасванди - зор дар забони адабии ҳозираи тоҷикӣ маънии макон ва фаровонию ғунии ашёро, ки мафҳуми ҷомеият пайдо менамояд, ифода намудааст. Дар забони тоҷикӣ унсури -зор пасванди сермаҳсул буда, бо ёрии он исмҳои ҷомеи ифодагари навъи меваю сабзавот – бодомзор, шафтолузор, олучазор, дарахтзор, зардолузор, арчазор, токзор, ифодакунандаи мафҳуми гулу бутта – лолазор, алафзор, кабудизор, сабзазор, гулзор, буттазор, юнучқазор, аҷириқзор, шӯразор, хорзор ташаккул ёфтаанд, ки дар забони имрӯзаи адабӣ ба таври фаровон корбаст шудаанд: Майдонҳои чормағзу бодомзор, зардолу, шафтолузор ва боғҳои ангури тагобӣ, ки гармии кӯҳ ва шаббодаи сой онҳоро дар зери дандон қарсос мекардагӣ намуда буданд, манзараи зебо ва фараҳфазое доштанд. ... садои зангӯлаҳои токзорҳо, ки ангурро аз паррандагон нигоҳ медоштанд, ба гӯш мерасид. Маркабе аз олучазор, аз дараи Арӯсон берун омад. Баъди якчанд рӯз ин ҷой аз лолазор суп-сурх мешавад.
Пасванди -зор ба ҷуз вожаҳои ифодагари рустанию наботот ва гулу меваҳо ҳамчунин бо исмҳои рег, санг, ситора, ғалла ва монанди онҳо, ки теъдодашон шуморида нашавандаанд, пайваст шуда, исми ҷомеъ месозад. Дар ин маврид ҳам ин пасванд макону фаровонии ашёро ифода менамояд: Бо таъсири борони дирӯза дар регзор чунон бисёр занбӯруғ рӯйидааст, ки ҷувол- ҷувол чидан мумкин аст. Эргаш ҳам подаи худро тӯб карда, ба канори рӯд, ки як қадар аз регзор чуқуртар буд, фуровард. Вақте ӯ ба ҳуш омад, осмон ситоразор буд, чакочуки найзаву гурз, фашофуши тир шунида намешуд. Модар, дос ба сари китф, рӯ ба адиру пуштаҳо – ба ғаллазорон роҳ пеш гирифту падар ба ҷониби хирман. Ин порчаи замини якбара, ки як гӯшааш ба дохили ҷарӣ фуромадааст, пеш сангзор буд.
Пасванди -сор ба қатори пасвандҳои каммаҳсули забони тоҷикӣ шомил буда, низ маънии макон ва фаровонии ашёро ифода менамояд. Ин пасванд ҳамчун унсури калимасоз дар ташаккули ду ҳиссаи номии нутқ – исм ва сифат ҳиссагузорӣ менамояд.
Аз рӯйи таҳқиқи гурӯҳе аз забошиносон пасванди -сор аз калимаи мустақилмаънои sāra-и забони эронии қадим ва sār-и забони форсии миёна сарчашма мегирад. Бо вуҷуди ин далел дар бархе аз манобеи илмии марбут ба забонҳои форсии қадим ва миёна дар хусуси этимологияи ин унсури калимасоз хомӯшӣ ихтиёр шудааст. Аз ҷумла, забоншинос Д.Саймиддинов тазаккур медиҳад, ки дар мавриди этимология ва пайдоиши ин пасванд дар забонҳои эронии миёна ба хусус форсии миёна чизе наметавон қазоват кард ва бо вуҷуди чанде аз фарзияҳо аз мавзуъҳои мавриди баҳс боқӣ мемонад.
Шарқшинос ва забоншиноси рус Л.С.Пейсиков, ки доир ба калимасозӣ дар забони форсӣ пажуҳиши чашмрасро анҷом додааст, мавҷудияти ду пасванди «-сор»-ро ҷонибдорӣ намудааст ва онҳоро морфемаи омонимӣ (омоморфема) номидааст. Бояд қайд намуд, ки омомофемаҳо аз рӯйи маъно, вазифа ва пайдоиш аз ҳамдигар тафовут доранд, ки ба пасванди -сор низ хос аст. Дар забони адабии тоҷикӣ -сор ва -сор аз рӯйи ифодаи маъно морфемаҳои гуногун буда, заминаи пайдоишашон низ ягона нест. Пасванди -сор1 маънии макон ва маҳалли бисёр ва фаровонии ашёро ифода намуда, унсури исмсоз, аксар маврид исми ҷомеъсоз ба ҳисоб меравад, ки аз ҷониби ағлаби муҳаққиқон зикр шудааст. Забоншинос Ш.Ниёзӣ дар қатори пасвандҳои -зор ва -бор пасванди «- сор»-ро низ ифодагари маънии ҷомеъ донистааст. Дар ин мавқеъ пасванди -сор метавонад муодили пасванди -зор бошад (сангзор – сангсор, намакзор – намаксор, бешазор – бешасор, шохзор–шохсор). Аз ин рӯ, дар хусуси асли ин унсури калимасоз такя ба пажуҳишгарон метавон ба бардоште расид, ки пасванди -сор алломорфемаи пасванди -зор буда, ҳар ду пайдоиши ягона доранд. Вале аз лиҳози маҳсулнокӣ дар калимасозӣ доираи пасванди -сор назар ба морфемаи -зор маҳдуд аст. Баррасии маводи забонӣ нишон медиҳад, ки дар забони ҳозираи тоҷикӣ бештар вожаҳои сохтаи кӯҳсор, чашмасор ва сангсор такроран ба кор рафтаанд: Кӯҳистонӣ ба ҳусни табиии кӯҳсор ба зебоии дилситони сабзаю майсазор он қадар аҳаммият намедиҳад, ки шаҳрӣ медиҳад. Кӯҳҳо, обшорҳо, чашмасорон, ҷӯю дарё, чарогоҳу киштзорҳо ҳамаашон зебо!.
Унсури калимасози дигари мансуби ҳамин иддаи морфемаҳо пасванди -лох маҳсуб меёбад. Пасванди -лох дар таркиби луғавии забони тоҷикӣ барои бунёди теъдоди ками калимаҳо саҳм гузоштааст, аз ин рӯ, ин унсури калимасоз дар манбаъҳои илмӣ ба қатори пасвандҳои бемаҳсул ворид шудааст. Бино ба назари аҳли таҳқиқ пасванди мавриди назар дар забони адабии ҳозираи тоҷикӣ танҳо бо якчанд калима омада, макон ва фаровонии онҳоро нишон медиҳад, ки ба гунаи зайл қайд шудааст: «Ҳоло ин суффикс дар калимаи санглох ва мумкин аст, боз дар як-ду калимаи дигар бошад». Мураттибони луғатномаҳо низ зимни тафсири унсури калимасози -лох исми макон ва маънии фаровонию бисёрӣ ифода намудани онро ба қайд гирифтаанд. Соҳиби «Ғиёс-ул-луғот» тавзеҳ медиҳад, ки «-лох ба маънии ҷой ва макон, магар бидуни таркиб гуфта намешавад, ҳамчун санглох ба маънии ҷое, ки дар он сангҳо бошад ва девлох ба маънии ҷои девон ва -лох ба маънии бисёрӣ ва анбӯҳ низ меояд». Ҳамин маънӣ дар шарҳи мураттиби луғатномаи «Деҳхудо» низ ба дид мерасад: «аз одоти маҳал, ки ба охири калимоте чун намаклох, девлох, санглох, аҳреманлох ва ғ. бипайвандат. Ба маънии анбӯҳ ва бисёрӣ низ омадааст ва ба ин маънӣ ҳам танҳо гуфта намешавад». Аз рӯйи зикри муҳаққиқи «Фарҳанги Чаҳонгирӣ» маълум гардид, ки дар оини нуҳуми муқаддимаи фарҳанг Ҳусайни Инҷу атрофи унсурҳои калимасози забони тоҷикӣ андешаронӣ намуда, дар қатори пасвандҳои -сор, -зор ва -бор пасванди «-лох»-ро (санглох, девлох, рӯдлох) низ ифодагари маънии бисёрӣ ва анбӯҳӣ шуморидааст.
Дар хусуси этимологияи ин унсури калимасоз аҳли таҳқиқ дар як назар нестанд. Дар бархе аз пажуҳишҳо асли он туркӣ дониста, бо пасванди туркии -лоқ дар вожаҳои қишоқ, отлоқ ва тарлоқ ҳамвазифа маънидод шудааст. Вале шарҳи А.Деҳхудо дар луғатномааш дигартар аст ва ӯ менависад, ки «-лох» шабеҳи «-лик»-и туркон аст дар қавмлик, дошлик ва ҷуз он дар ҳамин алфоз ба ҷои коф дар бархе лаҳҷаҳои озарӣ -луқ ва - луғ низ оранд. Ва ҳам шояд -лоқ дар бархе калимоти туркӣ ҳамин -лох бошад, аз қабили ботлоқ.
Забоншиноси соҳибназар, профессор А.Ҳасанзода зимни омӯзишу баррасии вижагиҳои корбасти муштақот дар «Маснавии маънавӣ»-и Ҷ.Балхӣ чанде аз хусусиятҳои калимасозии пасвандҳои нодири забони тоҷикиро муайян намудааст. Аз ҷумла, дар қатори пасвандҳои нодири -у, -бора, -мин унсури калимасози -лон низ номбар шудааст, ки дар забони ҳозираи тоҷикӣ матрук гардидаанд. Бино ба навиштаи забоншинос, ки дар асоси пажуҳиши муҳаққиқон ва шарҳи луғатнигорон зикр шудааст, пасванди -лон «мақом ва маҳалли анбӯҳӣ ва бисёрии чизҳо»-ро ифода менамудааст. Пас, пасванди -лон бо -лох ҳамвазифа, яъне синоморфема буда метавонад (санглон–санглох, девлон–девлох, намаклон–намаклох). Ба гумони соҳиби луғатномаи «Деҳхудо» таърихи баромади ин пасванд бо калимаи мустақилмаънои лона ба маънии ҷой, макон рабт дорад. Ҳоло дар забони тоҷикӣ яке (-лон) ба гурӯҳи унсурҳои барҳамхӯрда, дигаре (-лох) ба дастаи пасвандҳои маҳдудшуда мансубанд. Пасванди -лон танҳо дар таркиби бархе аз номҳои ҷуғрофӣ, ба монанди Хатлон ва Бағлон маҳфуз мондаасту унсури калимасози -лох дар таркиби вожаҳои санглох ва реглох (девлох, рудлох, оташлох, аҳриманлох калимаҳои куҳнашудаанд) боқӣ мондааст. Вожаи санглох дар давраи дури таърихӣ ташаккул ёфта, онро муфассирон замини сахти пасту баланди пурсанг, сангистон, сангзор, замини сахт, ки чун онро кованд сангҳо бисёр бароянд ва ҷое, ки дар он санги бисёр бошад тафсир намудаанд ва имрӯз низ ба ҳамин маънӣ дар гардиш аст: Вай аз байни регу санглох гузашта, ба обҳои зеризаминӣ ҳамроҳ шуда меравад ва деҳқонони қишлоқ аз вай баҳравар нестанд. Оби дарё хоболудона суст мерафт ва дар зери нури офтоб дурахшида чашмро хира карда, ба санглохи соҳил оҳиста-оҳиста бархӯрда, садои базӯр шунидашаванда мебаровард. Ҷӯй тақрибан ягон сад қадам аз домани кӯҳ тӯл кашида ба як майдончаи пур аз санглох баромада дар ҳамон ҷо об байни регу сангҳо даромада мерафт.
Дар хусуси вожаи реглох, ки дар забони насри нависанда Р.Ҷалил ду карат корбаст шудааст, аз луғатномаҳои тафсирӣ маълумот пайдо накардем. Такя ба андешаи забоншинос Р.Ғаффоров, ки «реглох»-ро дар замонаш вожаи нав номидааст, метавон гуфт, ки нависанда ин унсури луғавиро дар пояи калимаи регзор – замини пур аз рег, биёбони регӣ, ки дар забони тоҷикӣ мавҷуд ва маъмул аст, бунёд намудааст: Ҳавои дашт лаппиш мехӯрад ва дар болои реглох ва санглохҳо биҷиррос мезад. Каф ба каф гирифта Пӯлод ва Гулрӯ аз баландии канори кӯча ба нишебии реглохи соҳил тозон фаромаданд.
Ҳамин тавр, дар забони тоҷикӣ шаклгирии калимаҳои нав тавассути пасвандҳо маъмул буда, унсурҳои калимасоз дар бунёди вожаҳои нав нақши намоён доранд. Пасвандҳои калимасоз аксаран сермаъно буда, дар доираи ташаккули исмҳои гуногунмаъно дар бунёди исмҳои ҷомеъ низ саҳми назаррас доранд. Тавре маълум гардид, унсурҳои калимасози -зор,- сор ва -лох бо созмон додани исмҳои ҷомеъ дар захираи луғавии забони адабии тоҷикӣ ғановати тоза зам намудаанд. Маврид ба зикр аст, ки дар созмонёбии исмҳои ҷомеъ иқтидори вожасозии пасвандҳо ҳамгун набуда, яке сермаҳсул, дигаре каммаҳсул аст ва танҳо бо сохтани ду ё се исми ҷомеъ иктифо намудааст.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё