КАЛИМАСОЗӢ ТАВАССУТИ ПАСВАНДИ «-ВОР» ДАР ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ВА МУРОДИФОТИ ОН ДАР ЗАБОНИ ФАРОНСАВӢ
Забонҳои тоҷикӣ ва фаронсавӣ аз ҷумлаи забонҳое маҳсуб меёбанд, ки дар онҳо истифодаи пасвандҳо барои сохтани калимаҳои нав ба таври фаровон дида мешаванд. Аз ин хотир, ақидаи забоншиносони фаронсавию тоҷик бар он аст, ки забон ҳамсафари ҳамешагии ҷомеа буда, моро ҳамеша зарур аст, ки барои пурраву мукаммал ифода кардани мафҳумҳои нави дар равиши ин дигаргуниҳои бавуҷудомада аз ҳамаи воситаҳо, махсусан, аз усулҳои калимасозӣ ба таври фаровон истифода барем.
Маврид ба зикр аст, ки таҳқиқи муқоисавии таркиби калима ва калимасозӣ дар мисоли забонҳои тоҷикӣ ва фаронсавӣ яке аз шохаҳои нисбатан ҷавон буда, солҳои охир ривоҷ пайдо намудаву ташаккул ёфта истодааст.
Оид ба роҳҳои калимасозӣ аз ҷониби донишмандони ватанию хориҷӣ як қатор таҳқиқотҳои илмӣ ба анҷом расидааст, аммо дар доираи муқоиса байни забонҳои тоҷикию фаронсавӣ дар асоси осори адабиёти бадеӣ то имрӯз таҳқиқоте анҷом наёфтааст.
Дар забонҳои тоҷикӣ ва фаронсавӣ калимасозӣ бо ёрии пасвандҳо яке аз маъмултарин роҳҳои калимасозӣ буда, аксарияти ҳиссаҳои нутқ чунин имконият доранд. Имрӯзҳо дар забонҳои тоҷикӣ ва фаронсавӣ махсусан исмҳо, сифатҳо, зарфҳо бо ин роҳ бештар калимаҳои нав месозанд. Бинобар ин, дар забонҳои номбурда бо пасвандҳо сохта шудани калимаҳои навро яке аз усулҳои маъмултарини калимасозӣ меҳисобанд. Шумораи пасвандҳои калимасозро забоншиносони фаронсавию тоҷик бештар аз 50 пасванд асос дода, ин шумора дар “Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик” ба 62-то мерасад.
Омӯзиши ҳамаӌонибаи исму сифат ва роҳҳои калимасозии онҳо дар забонҳои тоӌикӣ ва фаронсавӣ вусъат ёфта, дар таҳқиқу омӯзиши онҳо саҳми забоншиносон, амсоли В. В. Виноградов, Ю. С. Степанов, Ю. А. Рубинчик, И.Н.Берёзин, В. Г. Гак, В. С. Расторгуева, Э.Бертельс, Л.Жирков, Ш. Рустамов, Н. Маъсумӣ, Ш. Ниёзӣ, Б. Ниёзмуҳаммадов, Л. Бузургзода, Д.Т. Тоҷиев, М. Акрамов, М.Н. Қосимова, А. Мирзоев, Р. Ғаффоров, С.Арзуманов, О.Ҷалолов, З. Мухторов, О. Қосимов, С. Раҳматуллозода, С. Низомова, Шарл Балли (Charles Bally), Морис Гревис (Morice Grevisse), Жак Дамурет (Jacques Damourette), Эдуард Пишон (Edouard Pichon), Жан Клод-Шувалие (Jean Claude-Chevalier), Мартин Риегел (Martin Riegel), Жан Кристоф Пела (Jean-Christophe Pellat), Рене Риул (René Rioul) ва дигарон бағоят бузург аст.
Оид ба ин гуна масъалагузориҳо таваҷҷуҳи муҳаққиқон рӯз то рӯз ба масъалаи роҳҳои калимасозӣ равона гардида, М. Муҳаммадиев дар мақолааш «Принсипҳои асосии калимасозии забони тоҷикӣ» ба калимасозии луғавӣ-маъноӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудааст. Забоншинос Тоҳирова Қ. масъалаи мазкурро вусъат дода, дар «Лексикаи забони тоҷикӣ» роҳу усулҳои калимасозии забони тоҷикиро нишон медиҳад.
Ҳамчунин дар мавриди калимасозии забони тоҷикӣ таҳқиқоти гузаронидаи забоншиноси машҳур Шарофиддин Рустамов як қадами хеле ҷиддӣ ва устувор аст. Ш.Рустамов дар китоби «Калимасозии исм дар забони адабии ҳозираи тоҷик» оид ба масъалаи мазкур маълумоти кофӣ медиҳад.
Дар тадқиқоти мо, ки дар доираи як мақола ё маърӯза матраҳ мегардад, доир ба ҳама пасвандҳо сухан гуфтан ғайриимкон аст. Бинобар ин, мо тасмим гирифтем то дар доираи танҳо як пасванд таҳқиқот гузаронем. Ин пасванди «-вор» буда, ба гурӯҳи пасвандҳои серистеъмоли забони тоҷикӣ дохил мешавад, ки калимаҳои бо ин пасванд сохташударо дар шакли муқоисавӣ бо забони фаронсавӣ дида мебароем.
Дар забони тоҷикӣ пасванди мазкур дар калимасозии сифат ва зарф истифода шуда, ба кадом маъноҳо кор бурда шудани он дар матн равшан ифода мегардад. Ҳамчунин пасванди «-вор» дар забони тоҷикӣ метавонад аз исм сифати монандӣ, сифати нисбӣ ва ҳамчунин зарф созад. Илова бар ин, таҳлилу баррасиҳо нишон додаанд, ки пасванди «-вор» ба ҳайси пасванди исмсоз низ истифода мегардад. Дар ин қолаб калимаҳои умедвор, сазовор, либосвор, либосивор истифода гардидааст, онҳо ба вазифаи ҷузъи маънодор ҳам исмҳои моддӣ ва ҳам исмҳои маънӣ ба кор бурда шудааст:
а) Сохтани исми маънӣ тавассути пасванди «-вор» ва муродифи он дар забони фаронсавӣ: «Ба Фирӯзаи вай ангуштарини тило, тилои асл лозим аст, ки ҳеч занг назанад ва сазовори нигинаш бошад... аз тарафи дигар, кампир намехоҳад, ки Фирӯзаро дар ҷавонӣ ба шавҳар диҳад».
Дар мисоли мазкур тавассути пасанди «-вор» исми «сазовор» сохта шуда, барои мансубият пайдо шудан бандаки изофии «и» гузошта шудааст. Агар мо тарҷумаи фаронсавии ҷумлаи болоиро дида бароем чунин маъноро доро мебошад: «Ҳаргиз, ӯ ҷавоҳироти гаронбаҳояшро ба оҳани зангзада намегузошт — барои Фирӯза фақат тилло лозим буд, тиллои холис, ки ҳаргиз рангу рӯй набозад». Яъне дар тарҷума барои калимаи сазовори тоҷикӣ феъли бешахси «falloir»-ро дар шахси сеюми шумораи танҳо овардааст, ки маънои лозим буданро ба ҷойи сазовор будан истифода намудааст.
б) Ҳамчунин дар забони тоҷикӣ пасванди «-вор» метавонад аз исм исми моддӣ созад. Масалан калимаи «либосвор» аз исми моддии «либос» ва пасванди «-вор» таркиб ёфта, чунин маъноро дар бар мегирад, ки мо онро дар муқоиса бо забони фаронсавӣ дида мебароем: «Ҳамон сол ба нияти туи ман падарам қариб ҳамаи ҳосилоти гандум, ҷав, меваҳоро фурухтанд, як гусфанд, як гусола хариданд, ба пули мондагӣ барои ман як сандуқ либосворӣ ва ҳалқа, ангуштарин ва дастпонаҳои нуқрагин хариданд» .
Ҳангоми таҳлили ҷумлаи мазкур маълум гардид, ки тарҷумон барои тарҷумаи калимаи «либосвор»-и забони тоҷикӣ дар варианти забони фаронсавӣ калимаи «la dot»-ро истифода намудааст, ки ин калима тарҷумаи «маҳр1»-ро медиҳад. Аммо агар дар асл гирем тарҷума нодуруст нашудааст, зеро ҳамчун маҳр маънои тамоми он либосворие, ки барои арусшаванда мебурданд, ифода мекунад.
Дар ҷумлаи зерин калимаи либосвор чун нумератив истифода гардидааст: «Кампир хост, ки яке якбора сахт гуяду лаълии овардагиашонро, ки дар он нону наботу қандалот ва як либосвор шоҳӣ буд, печонида, ба сарашон занад ва қадамашонро аз дари хона кӯтоҳ кунад, лекин боз андеша карду ҳисси одамият, вазнинӣ ва тамкини ӯ боло гирифта ва гуфт».
Дар забони тоҷикӣ пасванди мазкур бо исми «хона» якҷо омада, дар баъзе ҳолатҳо калимаи «хонавор» сохтааст, ки маънои «хонадон, оила»-ро ифода карда, имрӯз дар истеъмол қариб, ки дида намешавад: «Ҳамин қадарашро медонам, ки аз 4-сола то 12 сола бачагони деҳаи мо, ки он вақтҳо мегуфтанд, сесад хонавор аст, дар он ҷо ҷамъ шуда буданд».
Дар мисоли мазкур чуноне, ки болотар қайд гардид, калимаи «хонавор» истифода шуда, инро тарҷумон ҳамту тавассути исми «maison- хона» тарҷума кардааст. Яъне агармо тарҷумаи таҳтуллафзи тарҷумонро дида бароем чунин маъноро доро мебошад: Ман танҳо медонам, ки кӯдакони деҳаи мо аз чор то дувоздаҳсолагӣ ба ин ҷо меомаданд, ва гуфта мешуд, ки деҳа аз сесад хона иборат аст.
в) Яке аз вазифаҳои пасванди «-вор» сохтани сифати маънӣ аз исм бошад, вазифаи дигаре низ дорд, ки метавонад аз сифат исми шахс созад. Масалан исми «бузургвор» аз сифати «бузург» бо илова намудани пасванди «-вор» сохта шуда, ифодакунандаи исми шахс мебошад. Дар асл калимаи «бузургвор» ба сифат дохил шуда, бо роҳи калимасозии морфологӣ-синтаксисӣ метавонад ба вазифаи исм гузарад, аммо ҳам ба вазифаи исм ва ҳам ба вазифаи сифат истифода мешавад: - «Калонҳо агар нағз бошанд, ҳеҷ кас онҳоро озор
1 Маҳр-мувофиқи қонуни шариати ислом пули нақд ё молу ашёе, ки ҳангоми ақди никоҳ ба зиммаи домод гузошта мешавад, домод ё онро ба падару модари арўс мепардозад ё дар сурати мурдан ё занашро талоқ додани вай ба занаш пардохта мешавад, кобин, қалин) намедиҳад, ҳама ҳурмат мекунанд, - гуфтам мани маҳмаддоно ба раҳматӣ падари бузургворам».
Инҷо ба ҷойи ибораи «падари бузургворам» дар забони фаронсавӣ «mon propre père» истифода шудааст, ки агар ибораи мазкурро тарҷумаи таҳтуллафз кунем, маънои «падари аслиам, шахсиам»-ро медиҳад. Агар тарҷумон ибораи «mon grand père»-ро ки ҳаммаънои ибораи «падари бузургворам» аст, метавонист истифода намояд.
Дар забони тоҷикӣ пасванди «-вор» дар сохтани сифатҳо ба гурӯҳи пасвандҳои серистеъмол дохил шуда, одатан сифати монандӣ месозад:
а) Пасванди «-вор» бо ҳиссаҳои гуногуни нутқ омада, сифатҳои ифодакунандаи рафтору кирдори шахс ва аломати ашёро низ месозад: «Ваъдаи падарам он қадар дили маро ба он хона, ки гуё барои азоби бачагон сохта бошанд, розӣ карда натавониста бошад ҳам, ваъдаи мактабдор, ки бо вуҷуди ҷаллодвор заданаш бачагони дигарро, ба ман ваъдаи қанд дод, дили маро хеле ором гиронид».
Дар мисоли мазкур дар варианти забони тоҷикӣ сифати ҷаллодвор, ки аз исми ҷаллод бо илова намудани пасванди «-вор» сохта шудааст, истифода гардидааст. Тарҷумон дар варианти фаронсавӣ ибораи «un vrai bourreau» истифода кардааст, ки аз исми «un bourreau- ҷаллод» ва сифати «vrai-аслӣ, ҳақиқӣ» иборат мебошанд. Инҷо низ хостем ҷумлаи фаронсавиро тарҷумаи таҳтуллафз намоем, ки чунин маъноро доро мебошад: «Ваъдаи падарам маро бо он ҳуҷрае, ки танҳо барои шиканҷа кардани кӯдакон пешбинӣ шуда буд, таскин карда наметавонист, Ваъдаи устод, ки шогирдонро чун ҷаллодони асил азоб медод, бо вуҷуди ин диламро таскин дод».
Ҳамчунин пасванди «-вор» дар сохтани зарф низ маъмул ва серистеъмол буда, дар осори адабиёти бадеӣ ба таври фаровон истифода гардидааст. Яке аз хусусиятҳои калимасозии пасванди мазкур ин аст, ки аз исм зарф месозад, ки мо инро дар шакли муқоисавӣ байни забонҳои мавриди таҳқиқи дида мебароем.
а) Пасванди «-вор» аз исми шахс зарфҳои монандӣ месозад, ки ба маънии решаи калима алоқамандӣ доштанро далолат мекунад: «Рӯзҳо, ҳафтаҳо, моҳҳо ва солҳо гузаштан гирифтанд, ятим ба бой аз таҳти дил фарзандвор хизмат кардан гирифтааст...».
«Ман на танҳо розӣ, балки аз ҷону дил ва девонавор роғиб мебошам, ки муҳаббати қалбии мо бо ҳам, дар зоҳир ҳам бо риштаи никоҳ баста шуда, мо бо ҳам инсонвор зиндагонӣ намоем, – гуфтам ман дар ҷавоб ва илова кардам».
Гарчанде, ки пасванди зарфсози «-ment»-и забони фаронсавӣ муодили пасванди зарфсози «-она»-и забони тоҷикӣ аст, баъзан вақт метавонад зарфҳои сохташудаи тавассути пасванди «-вор»-и забони тоҷикӣ бо зарфҳои сохташудаи тавассути ин пасванд ифода гарданд.
б) Пасванди «-вор» дар забони тоҷикӣ дар сохтани зарфҳои тарзи амал низ серистеъмол мебошад. Тавассути пасванди мазкур аз исмҳои ифодакунандаи номгӯи ҳайвонот, ҳашарот ва хазандагон зарфҳое сохтан мумкин аст, ки аз рӯйи рафтору кирдор ва хислат, ба онҳо монанд будани шахсро нишон дода метавонад: «Ман аз забони мактабдор гирифта, ҳамчунон ба рӯи чиркини пажмурда ва чашмони бенури обрав ва риши бузвораш, ки дар вақти гaп задан баробари ҷунбидани манаҳаш боло - поин мерафт, нигоҳ карда, он ҳарфҳоро, яъне номи он ҳарфҳоро гирифта такрор мекардам».
Дар мисоли забони тоҷикӣ, ки аз повести «Матаби кӯҳна» гирифта шудааст, муаллиф ибораи «риши бузвор» истифода кардааст, ки ҳангоми тарҷумаи асар тарҷумон низ кӯшиш намудааст, ки то қадри имкон ба ин ибора ҳаммонанд чизеро пайдо намояд. Бинобар ин, ибораи «barbiche de bouc»-ро истифода намуда, ин ибора дар луғот ба маънои «риши хурд, ришча, риши кӯтоҳи буз» омадааст. Яъне тарҷумон ба мақсади худ расида ба ҳар ҳол калимаи ҳаммаънои хубе пайдо намудааст.
«Ман ҳам ба ҷои худ рафта, «ҷим, ҳе, хе» гуён ба такрор даромадам. Лекин ҳоло ҳам чашмамро аз афту андоми мактабдор, хусусан аз риши бузвори он намекандам».
Дар мисоли мазкур низ айнан ба монанди мисоли гузашта ибораи «barbiche de bouc» истифода гардида, ҳаммаънои ибораи «риши бузвор» буда метавонад.
«- Ту тутӣ ҳастӣ! - ва илова намуд, - Айб ба ту не, ба домулло ва халифаат аст. Онҳо ба ту ҳар чизро тутивор ёд кунонидаанд, аммо ҳеч чизро ёд надодаанд...».
Дар мисоли мазкур бошад барои нишон додани хислати касе аз исми ифодакунандаи номгӯи паранда тутӣ дар якҷоягӣ бо пасванди «-вор» сифати «тутивор» истифода карда шудааст, ки агар дар асл гирем ин калима дар забони фаронсавӣ метавонад тавассути ибораи «comme un perroquet», ки маънояш «(ба) мисли тутӣ» аст, ифода гардад. Аммо тарҷумон дар ин қисмати ҷумла калимаи «тутӣ»-ро такрор накарда, ба ҷояш феъли «obliger - маҷбур кардан»-ро истифода кардааст. Яъне агар ҷумлаи фаронсавиро тарҷумаи таҳтуллафз карданӣ шавем, чунин маъно дорад: Ту як тӯтӣ ҳастӣ, – илова кард ӯ: Ин айби ту нест, айби устоди ту ва Халифа аст. Онҳо туро маҷбур карданд, ки кор кунӣ, вале ҳеҷ чиз наомӯхтанд.
Ҳамчунин дар забони тоҷикӣ тавассути пасанди «-вор» аз исмҳои моддӣ ва маънии ғайришахс зарф сохтан мумкин аст, ки мо дар мисолҳои зерин дида мебароем: «Халифа то омадани бачагон ба бачагони дар мактаб монда иштихонаҳоро гуронда, бурёҳои даридаро ба ҷойҳошон паҳн карда, аммо аз миёнаҷои охурчаи дар миёнаи мактаб буда, як қадар заминро доиравор кушода монд».
Дар мисоли мазкур аз исми «доира» ва пасванди «-вор» зарф сохта шудааст, ки дар қисмати забони фаронсавӣ ин тавассути исми «rond-гирд, давра, доира» ва сифати ифодакунандаи хурдии «petit» тарҷума гардидааст. Агар ҷумлаи забони фаронсавиро тарҷумаи таҳтуллафз намоем чунин маъноро медиҳад: Ҳангоми ғайб задани онҳо, Халифа ва кӯдаконе, ки дар мактаб монда буданд, чоҳҳое, ки барои бедонабозӣ канда шуда буданд, пур карданд, гилемҳои сӯрохшударо ба ҷояшон гузоштанд ва дар миёни мактаб як ҳалқаи (давраи) хурдеро, ки бо гилем пӯшида нашуда буд, боқӣ гузоштанд.
Дар забони адабии тоҷик бештар дар адабиёти бадеӣ навъҳои гуногуни шириниҳоро «ширавор» гӯянд. Калимаи «ширавор» имрӯз дар гуфтугӯ нисбат ба солҳои пешин камистеъмол аст: «-Холаҷон, аз шираворамон хабар гиред. Мураббою нишалло мерасида бошад?»
Дар мисоли забони тоҷикӣ тавассути калимаи «ширавор» навъҳои гуногуни шириниҳо нишон дода шуда, ин дар забони фаронсавӣ бо исми «sucrerie», ки дар шакли ҷамъ маънои «шириниҳо, конфетҳо»-ро медиҳад, тарҷума гардидааст. Ҳамчунин як нозукии дигар низ дар мисоли мазкур ба қайд гирифта шуд, ки хостем фарқияти онро дар забонҳои мариди таҳқиқ нишон диҳем. Масалан дар забони тоҷикӣ хурдсолон барои муроҷиат кардан ба калонсолон аз қабили хешон исмҳои ифодакунандаи номгӯи хешутаборро ба монанди «хола, ама, тағо, амак ва ғ.» истифода мебаранд, ки ин хоси забони фаронсавӣ набуда, дар ин забон онҳоро бо номҳояшон садо мекунанд. Масалан дар мисоли болоӣ дар варианти забони тоҷикӣ исми холаҷон истифода шуда, дар варианти фаронсавиаш бошад, Дилором гуфта шудааст.
«Вақте ки як пайт бозӣ тамом шуду дойра ва сурудхонӣ хомӯш гашт, дастурхон партофтанду аввал лаълиҳои ширавор, ангуру шафтолую зардолую ғайра меваҳоро дароварданд».
Хулоса ҳангоми таҳқиқи калимасозӣ тавассути пасванди «-вор» дар забони тоҷикӣ ва муродифоти он дар забони фаронсавӣ, махсусан дар рафти таҳлилу баррасии мавод муайян гардид, ки пасванди «-вор» дар сохтани исм, сифат, зарф истифода гардида, калимаҳои тавассути ин пасванд сохташуда дар забони фаронсавӣ баъзан дуруст, баъзан нодуруст тарҷума мегарданд. Ин пасванд дар сохтани баъзе ҳиссаҳои нутқ ба монанди сифат ва зарф яке аз пасвандҳои серистеъмол ба шумор рафта, дар сохтани исм низ нақши муҳим дорад. Ҳамзамон маълум гардид, ки аксарият калимаҳое, ки тавассути пасванди мазкур дар забони тоҷикӣ сохта шудаанд, дар забони фаронсавӣ ҳаммаъно надошта, тавассути калимаву ибораҳои маъноан наздик тарҷума мегарданд.
Гарчанде, ки дар дохили кор мо пасванди мазкурро ба гурӯҳи пасвандҳои серистеъмол дохил намуда бошем ҳам, ин пасванд дар асл муштараквазифа буда, нисбат ба исму сифат бештар дар сохтани зарф серистеъмол мебошад. Баъзе аз забоншиносон пасванди мазкурро дар сохтани исм ва сифат ба гурӯҳи пасвандҳои каммаҳсул дохил намуданд.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё