ЗИНДА БОШ, ЭЙ ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗ!
Тоҷикистон, меҳри покат дар дилу ҷони ман аст,
Офтоби шуълапошат сон бар сад гулшан аст.
Меҳри поки мардумат меҳри бузурги модарон,
Мардуми меҳмоннавозат фахри даврони ман аст.
Тоҷикистон кишвари бузургест, ки саропо меҳрофарину дилнишин, бузургмардуму дилфиреб аст. Меҳри бузурги ин сарзамин ҳар як инсони асилро дар дилу дар ҷон аст. Сарзамини дилфиреб аст, макони бузургони хирад, оқилону фарзонагон ва шуҳратмандони шуҳратёр аз қабили Турсунзодаву Миршакар, Лоиқи роздону нуктафаҳм ва амсоли ин садҳо нафар бузургон, ки оламиён васфашон мекунанд. Тоҷикистон макони бузургон ва сарзамини фарҳангдӯстон аст.
Он сарзаминест, ки бо ҳамаи бузургиҳояш мардуми Суғду Хатлону Бадахшон, Панҷакенту Кӯлоб, Ҳисору Вахшу Варзоб барин мавзеъҳои бузургу номдорро Ватан аст. Ватане, ки чун модари азиз дӯсташ медоранду эҳтиром мекунанд. Ватане, ки ҳар хасу хору хоки он бошандагонашро муқаддасу гиромист.
Тоҷикистони бузург имрӯз дарахти пурсамареро мемонад, ки шохаҳои пурқуввату бузургаш сояафкани ҳар гулу гиёҳи арзандаи уст ва меваҳои рангорангу лазизаш мардуми бонангу номус ва бодонишу баори он машҳури дунё гаштаанд. Дар байни дигар давлатҳо имрӯз Тоҷикистон бо боигариҳои зиёду пурарзишаш, аз қабили пахта, гандум, об, ангишт, тилло, нуқра ва амсоли ин шуҳратёр аст.
Кӯҳҳои Зарафшонаш кони зар,
Сарвату тиллои он машҳури даҳр.
Пахтаи бишкуфтааш рамзи ҳаёт,
Гандумаш нони ҳама аҳли башар.
Равшан аст, ки Тоҷикистон кишвари пурганҷу пурэъҷоз ва пурсарвату бой аз захираҳои табиӣ аст. Илова бар ин, НБО-ҳои машҳури он, ба мисли Варзобу Нораку Роғун, бо иқтидори бузургашон ҳосилкунандаи қувваи бузурги барқӣанд, ки ақли бинандаро мафтун мегардонанд.
Иншоотҳои бузурги ин кишвари азиз дар ҳар гӯшаву канори он тақвиятдиҳандаю далели ҳамаи гуфтаҳои болоанд. Ба ақидаи Бозор Собир:
Тоҷикистон, Тоҷикистон.
Мекунам шукри каму бисёри ту,
Мекунам шукрона аз озарму аз озори ту.
Аз ту ман сарват намехоҳам, Ватан ҳастӣ, бас аст,
Бо хасу хорат баробар зиндагӣ кардан бас аст.
Оре, дар кадом ҳолат, дар кадом сатҳу пояе, ки набошад, Тоҷикистон муқаддасоти арзандаи миллати тоҷик дониста мешавад.
Имрӯз чун як Тоҷикистонии кӯчак бо ифтихори бузург гуфта метавонам, ки давлати пуриқтидор, ки замоне дар тасарруфи давлатҳои иттиҳод ҷой дошт, мустақил, демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва комилҳуқуқ аст. Онро марди бузургу дарёдил ва ҷаҳондидаву кордон Эмомалӣ Раҳмон роҳбарӣ мекунад. Бо заҳмати гарону ранҷи беандозаи ин марди хирад Тоҷикистон яктост. Қисматҳо надорад, якрангу якмаром аст. Мардуми соҳибхиради ин сарзамин аз хурд то бузург якдигарро эҳтирому эътироф мекунанд, чунки қавми як миллат, як мазҳаб ва як нажоданд. Имрӯз Тоҷикистони азизи мо дар айни шукуфтанҳост ва рӯз то рӯз шуҳратманду шуҳратёр гашта истодааст.
Имрӯз марду зани ин сарзамин дар талоши илму адаб, фарҳангу маърифат ва кору фаъолиятанд. Дастовардҳои бузурги Истиқлоли кишвар ба онон қуввату мадор, тавоноӣ бахшида, онҳоро ба пешравиҳои бузург ноил гардонд. Имрӯз Тоҷикистон гулистони беҳадду канор, маркази нуру маърифат, чаманистони дунёи орзуст. Имрӯз тоҷикон чун миллати номдор, шуҳратманду ҷаҳонгард, маърифатдӯсту тавоноанд.
Имрӯз ҳар фарди Тоҷикистони азиз дар паноҳи Офаридгори созанда дар нашъунамост.
Хулоса, сари таъзим меорам ба ҳар як обу хоку гулу гиёҳу мардуми бузурги ин сарзамин ва бешубҳа, меболам аз он, ки ман низ як шахси кӯчаку меҳрпарвари ин сарзамини афсонавиам. Тоҷикаму чун миллати баруманд ифтихор дар ҷаҳон дорам. Насли поки Оли Сомонаму дар дил маъхази бузурги миллати тоҷик — меҳру муҳаббат, покдиливу самимият ва ору номуси бузургро мепарварам.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё