ДОНИШ ТАЛАБУ БУЗУРГИ ОМӮЗ
Дониш андар дил чароғи равшан аст,
В-аз ҳама бад бар мани ту ҷавшан аст.
Оре, дониш чароғи ақл, қуввати дил, дороиву сарват ва ҷавшани бузургест, ки касро аз ҳама гуна ранҷу азоб, кулфату дард ва афсурдагиву эҳтиёҷ дур месозад. Дониш барои инсон мояи манбаи фазлу камол буда, инсонро бузургдил мегардонад. Шахси донишманд дар ягон давру замон ба душвориҳо рӯ ба рӯ намешавад, зеро дониши бузургаш ӯро бо роҳи росту самарабахш раҳнамун месозад. Тавассути ақлу заковати бузургу хиради ба роҳи дониш ба даст овардааш метавонад соҳибкору соҳибмаълумот ва соҳибиззат бигардад.
Донишмандон азизу гиромӣ ва хотирнишинанд. Дар ёдҳо, базмҳо, дар ҳамаи мавридҳо дар дилу дидаи мардуманд. Ба даст овардани дониш ва маҳорати бузург ба осонӣ ба даст намеояд. Шахсе, ки дар роҳи донишомӯзӣ мекӯшад, гарчанде душвор аст, бо тамоми душвориҳо, норасоиҳо ва заҳматҳои зиёд чизе омӯзад, то донишманд гардад, зеро шахси донишманд соҳибобрӯ аст.
Дониш ганҷи бузургест, ки баробари дунё арзиш дорад:
Беҳ аз ганҷи дониш ба гетӣ куҷост?
Киро ганҷи дониш бувад, подшост!
Ҳеҷ ганҷе бузургвортар аз дониш нест. Зеро ки он инсонро чун ҷавшани бузург аз камиву костӣ, гармиву сардӣ ва афсурдагиву эҳтиёҷ эмин медорад. Пас, бисёр кӯшиш мебояд, то ҳар вақт омӯхт. Агар манбаи омӯзишие пайдо нашуд, аз нодон метавон чизе омӯхт ва бо чашми дил ба ӯ нигарист ва бо басирати ақл бар вай назар кард. Он низ афзоиши дониши ту хоҳад буд.
Бо омӯхтани алфози наве, бо омӯхтани маънии дигаре барои кас ҷаҳони дигаре равшан мегардад. Як маънии бузург ҳаёти инсониятро тағйир медиҳад, бо роҳи рост ҳидоят мекунад.
Инсони асил пайваста дар омӯхтани илму андӯхтани дониш ва фазл мекӯшад. Фурсатро ғанимат шумурда, бо гузашти вақт дониши худро сайқал медиҳад. Аз пайи ҷамъ овардани молу мулк ва сарвати зиёд намекӯшад. Зеро дар зиндагӣ бояд ҳамеша илму дониш ва хирад дар пояи аввал истанд. Дар он мебояд кӯшид, ки ҳар рӯзи ҳаётро пайи зиёд кардани донишу ақлу заковати бузург сарф кард, на пайи тамаи молу мулк.
Афзудани дониш касро пурдон, пурмаърифат, кордон ва нуктафаҳм мегардонад. Мегӯянд, ки хираду дониш барои инсони бомаърифат ҳамчун ғизо неру мебахшад. Шахсе, ки дорои хираду дониши бузург нест, ӯ ҳамчун шахсияти аз ғизо дурмонда мекаловад ва дар байни ҷомеа чун ангуштнамоён ба назари ҳар фард мерасад. Зиёд намудани дониши ҳар як инсон ба ҳадди омӯзиши ӯ вобастагӣ дорад.
Зеро мегӯянд, ки:
Илм чандон ки бештар хонӣ,
Чун амал дар ту нест, нодонӣ.
Донишомӯзӣ ва толибилмӣ рисолатҳои бузурги инсонианд. Касе, ки ин рисолатҳоро ба ҷо намеорад, дар шумори одамиён буда наметавонад ва бевосита дар таънаву маломати атрофиён мемонад. Вале шахсияти донишмандро ҳама эътироф ва эҳтиром мекунад. Агар ба марги аблаҳон танҳо фарзандонашон бигирянд, ба марги алломаҳо ҷаҳон мегиряд, зеро бо заковату дониши бузургашон дили ҷаҳониёнро ба даст овардаанд.
Барои омӯхтани донишу маърифати зиёд бештар бояд китоб хонд, зеро манбаи ҳамаи омӯзишу донишҳо аз китоб сарчашма мегирад.
Рӯй овар бар китобу дониш, аз он саҳл гир,
То ба дониш гардӣ машҳури ҷаҳону дилпазир.
Бале, дониш чароғи ақл аст, ки дидагон аз он равшаниву нур ва дилҳо хушиву сурур мегиранд. Шахси донишманд зинатгари ҳар анҷуман аст. Агар аз хурдӣ то ба дами марг барои омӯхтани илму андӯхтани дониш камар бандем, саҳве нахоҳад шуд, зеро асоситарин ва беҳтарин амал дар зиндагии инсони асил илм омӯхтан аст. Зеро гуфтаанд:
Зи дониш зинда монӣ ҷовидонӣ,
Зи нодонӣ наёбӣ зиндагонӣ.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё