ЗАН, МОДАР — ҲАСТИИ ЗИНДАГӢ
Модар — модар, ту беҳтарин армонӣ,
Шодӣ ба дилу ба хонадон эҳсонӣ.
Аз меҳру навозишат мунаввар олам,
Дар даҳр ҳамеша ҷовидон мемонӣ.
Оре, модар беҳтарин армон, азизтарин ҳастӣ, муқаддастарин муъҷиза ва арзандатарин сарватест, ки ҳамагонро ҳаёт бахшидааст. Аз ҳастии пайкари бузургаш ба дили кас қуввату мадор, тавоноиву қарор ва меҳру муҳаббати беканор пайдо мегардад. Тавоноии модар касро зинату самар, симу зар, болу пар ва шаҳду армон мебахшад.
Такя бар вуҷуди ҷаҳон ва инсонфарини модар такя бар Яздони пок аст. Модар ягона офарандаи инсони комил аст, ки ҳамчун беҳдошти бузурги ҳаёт одамиятро ба дунёи равшан оварда, тарбият мекунад ва ба камол мерасонад. Аз ин офаридаи бузурги ӯ замину осмон, ҷаҳони ҷовидон ва ҳамаи ҳастии олам пур аз рози ниҳондошта, равшанию нур, хушию сурур ва ҳастии рӯҳу ҷон мегиранд. Ҳастии бузурги модар ҳамаи афзалиятҳои зиндагиро сабабгор аст.
Хуршед ниҳам ном туро ё ки ҷаҳонтоб?
Модар, зи бузургӣ сару пои ту нигин аст.
Бар гӯш расад аз ту садое, хушам он рӯз,
Эй хуш, бувад он рӯз, садоят ба танин аст.
Модар ситораи зиндагӣ, ситораи дурахшонест, ки ҷаҳонро нуру ҷило мебахшад. Офтобест, ки лаҳзае аз болои кӯҳе баромада, дунёро равшанию ҳаёт мебахшад.
Модар, ба қавли бузургон, бо як дасташ гаҳвора ва бо дасти дигараш дунёро такон медиҳад. Аз бисоти бузургаш ба фарзандон шири сафед медиҳад, то дар зиндагӣ роҳи сафеду бахти сафед ёраш бошад. Барои ба тарбият ба воя расонидан ва баобрӯ гардиданаш кӯшиши зиёде мекунад. Даме тифлаш роҳгардон мешавад, модар мефахрад.
Даме, ки аввалин сухани бузург — «Модар»-ро ба забон меорад, модар бештар хушҳол гашта, мефахрад, ки чун муъҷизоти пурафзуни инсони комилро офаридааст.
Модарон беҳтарин пушту паноҳ, арзандатарин ҳастии ҳаёт, равшанидиҳандаи ҳар як хонадон, қуввату мадори дилҳои нотавонанд. Онҳо сабабгори ҳамаи афзалиятҳои зиндагӣанд. Модарон қуввати дилу ҷонанд, ки дар ҳар таппиши дил ба мо ақлу заковат, меҳру муҳаббат ва эъҷозу ҳикмату хираду сарват мебахшанд.
Занону модарон дар қатори тавлиду тарбияи фарзанд боз бисёр вазифаҳои пурмасъулро ба дӯш доранд. Онҳо, бахусус занони тоҷик, дар соҳаҳои гуногуни зиндагӣ кору фаъолият мекунанд. Дар қатори мардон истода, ба оила мададгор мегарданд. Зани тоҷик имрӯз ронанда, бофанда, пазанда, духтур, муҳандис, роҳбар, тоҷир аст:
Гаҳе бинам, ки чун тоҷир ту дар бозор мегардӣ,
Гаҳе бинам ба беморе табибу ёр мегардӣ.
Гаҳе бинам, ки медӯзӣ ба тифлат ҷомаву дастор,
Гаҳе бинам ба ёрат мунису ғамхор мегардӣ.
Зани тоҷик, ба миллат боиси сад ифтихор астӣ.
Хулоса, азизон, волидон беҳтарин ганҷинаҳои ноёбу нотакроранд. Онҳо беҳтарин дороии ҳаётанд, ки барои ба дунё омадану ба камол расидани насли оянда хизмати арзанда доранд.
Намоед тоҷи сар, нури басар модар — падархоро,
Ки аз хубони олам хубтар худ волидон бошанд.
Меҳри модарро ягон мавҷудоти дигар, ки моро ҳастию ҷон бахшидаанд, ҷойгир буда наметавонад:
Он ҷо ки туӣ, модар, он ҷой гулистон аст,
Он ҷо ки набошӣ ту, як манзили вайрон аст.
Аз меҳри шарарборат равшан шавад ин олам,
Дурию фироқи ту сӯзест, ки дар ҷон аст.
Зеро ӯ худ мабдаи меҳр асту орзуву армон. Зеро ӯ ободгару рӯҳбахши ҳаёт аст. Ҳар ҷо ки ӯст, аз он ҷо бӯйи гулу гиёҳ меояд. Ин маъниро басе хуб баён намудаанд.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё