КИТОБ — МАНБАИ ДОНИШ
Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст,
Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст.
Оре, китоб ёр, беҳтарин дӯстдору ғамхор, нишондиҳандаи ҳаёти осоиштаву мададгори инсон аст. Китоб манбаи ягонаи пайдоиши илму дониш ва фазлу эҳсони инсони комил ба шумор меравад. Агар кас як умр ба мутолиаву омӯзиши он машғул бошад, чизеро талаф намедиҳад. Китоб ба инсон беҳтарин розҳо, маълумотҳо ва маъхазҳои зарурию ҳаётофаринро ҳадё месозад. Китоб беҳтарин ёвар ва маслиҳатгари кас буда, ҳаёту зиндагӣ, кору фаъолият ва донишу масъалаҳои нав ба настро меомӯзонад.
Китоб манбаи пайдоиши ҳамаи илмҳову фазлу камоли инсон ба шумор меравад. Китоб аст, ки моро асрорҳои олами ҳастӣ ва нашъунамо меомӯзонад. Китоб аст, ки баробари боз намудани саҳифаи аввалаш дари илму дониш, ҳираду фарҳангро боз мекунад ва бевосита моро ба олами маъно ҳидоят менамояд. Мутолиаи китоб касро бо беҳтарин олами пурaсрор, ки ҷаҳонро равшаниву нур ва хушиву сурур мебахшад, огаҳ месозад. Шахсе, ки пайваста дар мутолиаи китоб мекушад, дарахти пурсамареро мемонад, ки меваҳои он ҳар лаҳза инсонро ҷон, ҳастиву тавон ва имону виҷдон мебахшад. Шахсе, ки ҳамеша дар мутолиа аст, кабутареро мемонад, ки парвозҳои баланду сазоворро соҳиб аст.
Ҷаҳонро ба дониш тавон ёфтан,
Ба дониш тавон риштану бофтан.
Аз мутолиаи ин байти машҳур бармеояд, ки танҳо шахси донишманд метавонад асрори ҷаҳонро омӯзад, метавонад бо дониши бузурги худ хубро аз бад, некро аз зишт, камбудиву норасоиро аз афзуниву бартарӣ тафовут диҳад. Барои омӯхтани илм истифода кардан аз ганҷинаи бепоён ва дурри гарон — китоб истифода бурдан ниҳоят бамаврид меояд, зеро китоб инсонро дар олами ҳастӣ роҳ нишон медиҳад, соҳибобрӯ мегардонад.
Китобро дар омӯхтани илму адаб арзандатарин ва пояндатарин маъхаз мешуморанд. Бузургон таъкид кардаанд: «Мутолиаи китоб роз аст, онро ҳамеша амалӣ кардан асос аст. Агар ту як умр ба ҳамин кор машғул шавӣ, магӯ, ки хато кардаӣ, зеро ман як ҳаёт ба ҳамин кор машғул шудаам, бо сабабе, ки мехоҳам инсон бошам».
Аз ин ҷо бармеояд, ки инсон аз тамоми ҷузъҳои табиату ҷамъият маҳз тавассути ақлу фаросат ва заковати бузурги худ фарқ мекунад. Лекин заковату ақли бузург бе мутолиаи китоб ва омӯхтани беҳтарин фазилатҳои инсонӣ ба даст намеояд. Машҳуртарин мураббии ҳамаи мураббиёни олам, маъхази бузурги илм — китоб аст. Китоб дар ҳаёт чун омӯзгори ҳақиқии инсонҳо буда, армуғони бузургеро мемонад.
Китоб падидаест, ки тавассути мутолиаи он инсон аз бадахлоқӣ, муҳтоҷӣ, ғаму дард ва ғайраҳо озод мегардад. Дар ҳаёт тамоми бузургони олам чун Арасту, Афлотун, Хайём, Саноӣ, Рӯдакӣ, Саъдӣ баринҳо маҳз тавассути мутолиаи ин маъхази бузург ба ҷое расидаанд. Шояд онҳо аз рӯи мақоли бузург — «Зи гаҳвора то гӯр дониш биҷӯй» амал карда бошанд.
Шахсе, ки китобро мутолиа мекунад, бояд маъниҳои бузурги онро дарёфт карда, ҷавҳари маъниро дар дил ҷой бидиҳад. Ба қавле:
Сад хона китоб хонӣ, суде набувад,
Бояд, ки китобхона дар сина бувад.
Шахси фарҳангдӯст дар ду олам номдору комрон аст ва пас аз марг низ номи бузургаш дар дилу дидаҳо қарин мемонад. Чӣ тавр мо метавонем бузургонеро, ки манбаи пайдоиши ганҷҳои бебаҳо — китобанд, фаромӯш созем. Чӣ тавр метавонем аз маъхази бебаҳову гаронмоя, ки омӯзгори фарҳанги ғаниву маърифати ҷонфизо мебошад, бебаҳра монем.
Шахсе, ки китобро сармашки кори худ намешуморад ва намепарастад, на аз одамиёнест, ки пешрав асту комёбии ҳаёт мехоҳад, на аз касонест, ки фарҳангдӯст ба воя мерасад, на аз касонест, ки ибратомӯз буда метавонад.
Хулоса, китоб сармояи ҳирад, сарвати бебаҳо, кони ганҷу маърифат ва ҷамъи алфози накӯст, ки инсонро бо ростиву росткорӣ, ҳирадмандиву мардонагӣ ва матонату бузургӣ ҳидоят мекунад.
Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест,
Дар ғамкадаи замона ғамхоре нест.
Ҳар лаҳза ба ӯ зи гӯшаи танҳоӣ,
Сад роҳате ҳасту ҳаргиз озоре нест.
Пас, бисёр бояд шитоб кард, китобҳои бузургу нодир дарёфт, илму маърифат омӯхт, бедор зист, амал кард, то инсони асил буд, зеро китоб чун ганҷи бебаҳо танҳо ва танҳо бо роҳи росту ҳиради воло раҳнамун месозад. Зеро калиди дари илму кошонаи маърифат, асоси ҳираду заковат, ганҷинаи фарҳангу маъхази нуру зиёст, тарғибгари ҳар шодиву ободӣ, ҳаёти хурраму пурнишот, илму адаби пояндаву устувор китоб аст, китоб.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё