Зеҳн

ҲАФТ БУЗИЧА

ЗЕ
Зеҳн11 сентябри 2026 · 10 дақиқа хондан

Буд, набуд, будгор буд,
Замин набуд, шудгор буд.
Ҳафт бузичи бекор буд,
Очакашон дӯстдор буд.

Буд, набуд, дар замонҳои хеле қадим бузаке буд. Пойҳои бузак алою ҷингилак буданд, бачаҳояш балою гулгулак буданд. Бузакро бузаки ҷингилапо мегуфтанд. Ин бузак ҳафт бачаяк дошт. Номи онҳо Алӯлаку Булӯлак, Хиштаки Сари Танӯрак, Тоқчапараку Мехчапарак, Болошинаку Таҳшинак буд. Ҳамашон хушрӯяку дӯстрӯяку алояку балояку гапдарояк буданд.

Бузак онҳор дӯст медошт. Пеш аз он ки бузак ба саҳро равад ба бачаҳои ширинакаш таъкид мекард, ки «эҳтиёт шавед, дарро ба ҳар кас накушоед».

Ана ҳамин тавр, баъд ҳар пагоҳ ба дашту саҳро рафта, ба шохаш алаф, ба даҳонаш об, ба пистонаш шир оварда, дари хонаашро тақ-тақ зада мегуфт:

– Алӯлакам, Булӯлакам, Хиштаки Сари Танӯракам, Тоқчапаракам, Мехчапаракам, Болошинакам, Таҳшинакам, дарро кушоед! Ман барои шумо дар шохакам алаф, дар даҳонакам об, дар пистонакам шир овардам, дарро кушоед.

Таҳшинак, ки ҳамеша дар дами дар менишаст, дарро мекушод. Бузакро дида аз хушҳолӣ Алӯлаку Булӯлак медавид, Хиштаки Сари Танӯрак меҷаҳид, Тоқчапарак мепарид, Болошинак мерақсиду бузичаҳо гирди очаашонро гирифта, ширу обу алаф мехӯрданд.

Дар яке аз рӯзҳо, як бегоҳӣ аз дари хонаи бузак як рӯбоҳ, як шағол ва як гург мегузаштанд. Онҳо ногоҳ бузро диданд, ки аз саҳро баргашта, дар паси дар истода бо забони ширин ба бачаҳояш мегуфт:

– Алӯлакам, Булӯлакам, Хиштаки Сари Танӯракам, Тоқчапаракам, Мехчапаракам, Болошинакам, Таҳшинакам, дарро кушоетон! Дар шохакам алаф, дар даҳонакам об, дар пистонакам шир овардам, дарро кушоед.

Бузичаҳо дарро кушоданд. Бузак ба хонааш даромад. Инро рӯбоҳу шағолу гург диданд. Ҳар кадоме ба таври худ фикр карданд, ки фардо буз ба чарогоҳ меравад, ба хонаи буз рафта бузичаҳоро фиреб карда, оварда мехӯрем.

Рӯзи дигар саҳарии барвақт ҳар се бо се роҳ ба хонаи бузак омада, поида истоданд. Диданд, ки бузак баромада ба саҳро меравад.

Рӯбоҳи чаққону маккору ҳушёр зуд ба ин тарафу он тараф нигоҳ карда, давида ба паси дар омада, дарро тақ-тақ-тақ мекунад. Бузичаҳо ҷаҳида парида ба паси дар омаданд. Рӯбоҳ ба овози бузак тақлид карда гуфт:

– Алӯлакам, Булӯлакам, Хиштаки Сари Танӯракам, Тоқчапаракам, Мехчапаракам, Болошинакам, Таҳшинакам, дарро кушоед! Дар шохакам алаф, дар даҳонакам об, дар пистонакам шир овардам, дарро кушоед.

Одатан дарро Таҳшинак мекушод. Вай бо диққат ба овоз гӯш дод, ки овози очаш не. Якбора гуфт:

– Овози ту дигар, ту фиребгар. Очаи мо ҳозир рафт, вай бегоҳӣ меояд. Рав, беҳуда овора нашав! Не, дарро намекушоем.

Рӯбоҳ аз ҷавоби Таҳшинак ноумед шуду рафт. Шағолу гург аз дур, пинҳонӣ ин аҳволро диданд, ки кори рӯбоҳ барор нагирифт. Фардо шағолу гург аз ду роҳ ба хонаи бузак мераванд.

Шағол аз гург пештар дари бузро тақ-тақ зад. Бузғолаҳо овози шағолро шунида, фаҳмиданд, ки ин овози очашон нест, дарро накушоданд. Шағол ҳам ноумед баргашт. Гург инро диду худ ба худ гуфт: «ҳоло навбати ман». Қариби бегоҳ буд, ҳоло буз аз саҳро наомада гург ба хонаи бузак рафта, дарро кӯфту овозашро мисли овози буз карда, гуфт:

– Алӯлакам, Булӯлакам, Хиштаки Сари Танӯракам, Тоқчапаракам, Мехчапаракам, Болошинакам, Таҳшинакам, дарро кушоетон! Дар шохакам алаф, дар даҳонакам об, дар пистонакам шир овардам, дарро кушоед.

– Ту очаи мо нестӣ, – гуфт Таҳшинак, – овози ту дигар. Рав, беҳуда овора нашав, дарро намекушоем!

– Мааа, Мааа, Мааа! Ба шумо чӣ шуд? Ман очаи шумоям, имрӯз хаста шудам, дарро кушоед!

Гург кӯшиш кард, ки овозаш мисли овози буз шавад. Бузичаҳо давида, парида, ҷаҳида ба назди якдигар омаданду машварат карда гуфтанд:

– Не-не, ту очаи мо нестӣ. Агар очаи мо бошӣ поятро нишон деҳ!

Гург зуд аз таҳи дар пояшро дароз карда, ба бузичаҳо нишон дод. Онҳо диданд, ки пойи гург зард аст, якбора гуфтанд:

– Не, ту дурӯғ мегӯӣ, очаи мо нестӣ, пои очаи мо сиёҳу ҷингила аст, пои ту зарди безеб. Зуд аз ин ҷо рав, мо ба ту дарро намекушоем!

Гург ҳар кор карда талош мекард, ки бузичаҳо дарро кушоянд. Боз овозашро ба буз монанд карда гуфт:

– Ба шумо чӣ шуд? Ман очаи шумо. Имрӯз дар саҳро борон борид, поям лой шуд. Дарро кушоед, ки алаф аз шохам мерезад, оби даҳонам хушк мешавад, шири пистона мечакад.

Ҳамин дам Болошинак омада гуфт:

– Агар ту очаи мо бошӣ, рав, пойҳоятро шуста биё. То мо бинем, ки поят мисли пои очаи мо ҳаст, ё не?

Гург дид, ки ин ҳилаву найрангҳо ба кор намеравад. Омад ба лаби ҷӯйи ботлоқ, ки обаш сиёҳ буд. Зуд пояшро ба об даровард. Ботлоқи сиёҳ ба мӯи пои гург часпид. Гург саросема боз давида омаду овозашро ба овози буз монанд карда гуфт:

– Бачаякои азизам, имрӯз дар саҳро борон буд. Зуд дарро кушоед. Мана ба пойҳоям нигоҳ кунед.

Алояку Балояку Таҳшинак бо диққат нигоҳ карданд, ки мисли пои очааш аст, дарро кушоданд. Баробари кушодани дар, гург бо шаст ба хона даромаду аввал Алӯлакро хӯрд, баъд Булӯлакро хӯрд. Бо ғазаб бо дандонҳои гиз ин тарафу он тараф ҷасту хез карда, як-як ҳамаро ёфта, зуд-зуд фурӯ бурду шоду хандон баромада рафт.

Гург баромада рафту буз омад. Дид, ки дари хонааш кушодагӣ. Саросема ба хона даромада дид, ки на Алӯлак ҳасту на Булӯлак, на Хиштаки Сари Танӯрак ҳасту на Таҳшинаку на Болошинак, на Мехчапарак ҳасту на Тоқчапарак. Буз ин аҳволро дида, худ ба худ гуфт:

– Э вой, доду бедод! Бачаҳои ман куҷо шуданд?

Зуд алафро ба охур гузошт, обро ба кӯзача андохт, ширро ба хурмача ҷӯшиду берун баромад. Ин тараф, он тараф давида худ ба худ гуфт: «ин кори рӯбоҳи маккор». Бо алам давида ба хонаи рӯбоҳ омад. Ӯ дар хонааш, барои меҳмонҳо хӯрок мепухт. Буз ҷаҳида болои боми рӯбоҳ баромада бо ду пои пешаш тук-тук, тук-тук, тук-тук задан гирифт. Рӯбоҳ садои тук-тукро шунида бо ғазаб гуфт:

– Кист дар ин бомаки ларзонаки ман?!
Хок мерезад дар ошаки явгонаки ман?!
Ошаки явгонаки ман шӯр шуд,
Чашмаки меҳмонаки ман кӯр шуд!

Бузак боми Рӯбоҳро сахттар кӯфта, ҷавоб дод:

– Манам, Бузаки Ҷингилапо,
Мезанам ба ҳар ду по!
Алӯлакам ту хӯрдӣ!
Булӯлакам ту хӯрдӣ!
Хиштаки Сари Танӯракам ту хӯрдӣ!
Болошинакам ту хӯрдӣ!
Таҳшинакам ту хӯрдӣ!
Тоқчапаракам ту хӯрдӣ!
Мехчапаракам ту хӯрдӣ!
Баро ба ҷанги шохи ман!

Ин гаро шунида рӯбоҳ ҳайрон шуду аз хонааш сарашро бароварда гуфт:

– Эй Бузаки Ҷингилапо,
Чӣ мезанӣ ба ҳар ду по?!
Алӯлатро нахӯрдам,
Булӯлатро нахӯрдам,
Хиштаки Сари Танӯратро нахӯрдам,
Таҳшинакатро нахӯрдам,
Тоқчапараку Мехчапаракатро нахӯрдам,
Намебароям ба ҷанги шохи ту!

Буз мегӯяд:

– Ту рӯбоҳи маккору бадрафтор дурӯғ мегӯӣ.

Рӯбоҳ савганд мехӯрад:

– Ба худо савганд, рост мегӯям. Шояд ин кори шағол бошад.

Бузак аз болои боми рӯбоҳ бо шаст парида фуромаду ба хонаи Шағол рафту ба болои бомаш баромада, бо ду пои пешаш тук-тук, тук-тук, тук-тук задан гирифт. Шағол ҳам ҷӯраҳошро меҳмон карда буд. Аз тук-тук задани буз ба рӯи дастархони Шағол мисли борон хок рехт. Ин аҳволро дида шағол бо хашм ба берун барома, дод зад:

– Кист дар бомаки ларзонаки ман?!
Хок мерезад дар ошаки явгонаки ман?!
Ошаки явгонаки ман шӯр шуд,
Меҳмонаки азизи ман кӯр шуд!

Бузак шағолро дида бо асабоният гуфт:

– Манам, Бузаки Ҷингилапо,
Мезанам ба ҳар ду по!
Алӯлакам ту хӯрдӣ!
Булӯлакам ту хӯрдӣ!
Хиштаки Сари Танӯракам ту хӯрдӣ!
Болошинакам ту хӯрдӣ!
Таҳшинакам ту хӯрдӣ!
Тоқчапаракам ту хӯрдӣ!
Мехчапаракам ту хӯрдӣ!
Баро ба ҷанги шохи ман!

Шағол дид, ки буз аст. Барояш гуфт:

– Эй Бузаки Ҷингилапо,
Чӣ мезанӣ ба ҳар ду по?!
Алӯлатро нахӯрдам,
Булӯлатро нахӯрдам,
Хиштаки Сари Танӯратро нахӯрдам,
Таҳшинакатро нахӯрдам,
Тоқчапараку Мехчапаракатро нахӯрдам,
Намебароям ба ҷанги шохи ту!

Шағол савганд хӯрд:

– Ба худо савганд мехӯрам, ки ин кори ман нест.
Буз ба савганди шағол бовар кард:

– Пас ин кори кист?

Шағол гуфт:

– Ба назарам, ин кори гург аст. Ба хонаи Гург рав. Зӯр бошӣ, бо Гург биҷанг!

Гург дар хона ҷӯраҳояшро меҳмон карда, нақл мекард, ки чӣ хел бачаҳои бузро қулт-қулт ба мисли об фурӯ бурд. Бузак давида-давида ба хонаи гург омада, парида, ҷаҳида ба боми гург баромада бо асабоният бо чор пояш так-тук, тук-тук, тук-тук задан гирифт. Тамоми рӯи фарши хонаи гург пури хок шуд. Ба чашми меҳмонони гург хок даромад. Аз тук-туки ногоҳонӣ гург дар ғазаб шуда сарашро аз хонааш берун барварда гуфт:

– Кист дар бомаки ларзонаки ман?
Хок мерезад дар ошаки явгонаки ман?
Ошаки явгонаки мо шӯр шуд!
Меҳмонаки азизи мо кӯр шуд!

Буз ҳам овозашро баланд карда, бо асабоният гуфт:

– Манам, Бузаки ҷингилапо,
Мезанам ба ҳар чор по!
Кӣ хӯрдаст Алӯли маро?
Кӣ хӯрдаст Булули маро?
Кӣ хӯрдаст Хиштаки Сари танӯри маро?
Кӣ хӯрдаст Болошинакамро?
Кӣ хӯрдаст Таҳшинакамро?
Кӣ хӯрдаст Тоқчапаракамро?
Кӣ хӯрдаст Мехчапаракамро?
Кӣ мебарояд ба ҷанги шохи ман?

Гурги мағруру нотрас аз хонааш баромада, бо хашм ба бузак мегӯяд:

– Эй Бузаки Ҷингилапо,
Чӣ мезанӣ ба ҳар чор по?
Ман хӯрдам Алӯли туро!
Ман хӯрдам Булӯли туро!
Ман хӯрдам Хиштаки Сари Танӯри туро!
Болошинакатро ман хӯрдам,
Тоқчапаракатро ман хӯрдам,
Мехчапаракатро ман хӯрдам.
Ман мебароям ба ҷанги шохи ту!

Бузак ин гапрро шунида гуфт:

– Ҳоло фаҳмо! Агар мард бошӣ фардо, соати сеи расо, дар ҷангали калон ба ҷанги ман баро!

Буз ин гапро гуфту ба хонааш омад. Хамир карда, зувола гирифт, зуволаро паҳн кард, танӯрро бо ҳезум тасфонд. Баъд нону кулчаҳои ширмоли бомазза пухта, онҳоро ба як дастархон баста ба пеши устои оҳангар рафту гуфт:

– Салом, акаи усто.

Усто ҷавоб дод:

– Валейкум ассалом. Чӣ хизмат бузак?

Бузак бо алам гуфт:

– Устоҷон, гурги лаънатӣ бачаҳои маро хӯрдаст. Шохи маро тез кун, маро нанг омад, фардо ба ҷанги вай меравам.

Усто нону кулчаҳои бомаззаро гирифт. Шохҳои Бузакро оҳанпӯш кард. Нӯги онҳоро чунон тез кард, ки сангро занад, шикоф мешуд.

Гург аз паси буз поида рафту ин рафтори ӯро дид. Вай ҳам баъди Бузак ба пеши оҳангар рафт. Ногоҳ чашмаш ба оғули оҳангар афтод. Дид, ки ду гӯсфанди фарбеҳ баста мондагӣ. Якеро даронда хӯрду, дигареро дастовез карда ба назди оҳангар бурда дӯғ зада гуфт:

– Эй оҳангар! Ма, ин гӯсфандро гиру зуд дандонҳоямро тез кун, ба ҷанги буз меравам.

Бечора оҳангар аз дӯғи гург тарсиду гӯсфандашро шинохт. Дар дилаш гуфт: «ӯ, нобакоре, гӯсфанди маро кафонда барои ман оварда, боз дӯғ зада, дандонамро тез кун мегӯяд. Ман ҳоло очаи зори туро нишон медиҳам».

Усто бо анбур дандонҳои Гургро якта-якта канда партофта, ба ҷои онҳо пунбандона мешинонад. Гург хурсанд шуда, ба майдони ҷанг меравад.

Ҳар ду рӯ ба рӯ шуданд. Аввал гург «худо дод» гуфта, бо шаст ба Бузак ҳамла карду ба шикамаш дандон зад. Баробари дандон задан ҳамаи дандонҳояш якта намонда рехт. Гург ҳайрон ба дандонҳои рехтааш нигоҳ мекард, ки ногоҳ бузак омада бо ду шохи тезаш чунон ба шиками гург зад, ки ду пора шуду ҷо ба ҷо мурд. Ҳамин дам аз шиками вай давида Алӯлаку Булӯлак, Хиштаки Сари Танӯрак, Тоқчапараку Мехчапарак, Болошинаку Таҳшинак баромаданд.

Онҳо очашонро дида хурсанд шуданд. Бузак бачаҳояшро ба оғӯш гирифту насиҳат кард:

– Дигар эҳтиёт шавед, дарро ба ҳар касу нокас накушоед.

Ана ҳамин тавр, бузак бачаҳояшро аз гурги нобакор халос карда, шоду хандон ба хонааш бурда, бо орзуҳои ширин тӯю тамошо карда, ба муроду мақсадаш расид, мову шумо ҳам расем.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2