Зеҳн

МУШИ ЗИРАК

ЗЕ
Зеҳн11 сентябри 2026 · 9 дақиқа хондан

Буд, набуд, дар замонҳои қадим дар як бешазори азим шикорчие буд, ки ҳайвонҳои гуногунро сайд мекард. Дар ҳамон ҷо дар таги дарахте мушаке низ мезист, ки вай бисёр зираку ҳушёр, донову эҳтиёткор буд. Онсӯтар дар байни буттаҳо як гурбаи ваҳшӣ ҳам буд, ки вай мушҳоро шикор карда нӯши ҷон мекард, вале ин муши зиракро гирифта наметавонист.

Ин макон барои шикорчӣ хеле муносиб буд. Рӯзе шикорчӣ омада ба таги ҳамон дарахт ба доми худ пораи гӯшт баст ва домро он ҷо гузошту рафт, то сайде ба домаш афтад. Аз қазо, ҳамон гурбаи ваҳшӣ бӯи гӯштро фаҳмида ба доми шикорчӣ афтод. Ҳамон лаҳза муши зирак низ аз сӯрохи худ берун баромада, ба пеш давид, ки чизе барои хӯрдан пайдо кунад.

Вале ногоҳ гурбаро дид ва аз ҳайбати вай тарсиду ларзид. Бо тарсу ҳарос ба гурба нигоҳ кард, ки як пои паси гурба ба дом афтодааст. Худоро шукр гуфт. Хост ба қафо, ба сӯрохи худ баргардад, ногоҳ дид, ки ҳайвони дигар чашм ба ӯ дӯхтаст. Муши зирак ба болову поён нигоҳ карда, роҳи наҷотро ҷусту ба болои дарахт нигарист. Дар болои дарахт низ зоғеро дид, ки вай ҳам интизори шикор аст.

Муш ҳайрон монд, ки чӣ кор кунад. На ин тараф ва на он тараф, ба ҳеҷ куҷо рафта наметавонад. Агар аз роҳи гурбаи ба дом афтода гузарад, вай бо чангаш гирифта мехӯрад. Агар ба қафо гардад, ба панҷаи ҳайвони мушхӯр меафтад. Агар дар ҷояш истад туъмаи зоғ мешавад. Муши зирак ба фикр рафту аз миёни ин балоҳо халос шуданро ҷуста, худ ба худ гуфт: «Ягона наҷоти ман - ин кор гирифтан аз хирад аст. Фақат ба воситаи хирад метавон роҳеро пайдо кард». Каллаи муш кор карду дар дил гуфт, ки: «дар ин ҳолат ба ғайр аз зуд ба назди гурба рафтан чораи дигар нест. Вақте ки ман ба назди гурба равам дигарон аз тарси ҳайбати ӯ ба ман ҳуҷум намекунанд». Муши зирак фикркунон назди гурба рафту боз ҳам худ ба худ гуфт: «ҳоло гурба ба дом афтодааст. Мӯҳтоҷ аст. Агар вай гапи маро гӯш кунаду ба ман ваъда диҳад, ки пас аз наҷот ёфтанаш аз дом ба ман коре надорад, он гоҳ ҳар ду аз паи кори худ меравем». Муш ба назди гурба расиду пурсид:

– Эй гурба, ба ту чӣ шуд?

Гурбаи ғамгин ҷавоб дод:

– Мебинӣ, ки поям банд аст, намедонам, ин аҳвол то вақте чанд аст.

Муши зирак гуфт:

– Ту далер будию ҳушёр, чаро шудӣ ба ин бало гирифтор?

Гурба оҳиста, бо нигоҳи мададҷӯёна ба муш нигоҳ карду гуфт:

– Поям чунон омада ба дард, ки аз зиндагӣ дилам шуда сард.

Муш ҳоло фаҳмид, ки гурба муҳтоҷи ӯст. Барояш гуфт:

– Эй гурба, ман бароят рост мегӯям, ки ту душмани ман ҳастӣ. Ман бояд аз ғами ту шод бошам. Ҳамин ки туро медидам, мегурехтам ва аз Худо мехостам, ки ту ба балое гирифтор шавӣ. Вале имрӯз ман, аз ростӣ, шарики ғами ту ҳастам. Ман метавонам торҳои банди пои туро бо дандонҳоям хойида озод кунам. Бубин, ман аз чанд тараф ба бало гирифтор ҳастам. Ҳам як ҳайвони мушхӯр ва ҳам зоғе дар шикори ман ҳастанд. Ҳоло ман, ки ба ту наздик шуда, ин суханҳоро мегӯям, онҳо низ аз ман дур мешаванд. Фақат ту ҷавонмардона ба ман ваъда деҳ, ки пас аз кушодани банди поят ту ба ман зарар намерасонӣ.

Гурба ҳам аз шунидани ин суханон ба фикр рафт. Аз як тараф, дилаш мехост, ки мушро нӯши ҷон кунад, аз тарфи дигар, пояш дар банду ҷонаш дар хатар аст. Маккорона гуфт:

– Ман фикр мекунаму дар ҳайрат мемонам, ки байни мушу гурба ҳеҷ замоне ошноӣ набуд. Метарсам, ки ту ба ман бовар накунӣ.

Муш аз ин гуфтори гурба ризояти ӯро ҳис карда, шод шуду гуфт:

– Не-не, гурбаҷон, ман рост мегӯям, як фикр кун, ҷони ман ҳам дар хатар асту ҷони ту ҳам. Ҳар ду ҳам мехоҳем зиндагӣ кунем. Пас, чаро аз хирад баҳра набарем. Ҷангу куштору ба якдигар бовар накардан чӣ лозим аст? Зудтар бош, ки он ду тан ба ман ҳамла накунанд.

Гурба гуфтаҳои муши зиракро шунида бовар карда, ин сулҳро барои наҷоти ҷони ширинаш муносиб донисту гуфт:

– Эй муш, ман розиям, бигӯ, ман бароят чӣ кор кунам?

Муш аз ин сулҳ шод шуду гуфт:

– Бингар ба он ду душман, ки ба ман менигаранд. Онҳо ҳамин замон маро хӯрданианд. Аз ту хоҳиш ҳамин, ки баробари ба ту наздиктар шуданам ту аз ҷоят нимхез шаву ба ман таъзим кун. Онҳо ин эҳтироми туро мебинанду аз ин ҷо мераванд. Ман аз дасти онҳо наҷот меёбам ва бо оромии том пои туро аз банд озод мекунам.

Гурба розӣ шуд. Муш ба гурба хеле наздик шуд. Гурба ҳам ба ӯ таъзим карду аз аҳволи ӯ пурсон гашт. Он ду ҷонвар, ки дар шикори муш буданд, пас аз дидани ин ҳолат умед аз шикори худ канданду аз он ҷо рафтанд. Муш бодиққат ба он ду душманаш нигоҳ кард, ки рафтанд. Омад ба назди пои бастаи гурба ва оҳиста-оҳиста бо дандони тезаш ба хоидани ресмони дом шуруъ кард. Зимнан фикр мекард: «Аз ду душмани қаттол як бало карда халос шудам. Аз инаш чӣ тавр наҷот ёбам? Ман пои ӯро пурра аз банди дом кушоям, ногоҳ вай ба ман ҳамла кунад, пас чӣ кор бояд кунам?» Гурба ҳам ҳис кард, ки кори кушодани пои ӯ оҳиста пеш меравад. Вай низ худ ба худ гуфт: «Муш пои маро накушода гурезад, пас аҳволи ман чӣ мешавад?» Гурба ба муш рӯ оварда гуфт:

– Эй муш, ман гуфти туро кардам. Вале ту ба аҳдат вафо намекунӣ. Чаро ба оҳистагӣ банди пои маро мекушой?

Муши зирак зуд гурбаро тасалло дод:

– Эй гурба, бале, ман ба аҳдам вафодор ҳастам. Дар дунё беҳтарин чиз вафодорӣ аст. Агар касе аҳд кунаду вафо накунад, дар ду дунё хору зор аст. Модоме ки ман ба ту аҳд кардам, ба аҳдам вафо мекунам.

Гурба аз ин гапи муш шод шуду гуфт:

– Рост мегӯӣ. Дар дунё вафодорон зиёд буданд. Тавре ки ту ишорат кардӣ, ҳар кас аҳд карда вафо кунад, то ки аз вай ба некӣ ёд кунад. Ту дидӣ, ки ман гуфтаи туро иҷро кардам. Магар ин вафодорӣ нест. Вале ту чаро ин гапҳоро гуфта суст кор мекунӣ?

Муши зирак гуфт:

– Рост мегӯӣ. Дар гузашта бузургоне, ки аҳду паймон бастанд, ба он содиқ монданд. Дар вафодории худ устувор буданд. Вале ман, ки хеле нозуку ҳассос ҳастам, ҳанӯз ҳам дар дил хатареро эҳсос мекунам. То ин хатар бардошта нашавад, ман бо ҳарос гиреҳи пои туро зуд кушода наметавонам.

Гурба гуфт:

– Эй мушак, ту ҳанӯз ҳам ба ман гумони бад дорӣ. Ту фикр кун. Дар дунё қонуни дӯстӣ гуфтагӣ гапҳо ҳаст. Ҳар кас онро шиканад рӯяш сиёҳ мемонад. Охир ману ту аҳд бастем-ку! Ту он душмании пешинро, ки дар байни гурбаҳо ва мушон буд фаромӯш кун. Оқибати бевафоӣ хуб нест, ҳама як умр ба он лаънат мехонанд. Гуфтаи туро ман анҷом додам, ҳоло ту гуфтаи худро анҷом деҳу ба ваъдаи худ вафо кун.

Муши зирак бо ин гапҳо донистан мехост, ки баробари аз банд раҳо шудан ногоҳ гурба ба ӯ ҳамла мекунад, ё не. Ба ҳар ҳол, бо тарсу ҳарос гуфт:

– Не-не, ту бад фикр накун. Ман ба аҳдам вафо мекунам. Туро ҳатман аз банд озод менамоям.

Гурба барои бартараф кардани андешаи муш ишорат кард:

– Ту ҳар чӣ фикр мекунӣ, ошкор гӯй, то ман онро бартараф кунам.

Муш гуфт:

– Ман шунидаам, ки дӯстон ду навъ мешаванд. Якум ин ки бе ҳеҷ ғаразу тамаъ дӯстӣ мекунанд. Дуюм ин ки ҳатман барои кадом ғаразе ё тамаъе дӯстӣ мекунанду пас аз ситонидани фоидаи худ дӯстиро тарк менамоянд. Дӯстони бетамаъ ҳамеша сазовори боварӣ ҳастанд, вале дӯстони ботамаъ худро ба сад ранг медароранд. Барои ҳамин ман эҳтиёт мешавам. Мувофиқи ваъда туро аз дом раҳо мекунам, вале ба ҳар ҳол эҳтиёт ҳам мешавам.

Ин гуфтаҳои муш ба гурба хеле писанд омаду гуфт:

– Офарин, эй муш. Дар ҳақиқат, ту хирадмандӣ. Ман ба ин таҷрибаи ту қоилам. Росташро гӯй, ман чӣ кор кунам?

Муш гуфт:

– Гӯш кун, ман тамоми банди пои туро мекушоям. Вале як тори он ресмонро боқӣ мегузорам. То охир ман дидам, ки ту ба ман зарар намерасонӣ, он торро низ мекушоям.

Гурба зиракии мушро дида ба гуфтаи ӯ розӣ шуд. Ногоҳ дид, ки шикорчӣ меояд. Муш ба аҳдаш вафо карда, охирин тори ресмони домро бурид. Гурба аз тарс мушро фаромӯш карда, ҷаҳида ба болои дарахт баромад. Муши зирак ҳам аз гурба халос хӯрда, ба сӯрохи худ даромад. Шикорчӣ ҳам омада дид, ки торҳои ресмони домаш бурида аст. Инро дида ангушти ҳайрат газиду домашро гирифта, ноумед рафт.

Аз байн чанд вақт гузашту муш оҳиста аз сӯрохаш сар берун баровард. Гурбаро дида тарсид. Вале гурба пурсид:

– Эй муш, ба ту чӣ шуд? Чаро аз ман мегурезӣ? Мо дӯсти вафодор шудем. Ман намедонам некиҳои туро чӣ хел адо кунам.

Муши зирак аз дари сӯрохи худ берун набаромада гуфт:

– Ман дигар бо касе сӯҳбат кардан намехоҳам.

Гурба гуфт:

– Дӯстиро ҳурмат кун. Касе, ки дӯсти зиёд дорад, мушкилаш зуд осон мешавад. Касе, ки дӯсти кам дорад, кораш бебарор аст. Охир, ту маро аз марг наҷот додӣ. Ман аз ту як умр миннатдорам. Ман барои ту эҳсони зиёд бояд кунам.

Ҳарчанд гурба суханҳои зебои зиёд гуфт, вале муш ба гуфтаҳои ӯ гӯш накард. Гурба савгандҳо кард, ки дӯстии мо абадӣ мемонад. Аммо муш напазируфту гуфт:

– Гӯш кун, гурба. Медонӣ, ки гурбаҳо аз рӯзи пайдоиши ҳаёт душмани мушҳо ҳастанд. Худат бо хирад таҳлил кун, агар ҳар замоне ки ин дӯстӣ муваққатӣ бошад, он пойдор нест. Дар натиҷаи рӯ ба рӯ омаданҳо аз байн меравад. Ҳатто дӯстию душманиро ба зоҳир бунёд созанд, он ҳам устувор нест. Барои ҳамин, беҳтар он аст, ки ҳар кас бо ҳамҷинси худ дӯстӣ кунад.

Шикорчӣ, ки каме дуртар аз паси санге ин гапҳоро мешунид аз он панд гирифту дар дилаш гуфт, ки рост мегӯяд.

Ана, бачаҳои азиз, чи тавре ки муши зираку хирадманд бо донишу таҷриба худро аз бало наҷот дода ба муроду мақсадаш расид, шумо ҳам аз он ибрат гирифта, ба муроди дилатон расед.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2