ГУРБАИ ДУМБУРИДА
Буд, набуд, як бибӣ буд. Вай як гов дошт. Говаш гӯсола кард. Бибӣ ҳар рӯз пагоҳӣ ва бегоҳӣ говашро меҷӯшид. Ширашро дар як лаган андохта ба ошхона мегузошт. Шир қаймоқ мебаст. Қаймоқро ба набераҳояш медод. Онҳо кайф карда мехӯрданду бозӣ мекарданд. Баъди бозӣ ба гови бибӣ алаф меоварданд.
Чун одат, як пагоҳӣ бибӣ аз хобаш хесту ба ошхона даромад. Ногоҳ дид, ки як гурбаи сиёҳи ало ширашро мехӯрад. Бибӣ гурбаи дуздро дида дар ғазаб шуд. Оҳиста ин тарафу он тараф нигоҳ кард, ки чизе ёфта гурбаро занад. Чашмаш ба табар афтод. Табарро гирифта чунон ба думи гурба зад, ки думаш канда шуд.
Бибӣ ба назди лаган омада дид, ки гурба ширро пок-покиза хӯрдаст. Гурбаи бедум ба сари девор баромада, илтиҷоомез ба бибӣ гуфт: – Мияв-мияв-мияв, думамро бидеҳ. Бибӣ бо асабоният ҷавоб дод: – Гурбаи дузд! Аввал ширамро бидеҳ! Баъд думатро бигир!
Гурба, ночор, давида-давида назди гов рафту гуфт: – Мияв-мияв-мияв, говҷон, ба ман шир деҳ, ман ширро ба бибӣ диҳам, бибӣ думамро диҳад.
Гов гуфт: – Хуб шудаст. Ту ба ман алаф биёр, ман ба ту шир медиҳам.
Гурба дав-давон ба замини алаф рафт. Дид, ки алафаш пажмурда шудаст. Гурба ба замин гуфт: – Замин-замин, илтимос ба ман алаф деҳ, ман алафро ба гов диҳам, гов ба ман шир диҳад, ширро ба бибӣ диҳам, бибӣ думамро диҳад.
Замин гуфт: – Хуб, вале мебинӣ, ки алафҳои ман пажмурда шудаанд. Мироб об доданро фаромӯш кардаст. Аввал ба ман об деҳ, баъд ба ту алаф медиҳам.
Гурба давида-давида пеши мироб рафту гуфт: – Салом, акаи мироб. – Валейкум ассалом, гурбаи думбурида. – Илтимос, ба замин об бидеҳ, замин ба ман алаф диҳад, алафро ба гов диҳам, гов ба ман шир диҳад, ширро ба бибӣ диҳам, бибӣ думамро диҳад.
Мироб гуфт: – Гурбаҷон, майлаш. Лекин ман гурусна ба ман тухм биёр. Ман тухмро хӯрда қувват гирам. Баъд заминро об диҳам.
Гурбаи бечора зуд дав-давон ба назди мурғ омаду зорӣ кард: – Мурғ, мурғ, илтимос, ба ман тухм деҳ. Тухмро ба мироб диҳам, мироб заминро об диҳад, замин ба ман алаф диҳад, алафро ба гов диҳам, гов ба ман шир диҳад, ширро ба бибӣ диҳам, бибӣ думамро диҳад.
Мурғ қут-қут-қут карду гуфт: – Майлаш, лекин ман гурусна. Ту аввал дон биёр, ман донро хӯрам, баъд ба ту тухм диҳам.
Гурбаи сарсон хеле шуд саргардон, рафт ба пеши деҳқон, гуфт аз дарди ҷон: – Салом, бобои деҳқон, соҳиби ғаллаю дон. – Валейкум бар салом, гурбаи думбуридаи нимҷон. – Бобоҷон, илтимос, ба ман дон бидеҳ. Дона ба мурғ диҳам, мурғ ба ман тухм диҳад, тухмро ба мироб диҳам, мироб заминро об диҳад, замин ба ман алаф диҳад, алафро ба гов диҳам, гов ба ман шир диҳад, ширро ба бибӣ диҳам, бибӣ думамро диҳад.
Деҳқони заҳматкаши раҳмдил пушту сари гурбаро сила карду аз дил гузаронд: «Худо ба ман ин гyрабаро расонд» ва гуфт: – Ба назарам, гурусна ҳам ҳастӣ. Ту аввал ишкаматро сер кун. Ҳамин мушҳои амбори маро биқапу бихӯр, ман ба ту дон медиҳам.
Гурба шод шуд, аз ғам озод шуд. Рафту дар дами сӯрохи муш нишаст. Ҳар муше, ки мебаромад, меқапиду мехӯрд. Дигар муше намонд, ки ба анбори деҳқон дарояд. Деҳқони шодон, ба гурба дод дон.
Гурба донро гирифт, бо шаст давид, ба пеши мурғ расид. Мурғ донро хӯрду тухм дод. Гурба тухмро гирифта овард ба мироб. Тухмро мироб хӯрду заминро кард шодоб. Замин ба вай алаф дод, алафро ба назди гов овард. Гов алафро хӯрду ба вай шир дод. Гурба ширро ба бибӣ дод. Бибӣ ҳам хушҳол шуду гуфт ба фарёд: – Ма, бигир думатро! Ин дафъа дуздӣ кунӣ, мекушам худатро!
Гурба хушҳол шуду думашро гирифта, ба назди устои кафшдӯз омад.
Салом, амаки кафшдӯз. – Валейкум, гурбаи думбурида, чӣ хизмат? – Илтимос, думамро бидӯз. – Майлаш, лекин барои думи ту сӯзани мувофиқ надорам. Ба назди оҳангар раву як сӯзан созонда биё.
Гурба рафт назди оҳангар. – Салом, амаки оҳангар. – Валейкум бар салом, гурбаи думбурида. – Амаки оҳангар, ба ман як сӯзани махсус сохта бидеҳ, ба кафшдӯз барам, вай думамро дӯзад. – Майлаш, вале дар кӯраи оҳангарӣ ангишт надорам. Агар назди кӯҳкан рафта, ангишт биёрӣ ту, он гоҳ сӯзан сохта, онро гузорам дар ихтиёри ту.
Гурба давида назди кӯҳкан рафту гуфт: – Акаи кӯҳкан, ба ман ангишт бидеҳ, ангиштро ба оҳангар диҳам, оҳангар ба ман сӯзан созад, сӯзанро ба кафшдӯз диҳам, кафшдӯз думамро дӯзад.
Кӯҳкан гуфт: – Қувват надорам, рав назди қассоб, бароям гӯшт биёр, ки пазаму хӯраму ангишт канам.
Гурба назди қассоб мераваду мегӯяд: – Акаи қассоб, бароям гӯшт бидеҳ, ки ба кӯҳкан барам, кӯҳкан ба ман ангишт диҳад, ангиштро ба оҳангар барам, оҳангар ба ман сӯзан диҳад, сӯзанро ба кафшдӯз барам, кафшдӯз думамро дӯзад.
Қассоб гуфт: – Гурбаяки думбурида, нон надорам, ки хӯраму қувват гираму гӯшт пора кунам. Рав назди нонвою бароям нон биёр.
Гурба рафт назди нонвой ва гуфт: – Нонвой бобо, ба ман нон бидеҳ, нонро ба қассоб диҳам, қассоб ба ман гӯшт диҳад, гӯштро ба кӯҳкан диҳам, кӯҳкан ба ман ангишт диҳад, ангиштро ба оҳангар диҳам, оҳангар ба ман сӯзан диҳад, сӯзанро ба кафшдӯз диҳам, кафшдӯз думамро дӯзад.
Нонвой гуфт: – Эй гурбаяки алояку балояки думбурида. Худо туро ба ман аз куҷо расонд, ки омадӣ давида. Зуд биё ба анбори мани рангпарида. Мушҳо ғаллаи маро тамоми карданд аз ҳар тараф ҷаҳида. Онҳоро бихӯру нобуд кун, ки ман бароят нон диҳам пазида.
Гурба ба анбори нонвой даромада, поида, хамида, ҷаҳида, парида ҳамаи мушҳоро нобуд кард. Нонвой ба гурба нон дод. Гурба нонро ба қассоб дод, қассоб ба вай гӯшт дод, гӯштро ба кӯҳкан дод, кӯҳкан ба вай ангишт дод, ангиштро ба оҳангар дод, оҳангар ба вай сӯзан дод, сӯзанро ба кафшдӯз дод, кафшдӯз думи гурбаро дӯхт.
Гурба хушҳол шуд. Пас аз ин савганд хӯрд, ки дигар дуздӣ намекунаду бо меҳнати ҳалол ризқу рӯзиашро ёфта, зиндагӣ мекунад.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё