Зеҳн

МАЗМУНИ МЕНЕҶМЕНТ

БА
Барномасоз11 сентябри 2026 · 12 дақиқа хондан

Мазмуни мафҳуми «менеҷмент»-ро лоақал дар се ҷанба баррасӣ намудан мумкин аст: ҳамчун илм ва санъати идоракунӣ, ҳамчун шакли фаъолият ва раванди қабулкунии қарорҳои идоракунӣ ва ҳамчун дастгоҳи идоракунӣ.

Менеҷмент ҳамчун илм ва санъати идоракунӣ дар заминаи таҷрибаи амалии идоракунӣ пайдо шудааст ва ба тамоми донишҳои оид ба идоракунӣ, ки инсоният дар давоми таърих андухтааст, такя мекунад.

Менеҷмент ҳамчун илм концепсия, назария, принсип, усул ва шаклҳои идоракуниро дар бар мегирад. Вазифаҳои асосии он:

  1. шарҳ додани табиати меҳнати идоракунӣ;

  2. муқаррар намудани равобити байни сабабу оқибатҳо дар ин соҳа;

  3. ошкор намудани омилҳо ва шароити самаранокии меҳнати муштарак;

  4. коргарди усулҳои самаранок идоракунии фаврӣ;

  5. ояндабинии ҳодисаҳо, таҳияи идоракунии стратегӣ.

Ҳамзамон далелҳои баррасӣ намудани менеҷмент ҳамчун санъат ё ҳунар ҳам вуҷуд доранд:

  1. ташкилот – низоми мураккаби иҷтимои техникӣ мебошад;

  2. одамоне, ки дар он кор мекунанд, омили асосии самаранокии мавҷудоташон мебошанд;

  3. амалан идоракуниро фақат ба воситаи таҷрибаи одамоне, ки чунин истеъдод доранд ва комилан ин таҷрибаро ҳам доранд, ёд гирифтан мумкин аст;

  4. ҳангоми қабул намудани қарорҳои идоракунӣ менеҷер, чун қоида, маълумотеро, ки барои ин кор лозим аст, дар даст надорад;

  5. ҳеҷ кас ҳеҷ гоҳ ба менеҷер дурустии қарорҳои қабулшударо, ки дар оянда амалӣ хоҳанд шуд, кафолат дода наметавонад, зеро инсон ба пешбинию пешгӯӣ намудани ин «оянда» қодир нест.

Ҳамаи далелҳо қобилияти боварӣ ба ҳиссиёти худ ва шуҷоати қабули қарор дар шароити гуногуну мураккабро ба яке аз омилҳои муҳимтарини санъати менеҷерӣ табдил медиҳанд.

Менеҷмент ҳамчун фаъолияти амалӣ ва раванди қабул намудани қарорҳои идоракунӣ аз маҷмӯи расмиёте иборат аст, ки нақшаи умумии технологияи идоракунии корхонаҳоро ташкил медиҳад. Ин маҷмӯи расмиёт аз самтҳои алоҳидаи фаъолияти идоракунӣ бо функсияҳои менеҷмент, ки ҳар кадоми он ба марҳилаҳои бо тартиби муайян иҷрошаванда иборатанд, тақсим мешаванд.

Таркиби функсияҳо ва вазифаҳои идоракуниро вобаста ба сатҳи системаи ташкилот (хоҷагии халқ, соҳаи саноат, корхона, лоиҳаи алоҳида ё кори хусусӣ) ва шароити фаъолияти он танзим намудан мумкин аст.

Иҷрои ҳар вазифаи идоракунӣ ё амалисозии функсияи алоҳидаи менеҷмент бо қабулкунии қарорҳои муайяни идоракунӣ алоқаи ҷудонопазир дорад. Ин унсури нисбатан маъмул ва бисёр такроршавандаи менеҷмент мазмуни асосии фаъолияти менеҷерро дар корхона ташкил медиҳад. Ҳамчун шакли фаъолияти амалӣ менеҷмент тақсими вазифаҳо ва вобаста намудани расмиётро ба иҷрокунандагони мушаххаси онҳо – роҳбарони зинаҳои гуногун дар назар дорад.

Менеҷмент ҳамчун дастгоҳи идоракунии ташкилот мақоми махсуси идоракунии ташкилоти муосир мебошад. Бе он ташкилот ҳамчун муассисаи комил вуҷуд надорад ва самаранок фаъолият карда наметавонад. Вазифаи асосии дастгоҳи идоракунӣ ҳамоҳангсозӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои ташкилот баҳри ноил шудан ба мақсадҳои он мебошад.

Ҳар гуна фаъолияти мақсаднок аз ҷониби гурӯҳи муайяни одамон, ки фаъолияти худро барои дастрас намудани мақсадҳои мушаххас мувофиқ месозанд, ба вуҷуд меояд ва амалӣ мегардад. Чунин гурӯҳи шахсонро дар менеҷмент ташкилот меноманд. Мафҳуми менеҷмент ҳамчун дастгоҳи идоракунӣ нисбати ташкилот аҳамияти институтсионалӣ дорад ва чунин унсурҳоро дар бар мегирад:

  • ин низоми идоракунӣ, ки дорои сохтори иерархӣ аст, аз мақомоти махсусгардонидашудаи идоракунӣ иборат мебошад;

  • ин ниҳоди менеҷерҳо - роҳбарони зинаҳои гуногун, ки дар қабулкунӣ ва иҷрои қарорҳои идоракунӣ ваколати муайян доранд ва барои натиҷаҳои фаъолияти ташкилот масъул мебошанд.

Ҳар ҷанбаи номбаршуда соҳаи истифодаи худро дорад, ки системаи мукаммали менеҷменти ягонаро ташкил диҳад, стратегияи интихобшудаи рушд ва системаи менеҷменти оперативии корхонаро таъмин мекунад.

Менеҷмент аз рӯи объектҳои идоракунӣ

Менеҷмент иҷроиши чунин функсияҳои идоракуниро дар назар дорад: банақшагирӣ, ташкил, ҳамоҳангсозӣ, ангезиш, қабулкунии қарорҳо, роҳбарӣ, баҳисобгирию таҳлил, назорат, танзим ва ғайраҳо.

Аз рӯи объектҳои идоракунӣ менеҷменти ташкилӣ, стратегӣ, тактикӣ ва фаврӣ аз якдигар фарқ карда мешаванд.

Менеҷменти ташкилӣ ба таъсиси сохтор, механизми идоракунӣ, таҳияи маҷмӯи функсияҳо, қоидаҳо ва стандартҳои идоравӣ алоқаманд аст.

Менеҷменти стратегӣ дар фаъолияти идоракунӣ мақсадҳои дарозмуддатро пас аз қаблан муқаррар намудани онҳо амалӣ мегардонад. Иқтидори захираҳои инсонӣ, тағйири самти талаботи истеъмолгар ба сӯи ташкили самараноки истеҳсолот асоси менеҷменти стратегӣ мебошад. Менеҷменти стратегӣ моделҳои гуногун дорад.

Менеҷменти тактикӣ каме ба стратегӣ монанд аст ва барои амалӣ намудани стратегия тартиб дода мешавад. Сатҳи ташкили чунин усулҳои идоракунӣ – зинаҳои мобайнӣ мебошанд ва аз мӯҳлати барои ояндабинӣ ҷудошуда ҳам кӯтоҳтаранд.

Менеҷменти фаврӣ масъалаҳоеро ҳаллу фасл мекунад, ки дар ҷараёни истеҳсолот ба миён меоянд. Асоси онро тақсими кору захираҳо, назорати рафти иҷрои вазифаҳо дар лаҳзаи феълии кор ташкил медиҳад.

Менеҷмент вобаста ба мансубияти функсионалӣ

Вобаста ба мансубияти функсионалӣ хелҳои зерини менеҷмент ҷудо карда мешаванд:

  1. Маркетинг-менеҷмент. Бозорҳои молиявиро мавриди таҳқиқ қарор дода, каналҳои нави фурӯшро фароҳам месозад, сиёсати нархгузориро ташаккул медиҳад.

  2. Менеҷменти истеҳсолӣ барои назорати равандҳои истеҳсолии корхона, амалисозии фаъолияти асосии он бо ёрии ҳамоҳангсозии амалиёту равандҳо имконият медиҳад.

  3. Менеҷмент дар соҳаи фурӯш – раванди ташкили фурӯши маҳсулот, иштирок дар ба расмият даровардани шартномаҳои хоҷагӣ оид ба таҳвили маҳсулот.

  4. Менеҷменти кормандон – банақшагирии сифатнок, истифодабарии захираҳои меҳнатӣ, интихоб, ҷобаҷогузорӣ ва таълимдиҳии онҳо. Ҳамчунин ба он системаҳои ангезиш ва ҳавасмандгардонии кормандони ташкилот дохил мешаванд.

  5. Менеҷменти молиявӣ – таҳияи мақсаду вазифаҳои идоракунии молияи корхона ва истифодаи усулҳои босамари идоракунии захираҳои молиявии он. Менеҷменти молиявӣ, инчунин менеҷменти таваккалӣ (риск–менеҷмент) ва менеҷменти андозро дар бар мегирад.

  6. Менеҷменти инноватсионӣ – кор бо навовариҳоро ташкил дода, истифодаи кашфиёти илмиро ба мувофиқа меорад. Чунин идоракунӣ мавҷудияти рӯҳияи эҷодӣ дар коллектив, ҳолати махсуси ҳайати кормандонро, ки барои озмоишҳои доимӣ ва азхудкунии технологияҳои нав тайёр мебошанд, дар назар дорад.

  7. Менеҷменти инвеститсионӣ – кор оид ба идоракунии сармоягузорӣ, маблағгузории самаранокӣ сармоя барои минбаъд гирифтани фоида.

  1. Эккаунтинг-менеҷмент – идоракуние, ки ба ҷамъоварии бодиққатонаи маълумот, коргарду таҳлили он, бо муқоисаи минбаъдаи нишондиҳандаҳои ташкилоти дигар, ки бо ҳамин навъи фаъолият машғуланд, асос ёфтааст.

  2. Менеҷменти мутобиқшавӣ. Мақсади он - мутобиқшавӣ ба шароити тағйирёбандаи муҳити берунӣ мебошад ва мисоли равшани он - низоми мутобиқшавӣ корхонаҳои брокерӣ мебошанд.

  3. Менеҷменти зиддибӯҳронӣ – идоракунии равандҳое, ки бо расмиёти муфлисшавии ташкилот ҳамроҳанд. Масалан, идоракунӣ дар давоми амали истеҳсоли озмунӣ ё зимни бастани созишнома.

Менеҷер дар низоми менеҷмент

Менеҷмент асоси махсус ва муайянкунандаи ҳама ташкилотҳо мебошад. Менеҷер мутахассиси касбии идоракунанда мебошад, ки ба таври кироя кор мекунад. Ф.У. Тейлор, асосгузори «менеҷменти илмӣ», нахустин касе буд, ки истилоҳи «менеҷмент» ва «менеҷер»-ро ба ин маъно истифода бурд.

Баробари инкишофи иқтисодиёти бозаргонӣ дар мамлакати мо истилоҳоти «менеҷмент» ва «менеҷер» хеле зуд ва ба таври устувор ба хазинаи луғавии миллӣ, ба ҳаёти ҳаррӯзаамон дохил гардиданд.

Ба маънои маҳдудаш, менеҷмент санъати ноил шудан ба мақсадҳои гузошта бо истифода аз меҳнат, хирад ва ангезаи рафтори одамони дигар мебошад. Ба маънои васеътар аз ин, менеҷмент ин, аз як тараф, фаъолиятест, ки ба банақшагирӣ, ташкил ва истифодаи самараноки захираҳои моддӣ, меҳнатӣ, молиявӣ ва иттилоотӣ равона карда шудааст; аз тарафи дигар, маҷмӯи принсипҳо, усулҳо ва шаклҳои идоракунӣ мебошад, ки бо мақсади баландбардории самаранокӣ кори ташкилот ва афзудани фоида истифода бурда мешавад.

Ба назари амрикоиҳо менеҷмент ин идоракунии одамони мушаххас дар ташкилоти мушаххас мебошад. Вақте онҳо дар бораи идоракунии бешахс сухан меронанд, одатан мафҳуми маъмуриятро истифода мебаранд. Ба ғайр аз ин, менеҷер на иқтисодчӣ ё муҳандиси муқаррарии машғул ба идоракунӣ, балки мутахассиси касбӣ мебошад.

Дар кишварҳои дорои иқтисодиёти бозаргонӣ менеҷер касби оммавист. Дар ИМА шумораи онҳо ба даҳ миллион – тақрибан 8% -и тамоми кормандон расидааст.

Менеҷерҳоро бе иштибоҳ «локомотивҳои» бизнес номидан мумкин: идоракунии истеҳсолоту кормандон, чорабиниҳо оид ба кам намудани хароҷот ва афзоиши фоида, бартараф кардани истеҳсоли молҳои нуқсондор ва таъмини сифати волотарини маҳсулот, мубориза бо рақибону нархгузории мол, таъмини моддию техникӣ ва як қатор корҳои дигар – ҳамаи инҳо корҳои менеҷер мебошанд. Вале агар тамоман мухтасар карда гӯем, пас, ба гуфти амрикоиҳо кори асосии менеҷер - «ҷустуҷӯи ганҷи ниҳон», яъне таъмини фоидаи калон барои хӯҷаин-соҳибмулки худ мебошад.

Дар ҷустуҷӯи «ганҷи ниҳон» менеҷерҳои ширкати оламшумули амрикоии меҳмонхонадории «Ҳилтон» тамоми меҳмонхонаҳои нави худро, ки дар тамоми ҷаҳон паҳн шудаанд, сайр мекунанд. Масалан, дар меҳмонхонаи машҳури «Уолдорф-Астория», воқеъ дар Ню-Йорк онҳо фармуданд, ки сутунҳои бошукӯҳи ороишӣ бардошта ва ба ҷои онҳо витринаҳо гузошта шаванд. Ва ин витринаҳо соле 5 ҳазор доллар фоида меоранд. Дар меҳмонхонаи «Палмер» (Чикаго) ба ҷои мағозаи камфоидаи китобфурӯшӣ толори коктейл кушода шуд, ки даромади солонааш 300 ҳазор доллар аст. Дар меҳмонхонаи «Платса» таҳхонаи захираи шаробро ба ҳуҷраи боҳузур барои меҳмонон табдил доданд ва даромад 500 ҳазор доллар афзуд.

Менеҷер узви ташкилот аст, ки фаъолияти идоракуниро амалӣ ва масъалаҳои идоракуниро ҳал менамояд. Бо масъулияти тамом метавон гуфт, ки менеҷерҳо шахсони асосии ташкилот мебошанд. Аммо на ҳама менеҷерҳо дар ташкилот нақши якхела мебозанд, на ҳама менеҷерҳо дар ташкилот мавқеи якхеларо ишғол мекунанд, масъалаҳое, ки менеҷерони гуногун ҳал мекунанд ва функсияҳое, ки онҳо иҷро мекунанд, якхела нестанд. Ин бо дар ташкилотҳо вуҷуд доштани иерархия, иҷро намудани функсияҳои гуногун ва ниҳоят, ба вуҷуд доштани навъҳои гуногуни фаъолияти идоракунӣ алоқаманд аст.

Бинобар сабабҳои зайл ташкилот бе менеҷер вуҷуд дошта наметавонад:

  • менеҷерҳо иҷрои вазифаи асосии ташкилотро таъмин мекунанд;

  • менеҷерҳо алоқамандии амалиёт ва ҳаракатҳои дар корхона иҷрошавандаро тарҳрезӣ ва муқаррар менамоянд;

  • менеҷерҳо стратегияҳои рафтори ташкилотро дар муҳити тағйирёбанда таҳия мекунанд;

  • менеҷерҳо хизмати ташкилотро ба манфиати шахсон ва муассисаҳое, ки корхонаро назорат мекунанд, таъмин менамоянд;

  • менеҷерҳо звенои асосии иттилоотии робитаи ташкилот бо муҳит мебошанд;

  • менеҷерҳо барои натиҷаҳои фаъолияти ташкилот ҷавобгарии расмӣ доранд;

  • менеҷерҳо дар чорабиниҳо ва маросимҳо расман аз ташкилот намояндагӣ мекунанд.

Менеҷерҳо ба ҳайси субъекти амалисозии фаъолияти идоракунӣ дар ташкилот як қатор нақшҳои гуногунро мебозанд. Дар байни онҳо се нақши асосиро ҷудо намудан мумкин аст:

  1. Ин нақши қабул намудани қарор аст, ки менеҷер ифодаи худро дар муайян намудани самти ҳаракати ташкилот меёбад, масъалаҳои тақсими захираҳоро ҳал мекунад, ислоҳоти ҷориро иҷро мекунад ва ғайра. Танҳо менеҷер ҳуқуқи қабул намудани қарорҳои идоракуниро дорад.

  2. Ин нақши иттилоотӣ аст, яъне менеҷер маълумотро дар бораи муҳити дохилӣ ва берунӣ ҷамъ менамояд, онро дар шакли фактҳо ва муқаррароти меъёрӣ паҳн мекунад ва ниҳоят, сиёсату вазифаҳои асосии дар назди ташкилот гузошташударо фаҳмонда медиҳад.

Натиҷаи кори менеҷер аз дуруст фаҳмидани маълумоти доштааш, маълумотро ба аъзоёни ташкилот ба тарзи дақиқу равшан расонида тавонистанаш сахт вобаста мебошад. Мутаассифона, бисёрии роҳбарон аҳамияти корҳои фаҳмондадиҳиро намефаҳманд.

  1. Менеҷер ба ҳайси роҳбаре баромад мекунад, ки муносибатҳои дохилӣ ва берунии корхонаро ташкил мекунад, аъзоёни ташкилотро ба дастрас намудани мақсадҳо меангезад, ҷидду ҷаҳди онҳоро ба ҳамдигар мутобиқ мекунад ва ниҳоят, ҳамчун намояндаи корхона баромад мекунад. Менеҷер бояд шахсе бошад, ки одамон барои аз паси вай рафтан тайёр бошанд, ба ғояҳояш бовар кунанд. Роҳбари худро тарафдорӣ кардани аъзоёни ташкилот дар шароити муосир ҳамон заминаест, ки бидуни он ягон менеҷер, мутахассиси хубу донишманд ҳам бошад, бо муваффақият коллективи худро идора карда наметавонад. Дар солҳои охир ин нақши менеҷер доимо мавриди такмилу тағйир қарор дода мешавад.

Агар пештар ҳамчун менеҷери хуб маъмуриятчӣ ва баъдан пешво ҳисоб мешуд, пас солҳои 1990-ум баробари пайдоиши концепсияи коучинг, ҳамчун навъи муносибати байни менеҷер ва зардастон (коуч - мураббии дастаи варзишӣ), менеҷери хуб оне ба ҳисоб меравад, ки рафтораш на танҳо роҳбарӣ, балки бештар мураббигӣ, омӯзгорӣ бошад.

Менеҷер бояд қобилияту малакаи гуногуни идоракунӣ дошта бошад. Одатан, онҳо ба се гурӯҳ муттаҳид карда мешаванд: қобилияту малакаи концептуалӣ, муоширатӣ, техникӣ.

Менеҷери босамар бояд ҳар се навъи малакаи идоракуниро хуб донад, лекин дараҷаи лозимияти онҳо аз мавқеи менеҷер дар зинаи мансабӣ вобаста аст. Менеҷерҳои зинаи боло бояд дар навбати аввал аз малакаҳои концептуалӣ ва менеҷерҳои зинаи поён малакаҳои техникӣ дошта бошанд. Малакаи муоширатиро менеҷерҳои ҳамаи зинаҳо бояд ба қадри баробар дошта бошанд.

Пас аз номбар кардани малакаи зарурии менеҷер сифатҳои роҳбари босамарро махсус қайд мекунем. Аз сабабе ки идоракунӣ илм, касб аст, бинобар ҳамин, барои соҳиб шудан ба он таълими махсус бояд гирифт. Аммо, илова бар ин, идоракунӣ санъат мебошад. Он қобилияти ташкилотчигӣ, истеъдоди роҳбариро талаб мекунад. Пеш аз ҳама, идоракунанда бояд ташкилотчии хуби дорои хиради солиму дурандешӣ, дорои истеъдоди пешбиникунӣ, далерӣ, ҷасурӣ, қодир ба таваккалӣ ва навоварӣ, ғояпарвар, корчаллон бошад. Ӯ бояд муносибатҳои байниҳамдигарӣ ва фазои психологиро дар коллектив ба роҳ монда ва танзим карда тавонад. Илова ба инҳо, вай бояд сифатҳои маънавӣ ҳам дошта бошад, чунончӣ: бовиҷдонӣ, хушахлоқӣ, адолатнокӣ, меҳнатдӯстӣ, нексириштӣ. Баъзе сифатҳои ҷисмониро ҳам, аз қабили: таъсирбахшии зоҳирӣ, фаъолноки, энергия ва сиҳатӣ ҳам аҳамияти калон доранд.

Дар маданияти кишварҳои мутараққии капиталистӣ мафҳуми менеҷмент бо мафҳуми бизнес наздик мебошад. Бизнес фаъолиятест, ки ба гирифтани фоида бо роҳи офаринишу фурӯши маҳсулот ё хизмати муайян равона карда шудааст. Бизнесмен соҳиби сармояест, ки дар муомилот қарор дораду фоида меорад. Ин метавонад хӯҷаини яккае бошад, ки дар тобеияти ӯ ягон кас набошад ё шахсест, ки аъзои ташкилоте, ки ӯ сармоягузорӣ кардааст, намебошад. Менеҷер ҳамеша дар ташкилот мансаби доимиро ишғол мекунад, дар тобеияташ одамон қарор доранд.

Соҳибкорӣ ҳолати хусусии бизнес аст. Ин мафҳумро дар ниммаи асри 18-ум иқтисоддони фаронсавӣ Ришар Кантелон дохил намудааст. Соҳибкор шахсест, ки масъулиятро барои таваккал дар бизнес ба зимма мегирад, кори нав, пешбарии мол ё хизмати навро дар бозор маблағгузорӣ карда, бо сармояи худ таваккал мекунад. Ҳама соҳибкорон дар ташаккули мақсадҳо ҳангоми таъсиси ташкилот ширкат карда истода, функсияҳои менеҷериро иҷро мекунанд. Аммо на ҳамеша соҳибкори босамар менеҷери муваффақиятнок шуда метавонад. Аз рӯи маълумоти матбуоти хориҷӣ бисёрии корхонаҳои нав на аз сабаби ғояи нодурусти асосгузор, балки аз дасти идоракунии бад муфлис мешаванд. Бинобар ин, бисёр вақт соҳибкор менеҷери натиҷаоварро ба кор ҷалб мекунад. Агар менеҷер ба рафтори бюрократӣ майл дошта бошад, фарқи байни соҳибкор ва менеҷер хеле калон мешавад ва агар менеҷер пайрави услуби рафтори соҳибкорӣ бошад, ин фарқият камтар мегард.

Рафтори соҳибкорӣ, баръакс, тарзи амалест, ки на танҳо вокуниши гуногун ба тағйири вазъият дар дохили ташкилот ва ҳам берун аз он, балки, ҳамчунин пешбинии имкониятҳо ва хатарҳои оянда, ҷустуҷӯи теъдоди бештари роҳҳои алтернативӣ ва интихоби беҳтарини онҳоро дар назар дорад.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2