Зеҳн

ПУЛ ВА БУҶА

БА
Барномасоз10 сентябри 2026 · 2 дақиқа хондан

Ҳар дақиқа дар ҷаҳон молу маҳсулоти зиёд истеҳсол мешавад. Молҳои истеҳсолшуда хеле гуногунанд. Масалан, деҳқонон ғалла ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол мекунанд. Фабрикаи қаннодӣ ҳар гуна шириниҳо, заводи мошинсозӣ мошинҳои сабукрав, автобус ва боркаш истеҳсол мекунанд.

Ҳар як моли истеҳсолшуда бояд ба дасти одамоне расад, ки ба он ниёз доранд. Бинобар ин байни одамоне, ки молҳои гуногун истеҳсол кардаанд, мубодилаи молҳо ба амал меояд. Ду намуди мубодиларо ҷудо мекунанд: иваз кардани мол бо мол (бартер) ва хариду фурӯш.

Мубодилаи мол бо мол дар байни корхонаҳое анҷом дода мешавад, ки молҳои худро байни ҳам иваз мекунанд. Масалан, як корхона хишт истеҳсол мекунад, вале ӯ ба лӯла (труба) эҳтиёҷ дорад. Кормандони масъули корхона кофтуков намуда, корхонаеро пайдо мекунанд, ки лӯла истеҳсол мекунад ва ба хишт эҳтиёҷ дорад. Ин корхонаҳо молҳои худро иваз мекунанд ва дар натиҷа талаботи ҳарду корхона қонеъ мегардад. Бо чунин тарз фаъолият кардан он қадар мувофиқ нест, зеро ҳама чизи лозимиро бо роҳи харидан ё фурӯхтани мол маънои онро дорад, ки шумо молро бо як миқдор пул иваз мекунед. Миқдори пули хариду фурӯшро нархи мол муайян мекунад.

Ҳамин тариқ, шумо метавонед, бемалол моли худро бо нархи муайян фурӯшед ва моли зарурро харед. Пул ин воситаи махсусе мебошад, ки онро бо ҳамаи дигар мол ва хизматрасониҳо иваз кардан мумкин аст. Пул дар шакли тангаҳо ва пулҳои коғазӣ буда метавонад. Ҳар як давлат пули худро дорад. Масалан, пули миллии Тоҷикистон – сомонӣ, Русия – рубл, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико – доллар, Чин – юан ва ғайра. Одамон пулро ба ивази корашон ҳамчун маош (ҳаққи меҳнат) ба даст меоранд. Маоши ҳар як одам барои таъмини эҳтиёҷоти худ ва аъзои оилааш сарф мешавад. Баъзе одамон як миқдор пулҳояшонро дар бонкҳо пасандоз мекунанд.

Буҷа чист? Тасаввур кунед, ки шумо ҳамён доред ва дар он як миқдор пул мегузоред. Барои эҳтиёҷоти оилавӣ аз ҳамён як миқдор пулро мегиред ва харид мекунед. Буҷаро бо ҳамён ташбеҳ додан мумкин аст. Пулҳоеро ки ба буҷа дохил мешаванд, даромад меноманд. Пулҳои барои харид сарфшударо баромад мегӯянд. Буҷа ин нақшаи даромад ва баромадҳо мебошад, ки онро буҷаи давлатӣ меноманд. Буҷаи давлат, асосан, аз ҳисоби андози шаҳрвандон ва корхонаҳо пур мешавад. Давлат аз буҷа ба ҳамаи кормандони сохторҳои давлатӣ ва дигар эҳтиёҷмандон маош медиҳад.

Оё оила ҳам буҷа дорад? Ҳар як оила даромад дорад. Ин ҳамон пулҳое мебошанд, ки ҳар кадоме аз аъзои оила кор кардаанд. Ягон оила бехӯрок, пӯшок ва дигар ашёи рӯзгор зиндагӣ карда наметавонад. Барои харидани онҳо пул сарф мешавад. Аз ин хотир, ба ҳар як оила низ нақшаи даромад ва баромад зарур аст, ки онро буҷаи оила мегӯянд. Баромади оила бояд аз даромад зиёд набошад, дар акси ҳол оила қарздор мешавад. Вобаста ба даромади буҷаи оила, аъзои оила бояд маслиҳат карда, танҳо чизҳои заруриро харидорӣ намоянд.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2